Дидгоҳ

Бигузоред, деҳқон дар интихоби кишти соҳаҳои кишоварзӣ озод бошад

“Соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон бахши пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад, вале дар солҳои охир новобаста аз тағйиротҳои куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ, баъзе шахсони таъсиррасон намегузоранд, ки деҳқонон дар интихоби кишти соҳаҳои кишоварзӣ озод бошанд…”

(Дар Тоҷикистони имрӯз кишти пахта бартарӣ дорад ё ғалладонагӣ? (1))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (74)

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллате сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

(Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ)

Пеш аз ба даст овардани истиқлолият, заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон 4 миллиону 200 ҳазор гектарро ташкил медод, ки аз он, 800 000 гектараш заминҳои корам ва 3 миллиону 200 ҳазор гектараш чарогоҳҳо буданд.

Дере нагузашта майдони умумии заминҳои корам аз 800 000 гектар ба 720,2 ҳазор гектар поён фаромад, ки аз он, 502,8 ҳазор гектараш обёришаванда мебошад. Вале чаро кам шуд, дар омор наомадааст?

Агар 502,8 ҳазор гектар замини обёришаванда дошта бошем, аз он, соли 2020, 190 000 гектар барои пахтакорӣ, 194 000 гектар барои ғалладонагӣ, бақия барои кулли боқимонда соҳаҳои кишоварзӣ 118,2 ҳазор гектар замини обӣ боқӣ мемонаду халос. Магар ин тақсимот дуруст аст?

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2021, дар ҷумҳурӣ дар майдони 307 567 гектар зироатҳои ғалладонагӣ кишт шудааст. Яъне дар тӯли як сол, якбора дар ҷумҳурӣ кишти ғалладонагӣ, аз 194 000 гектар ба 307 567 гектар боло рафт, ки ин нисбати соли 2020 — 113 567 гектар зиёд аст. Ин аз як тараф.

Аз тарафи дигар, дар соли 2021 кишти пахта ҳам 5000 гектар боло бурда шуд ва ба 195 000 гектар расид, кишти ғалладонагӣ 307 567 гектар, ҷамъ 502 567 гектар мешавад. Дар натиҷа, барои дигар намуди соҳаҳои кишоварзӣ 233 гектар замини кишт мемонаду халос.

Мӯҳтарам масъулини Вазорати кишоварзӣ! Магар дар Тоҷикистон ба ғайр аз пахтакорӣ ва ғалладонагӣ дигар зироатҳои кишоварзӣ кишт карда намешавад?

Ба фикри банда, тақсимоти заминҳои кишт дар соли 2021 ғалат ва ё изофанависӣ ба авҷи аъло расидааст… Махсусан дар кишти ғалладонагӣ.

Изофанависиро бас кунед, чунки дар кишти ғалладонагӣ дурӯғ ва изофанависӣ хиёнат ба миллат аст.

Дар давраи вазири вақти кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов, дар кишти картошкапарварӣ ва ҷамъоварии он изофанависӣ шуда буд. Дар фасли охирҳои зимистон ва аввали фасли баҳор, нархи картошка боло рафт ва норасоӣ мушоҳида шуд. Дар натиҷа, вазир аз вазифааш сабукдӯш карда шуд… (Оид ба изофанависӣ дар зер боз бармегардем.)

Дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон, боз зиёда 190 000 гектар заминҳои кишт, аз ҳисоби сохтани манзилҳои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, аз ҳисоби дучор шудан ба эррозия ва шӯрхокшавӣ берун шуд, ки барои барқарор намудани он маблағҳои зиёдеро талаб мекунад.

Ба замми он, ҳолати мелиоративии зиёда аз 33 000 гектар замин, ки қаблан барои кишти зироатҳои кишоварзӣ истифода мешуданд, ҳоло аз кор баромадаанд ва барои беҳдошти он маблағҳои зиёде зарур аст, ки имрӯз кишвар тавоноии онро надорад.

Боз бо якчанд хатогиҳои масъулин, ба таназзули инфрасохторҳои ирригатсионӣ ва дренажӣ, аз кор баромадани каналҳои магистралӣ ва насосҳои обкашӣ, обхезиҳо, эрозияи обӣ, шамолӣ ва ғайра оварда расонд, ки заминҳои кишоварзӣ аз корбаромада истодааст.

Тибқи омори соли 2019-и Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон, 9615 гектар замин аз истифодаи кишоварзӣ берун монд, ки аз он, 8139 гектараш обёришаванда буд. Ғайр аз ин, аз сабаби норасоии об, 24097 гектар замин ҳамчун лалмӣ истифода бурда мешавад.

Ҳамчунин ҳолати мелиоративии зиёда аз 40 000 гектар заминҳои обёришаванда кишвар дар ҳолати бад қарор дорад.

Дар давраи истиқлолият, сохтори истифодабарии заминҳои кишт аз шакли колхозӣ ва совхозӣ, ба марҳилаи гузариш ба хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз шуда, солҳои 1995-1997 зиёда аз 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба хоҷагидорон ҷудо карда шуд, ки ин амал ба таъминоти беҳтар намудани аҳолӣ бо озуқа, каме бошад ҳам мусоидат намуд ва шароити деҳқонон каме беҳтар шуд. Ин ҳолат идома ёфта ҳоло қариб, ки ҳамаи заминҳои кишт, чарогоҳҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ тақсим карда дода шуд.

Бояд, қайд кард, ки дар тақсими замин, ба беадолатӣ ва худию бегона роҳ дода шуд, ки то ҳоло байни табақаҳои ҷомеа муҷодала давом дорад.

Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, қароре “Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ” қабул гардид ва дар раванди татбиқи он, фармоишҳои давлатӣ ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон шуд, ки ин ба соҳибихтиёрии хоҷагидорон барои киштии маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Татбиқи ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбатан озодии интихоб дар кишти зироатҳои кишоварзӣ, инчунин имконияти гузаронидани кишти такрориро дар майдонҳои холишудаи аксарияти маҳалҳо дода шуд.

Вале яке аз сабабҳои монеъ ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, қарзи хоҷагиҳои пахтакорӣ буд, ки деҳқонон, худ камбизоат буданд ва заминҳое, ки ба хоҷагии деҳқонӣ гирифтанд, аз давлат қарздор буд ва ин қарз ба деҳқонон бор карда шуд. Ин як сарбории изофагӣ буд.

Тарзи нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, инчунин хусусигардонии амвол дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонид.

Бояд тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҷомеа ба шумор мерафт, вале дар солҳои охир новобаста аз тағйиротҳои куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ, баъзе шахсони таъсиррасон намегузоранд, ки деҳқонон дар интихоби кишти соҳаҳои кишоварзӣ озод бошанд.

Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба якчанд принсип, ба монанди таъмини ҳуқуқҳои истифодабарии замину об, таъмини озодии интихоби зироатҳои кишоварӣ ва таъмини танзими бозор, ташкил карда шуд.

Дар асоси ин принсипҳо, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ зарур аст, ки ба маблағгузорӣ ва қарзҳо дастрасӣ дошта бошанд. Ҳоло як қатор ташкилотҳои ғайридавлатӣ системаҳои ҷамъиятии қарздиҳӣ таъсис шудааст, ки барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, шароити васеъро фароҳам меорад.

Дар давоми солҳои 2012-2019 аз буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ ҳамагӣ 207 миллион сомонӣ ва бо ҷалби сармоягузории давлатии хориҷӣ 840 миллион сомонӣ равона гардид. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти марбута оид ба татбиқи тадбирҳои мақсадноки Барномаи кишоварзӣ дар соли 2019, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 27,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбати соли 2012, 9,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Барои баланд бардоштани даромади соҳаҳои кишоварзӣ заминҳои харобгаштаро ба кор андохта, ҳосилнокии замин баланд бардошта шавад. Вале мувофиқи омори давлатӣ, барои ба кор даровардани заминҳои аз кор баромада, 750 млн доллар зарур аст, ки ҳукумат қудрати аз буҷа бо пуррагӣ ҷудо кардани онро надорад.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s