
“Қарзи Тоҷикистон аз хориҷи кишвар зиёда ба 3 миллиарду 700 миллион доллар расидааст. Қарздиҳандаи асосӣ кишвари Чин буда, дар тӯли 10-12 соли охир қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари Чин зиёда ба 1,5 миллиард доллар баробар шуд, ки аз соли 2020 сар карда на танҳо баҳраи 2 фоизаи он, балки пардохти қарз оғоз шуд…”
(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (9))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (68)
17) Ба ҷои беҳтар намудани масоили тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, барои як моҳонаи ночиз ва арзиши маҳсулоти хӯроквории дандоншикан, аз болои мардум қарз гирифта, мардумро қарздор карда истодаанд. Аз рӯи омори 01.04.2019 бо миқдори 2 миллиарду 915 миллион доллари амрикоӣ миллат қарздор буд.
Дар нақшаи ояндабинии омор омадааст, ки дар се соли оянда қарзи берунии Тоҷикистон ба 3,5 миллиард доллар мерасад.
Чаро ба ҷои нақшаи ояндабинии қарз, нақшаи дигар соҳаҳои хоҷагии халқро намебинед, то ки қарз нагиред?
Вале аллакай дар шашмоҳаи аввали соли 2020 қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 миллиарду 100 млн доллар гузашт. Дар охири соли 2021 қарзи хориҷаи кишвар бо 3,7 млрд доллар расид. Дар тӯли соли 2022 қарзи Тоҷикистон зиёда 221 000 доллар изофа шудааст. Вале то охири соли 2022 аз ҳудуди 4,0 — 4,1 млрд доллар қарзи Тоҷикистон боло меравад. Дар сурати афзоиш аст.
Вале дар омори ҷаҳонӣ, ки қарзи давлатҳо нишон дода шудааст, қарзи Тоҷикистон 6,6 млрд доллар омадааст.
Раиси Вазорати молия дар саволу ҷавоб бо рӯзноманигорон мегӯяд, ки мо ҷуғрофиёи қарзгириро васеъ менамоем. Ӯ гуфт, ки тӯли се соли оянда аз Чин қарз гирифта намешавад. Шояд бедор ва ё ақлашон даромада бошад. Вале сабабашро шарҳ надод.
Лекин тахмин пас аз як моҳ барои таъмири роҳи Қаълаи Хум ва Ванҷ боз аз ҷумҳурии Чин қарз гирифтанд.
Минбаъд ният доранд аз мамлакатҳои Араб ва Иттиҳоди Аврупо қарз бигиранд. Мехоҳанд, ки географияи қарзгириро дигар кунанд. Яъне чанд вақт аз як гурӯҳи давлатҳо ва чанд вақти дигар аз гурӯҳи дигари давлатҳо қарз мегиранд. Дар вақти қарзгири ҳам давлатҳоро чап медиҳанд.
Аз гуфтаҳои вазир маълум шуд, ки бе қарзгирӣ роҳбарӣ карда наметавонанд. Мумкин қисме аз моҳонаро ҳам аз ҳисоби қарз пардохт карда истода бошанд.
* * *
18) Ба замми ҳамаи ин, хеле моҳонаи паст, ки табибон ва ҳатто муаллимони донишгоҳ дар оғози ба фаолият (гардиш) даромадани сомонӣ аз 5 сомонӣ то 10 сомонӣ моҳона мегирифтанд ва сабабгори маризии фасод шуд. (Ҳатто дар яке аз ҷаласаҳо, раисиҷумҳур аз муаллиме пурсид, ки чанд сомонӣ моҳона мегирад, ӯ ҷавоб дод, ки 1500 сомонӣ. Вале раисиҷумҳур чунин ҷавоберо интизор надошт. Пас Эмомалӣ Раҳмон худ иқрор шуда гуфт, ки ман дар хотирам дорам моҳонаи муаллимон 3 сомонӣ буд. Дар давоми сухани худ гуфт, ки масъалаи моҳонаро дида мебароем.) Сабабгори асосии фасод, ана ҳамин кам будани моҳонаи муаллимон ва табибон буд.
Моҳонаи миёнаи муаллимони давлатҳои собиқ Шӯравӣ:
Ҷадвали 2:
№ | Номи кишвар | Моҳонаи миёнаи муаллимон |
1 | Эстония | 1653 € |
2 | Латвия | 1362 € |
3 | Литва | 1358 € |
4 | Русия | 758 $ |
5 | Қазоқистон | 726 $ |
6 | Озорбойҷон | 588 $ |
7 | Белорусия | 538 $ |
8 | Арманистон | 493 $ |
9 | Украина | 477 $ |
10 | Туркманистон | 395 $ |
11 | Гурҷистон | 390 $ |
12 | Молдова | 285 $ |
13 | Қирғизистон | 244 $ |
14 | Ӯзбекистон | 230 $ |
15 | Тоҷикистон | 120 $ |
Бо баробари паст будани моҳона, фасод на танҳо соҳаҳои маориф ва тандурустӣ фаро гирифтааст, балки дар тамоми зерсохторҳо зерпоя гузошта, ҳоло ба авҷи аъло расидааст. Масалан, муовини сардори Идораи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Заррина Бобоева дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе беш аз 1 миллиону 423 сомонӣ (муодили 139 237 доллар) пули бознишастагонро аз худ кардааст.
