Дидгоҳ

“Дар Тоҷикистон муҷозоти кучактарин интиқод аз Раҳмон ҳатто як “лайк”, зиндон аст”

Илҳомҷон Ёқубов

Бузургтарин айбе, ки ҳукумати Тоҷикистон дорад ин аст, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон айни ҳамон сиёсатеро нисбат ба мухолифони сиёсии худ эъмол мекунад, ки дар солҳои 30-37 қарни пешин дар Шӯравӣ аз сӯи Иосиф Сталин эъмол мешуд. Ва он воқеан табъиз аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳар касеро, ки кучактарин интиқоде аз Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш намояд, ӯро “душмани халқ” ва “хоини миллат” унвон карда ва ба сиёҳнамоии вай ба таври густарда мепардозад. Ин тӯҳмат беш аз ҳама нисбат ба ҳизбҳои опозитсионӣ, ки дар ҳоли ҳозир ба хотири “терористӣ” эълон шудан, дар берун аз Тоҷикистон, махсусан дар Аврупо қарор дорад гуфта мешавад. Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳизбҳои опозитсионии Тоҷикистон, ки дар зери чатри эътилофи Паймони миллии Тоҷикистон амал мекунанд, на танҳо амалан фаъолияташон мусолиматомез аст, балки рӯи масъалаи мусолиматомез будани ҳар навъ фаъолияти опозитсионӣ таъкид доранд. Аммо бо ин ҳама, аз сӯи ҳукумати вобаста ба Раҳмон “душмани халқ” ва “террорист” эълон шудаанд.

Дар Тоҷикистон дар имрӯз барои ин ки шуморо “террорист” нахонанд, шарташ ин аст, ки кучактарин интиқоде аз Раҳмон накунед ва ҳамин, ки кардед, фавран шуморо “террорист” ва “душмани халқ” эълон мекунанд.

Ва ин табъиз аст ва табъизе бадтар аз он қобили тасаввур нест.

Меҳвари дигар, табъизи ҳукумат нисбат ба рӯзноманигорон ва хабарнигорҳо ва васоити ахбори омма аст. Ҳукумати Раҳмон хатҳои сурхе гузошта барои онҳо – ва аланан онро эълон ва мутаассифона қонунӣ ҳам кардааст – ки убур аз онҳо зидди қонун дониста шудааст. Яке аз ин маҳдудиятҳо интиқод накардани Раҳмон ва хонаводаи ӯст. Яъне агар як рӯзноманигор мақола ё ёддоште нависад дар яке аз рӯзномаҳо ва аз сиёсати Раҳмон интиқод кунад, ӯ қонунан муҷозот шуда ва ба зиндон меафкананд. Имрӯз шуморе аз рӯзноманигорон фақат барои интиқод аз мақомоти Тоҷикистон дар паси панҷараҳои зиндон қарор доранд, мисли Абдулоҳ Ғурбатӣ, Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Улфтахоним Мамадшоева ва дигарҳо.

Ин табъизи ошкоро на танҳо мутаваҷҷеҳи рӯзноманигорон аст, балки ҳар шаҳрванде, ки агар дар шабакаҳои маҷозӣ кучактарин интиқоде аз Раҳмон намояд ва ё ҳатто як “лайк” зери матлабе монад, ки интиқодомез аст, равонаи зиндон мешавад. Дар солҳои ахир наздик ба 10 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, фақат барои “лайк” мондан зери матолиб дар Фейсбук равонаи зиндон шудаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s