Паймони Милли Тоҷикистон, эътилофи гурӯҳҳо ва ҳизбҳои сиёсии тоҷик, аз тамоми тоҷикистониҳо ва махсусан тоҷикистониҳое, ки дорои шаҳрвандии Русия ҳастанд тақозо кард, аз ширкат дар ҷанги Русияву Укроин худдорӣ кунанд ва таъкид кард: “Ба ҷанг иҷборан сафарбар кардани муҳоҷирин, зиндониҳо ва касоне, ки тоза шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, хеле нигаронкунанда мебошад ва Паймони Миллии Тоҷикистон ин амалҳоро шадидан маҳкум мекунад.”
Матни пурраи баёнияи ПМТ ба шарҳи зерин аст:
Паймони Миллии Тоҷикистон дар пайи эълони нимфарохони низомӣ дар Русия аз ҳамаи тоҷикистониён даъват мекунад, ки аз рафтан ба ҷанг худдорӣ кунанд. Зеро ширкат дар ин ҷанг на танҳо қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмиллалиро поймол мекунад, балки ширкат дар таҷовузи ошкор алайҳи як кишвари мустақил мебошад.
Ба ҷанг иҷборан сафарбар кардани муҳоҷирин, зиндониҳо ва касоне, ки тоза шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, хеле нигаронкунанда мебошад ва Паймони Миллии Тоҷикистон ин амалҳоро шадидан маҳкум мекунад.
Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамзамон амалкардҳои заъиф ва духӯраи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи дифоъ аз ҷон ва ҳуқуқи шаҳрвандони кишварро нишонаи надоштани мавқеи мушаххас ва идомаи бозиҳои пасипардардагии роҳбарияти кишвар медонад. Дар сурате, ки ҳукуматҳои дигари кившарҳои ОМ дар сатҳи шахсони аввал ва аъзои ҳукумат шаҳрвандони худро ҳушдор доданд, роҳбарияти Тоҷикистон ҷасорати танҳо дар сатҳи сафорат мавзеъ гирифтанро дошт.
Паймони Миллии Тоҷикистон талаб мекунад, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия гурӯҳи кории махсус ташкил шавад, то ба шаҳрвандоне, ки намехоҳанд дар ин ҷанг ширкат кунанд, кӯмаки ҳуқуқӣ ва дипломатӣ расонида шавад.
Аз тарафи худ, Паймони Миллии Тоҷикистон талош мекунад ин масъаларо дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ кунад ва дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмиллалӣ кӯмаки машваратии худро ба ҳамватанон бирасонад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
23.09.2020
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо