Ахбори Анҷуман

ПМТ: “Дар чунин шароит, бозори сиёсатмадорони популист ва “ватандӯстони” дурӯғин гарм мегардад”

Паймони Миллии Тоҷикистон бо судури баёнияе, бо ишора ба даргириҳои ахир байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, таъкид кард, ки “ҳалли мушкилоти марзӣ на танҳо дар байни Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар кулли ОМ роҳи низомӣ надорад”.

Ин эътилоф танҳо роҳи ҳалро “сиёсӣ ва дипломатӣ” донист ва таъкид кард, ки “калиди ҳалли ин мушкилӣ ҳам, дар дасти ҳукуматдорони ҳар ду ҷониб мебошад”.

Баёнияи ПМТ бо баёни ин ки “эҳсос мешавад, ки ҳар ду ҷониб то ин лаҳза манфиатдор барои ҳалли ин мушкилот нестанд ва ҳар кадом бо сабабҳое манфиатдор аст, ки ин қазия халношуда боқӣ бимонад, то онро барои амалӣ кардани сиёсатҳои дохилии худ истифода намоянд”, гуфт: “Дар чунин шароит бозори сиёсатмадорони популист ва “ватандӯстони” дурӯғин аз ҳар ду тараф гарм гашта, худро дар чашми аввом ҳомии аслии манфиатҳо ва марзу буми кишвари худ муаррифӣ мекунанд. Ин гуна ҳодисаҳо бори аввал нест, ки барои дур кардани диққати мардуми худ аз мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар авҷи бӯҳронҳо рух медиҳанд.”

Машрӯҳи баёнияи ПМТ ба шарҳи зерин аст:

Боиси таъассуф аст, ки ду миллати ҳамсоя ва таърихан дӯст дар натиҷаи бесалоҳиятӣ ва бемасъулятии ҳукуматҳои ҳарду кишвар бори чандум аст, ки фарзандони бегуноҳи худро қурбонӣ медиҳанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нерӯхои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва моддӣ аз ҳар ду ҷониб гашт, шадидан маҳкум менамояд. Инчунин аз эълони оташбас ва талошҳои ҳар ду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ пуштибонӣ менамояд.

Ҳамзамон ба пайвандони шаҳидони ин ҳодиса ва ҳодисахои қаблии хар ду ҷониб бори дигар изҳори хамдардӣ мекунад.

Паймони Миллии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки ҳалли мушкилоти марзӣ на танҳо дар байни Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар кулли ОМ роҳи низомӣ надорад. Талош барои ҳал кардани ин қазия аз роҳи зӯр танҳо мушкилро амиқтар ва роҳро тӯлонитар хоҳад кард. Ин қазия танҳо ҳалли сиёсӣ ва дипломатӣ дорад ва калиди ҳалли ин мушкилӣ ҳам дар дасти ҳукуматдорони ҳар ду ҷониб мебошад. Мутаассифона, эҳсос мешавад, ки ҳар ду ҷониб то ин лаҳза манфиатдор барои ҳалли ин мушкилот нестанд ва ҳар кадом бо сабабҳое манфиатдор аст, ки ин қазия халношуда боқӣ бимонад, то онро барои амалӣ кардани сиёсатҳои дохилии худ истифода намоянд.

Зеро маҳз дар чунин шароит бозори сиёсатмадорони популист ва “ватандӯстони” дурӯғин аз ҳар ду тараф гарм гашта, худро дар чашми аввом ҳомии аслии манфиатҳо ва марзу буми кишвари худ муаррифӣ мекунанд. Ин гуна ҳодисаҳо бори аввал нест, ки барои дур кардани диққати мардуми худ аз мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар авҷи бӯҳронҳо рух медиҳанд. Ҳатто як ишораи кӯтоҳ накардан ба ин фоҷиаи инсонӣ дар суханрониҳо ва бархӯрдҳои “табиӣ”-и ду роҳбар дар нишасти сарони СҲШ дар Самарқанд баёнгари он аст, ки вазъият тибқи хоста ва манфиатҳои хукуматдорони ду кишвар пеш меравад. Аммо қурбониро мардуми оддӣ, сарбозон ва афсарон аз ду ҷониб медиҳанд ва ду миллат маҷбур мешаванд барои дифоъ аз марзу бум ва номус зидди якдигар сангар бигиранд. Ва аз ҳама фоҷеъабор ин аст, ки роҳбарони ду ҷониб тамоми қишрҳои ҷомеаҳои худро дар муттаҳамкунӣ ва гунаҳкор тарошидани тарафи дигар сафарбар карда, дар охир худашонро ҳамчун оварандаи субот ва сулҳ барои миллатҳои худ вонамуд месозанд.

Паймони Миллӣ аз роҳбарони ду кишвар қотеъона талаб мекунад, ки ба бозӣ кардан бо тақдир ва таърихи ду миллати бародар хотима бидиҳанд ва ҳар чи зудтар нақшаи роҳи мушаххасро барои ҳалли ин қазия пешниҳод намоянд. Зеро маълум аст, ки дар чунин кишварҳои авторитарӣ роҳи ҳалли масоил танҳо дар дасти роҳбарони худкома аст, на сарбозу афсарон ва на мардуми бесилоҳи марзӣ.

Ҳамзамон, Паймони Миллии Тоҷикистон аз нерӯҳои солим ва воқеаан ватандӯсти ҳар ду кишвар даъват мекунад, ки аз даъват ба сӯйи хештандорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ натарсанд, иҷозат надиҳанд, ки “ватандӯстони дурӯғини” ҳар ду ҷониб кинаву адовати қавмӣ ва нажодиро байни ду миллати ҳамсоя решадор кунанд. Бешак, дар шароити асабоният ва боло рафтани шиорҳои аввомгароёнаи “ватандӯстӣ” аз ҳар ду ҷониб, даъват ба хештандорӣ ҷасорат ва худгузарӣ металабад. Ва хатари муттаҳам шудан ба “хиёнати миллӣ” дар ҳар ду тараф ҳаст. Аммо, манфиатҳои дарозмуддати миллатҳои мо ва ояндаи наслҳоямон тақозо мекунад, ки як нерӯи сиёсии ҷиддӣ ва воқеан ватандӯст чунин ҷуръатро дошта бошад ва аз баҳри манфиатҳои муваққатӣ бигзарад.

Паймони Миллӣ бовар дорад, ки нерӯҳо, созмонҳо ва шахсиятҳои солиму масъуляитшиноси қирғиз ҳам талош хоҳанд кард, то пеши роҳи сиёҳкунии миллати тоҷик ва якҷониба айбдор кардани сарбозону афсарони Тоҷикистон дар шабакаҳо ва расонаҳо гирифта мешавад.

Миллатҳои мо роҳе ҷуз пайдо кардани роҳҳо барои ҳамзистии мусолаҳатомез ва ҳамкорӣ дар ин минтақа надоранд.

Паймони Миллии Тоҷикистон

18.09.2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s