
Суханронии Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раиси Маркази Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон дар Вена дар нишасти САҲА, 05.10.2022, Варшава
Дар Тоҷикистон тамоми марҳилаҳои мурофиаи додгоҳӣ ноодилона, ғайришаффоф ва ғайримустақил ҳастанд ва мутаассифона, тайи 30 соли охир мурофиаҳои одилона ва шаффоф дар Тоҷикистон бегона будааст.
Вақте ки тамоми шохаҳои ҳокимият, аз ҷумла, суд дар дасти як кас буда, тамоми судяҳоро як кас таъин мекунад, чӣ гуна метавон аз суди одилона сухан ронем?
Вақте ки ба адвокатҳо фишор оварда, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва агар каме мустақиллона амал кунанд ва шавоҳиду далелҳое барои бегуноҳии айбдоршавандагон матраҳ кунанд, ҳамчуноне ки Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов анҷом доданд, солиёни зиёд зиндонӣ мешаванд, дар ин сурат магар адвокатҳои тоҷик метавонанд, вазифаи худро мустақиллона ва бе тарсу ҳарос иҷро мекунанд? Ҳеч гоҳ.
Вақте ки ба парвандаҳои тамоми фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорон мӯҳри махфӣ зада мешавад ва мурофиаҳояшон паси дарҳои баста баргузор мешаванд ва ҳеч кас аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва дипломатҳои хориҷӣ дар ин мурофиаҳо иштирок карда наметавонад ва ҷузъиёти ин парвандаҳо расонаӣ намешаванд, пас дар Тоҷикистон аз кадом мурофиаи шаффоф сӯҳбат кардан мумкин аст?
Мутаассифона, эътирофи иҷборӣ ва шиканҷа як василаи маъмулии ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳаст.
Хулоса, дар Тоҷикистон мурофиаи одилона ва шаффоф вуҷуд надорад ва он чи ки мақомоти сиёсӣ супориш медиҳанд, ҳамон дар ҳама марҳилаҳои мурофиа иҷро мешавад ва алайҳи фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорон ҳукмҳои сангин содир мешавад.
Ин аст, ки дирӯз Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори мустақил, бидуни додгоҳи мунсифона ба 7,5 сол зиндон маҳкум шуд ва қабл аз ин даҳҳо ақаллиятҳои помирӣ бо иттиҳоми ангезаҳои сиёсӣ ба солҳои тӯлонӣ ва бархе аз онҳо ба ҳабси абад маҳкум шуданд.
Аз ин рӯ метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон муҳокимаҳои сохта ва қалбакӣ вуҷуд дорад, на суди одилона.
Рубрики:Дидгоҳ, Сиёсат, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа