Дидгоҳ

Чанд ҷумла дар бораи муҳоҷирони корӣ ва системаи ба нафақа баромадан

“(Дар Русия) сартарошидаҳо муҳоҷирони кории тоҷикро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд. Танҳо дар як соли 2018 ба вилояти Суғд 357 мурда оварда шуд, ҳоло ба ҷумҳурӣ, ҳар соле то 4000 мурда оварда мешавад. Мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ бо сабаби бемории куруновирус ва ҷанги Русия бо Украина дучанд шудааст. Беморӣ, бекорӣ, арзиши баланд доштаи патент, регистратсия, роҳкиро аз Тоҷикистон ба Русия ва ғайра…”

(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (11))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (70)

20) Дар Тоҷикистон қувваи кори хеле зиёд аст, вале самаранок истифода бурда намешавад. Дар соли 2021 қувваи корӣ 5 990 000 нафар буда, аз он ҷумла, 2 720 000 нафари онҳо ба кор таъмин асту халос, қариб 3 300 000 нафари дигари аҳолӣ бекоранд, онҳо чӣ хел сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии худро баланд бардоранд?!

Аз лиҳози шароити пасти зиндагӣ, ҷавонон барои аҳли оилаи худро таъмин ва нигоҳ доштан, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Яке аз мамлакатҳои кордиҳанда кишвари Русия буда, нисбати миллати тоҷик бадбин ҳастанд, нафрат доранд, муҳоҷирон шароити кори хуб ва ҷои хоби бемалол надоранд, ҳатто дар ҷои хобашон сухторҳо ба вуҷуд меояд, ба бемориҳои зиёд дучор мешаванд, аз ошёнаҳои баланд меафтанд, вале сабабаш номаълум. Сартарошидаҳо ваҳшиёна ба қатл мерасонанд ва ғайраю ғайра. 

Танҳо дар як соли 2018 ба вилояти Суғд 357 мурда оварда шуд, ҳоло ба ҷумҳурӣ, ҳар соле то 4000 мурда оварда мешавад. Мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ бо сабаби бемории куруновирус ва ҷанги Русия бо Украина дучанд шудааст. Беморӣ, бекорӣ, арзиши баланд доштаи патент, регистратсия, роҳкиро аз Тоҷикистон ба Русия ва ғайра.

Магар, ҳамаи ин мушкилотҳое, ки номбар карда шуд, ба саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии онҳо бетаъсир мемонад?!

Ин мушкилотҳо сабабгори соли 2019 дар ҷумҳурӣ 682 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба худкушӣ рух дод, ки нисбати соли 2018-ум 51 адад зиёд аст.

Ё ки соли 2019 дар вилояти Суғд 4274 оила пош хӯрдааст, ки нисбати соли 2018, 228 оила зиёд аст, дар 9 моҳи соли 2019 дар Тоҷикистон бештар аз 9000 оила пош хӯрд, ки ҳар моҳ ба 1000 оила рост меояд.

Ин мушкилоти пошхӯрии оилаҳо фаромиллӣ шуда истодааст. Яъне дар 9 моҳи соли 2021, 465 925 никоҳ баста шуд ва дар ҳамин муддат 9989 оила, расман аз ҳам пош хӯрд ва илова бар ин, боз ҷудошавии оилаҳои ғайри росмиҳам вуҷуд дорад.

Раиси Кумитаи Кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Холбибӣ Қурбонзода рӯзи 14-уми феврали соли 2022 гуфт, ки тибқи маълумоти ВКД, соли гузашта ба сурати умум 3485 далели хушунат дар оилаҳо сабт шудааст, ки 176 далел нисбати соли 2020 камтар аст.

Вале аз шумораи умумӣ арзу шикоятҳо 548 нафар ба муроҷиати мардон рост меояд, ки дар мавриди зоҳир шудани хушунат ба онҳо аз ҷониби ҳамсаронашон. Навбати шикоят ба мардҳо ҳам расид.

Мудири шӯъбаи иттилоотии ин идора Сабоҳат Рустам хабар дод, ки соли гузашта (2021) дар Тоҷикистон 518 ҳолати худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт шудааст, ки ин назар ба як соли қабл 47 маврид камтар аст. Дар 246 маврид занону духтарон, аз ҷумла 52 духтари ноболиғ ба ҷони худ қасд кардаанд. Соли 2020 дар Тоҷикистон, 272 ҳолати қасди худкушии занону духтарон сабт шуда буд. 53 нафари онҳо духтарони ноболиғ буданд.

Аммо Холбибӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 14-уми феврали соли равон, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон хитоб мекунад, ки омори ниҳоди зери роҳбариаш баёнгари он аст, ки “хушунати хонаводагӣ на коҳиш, балки афзоиш ёфтааст.” “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила 954 нафар ба мо муроҷиат карданд, ки нисбат ба соли гузашта 114 маврид зиёд аст.”

***

21) Дар Тоҷикистон роҳ ва системаи ба нафақа барои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Бояд дар ин соҳа куллан ислоҳот гузаронда шавад. Шаҳрвандон вақте, ки омодаи ба нафақа баромадан мешаванд, ба шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ду соли фаолияти кори охирон ва ё ду соли аз ҳама моҳонаи зиёд доштаи худро пешниҳод мекунанд, ки ин хатои бузург аст.

