“Нафақаи камтарин ва пули беқадр нафақахӯронро нигарон кардааст. Нафақахӯрон дар он назаранд, ки афзоиши нафақа худ ночиз аст ва он ҳам кам пардохт мешавад. Дар соли 2020 ба ҷои 15%-и нишон додашуда 10% пардохт шуд, ки он ҳам на ба ҳама, балки аз 711 000 нафар нафақахӯрон ба 513 047 нафар индексатсия шуду халос….”
(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (12))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (71)
Барои беҳтару хубтар намудани андозаи нафақа набояд Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз фармон ва ё қарори раисҷумҳур нигарон набошад, андози иҷтимоӣ бевосита ба сурат ҳисоби фонди Агентии суғуртаи давлатӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ гузаронда шавад.
Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ худ ҳар сол аз якуми январ ҳаҷми маблағи воридшуда, ки ҳаққи ҳалоли мардум аст ва аз буҷаи солона ҷудошударо ба назар гирифта индексатсия намояд.
Раисҷумҳур метавонад, ҳар сол аз ҳисоби тараққиёти иқтисодиёти кишвар ба ҳар сари аҳолӣ то андозае метавонад ҷудо кунад, инро кӯмаки яквақта меноманд.
Пули ба суратҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ воридшуда кам ва ё мӯл фарқ надорад. Ҳоло ҳаҷми маблағи камтарини нафақа маълум, вале ҳаҷми баландтарини он номаълум аст.
Бояд нафақаи баландтарин ҳам маълум бошад, яъне як хатти қирмиз дошта бошад, ки аз он убур накунад.
Чи хеле, ки қайд карда будем, на танҳо ҷои кор намерасад, балки шароити нафақахӯрон ҳам вазнин аст, нафақаи камтарин ва пули беқадр нафақахӯронро нигарон кардааст. Нафақахӯрон дар он назаранд, ки афзоиши нафақа худ ночиз аст ва он ҳам кам пардохт мешавад. Дар соли 2020 ба ҷои 15%-и нишон додашуда, 10% пардохт шуд, ки он ҳам на ба ҳама, балки аз 711 000 нафар нафақахӯрон ба 513 047 нафар индексатсия шуду халос.
Ҷадвали N3: Оиди моҳона ва нафақаи миёнаи давлатҳои собиқ ИҶШС:
№ | Кишвар | Моҳонаи миёна | Нафақаи миёна |
1 | Эстония | 1453 € | 524 € |
2 | Латвия | 1091 € | 315 € |
3 | Литва | 970 € | 410 € |
4 | Русия | 730 $ | 216 $ |
5 | Белорус | 518 $ | 159 $ |
6 | Қазоқистон | 459 $ | 137 $ |
7 | Гурҷистон | 413 $ | 75 $ |
8 | Арманистон | 397 $ | 84 $ |
9 | Украина | 388 $ | 65 $ |
10 | Туркманистон | 383 $ | |
11 | Озорбойҷон | 370 $ | 117 $ |
12 | Молдова | 308 $ | 64 $ |
13 | Қирғизистон | 239 $ | 76 $ |
14 | Ӯзбекистон | 218 $ | 35 $ |
15 | Тоҷикистон | 139 $ | 30 $ |
Инҷо нафақаи миёна ва минималии се давлати Скандинавиро меорам:
№ | Кишварҳо | Нафақаи миёна | Нафақаи минималӣ |
1 | Норвегия | 1873 € | 1354 € |
2 | Финландия | 1716 € | 835 € |
3 | Шветсия | 1676 € | 819 € |
Хонандаи арҷманд!
Ин мамлакатҳоро бо мамлакатҳои собиқ Шӯравӣ муқоиса намоед.
* * *
22) Созмони Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ (БҶО) Тоҷикистонро дар байни 20 давлате ҷой додааст, ки хароҷоти нисбатан зиёди моҳона ва нафақа ба ғизои ҳамарӯза сарф мешавад.
