
“Як табибе, ки аз беадолатиҳои Вазорати тандурустӣ аз кишвар фирор кардааст, бо ин шарҳ нақл мекунад: “Соҳаи тандурустиро фасод ба монанди зарпечак печонида гирифтааст. Ҳамчунин, моҳонаи ночизи табибон ғорат мешавад…”
(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (7))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (66)
15) Дар аввали моҳи январи соли ҷорӣ (2022) вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода вохӯрии матбуотӣ гузаронд. Рӯзноманигорон сабаби ба муҳоҷират рафтани мутахассисонро ба вазир суол карданд. Вазир ҷавоб дод, ки аз ба муҳоҷират рафтани кормандони тиб “фоҷеа“ насозед.
Чаро? Оё шумо мехоҳед мутахассисони соҳа аз кишвар раванд? Шумо бо ғайри мутахассис чӣ кор карда истодаед? Медонед? Агар надонед, инҷо чанд ҳолати даҳшат ва ё ғайри оддиро меорам:
а) занеро ҷарроҳӣ намуданд, вале дар вақти ҷарроҳӣ қайчии ҷарроҳикунанда ба хотири саҳлангории табибон фаромӯш шуда, дар шиками зани ҷарроҳишуда мемонад, беморро пас аз чанд рӯз ҷавоб медиҳанд. Баъд аз як ҳафта, дар шиками зани ҷарроҳишуда дарди сахт пайдо мешавад. Ба духтуре, ки ҷарроҳӣ карда буд, муроҷиат мекунад. Духтур шиками беморро бори дигар чок мекунад. Мебинад, ки қайчӣ аллакай кори худро кардааст. Хулоса, ин зан аз дунё гузашт;
б) рӯзи 24 феврали соли 1993 дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) кӯдаки навзодро шабона дар палатаи хунук мехобонанд. Кӯдак аз хунукназарии табибон ва ҳамшираҳои шафқат аз хунукӣ ҷон медиҳад;
в) дар аввали моҳи январи соли 2022 кӯдаки дусола дарди чашм мешавад. Кӯдаки бегуноҳро ҷаллоди шумо сӯзандору мекунад, дар натиҷа сиёии чашми кӯдаки бегуноҳ сафед мешавад;
г) дар даҳаи сеюми январи ҳамин сол аз беморхона варами тарафи рости сари занеро муайян ва муолиҷа карда натавониста, ҷавоб доданд. Ба фарзандон хабар медиҳанд, ки умри бемор хеле кам мондааст — яъне рӯзҳои ба шумор. Фарзандон ноумед нашуда, ба Маскав занг мезананд. Худованд меҳрубон аст. Бо сабабе фаврӣ фарзандон модарро ба Маскав гирифта меоянд. Ҳамагӣ зиёда дар тӯли 10 рӯз ҳам ҷарроҳӣ мекунанд, ӯ шифоёфта ба ватан бармегардад.
Хонандаи азиз! Номҳо ва шаҳру ноҳияро (дар се ҳолат) бо сабаби ба табибон эҳтиром доштанам инҷо наовардам. Ҳар чаҳори ин ҳолат дар вилояти Суғд ба вуҷуд омадааст.
Мӯҳтарам вазир! Магар ин ҳолатҳо даҳшат ва ё “фоҷеа” нестанд? Дар урфият мегӯянд: “Сухан аз забони Луқмон хуб аст.”
Як табибе, ки аз беадолатиҳои Вазорати тандурустӣ аз кишвар фирор кардааст, бо ин шарҳ нақл мекунад:
“Соҳаи тандурустиро фасод ба монанди зарпечак печонида гирифтааст. Ҳамчунин, моҳонаи ночизи табибон ғорат мешавад. Инчунин, яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи тиб, ин маблағи худтаъминкунӣ (хозрасчет) аст, ки тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 таҳти рақами 600 қабул шудааст. Мувофиқи ин қарор бино бар паст будани маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, аз ҳисоби беморон дар шӯъбаҳои терапевтӣ 500 сомонӣ ва бештар аз ин дар бахшҳои ҷарроҳӣ аз ҳисоби маблағҳои воридшуда 40 фоизи он барои табибон ва кормандони шуъба пешбинӣ шудааст. Аммо аз ин маблағҳо ба табибон ва кормандони миёна ва хурди тиббӣ, гоҳ-гоҳ мукофот (премия) мерасаду халос. Боқӣ рости гап намедонем, ки ба кӣ ва ба куҷо меравад?!
Мебоист аз ин маблағ табобати бемор бо ҳама дорувориҳо ва хизматрасониҳои иловагӣ ба мисоли шикасти рехти муассиса низ аз 60 фоизи боқимонда истифода шавад. Аммо мо имрӯзҳо мешунавем, ки ин ҳама маблағ ба ҷайби вазиру дигар калладамҳои ишкамчаррони беинсоф мерафтааст.
Агар як мансабдори палид ояд, сардухтур ин сармоядори дуздро ба ҳуҷраи люкси беморхона ҷой намуда, аз супоридани пули беморхона (тибқи қарори рақами 600 бояд супорад) ӯро озод мекунад. Баъдан, ба мисли пешхизмат (офитсианка) ҳар субҳу шом ин чанги хоки пои кадом, як ҷияни ҷӯраи президенти Тоҷикистон гузашта, мепурсад, ки ягон хизмат нест? Камбудӣ надоред?
Мушкилиҳои табибон дар Тоҷикистон на танҳо маоши каму дастнигари бевоситаи мардум будан нест. Ҳар ҳафта ҳатто рӯз аз рӯз баҳонаҳои нав ба нав пайдо мешавад, ки табибонро маҷбур мекунанд, то пул ҷамъоварӣ кунанд. Барои мисол, омадани комиссия (аз ГНЦЛ, Вазорат, Раёсат, Хадамот, фасод (коррупсия), идораи оташхомӯшкунӣ, идораи андоз…), ки пайи ҳам меоянду меоянд ва мутасаддиҳое, ки барои ҷамъу гири андозӣ ба истилоҳ — ҷаримаи комиссия, машғуланд ҳаққи худашонро бор мекунанд. Инҳо асосан муовинони сардухтур ҳастанд.
Баръакси ҳол, агар ягон шахсе аз зумраи мардуми оддӣ ва ё аз устодони хизматнишондода ва ҳатто аз ҳайати кормандони соҳаи тиб ҳам, ки бемор шавад, саг қадр дораду инҳо не!
Ҳамин вазири бар сари вазифа омадаи ҷоғшикаста вақте, ки чанд корманди соҳаи тандурустӣ аз COVID-19 ҷон ба ҳақ таслим карданд, беномус изҳор дошт, ки ҳеҷ табибе ҳангоми адои вазифа бо ин беморӣ нафавтидаасту сабабе барои воҳима кардан нест.
Ин вазири нави тандурустӣ як ноодам ва ғайри — профессионалӣ аст ва кораш фақат порагириву порахӯрӣ мебошад.
Ман ҳамчун табиб инро мегӯям: соҳаи тиб ба инқилоб ниёз дорад, агар инқилоби ҷиддӣ сурат нагирад пас дигар шикоят накунед, ки чаро фарзандам мурд, дору қиммат аст, тарзи табобат ғалат аст. Дастҳо пеши бар ҳарчи мешавад тоқат кунед!” (Манбаъ: Шабакаи иҷтимоӣ)
Идома дорад