Осиёи Миёна

“Агар Русия ҲНИТ-ро “террористӣ” эълон кунад, натиҷааш саркӯби тоҷикони коргар дар Русия мешавад”

Максим Шевченко бо баёни ин ки шумори зиёди мардуме, ки шояд на тарафдори ҲНИТ ва на Кабирӣ ҳастанду фақат шахсони эътиқодманд мебошанд, таъкид кард: “Агар Русия ин ҳизберо, ки ҳеч кори ғайриқонуниро дар Федератсияи Русия накардааст, таъқиб кунад, натиҷааш саркӯби тоҷикони коргар дар Русия мешавад.”

Максим Шевченко, сиёсатмадори барҷастаи Русия, дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ, бо ишора ба баррасии Додгоҳи олии Русия дар бораи дархости Додситонии кулли ин кишвар мабнӣ бар “террористӣ” шинохтани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) гуфт: ”Ин хилофи ӯҳдадориҳоест, ки Русия ба ҳайси кафили сулҳ миёни Фронти Халқӣ ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик ба дӯш гирифта буд. ҲНИТ яке аз тарафҳои ин музокираҳои сиёсӣ буд ва Русия дар симои президент Борис Елтсин кафолат дода буд, ки ҲНИТ як бахши музокира хоҳад буд ва инро дигар ворисони ӯ ҳам тасдиқ карда буданд. Ман ҳеч гоҳ аз ҲНИТ изҳоротеро нашунидам, ки муқобили Русия нигаронида шуда бошад. Гузашта аз ин, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, хатмкардаи Академияи дипломатии Русия ва Академияи хидмати давлатии Русия аст. Билохира, тоҷиконе, ки худро ба ин ҷараён рабт медиҳанд, ҳамеша нисбати Русия эҳтиром ва самимияти зиёд доштанд ва аз ин кишвар тақозо мекарданд, ки ӯҳдадориҳои кафили сулҳе, ки гирифтааст, иҷро кунад. Бовар дорам, ки манъи фаъолияти ҳизб таъсири харобкорона хоҳад дошт.”

Вай дар посух ба ин суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки оё бовар дорад, ки мақомоти Русия ба ин кор мераванд, гуфт: “Медонед, вақте прокурор мегӯяд… ҳарчанд метавонам то охир надонам, ки чӣ мешавад. Вале агар онҳо ба гапи Раҳмон гӯш кунанд, ҳама мегӯянд, ки Русия ба гапаш намеистад. Дар ин сурат, чӣ лозим аст, ки нақши кафили созишномаи сулҳро ба ӯҳда бигириву дар ниҳоят ба нобуд кардани як ҷониб бипардозӣ?

Ин сиёсатмадори рус ба ин суол, ки дар гузашта Русия чунин даъватҳоро нодида мегирифт, вале чаро маҳз ҳоло ба гапи Тоҷикистон розӣ шуд?, гуфт: “Ин ба бозӣ дар Афғонистон вобаста аст. Тоҷикистон Масъуди хурдиро дастгирӣ мекунад ва ин як чизи маълум аст. Тоҷикҳо ҳамеша тоҷикҳои худиро дастгирӣ мекарданд ва Аҳмадшоҳ ҳам бо Тоҷикистон дар робита буд. Русия ба як бозии бисёр мураккабе бо Толибон машғул аст, ки паштунҳо ҳастанду ҳоло дар Афғонистон қудратро ба даст доранд. Ба назари ман, онҳо мехоҳанд, Раҳмонро водор бикунанд, ки дар масъалаи Афғонистон мавқеи муайянеро касб кунад. Ин яке аз фарзияҳо буда метавонад, он ҷо дигар фарзияҳо ҳам вуҷуд дорад. Тоҷикистон амалан ба як бахши иқтисоди Чин табдил шудааст ва ин чиз дигар аз касе пинҳон нест. Чиниҳо хуш надоранд, ки кишварҳое, ки ба онҳо сармоягузорӣ мекунанд, самтгириҳои мухталифу демократия бошад. Онҳо бо режимҳои соддаву фаҳмо кор мекунанд.”

Максим Шевченко афзуд: “Хуб, агар ин қарор қабул шавад, шумори зиёди тоҷикистониҳое, ки дар Русия кор мекунанд, шаҳрвандиву ҳаққи иқомат дар Русияро доранд, мавриди шубҳа қарор мегиранд. Шумори зиёди мардуме, ки шояд на тарафдори ҲНИТ ва на Кабирӣ ҳастанду фақат шахсони эътиқодманд мебошанд. Тоҷикони зиёд афроди боэътиқоданд. Ва агар Русия ин ҳизберо, ки ҳеч кори ғайриқонуниро дар Федератсияи Русия накардааст, таъқиб кунад, натиҷааш саркӯби тоҷикони коргар дар Русия мешавад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s