Ахбори Анҷуман

Кабирӣ дар САҲА дар бораи “куштори оммавии” Раҳмон дар Бадахшон гуфт

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони милли Тоҷикистон (ПМТ), дар суханоне дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки ҳамин соатҳо дар Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) дар ҳоли баргузорӣ аст, бо ишора ба амалҳои “фоҷеабори ҳукумат барои ҷомеаи шаҳрвандӣ” дар Тоҷикистон, гуфт: “Куштори оммавӣ дар Бадахшон алайҳи ақаллияти помирӣ, ки дар натиҷа наздики 50 нафар инсони бесилоҳ ва бегуноҳ дар як амалиёти низомии ҳукумат барои саркӯби тазоҳургарон кушта шуданд”, аз ҷумлаи он аст.

Матни суханронии Муҳиддин Кабирӣ ба шарҳи зерин аст:

Хонумҳо ва ҷанобон!

Бояд бо таассуф гуфт, ки дар кишвари мо Тоҷикистон дигар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маъное, ки мову шумо мефаҳмем, вуҷуд надорад. Пас аз саркӯбҳои соли 2015, ки хукумат на танҳо ҲНИТ, калонтарин ҳизби оппозитсиониро мамнӯъ кард, балки даҳҳо расонаҳои мустақилу созмонҳоро баст, то имсол як ҷомеаи шаҳрвандии нимзиндае вуҷуд дошт. Бархе созмонҳо ва фаъолони ҷамъиятӣ иҷозат доштанд ба мавзӯъҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва дур аз сиёсат машғул шаванд. Барои мисол, касе ба масъалаи зиндониҳои сиёсӣ, фишор болои хешу табори мухолифин ва танқиди ҳукуматдорон даст намезад. Ва метавон гуфт, як шартномаи нонавишта байни ҳукумат ва чанд созмону фаъолони ҷамъиятӣ вуҷуд дошт, ки онҳо ба кадом мавзӯъ метавонанд даст зананд ва ба кадом мавзӯъ не.

Аммо имсол вазъият комилан тағйир кард ва ҳукумат ҳатто ҳамон ҷомеаи шаҳрвандии контролшуда ва нимзиндаро ҳам дигар таҳаммул накард, ки ин нишонаи расидани кишвари мо ба болотарин сатҳи худкомагӣ мебошад.

Мо имсол шоҳиди се амали фоҷеабори ҳукумат барои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар шудем:

1) Куштори оммавӣ дар Бадахшон алайҳи ақаллияти помирӣ, ки дар натиҷа наздики 50 нафар инсони бесилоҳ ва бегуноҳ дар як амалиёти низомии ҳукумат барои саркӯби тазоҳургарон кушта шуданд;

2) Садҳо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, аз ҷумла, адвокатҳо, рӯзноманигорон ва фаъолони мардумӣ зиндонӣ ва ё фирорӣ шуданд;

3) Ҳадди ақал 10 рӯзноманигор ва блогер барои фаъолиятҳои касбии худ бо баҳонаҳои сохта боздошт шуданд ва бархеро муддатҳои тӯлонии зиндон таҳлил мекунад.

Бале, ҳанӯз ҳам ҳастанд дар кишвар бархе созмонҳо ва афроде, ки бо эҳтиёт ва бо гирифтани риски зиёд ба ҷону озодии худ талош мекунанд иҷозат надиҳанд, ки ҳукумат охирин садоҳоро ҳам хомӯш кунад. Аммо дигар ин ба садо монанд нест, балки бештар нолишҳои пасте мебошанд, ки дигар ба пойтахтҳо ва долонҳои байналмилалӣ намерасанд.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Саркӯб шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳое мисли Россия, Белорус ва Тоҷикистон натиҷаи сиёсатҳои яксола ва кӯтоҳмуддат нест. Нишонаҳои он солҳо боз маълум буд ва мо, намояндагони гурӯҳҳои мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ин кишварҳо борҳо аз ин минбарҳо ҳушдор медодем ва даъват мекардем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва олами мутамаддин бояд чораҳои ҷиддӣ биандешад. Аммо ҷаҳон вақт ва энергияи зиёдеро харҷи муколама ва ҳамкорӣ бо ин режимҳои ислоҳнашаванда кард. Ва дар натиҷа мо он чизеро дорем, ки имрӯз дар Россия, Белорус, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои шабеҳ мебинем.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳукуматҳои саркӯбгар ва дарозумр аллакай таҷриба ҳосил кардаанд, ки чӣ тавр гуфтугӯ бо кишварҳои демократиро ба як раванди тӯлонӣ ва “гуфтугӯ дар бораи ҳеч” табдил бидиҳанд ва дар охир бештарин фоидаро барои таҳкими ҳокимияти худ ба даст биёранд. Ва бар натиҷаи ин муколамаҳои доимӣ дар бораи “ҳуқуқи башар, демократиякунонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” на танҳо вазъ беҳтар нашуд, балки дар мисоли кившари мо, ба маротиб бадтар ҳам шуд.

Вақти он расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин сиёсати худ таҷдиди назар намояд, зеро муколамаи бидуни пешрафт ва натиҷа бо ин ҳукуматҳо танҳо ва танҳо бар зарари ҷомеаи шашҳрвандӣ ва ба фоидаи ҳукуматҳои саркӯбгару диктотурӣ мебошад.

Ташакур ба диккати Шумо!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s