Боз дар натиҷаи тафтишоти Идораи мубориза бо фасод маълум шуд, ки соли 2019 дар 211 ҳолат нафақаи шахсони фавтида бо 360 000 сомонӣ, бархе аз кормандони “Амонатбонк“, Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро тасарруф кардаанд.
Мисоли дигар, масъулини Палатаи ҳисоб дар шашмоҳаи аввали соли 2020 дар фаолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ниҳодҳои буҷавӣ 89 000 000 сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудаанд.
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 12 сентябри соли 2022 аз ифшои азхудкунии маблағи 892 ҳазору 947 сомонӣ (ҳудуди 87 ҳазор доллар) танҳо дар яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб хабар дод.
Аз рӯи ин далел, парвандаи ҷиноӣ алайҳи мусоҳиби мактаби рақами дуи зикршуда Абдуҷаббор Холиқов аллакай ба додгоҳ ирсол шудааст. А. Холиқов ҳангоми фаъолияташ бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва бо роҳи сохтакори хизматӣ ба ҳуҷҷатҳои ҳисоби бухгалтерӣ оид ба ҳисоби маоши кормандон маблағҳои иловагӣ ҳамроҳ намуда ба ҷайби худ задааст.
Нисбати Холиқов А. бо ду кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Моддаи 245, қисми 4, банди “б“ (азхудкунии хеле маблағи калон) ва 323 (сохтакории хизматӣ).
Чунин мисолҳо хеле зиёд аст, вале мо ба ҳамин иктифо мекунем.
Фасод то дараҷае расидааст, ки ягон сол буҷа пур намешавад. Боз буҷаро аз чор тараф тороҷ ва талош карда хӯрда истодаанд. Дар натиҷа, қарзи ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар зиёда ба 3 миллиарду 700 миллион доллар расидааст.
Қарздиҳандаи асосӣ кишвари Чин буда, дар тӯли 10-12 соли охир қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари Чин зиёда ба 1,5 миллиард доллар баробар шуд, ки аз соли 2020 сар карда на танҳо баҳраи 2 фоизаи он, балки пардохти қарз оғоз шуд.
Қарзи асосии Тоҷикистон, то 1-уми июли соли 2020 аз бонкҳо ва созмонҳои қарздиҳанда бо ин шарҳ аст:
— аз Эксимбонки Чин — 1 млрд 134 млн $;
— аз Бонки ҷаҳонӣ — 333,5 млн $;
— аз Бонки осиёи рушд — 287,3 млн $;
— аз Бонки исломии рушд — 131,9 млн $;
— аз маблағи ӯҳдадориҳои қарзӣ аз рӯи евробонд ба маблағи 500 млн доллар буда аз қарздиҳандагони асосии Тоҷикистон мебошанд;
— аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд — 57, 92 млн $;
— аз Фонди СДСН ( ОПЕК ) — 39,21 млн $;
— аз Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё — 69 млн $;
— аз Бонки аврупоии сармоягузорӣ — 19,42 млн $;
— аз Фонди байналмилалии рушди кишварҳо — 6,77 млн $;
— аз Бонки Осиёи инфрасохтор — 32,06 млн $;
— аз Хазинаи байналмилалии асъор — 189,53 млн $;
— аз ИМА — 3,53 млн доллар;
— аз Фонди қувайтии рушд — 35,76 млн доллар;
— аз Фонди саудии рушд — 76,32 млн доллар;
— аз Бонки олмонии рушд- 18, 81 млн доллар;
— аз Фаронса — 22,40 млн доллар;
— аз Фонди Абудабии рушд — 9,21 млн доллар.
Дар навбати худ, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам қарзи худро дорад, ба ин шарҳ:
— аз Хазинаи байналмилалии асъор — 23 млн доллар;
— аз кишвари Чин — 17,95 млн доллар;
— аз Бонки Исломии Рушд — 2,11 млн доллар ва ғайра.
Ҳоло танҳо аз як худи “Эксимбонк“-и Чин тақрибан 1,5 млрд доллар қарздор ҳастем.
Ба гуфтаи вазир, ҳамчуноне географияи қарзи Тоҷикистон то ҳадде расидааст, ки ҳатто созмонҳои қарздиҳанда ҳам намондааст.
Идома дорад