Дар Тоҷикистон барои ҳар як нафар хӯроки нисфирӯзӣ ва ё бегоҳӣ 13%-и музди кори ҳаррӯза сарф мешавад. Ҳол он ки дар яке аз шаҳрҳои калонтарини ҷаҳон Ню-Йорк (ИМА) ҳамагӣ 0,6%-и музди ҳаррӯзаи шаҳрвандон сарф мешавад.
Дар шароити кунунӣ ин соҳаро аз поён то боло фасод, бо роҳҳои гуногун ба монанди касалии саратон печонида гирифтааст.
Халосӣ аз фасод чанд роҳе дорад: баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, пардохти моҳонаи арзанда, имтиёзҳои иҷтимоӣ, риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аз тарафи табибон (аз зинаи поёнӣ то масъулони вазорат) ва кулли комиссияҳои тафтишотӣ.
* * *
23) Яке аз роҳҳои адолати иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани системаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва кӯмакпулӣ барои кӯдакони то синни 18-сола, агар кӯдакон дар мактаби маълумоти умумӣ таҳсил кунанд то хатми мактаб аз имтиёзҳо истифода бурда мешавад ва занҳои хонанишин, ки бо тарбияи кӯдакон машғуланд:
а) давлат ба шахсони суғуртаи тиббӣ дошта, дар муассисаҳои давлатии тиббӣ хизмати ройгони тиббиро кафолат медиҳад. Ашхосе, ки суғуртаи тиббӣ надоранд, барои хизматрасонии тиббӣ бояд худашон пардохт намоянд.
Шахсоне, ки тибқи шартномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ суғурта карда мешаванд, ба чанд гурӯҳ тақсим карда мешавад:
— шахсоне, ки мустақилона маблағи арзиши суғуртаи тиббиро месупоранд (соҳибкорони инфиродӣ, ки бо патент ва ё шаҳодатнома фаъолияти соҳибкории инфиродӣ доранд);
— шахсоне, ки барои онҳо суғуртаи ҳатмии тиббӣ аз ҷониби кор фармо пардохт карда мешавад (ашхосе, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд);
— шахсони аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ суғурта шуда, ки аз ҳисоби моҳонаи онҳо боздошт карда мешавад. Кулли кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ (кулли шахсоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат моҳона мегиранд);
— шахсони бекор — дар рӯйхати биржаи меҳнатӣ буда (бо мӯҳлати муайян, аз тарафи буҷаи биржаи меҳнатӣ суғуртаи тиббӣ пардохт карда мешавад);
— занҳои ҳомиладори хонашин то таваллуд ва пас аз таваллуд, шахсе, ки ба тарбияи кӯдаки то 8-сола ва тарбияи се ё аз се зиёда кӯдакони то 18-сола, нафақахӯрон ва гирандагони ҷубронпулӣ (маъюбон) то синни 18 сола, хонандагони таҳсилоти ҳамагони ва махсус, донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона, гирандагони имтиёзҳои махсус аз ҳисоби буҷаи ҳифзи иҷтимоӣ. Ҳаҷми маблағи суғуртаи ҳатмии тиббиро Ҳукумат шароити аҳолиро ба назар гирифта муайян мекунад.
Аз ҳисоби даромади суғуртаи ҳатмии тиббӣ, на танҳо шароити муолиҷаи беморон беҳтар мешавад, балки моҳонаи кормандони соҳаи тандурустиро то ду маротиба баланд бардоштан мумкин аст;
б) ба оилаҳое, ки то се фарзанд доранд, ба ҳар як фарзанд 300 сомонӣ, оилаҳое, ки 4 фарзанд доранд 400 сомонӣ, оилаҳое, ки панҷ ва зиёда аз он фарзанд доранд 500 сомонӣ кӯмак пулӣ муайян карда шавад;
в) ба занҳои ҳомиладор то таваллуд ва пас аз таваллуд, шахсе, ки ба тарбияи кӯдаки 8-сола ва аз се зиёда кӯдакони то 18-сола машғуланд, бояд кӯмак пули дода шавад ва тӯли тарбия стажи корӣ ҳисобида шавад.
Идома дорад