Дидгоҳ

Дар Тоҷикистон бояд фонди “иҷтимоии миллӣ” ташкил шавад

“(Барои эҷоди ҷомеаи матлуб ва зиндагии шоиста барои шаҳрвандон дар Тоҷикистон, пешниҳод мекунам) фонди “иҷтимоии миллӣ“ ташкил карда шавад, то ин фонд, ба соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ маблағгузорӣ намояд. Фонд дар зери итоати давлат набуда, балки як фонди ҷамъиятӣ (ташкилотӣ) алоҳидаи ба миллат гузоришдиҳанда бошад. Захираи фонд аз ҳисоби сарчашмаҳои хусусӣ, давлатӣ ва кӯмаки созмонҳои байналмилалии хайриявӣ ташкил карда мешавад…”

(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (13))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (72)

23) Оиди ҳифзи иҷтимоӣ зарур донистам, ки яке аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва чанд давлати дигарро мисол биёрам: якумӣ на пешво, на ягон намуди канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва на дарёҳои захираи бойӣ нерӯи барқӣ дошта дорад. Ин кишвар — кишвари Литва ба монанди Тоҷикистон аз собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ соли 1991 дар натиҷаи пошхӯрии кишварҳои муштаркулманофеъ истиқлолиятро ба даст оварда буд. Фарқи ин кишвар аз Тоҷикистон дар он аст, ки роҳи озодӣ ва каромати инсонӣ бо тамоми маънояш, демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва сатҳи ҳифзи иҷтимоии миллати хешро пеш гирифтааст.

Танҳо оиди кӯдакон ва пиронсолон инҷо шарҳ медиҳам. Ба оилаҳое, ки аз якто тоду нафар кӯдак доранд, ҳар моҳ, ба ҳар якеи онҳо 70 евроӣ ва оилаҳое, ки се кӯдак ва аз он зиёд доранд, ҳар моҳе 100 евроӣ то синни 18 солагӣ кӯмакпулӣ дода мешавад. Боз ҳукумат то синни зикршуда суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҳам медиҳад, то ки муолиҷаи ройгон дошта бошанд.

Нафароне, ки маъюб, пиронсол, шахсони нигоҳубин надоранд, аз тарафи ҳукумат бо хӯрокворӣ ва шахси хидматӣ таъмин карда мешавад.

Нафақаи миёнаи кишвари Литва 440 € ва аз 1-уми январи соли 2022, 7,5 % ва аз 1-уми июн 5 % индексатсия кард шуд. (Дар як сол ду маротиба). Ба нафақахӯрон ҳам суғуртаи ҳатмии тиббӣ аз тарафи Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ройгон дода мешавад.

Нафақаи миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда 30 $ мебошад.

Мисоли дигар, раисиҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Ардуғон, моҳи ноябри соли 2018, барои пиронсолони аз 65-солаи болои шаҳрвандони худ, имтиёзҳоро эълон кард: аз ҷумла, хонаи умумӣ ва хидмати тиббӣ бепул, ҳар моҳ то охири ҳаёт 300 долларӣ кӯмакпулӣ, як маротиба барои ҳаҷ сафари ройгон.

Кишвари Либиё. Қаззофие, ки дар инқилоби баҳори арабӣ, шармандавор зада кушта буданд, барои миллати худ чунин шароитҳоро ҷорӣ карда буд:

1) бензини арзонтарин, 1 литр бензин — 0,14 доллар, ( 14 сент ), ки аз об ҳам арзон аст;

2) ба навхонадорон барои харидани манзил 64 000 доллар кӯмакпулӣ ҷорӣ карда буд;

3) таълим ва соҳаи тандурустӣ комилан ройгон буд;

4) барои ҳар як узви оила давлат дар як сол, як маротиба бо миқдори 1000 доллари амрикоӣ кумакпулӣ медод;

5) кӯмакпулӣ барои бекорӣ — 730 доллар пардохт менамуд;

6) маоши ҳамшираи шафқат — 1000 доллар буд;

7) барои ҳар як кудаки навзод 7000 доллари кӯмакпулӣ пардохт карда мешуд;

8) кӯмаки яквақта барои кушодани тиҷорати шахсӣ — 20 000 доллари медоданд;

9) андозҳо ва пардохтҳои калон манъ карда шуда буд;

