Ахбори Анҷуман

Вокуниши Муҳиддин Кабирӣ ба адами вокуниши Эрон ба “теруристӣ” эълон шудани ҲНИТ аз сӯи Русия

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Милии Тоҷикистон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар, бо ишора ба адами вокуниши Эрон ба “теруристӣ” эълон шудани ҲНИТ аз сӯи Русия, таъкид кард, ки ҳизбаш “ҳеч гоҳ нақши қурбониро дар ин таомулот намепазирад, балки муборизаро бо шинохт ва воқеиятҳои нав, ҷиддитар идома хоҳад дод.”

Вай дар як паёми твиттерӣ, навишт, ки Русия ҲНИТ-ро теруристӣ эълон кард ва як рӯз пас аз он, Эрон узви доимии Шонкҳой шуд, вале ба амалкарди Русия ҳеч вокунише нишон надод.

Як рӯз қабл аз нишасти Шонгҳой Русия Наҳзати исломии Тоҷикистонро терурист эълон кард. Ҳамон рӯз Эрон расман узви ин созмон шуд ва ҳеч вокунише ба иқдоми шарики стротежики худ нишон надод. Наҳзат ҳеч гоҳ нақши қурбониро дар ин таомулот намепазирад, балки муборизаро бо шинохт ва воқеиятҳои нав, ҷиддитар идома хоҳад дод.”

Гуфтанист, вокуниши Кабирӣ ба хомӯшии Эрон ба унвони кишвари зомини сулҳи тоҷикон дар ҳолест, ки Русия 14-уми сентябри соли ҷорӣ бо дархости мақомоти Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар қаламрави худ “ташкилоти теруристӣ” эъдон кард.

Муҳиддин Кабирӣ пештар таъкид карда буд, “Эрон кафили дигар ва мизбони чандин давр музокирот, дар баробари хиёнатҳои Раҳмон ба сулҳ, ҳеч гоҳ вокуниши расмӣ накард.”

Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо судури баёнияе, аз иқдоми Додситонии Русия нигарони худро баён ва онро “як иштибоҳи бузурги сиёсӣ ва мухолифи манфиатҳои ду миллат, амният ва сулҳу истиқрор дар минтақа” донист.

ҲНИТ дар н баёния таъкид карда буд: “Русия як кишвари кафил ва мизбони чандин даври гуфтушуниди сулҳи тоҷикон буда, созишномаи умумии Сулҳ соли 1997 дар пойтахти он — Маскав аз тарафи президенти Тоҷикистон ва роҳбари ҲНИТ ба имзо расидааст.”

ҲНИТ афзуда буд: “Сулҳи тоҷикон яке аз дастовардҳои муҳимми миллати мо ва кишварҳои дӯст мебошад, ки дар таъмини амният ва истиқрори минтақа саҳми бузурге гузоштааст.”

Ин ҳизб дар баёнияи худ ёдовар шуда буд: “Саҳми ҲНИТ дар истиқрори сулҳи тоҷикон ва минтақа борҳо аз тарафи мақомоти баландпояи Русия, коршиносон ва доираҳои илмӣ қадрдонӣ шудааст. Вале ин иқдоми носанҷидаи мақомоти Русия метавонад дастоварди бузурги дипломатӣ ва сиёсии кишвари худ ва миллати тоҷикро комилан аз байн бибарад.”

Дар он баёния омада буд: ”Раёсати олии ҲНИТ бар ин бовар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ногувори Русия суистифода карда, ин хостаи деринаи худро билохира тавонист болои Маскав таҳмил кунад.”

Лозим ба зикр аст, аз имзои созишномаи сулҳе, ки ба ҷанги дохилии панҷсола (1992-1997) дар Тоҷикистон поён дод, 25 сол сипарӣ мешавад. Ин сулҳ ҳосили ҳудуди 20 даври музокирот миёни ҳайатҳои ду тарафи даргирӣ дар хориҷ аз кишвар буд, ки аз ин миён, 13 даври музокирот бо ширкати ҳайатҳои коршиносӣ ва 7 даври он бо ширкати раҳбарони давлат ва мухолифон доир шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари форсизабон, ки муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии зиёде бо Тоҷикистон дорад, нақши боризе дар гуфтугӯҳои сулҳ миёни тоҷикон дошта ва мизбони 7 даври музокирот буд.

Дар пайи нооромиҳои моҳи сентябри соли 2015 дар атрофи шаҳри Душанбе, ки мақомоти тоҷик аз он ба унвони талоши кудато аз сӯи женерол Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини Вазорати дифоъ ёд мекунанд, фаъолияти ҲНИТ, ки танҳои ҳизби расмии динӣ дар қаламрави Осиёи Миёна буд, мамнӯъ ва “теруристӣ” шуд ва даҳҳо тан аз фаъолони ин ҳизб боздошт ва пас аз чанд моҳ барои давраҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s