
“Ҳукуматронии тӯлонии кишвар аз тарафи як шахс миллатро ба сатҳи зиндагии паст ва қарз ғӯтонидааст. Ҳоло ҳар як фард, аз кӯдаки навзод то нафақахур, зиёда 375 доллари амрикоӣ қарздор буда, қисме аз аҳолӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, фирори сиёсӣ ва қисмате дар зери зулму шиканҷа қарор доранд…”
(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (10))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (69)
19) Вазири Вазорати молия дар вохӯрии матбуотии худ гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 16 созишномаи нави қарзӣ ва грантӣ ба маблағи 587,2 млн доллар ба имзо расид. Аз ин миқдор 34,2 млн доллар фонди грантӣ (барои ҳукумати мо муҳиммаш, ана ҳамин 34,2 млн доллари фонди грантӣ аст) ва 220 млн доллар қарз мебошад. (Ба боқимондааш шарҳ дода нашудааст.) 587,2 млн доллар, қарз то ба 600 млн доллар афзоиш ёфтааст…
Таносуби қарзи беруна нисбат ба ММД-и кишвар 36,1 фоизро ташкил медиҳад. Нишонаи “Хати сурх“, ки СБП (Созмони байналмиллалии пул) барои кишварҳои дорои иқтисодӣ, мисли Тоҷикистон тавсия медиҳад, то 40 дарсади ММД баробар аст.
“Хати сурх“-и ММД-и Тоҷикистон на бояд аз 35 фоиз боло бошад. Чунки иқтисодиёти кишвар, аз рӯи омор ҳар сол аз 7 то 9 дарсад тараққӣ карда истодааст.
Чунин нишондодҳоро аз куҷо меёбанд намедонам. (Барои кишварҳои дорои иқтисодӣ, мисли Тоҷикистон, тавсия дода шудааст, ки то 40 дарсади ММД баробар аст.)
Вақте, ки худ мегӯед, ки дорои иқтисодӣ Тоҷикистон паст аст ва ММД то 40 % иҷозат дода шудааст, чаро? Дар гузоришҳо тараққиёти иқтисодиёти Тоҷикистонро 7-9 фоиз нишон медиҳед?
Вале Тоҷикистон дар қатори 30 кишвари фақиртарини ҷаҳон қарор дорад, ба кӯмаки кишварҳои нисбатан пешрафтаи ҷаҳон ниёзи молӣ дорад. Дар зер кишварҳои кӯмакдиҳандаро меорем.
Яъне ҷумҳурӣ аз рӯи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, аз рӯи таснифоти (классификатсияи) Бонки ҷаҳонӣ дар қатори кишварҳои камдаромад қарор дорад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишварҳо ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 1026 долларро ташкил медиҳад. Ба ин гурӯҳ асосан мамлакатҳои Африқо дохил мешаванд.
Ба монанди кишварҳои Афғонистон, Бурундӣ (Африқо), Гвинея (Африқо), Руанда (Африқо), Мадагаскар (Африқо), Танзания (Африқо), Чад (Африқо), Эфиопия (Африқо), Малӣ (Африқо), Непал (Осиё), Гвинея Биссау (Африқо), ҳамагӣ 30 давлат ба ҷумлаи Тоҷикистон вориданд.
Маҷмӯаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2021, 886 долларро ташкил додааст. Бино ба омори Департаменти омори Тоҷикистон, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар соли 2021 ба 98,9 млрд сомонӣ (9,69 млрд доллар) баробар шудааст. Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки дар фазои пасошуравӣ аз “Хати сурх“ дар поён боқӣ мондааст.
Дар гузориши Бонки Осиёи Рушд муаллифон таъкид мекунанд, ки дар охири соли 2021 таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон (ҳаҷми умумии қарзи дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон) ба ММД-и ҷумҳурӣ ба 43,8 фоиз расидааст, ки “Хати сурх“-ро убур карда, ки 81 дар сади қарзи давлатии кишварро қарзи беруна ташкил медиҳад.
Хавфи баланди бӯҳрони қарзӣ ба омилҳое аз қабили касри музмини (хранический) буҷетӣ кишвар, истифодаи пуршиддати қарзҳои беимтиёз, аз ҷумла ҷалби 500 млн доллари амрикоӣ тавассути ҷойгир кардани вомбаргҳои давлатӣ (евробондҳо) дар бозори байналмиллалии молиявӣ бо меъёри 7,12 фоиз нишондиҳанда гирифта шуда буд. (Гунаҳкори асосии ин қарз Ҷамолиддин Нуралиев аст.)
Ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Асъор тавсия шудааст, ки дар оянда аз ҷалби чунин қарзҳои гаронарзиш худдорӣ намоянд.
Мутахассисони Бонки Осиёи Рушд интизор доранд, ки таносуби қарзи Тоҷикистон ба ММД баъд аз соли 2027, вақте, ки қарзи евробонд пардохт мешавад, муътадил хоҳад шуд.
Банда ба андешаи мутахассисони Бонки Осиёи Рушд боварӣ надорам: чунки вазири молия географияи қарзгириро васеъ карда истодааст.
Ҳамчунин Тоҷикистон низ қарзҳои баланд аз Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёи Рушд, Бонки Рушди Исломӣ ва Сандуқи Байналмилалии Асъор қарздор аст.
Созмонҳои молии дар боло зикршуда Ҳукумати ҷумҳуриро аз хатари бӯҳрони қарз хушдор медиҳанд, ки ба иқтисодиёти молии Тоҷикистон хатари ҷиддии бӯҳронӣ дорад. Ин омил аллакай нақши худро ба иқтисодиёти Тоҷикистон расондааст, ки нишонаи он дар болоравии арзиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, на танҳо дар маҳсулоти воридотӣ, балки дар маҳсулоти дохилӣ мушоҳида карда мешавад.
Донорҳои асосии Тоҷикистон дар соли 2022:
(Аз рӯи арзиши кӯмак ИМА (39,6 % аз ҳаҷми умумӣ.)
— Чин ( 28,7 % );
— Ҳиндустон ( 6 % );
— Япония ( 4,9 % );
— Русия ( 3,7 % );
— Шветсия ( 2,7 % ) ва
— Ӯзбекистон ( 1,9 % ).
Инҷо омор бо миқдор наомада, бо фоиз омадааст, яъне пинҳон намудани миқдор аст, ки дар Тоҷикистон ба.расмият даромадааст.
Ҳукуматронии тӯлонии кишвар аз тарафи як шахс, худ огоҳ гаштед, ки миллатро ба ҷои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, шароити хуби табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии хубтар, ба сатҳи зиндагии паст ва қарз ғӯтонидааст.
Ҳоло ҳар як фард, аз кӯдаки навзод то нафақахур зиёда 375 доллари амрикоӣ қарздор буда, қисме аз аҳолӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, фирори сиёсӣ ва қисмате дар зери зулму шиканҷа қарор доранд.
Идома дорад