10) ММД ( маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ) ба ҳар сари аҳолӣ — 14192 доллари рост меомад. ( Тоҷикистон 826 $, нисбати ММД Тоҷикистон 17 баробар баланд буд );

11) таҳсил дар дохил ва дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат;

12) шабакаи мағозаҳо барои оилаҳои серфарзанд бо нархҳои рамзи, ки маҳсулоти асосии озуқаворӣ муайян карда шуда буд;

13) барои аҳолӣ як қисми дорухонаҳо — бо додани доруҳои бепул муайян буд;

14) барои доруҳои қалбакӣ – ҷазои қатл дода мешуд;

15) дар кишвар иҷоранишин набуд;

16) барои аҳолӣ қувваи барқ ройгон буд;

17) кредит барои хариди мошин ва квартира бефоиз;

18) барои харидани автомашина барои аҳолӣ то 50 фоиз ва барои ҷанговарони дружинаи халқӣ 65 фоиз аз хисоби давлат буд;

19) Муаммор Каддофӣ дар замони роҳбариаш корпоратсияҳои байналхалқиро ронд, сиёҳпӯстони ҷанубии Либиё ҳуқуқи шаҳрвандии худро ба даст оварданд;

20) дар давоми чил соли ҳукмронии ӯ аҳолии Либиё се баробар афзуд, фавти кудакон 9 баробар кам шуда буд;

21) давомнокии умр дар мамлакат аз 51,5 ба 74,5 сол афзуд.

22) Қаззофӣ тасмим гирифта буд, ки Либиёро аз низомӣ бонкии ҷаҳонӣ хориҷ кунад ва боз 12 кишвари арабӣ мехостанд ба намунаи ӯ пайравӣ кунанд.

Вале…

Ё ки мамлакати Саудӣ барои ҳифзи иҷтимоии аҳолиаш хело корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад:

1) корманди оддии тандурустӣ — ҳамшираи тиббӣ, ҳар моҳ 10 000 $ моҳона мегирад;

2) ба ҳар кудаки навзод 70 000 доллари кӯмакпулӣ;

3) барои оилаи нав, кӯмакпулӣ барои хариданӣ хона 64 000 доллар медиҳанд;

4) кӯмакпулӣ, барои таҳсил ва муолиҷа дода мешавад;

5) барои серфарзандон мағозаҳои алоҳидаи хӯрокворӣ, бо нархи рамзӣ харидори менамоянд, нерӯи барқ бепул ва ғайра.

Ҳукумати Қувайт барои сохтмони манзил ба аҳолӣ то 220 000 доллар пул ҷудо мекунад.

Иёлоти Аляска ҳар сол ба ҳар сари аҳолӣ 1381 доллари ба суратҳисоби онҳо маблағ мегузаронад.

Дар Иттиҳоди Аврупо кулли давлатҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хеле кӯмаки зиёде мерасонанд.

Мо пешво, тилло, нуқра, элементҳои нодир, сангҳои қимматбаҳо, гармӣ ва рӯшноии офтоб, захираҳои обӣ ва нерӯи барқии бой дорем, вале сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мо, ба ҷуз оила ва атрофиён, мансабдорон, қисме аз балегӯякҳо — чоплусон, қисме аз тоҷирон ва соҳибкорони муваффақ, шароити аҳолии боқимонда ба сифр баробар аст.

* * *

24) Бо сабаби паст будани шароити иқтисодӣ ва набудани ҷои кор қисми зиёди қувваи корӣ, роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русияро пеш мегиранд. Вале қисми асосии мардум, дар дохили кишвар бо моҳона ва нафақаи хеле ночиз зиндагии вазнинро аз сар мегузаронанд.

Барои кам кардани шумораи бекорӣ, хусусан ҷавонон диққати махсус дода шавад, чунки онҳо на ҳамавақт, дар дохили кишвар имкони пайдо кардани ҷои кори доимиро доранд, аз ин рӯ бештари ҷавонон роҳи муҳоҷирати меҳнатиро интихоб мекунанд.

Вақте расидааст, ки ҷавонон ояндаи миллат аст — ро на дар сухан, балки дар амал нишон диҳем.

Вале, аз даҳаи сеюми моҳи сентябр бо сабаби мобилизатсия дар Русия муҳоҷирон баракс ба кишвар баргашта истодаанд, то ёфтани ҷои корӣ дар кишвар, шароити зиндагӣ боз вазнинтар мешавад.

