Сиёсат

Гулбарг Сайфова дар бораи табъиз алайҳи занон дар Тоҷикистон

Суханронии Гулбарг Сайфова, фаъоли иҷтимоӣ дар ҷаласаи навбатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА)

Ҷанобон ва хонумон!

Мехоҳам дар мавриди табъиз алайҳи занон дар Тоҷикистон сӯҳбат кунам. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз назари шохисҳои баробарии ҷинсиятӣ дар сатҳи байналмилалӣ пасттарин аст. Дар соли 2020, Тоҷикистон дар феҳрасти ҷаҳонии табъизи ҷинсиятӣ дар рутбаи 137 аз 158 кишвар қарор гирифт.

Ҳоло биоед, ба масъалаи табъизи ҷинсиятӣ дар Тоҷикистон аз дигар зовия нигоҳ кунем. Илова бар ин ки Тоҷикистон дар рутбабандии ҷаҳонии табъизи зан аз ҷумлаи 20 кишвари бадтарин маҳсуб мешавад, боз вазъи баъзе занон чандин маротиба вахимтар аст.

Аз ҷумла, табъизи ҷиддӣ алайҳи занону модарони зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Мутаассифона, занону модарони зиндониёни сиёсӣ ҳамеша зери фишори мақомот қарор доранд.

Ба таври мисол, духтари Раҳматулло Раҷаб (зиндонии сиёсӣ аз ҲНИТ) ва хонуми ӯ борҳо мавриди фишор ва шиканҷаи мақомот қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, зани Маҳмадалӣ Ҳаит (зиндонии сиёсӣ аз ҲНИТ, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст) низ соли 2016 барои 2 рӯз нопадид шуда буд ва баъдан маълум шуд, ки ӯ ҳамроҳи писараш Фирӯз, ки ҳоло дар ҳамин зал ҳаст, аз тарафи мақомоти амниятӣ боздошт шудаанд.

Ҳолатҳои хеле зиёд вуҷуд дорад, ки занону хонумон ва духтарони зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон мавриди фишор, таъқиб ва ҳатто шиканҷа қарор гирифтаанд.

Як масъали дигар, фишору таъқиб ва шиканҷа ва мамнуъулхуруҷ будани хонумон ва модарони фаъолони сиёсӣ аст. Ба таври мисол, мақомоти тоҷик модари Абдусаттор Бобоевро, ки ҳамин ҳоло дар ҳамин зал мавҷуд ҳаст, нагузоштанд, аз Тоҷикистон хориҷ шавад ва хеле мариз буд.

Моҳи июни 2022, мақомоти амнятӣ модари Анора Саркорова, журналисти мустақил ва зодаи Бадахшонро аз хонааш боздошт карданд. Савол инҷост, ки модар ин журналист чӣ гуноҳ дорад, ки ӯро боздошт ва мавриди фишор қарор медиҳанд?

Дуруст аст, ки модар, хоҳар, хонум ва дар умум зан будан ифтихор аст, вале дар Тоҷикистон модар ё хоҳар ё хонуми як фаъоли сиёсӣ будан кори осоне нест, зеро ҳамеша мавриди фишору таъқиб хоҳед буд ва бояд баҳои фаъолияти наздикатонро пардохт бикунед.

Дар охир ҳаминро мехоҳам эълон кунам: Офарин ба модарону хоҳарон ва духтарони зиндониён ва фаъолони сиёсӣ, ки ин қадар залму ситам ва фишору таъқибро таҳаммул мекунанд ва боз мегуянд: “Давом бидиҳед ва як тағйире дар кишвар биоред!”

Ташаккур барои таваҷҷӯҳатон!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s