Сиёсат

Фирӯзи Мамадалӣ: “Тоҷикистон тамоми дастовардҳои демократиашро аз даст дода ва ба як кишвари пурра авторитарӣ ва оилавӣ табдил шудааст”

Суханронии Фирӯзи Мамадалӣ дар ҷаласаи навбатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА)

Хонумон ва ҷанобон!

Падарам журналист аст. Падарам ба хотири фаъолиятҳои журналистӣ ва сиёсӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст ва инак ҳафт сол аст, ки дар зиндон ба сар мебарад. Ӯ дар тӯли фаъолияташ аз тарафи мақомоти амниятӣ таҳдид мешуд ва як бор ӯро ба шиддат латукӯб карда буданд ва чандин рӯз дар бемористон монд. Дар зиндон низ чандин бор мавриди шиканҷа қарор гирифт. Аммо ӯ ҳеч гоҳ аз касби худ рӯй нагардонд. Падарам Маҳмадалӣ Ҳаит аст ва аз доштани чунин падари ҷасур ифтихор мекунам.

Бо вуҷуди ин ки медонам, журналист будан дар кишвари мо чӣ қадар пурхатар аст ва падарам дорад баҳои онро мепардозад, ман ҳам худам журналист ҳастам. Борҳо ба хотири фаъолиятҳоям хонаводаам зери фишор қарор гирифтанд, аммо бояд воқеъиятҳо дар кишварам гуфта шаванд ва журналист набояд хомӯш бимонад. Хабарҳои сохта арзону беқимат аст, аммо журналистикаи воқеъӣ арзишманд аст ва қурбонӣ мехоҳад.

Хонумон ва ҷанобон!

Пас аз саркӯби бераҳмонаи мухолифин дар соли 2015, вазъияти Тоҷикистон рӯз ба рӯз бад шуд. Вақте Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳоло дар ҳамин зал ҳозир аст, мегуфт, баъди саркӯби мухолифони воқеъӣ, ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадаф қарор медиҳанд, касе ҷиддӣ намегирифт. Ҳоло баъди 7 сол собит шуд, ки баъди саркӯбии бераҳмонаи 2015, Тоҷикистон қариб ҳама дастовардҳои демократиашро аз даст додааст ва ба як кишвари пурра авторитарӣ ва оилавӣ табдил шудааст. Имсол Тоҷикистон дар феҳрасти ҷаҳонии озодии баён (Гузоришгарони бидуни марз) дар ҷои 152-юм аз байни 180 кишвари дунё қарор дорад ва аз соли 2015 то кунун 36 пилла дар ин феҳраст пойин омадааст.

Бубинед, вақте журналистоне мисли Абдулло Ғурбатӣ, Далери Эмомалӣ, Завқибеки Сайидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатхоним Мамадшоева ва Муҳаммади Султон якбора дар муддати 3 моҳ боздошт мешаванд ва ба онҳо иттиҳомоте мисли ҳамкорӣ бо “созмонҳои террористӣ” часпонда мешавад, оё дар ин кишвар озодии баёне мондааст? Аз Кореияи Шимолӣ чӣ фарқе дорад? Дар ҳоле ки ин журналистони боздоштшуда дар масоили сиёсӣ наменавиштанд, бештар масоили иҷтимоиро матраҳ мекарданд ва гоҳ-гаҳе мухолифини тоҷик дар хориҷро низ танқид мекарданд, вале боз ҳам ба онҳо иттиҳоми узвят ва ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ часпонда шудааст.

Дар охир ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки ин вазъияти вахими Тоҷикистон ба минтақа ва ҷаҳони мутамаддин таъсири манфӣ дорад ва агар ин вазъ тағйир накунад, шояд он вақт дер хоҳад шуд.

Барои таваҷҷӯҳатон ташаккур!

29.09.2022

Варшава

1 ответ »

  1. Салом ба мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуруҳи 24 , Паймони милли ва ҲНИ як саги лаъини бе тарбия мебошад ҳамаи мардуми Тоҷикистон медонанд, ки гуруҳҳои ташкил намудаатон терорристу экстремист мебошанд бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 фаъолияти ин гуруҳҳоро ҳамчун гурруҳои терорристи ва экстремисти эълон гардида ва фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Ғайр аз ин дар моҳи сетябри соли ҷори фаъолияти гуруҳи ҲНИ дар Федератсия Россия ҳамчун гуруҳи террористӣ эътироф гардиааст ин гуруҳҳои дар боло зикр ҳаракат карда истодаанд ки фикру ақидаҳои ҷавонони ба нангу номуси миллатро вайрон карда ба роҳҳои ҷинояткорона пеша карда истода, дигар роҳе надоранд даст ба ҳаргуна дасисаҳо задаистодаанд худ медонанд, ки ин кирдорҳояшон ҳамчун терорристи мебошанд дигар чи кор кунанад вой бар ҳолашон терорристҳои роҳгумзадаро.
    Масалан аз худи ҳамин Фирӯзи Мамадалӣ пурсен чи саҳме ба ватани худ кардааст писари як тероррист аз ҳаминхел падар ҳамингуна писар мебарояд тарбия набошад аз ин дигар чи буи умед аст даҳонат буи шир мекунаду бар зидди ватани худ гап мезани ба худ фикркун барои чи дар тоҷикистони гулгул шукуфон тамоми милати шарафманди тоҷик ҷой ёфту шумо барин терорристон не фикру ақидатон хуб нест зарае дар дилатон дар фикри ин ватан нестен дар фикри хоҷагонатон ҳастед ки чи гуна ин ватани сулҳпарварро ба ҷангу хун оғушта кунен марг бар ту барин хоини ватанфуруш.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s