Аз ин лиҳоз, шумораи ҳақиқии шаҳрвандон, ки аз хориҷи кишвар бармегарданд, ба кор эҳтиёҷ доранд муайян намуда, як барномаи ҷои корӣ ва баланд бардоштани дараҷаи даромади аҳолӣ тартиб дода шавад.

Ва, магар вақти он нарасидааст, ки ба ҷои бозӣ (макр) ва факту рақамҳои дурӯғ хотима дода ба корҳои воқеъи гузарем, то ки ҷойҳои нави корӣ ташкил намуда, қувваи кории дар дохил бударо оҳиста — оҳиста ба кор таъмин намоем.

Суоле ба вуҷуд меояд, ки чаро дар ҷомеаи Тоҷикистон нобаробарӣ ба вуҷуд омад ва ё оиди пешниҳодҳои кӯмакпулии пешниҳод шударо чӣ тавр таъмин намуд:

1) фонди “иҷтимоии миллӣ“ ташкил карда шавад, то ин фонд, ба соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ маблағгузорӣ намояд. Фонд дар зери итоати давлат набуда, балки як фонди ҷамъиятӣ (ташкилотӣ) алоҳидаи ба миллат гузоришдиҳанда бошад.

Захираи фонд аз ҳисоби сарчашмаҳои хусусӣ, давлатӣ ва кӯмаки созмонҳои байналмилалии хайриявӣ ташкил карда мешавад:

а) аз ҳисоби фонди захиравии раисҷумҳур, ки дар соли буҷавии 2022, бо миқдори 438 миллиону 540 ҳазор сомонӣ бо қурби имрӯза 44,4 млн доллар ҷудо шудааст;

б) даромади ширкати IRS — яъне роҳи Чаноқ — Хуҷанд — Душанбе, ки аз ҳисоби қарз аз Чин, бо миқдори зиёда 300 млн доллар, бо баҳраи 2 фоиз сохта шудааст, даромади он пурра ба фонди “иҷтимоии миллӣ“ гузаронда шавад;

в) аз ҳисоби 98 ширкате, ки (миқдори ширкатҳо аз тарафи сохторҳои вазифадор муайян карда шавад) МН МО аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод карда шудааст 10 фоизи даромади онҳо ба суратҳисоби фонди “иҷтимоии миллӣ“ гузаронда шавад — яъне ҳамагӣ аз 10 сомонӣ як сомонӣ. Каме бошад ҳам, дар сурати мунтазам гузаронидан, адолати иҷтимоӣ риоя мешавад;

г) ҳар соле аз ҳисоби буҷаи давлати ҳам миқдори муайян ҷудо карда шавад;

д) аз ҳисоби созмонҳои хайриявӣ, грантҳо ва давлатҳое, ки барои беҳдошти ҳифзи иҷтимоӣ кӯмак мекунанд ҷалб карда мешавад;

е) аз ҳисоби бойҳое, ки аз ҳисоби давлат ва миллат бойшудаанд, як гурӯҳи ширкатҳо ва одамон, ҳар соле хеле фоидаи калон ба даст меоранд, ки бо гуфти раисҷумҳури Қазоқистон Қосим — Жомарт Тоқаев, ки ҳатто аз рӯи меъёрҳои байналмиллалӣ бой мебошанд. Вақти он расидааст, ки ба халқ эҳтиром дошта ба таври муназзам ёрӣ расонанд. Аз ин рӯ, ба давлат лозим меояд, ки доираи ширкатҳоро муайян карда ба онҳо дар бораи ҳаҷми ҳиссаи гузориши солона ба фонд, бо розигии тарафайн 10 фоизи даромади солона ва ё аз ин зиёдтар муайян карда шавад.

Имрӯз мо бояд дарк кунем, ки давлат ва шаҳрванд як воҳиди ягонаанд. Ин мафҳум тақсим нашавандааст, хусусан вақте, ки сухан дар бораи амнияти кишвар меравад.

Сатҳи пасти зиндагӣ, баландшавии нархи хӯрокворӣ, моҳона ва нафақаи паст, кормандони тандурустиро дар давраи истиқлолият сол аз сол ба фасод оварда расонд, ки акнун аз ин бемори роҳи раҳои хело мушкил шудааст. Дар шароити кунуни ин соҳаро аз поён то боло фасод, бо роҳҳои гуногун ба монанди касалии саратон печонида гирифтааст…

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s