Намояндаи ИА ва менеҷери адвокатии CPJ, Том Гибсон дар конфронси САҲА, 30.09.2022. Варшава

Аз моҳи майи соли ҷорӣ фазои озодии матбуот дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ бад шудааст. Моҳи май мақомоти Тоҷикистон амалиёти ба истилоҳ “зиддитеррористӣ”-ро барои саркӯб кардани тазоҳуроти ақаллиятҳои помирӣ дар вилояти Бадахшон оғоз карданд, ки тибқи гузоришҳо, дастикам 40 кушта ва садҳо мардуми маҳаллӣ боздошт шуданд. Ҳукумат барои пахш кардани тазоҳуроти онҳо аз ҳамаи восита ва василаҳо истифода намуд.
Аз моҳи май инҷониб мавҷи густурдаи ҳабси хабарнигорон низ мушоҳида мешавад. Дар ҳоли ҳозир 7 рӯзноманигор ё ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон ва ё мунтазири ҳукми додгоҳ ҳастанд, ба гардани онҳо иттиҳомҳои ҷиноӣ бор кардаанд, ки метавонанд онҳоро то 25 сол зиндонӣ кунанд.
Аз 16 май то охири моҳи июни соли ҷорӣ мақомот ба таври муассир дар Бадахшон муҳосираи иттилоотӣ ҷорӣ карда, интернет дар саросари минтақа ва телекоммуникатсиония дар қисматҳои минтақаро қатъ карданд ва ба хотири ҷилавгирӣ аз сафари хабарнигорон ба он ҷо, монеаҳое эҷодкардаанд.
Рӯзи 17 майи соли ҷорӣ бузургтарин хабаргузории мустақили Тоҷикистон, “Азия Плюс” эълон кард, ки пас аз гирифтани ҳушдори расмии додситонии кулли кишвар мабнӣ бар ин ки агар дар амалкарди худ дар бозтоби воқеаҳои Бадахшон таҷдиди назар накунад ин расонаро хоҳад баст, фаъолияташаро қатъ кард.
Худи ҳамон рӯз чаҳор рӯзноманигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва як расонаи дигари ҳамкори он ҳангоми инъикоси ҳаводиси Бадахшон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, сабт ва таҷҳизоти онҳоро дуздидаанд.
Дар пайи ин фишор болои ду расонаи умдаи мустақили Тоҷикистон, расонаҳои хабарии муқими Тоҷикистон аз гузориш дар бораи ҳаводиси Бадахшон ба ҷуз он чи аз иттилоъоти расмии давлатӣ ба даст меояд манъ шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон тадбирҳое андешидаанд, ки то ҳадди имкон иттилоъ дар бораи ҳафт парвандаи хабарнигорони боздоштшуда, ба дасти ҷомеа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрас нашавад. Онҳо чанд парвандаро махфӣ хонда, аз ҳамаи вакилони дифоъи рӯзноманигорон тақозо карданд, ки созишномаҳои ифшо накардани ифшои хабарро имзо кунанд ва мурофиаҳо паси дарҳои баста баргузор шуданд.
САҲА бояд аз мақомоти Тоҷикистон даъват кунад, ки рӯзноманигорон Улфатхоним Мамадшоева, Хушрӯз Ҷумъаев (Хушоми Ғулом), Далер Бобиев (Далер Имомалӣ), Авазмад Ғурбатов (Абдулло Ғурбатӣ), Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммад Султон), Завқибек Салтон ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро озод кунаданд.
Агар мақомоти Тоҷикистон ин рӯзноманигоронро аз боздошт раҳо накунанд, САҲА бояд ба боздиди зиндонҳо даъват кунад, дар бораи вазъи ҷисмонӣ ва равонии хабарнигорони боздоштшуда маълумот талаб кунад ва таъкид кунад, ки тамоми мурофиаҳои судӣ бояд ошкоро сурат бигиранд. САҲА риояи стандартҳои мурофиаи одилонаи дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшударо тафтиш кунад.
САҲА ҳамчунин бояд аз мақомот даъват кунад, ки расонаҳои мустақил, аз ҷумла “Азия Плюс” ва бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, бидуни фишору таъқиби ҳукумат озод фаъолият кунанд.
Рубрики:Сиёсат, Ҳуқуқи башар
Салом ба мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуруҳи 24 , Паймони милли ва ҲНИ як саги лаъини бе тарбия мебошад ҳамаи мардуми Тоҷикистон медонанд, ки гуруҳҳои ташкил намудаатон терорристу экстремист мебошанд бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 фаъолияти ин гуруҳҳоро ҳамчун гурруҳои терорристи ва экстремисти эълон гардида ва фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Ғайр аз ин дар моҳи сетябри соли ҷори фаъолияти гуруҳи ҲНИ дар Федератсия Россия ҳамчун гуруҳи террористӣ эътироф гардиааст ин гуруҳҳои дар боло зикр ҳаракат карда истодаанд ки фикру ақидаҳои ҷавонони ба нангу номуси миллатро вайрон карда ба роҳҳои ҷинояткорона пеша карда истодаанд.
НравитсяНравится