Дар вақти ба нафақа баромадан на бояд ду соли кори ба инобат гирифта шавад, балки тамоми фаолияти кори 30-сол аст ва ё 40-сол аст пурра ҳисобу китоб намуда, аз рӯи ҳарсолаи моҳона коэффитсиент бароварда шавад.

Инчунин, ҳадди ақали хидмате, ки барои гирифтани нафақа зарур аст ба инобат гирифта шавад. Дар вақти ба нафақа баромадан ҳадди ақал 15-соли стажи кори доштан ҳатмӣ бошад, ин ҳам дар соли аввал, чунки аз чунин ҳисобу китоб намудани хидмати корӣ, аҳолӣ хабар надорад. (Чунин амал коргаронро ба кор ҷалб мекунад, то ки ба нафақа баромадан омода мешаванд).

Пас ҳар соле ҳадди ақали хидмати корӣ 6-моҳи ба боло бардошта мешавад, то 20-соли хидмати корӣ. Шахсоне, ки хидмати корӣ ҳадди ақали 15-солро надоранд, бо умеди ду соли кори буданд, ҳатто патент ва ё шаҳодатномаи корӣ надоранд, ба “доми нафақа“ (пенсионная ловушка) меафтанд, ки ба онҳо, танҳо нафақаи иҷтимоӣ таин карда мешавад, ки мардҳо аз синни 63 солагӣ, занҳо аз синни 58 солагӣ, миқдори пардохти нафақаи иҷтимоӣ, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ маълум аст, ки ин камтарин нафақа аст.

Барои адолати иҷтимоӣ, аз тарафи мақомоти иҷроияи давлатӣ ба занҳои ҳомиладор то таваллуд ва пас аз таваллуд, шахсе, ки (яъне на танҳо зан) ба тарбияи кӯдаки то 8-сола ва тарбияи се ва аз се зиёда кӯдакони то 18-сола машғуланд стажи корӣ ва ҳам бо кӯмакпулии арзанда таъмин карда шавад.

Барои исботи ин гуфтаҳо яке аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ Белорусияро инҷо меорам. Синну соли нафақа дар Белорус аз якуми соли 2022 ба боло бардошташавӣ, аз рӯи ислоҳоти нафақа давом дода мешавад.

Моҳи декабри соли 2021 ҳукумати Белорус нақшаҳои навбатии худро мубодила кард: дар соли 2022 нафақаи миёнаи моҳона барои синну соли нафақахӯрон бояд то 581,2 рубли белорусӣ бардошта шавад. (Ҳоло ба ин миқдор бардошта нашудааст.) Аммо дар баробари ин синну соли бознишастагон дар чаҳорчӯби ислоҳоти нафақа, ки ҳанӯз соли 2017 дар Белорус оғоз шуда буд, боз боло бурда мешавад.

Аз он вақт инҷониб синни нафақа барои мардон ва занон ҳар сол шаш моҳи боло бурда, занҳо то синни 58 солагӣ, мардҳо то синни 63 солагӣ бардошта мешавад. (Ба ин синну сол дар Тоҷикистон, дар аввалҳои истиқлолият бардошта шуда буд.)

Яке аз шаҳртҳои ба нафақа баромадан давраи суғуртаи — корӣ буда, шумораи солҳост, ки барои кормандони ба Фонди ҳифзи иҷтимоӣ саҳм гирифта шудааст. То соли 2014 5 сол буд, соли 2014 10 сол шуд, соли 2015 ба 15 расид. Инчунин, дар рафти раванди ислоҳот ҳар сол шаш моҳи зиёд шуда, то соли 2025 он ба 20 соли мутлақ мерасад.

Агар чунин стажи корӣ кифоя кунанда набошад, ба ҳар нафаре, ба ҷои нафақаи пиронсолӣ, нафақаи пасти иҷтимоӣ таин карда мешавад. Аммо имтиёзҳо вуҷуд дорад (масалан модарони серфарзанд, ҳуқуқи гирифтани нафақаи пиронсолиро доранд.)

Инчунин, аз соли 2021 фармоне эътибор пайдо кард, ки шумораи онҳоеро, ки таҷрибаи корӣ кофӣ надоранд коҳиш дод. Агар синни мардон аз 65 сола боло ва занон аз 60 сола боло бошад, на аз 10 сол кам, стажи суғуртаи корӣ дошта бошанд, ба онҳо нафақаи меҳнатии пиронсолӣ (на иҷтимоӣ) ҳуқуқ дода мешавад. Андозаи он 73 фоизи ҳадди ниҳоии ВПМ (буҷаи музди зиндагӣ), нафақахӯр (ҳоло он 218 рубли белорусиро) ташкил медиҳад, инчунин ба ҳар як соли иловагии таҷрибаи кории суғуртавӣ 3 фоизи ҳамроҳ карда мешавад.

Чаро синну соли нафақа боло бурда мешавад?

Чунки дар тамоми ҷаҳон бо сабаби беҳтар шудани шароити зист, давомнокии умр зиёд шуда истодааст ва Белорус низ истисно нест. Зиёда аз чаҳоряки аҳолии Белорус одамони куҳансол мебошанд, ба ҳар 100 нафар коргар 61 нафар нафақахӯр рост меояд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s