Дидгоҳ

Кош аз қарзи БОР 10 фоизаш барои рушди кишоварзӣ дар вилояти Суғд ҷудо мешуд!    

“Соли 2022 Бонки Осиёи Рушд (БОР) ба ноҳияи Ёвон, барои азнавсозии системаҳои обёрӣ ва тоза кардани заҳбурҳо (заҳканҳо) ба маблағи 30 млн доллар кӯмаки бебозгашт ҷудо кардааст, ки ин созишномаро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи БОР дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл имзо кардаанд. Ин маблағи ҷудошуда барои баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ва истифодаи об дар минтақаи зикршуда мусоидат менамояд. Агар аз ин маблағи 2,2 млрд доллари аз Бонки Осиёи Рушд, ки ба ҷумҳурӣ ворид шуда, 10 фоизи онро ба вилояти Суғд — яъне ба комплекси гидроэнергетикии дарёи Зарафшон ҷудо карда мешуд, ҳам нерӯи барқ ва ҳам заминҳои бекорхобидаи дашти Қизилӣ ба кор даромада, даҳҳо муаммоҳои рӯз ҳалли худро меёфт ва маблағи харҷ шударо бозпас мегардонд…”

(Дар Тоҷикистони имрӯз кишти пахта бартарӣ дорад ё ғалладонагӣ? (2))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (75)

Раҳбари Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон зимни нишасти матбуотиаш гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 165,4 млн доллар амалӣ мешавад.

Ӯ зикр кард, ки заминҳои бекорхобидаи вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияи Данғара 1750 гектарро мақомоти маҳаллӣ (таъкид менамоям, мақомоти маҳаллӣ?! Д. Ё.) қасди азхудкардани онро доранд, ки (аҳамият диҳед) барои ин лоиҳа 30 миллиону 540 ҳазор доллар ҷудо шудааст.

Қариб 88%-и ин маблағ аз тарафи Бонки Исломии Рушд буда, каме беш аз 12 фоизи онро ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамояд.

Тибқи гуфтаи Холмурод Раҳмон, 900 гектар замин барои кишти пахта, 350 гектар барои кишти ғалладонагӣ 350 гектар, барои бунёди боғдорӣ ва токпарварӣ истифода хоҳад шуд ва ҳудуди 8000 нафар аҳолии маҳаллӣ соҳиби ҷои корӣ мешаванд.

Рӯзи 19.08.2020 раисҷумҳур дар маҳали “Дашти Луч“-и ноҳияи Дарвоз, канали обёрӣ барои 500 гектар замини нав оғоз бахшид… Дар ноҳияи кӯҳӣ сохтан ва ба сомон расонидани канали обёрӣ кори саҳле нест. Аҳсан ба Шумо мардум ва ҳукумати ноҳияи Дарвоз, дар оянда ҳам ба Шумо дар чунин кори хайр бурдбориҳоро орзумандам.

Хонандаи азиз! Инҷо яке аз лоиҳаҳои обёрӣ намудани дашти Қизилӣ, ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ), ки дар давраи Шӯравӣ омода шуда буд, пешкаши Шумо менамоям: дар сурати ба кор андохтани ин лоиҳа, дар дарёи Зарафшон, бо сохтани комплекси гидроэнергетикӣ, истеҳсоли нерӯи барқ ва интиқоли як қисми оби Зарафшон ба ноҳияи Деваштич муаммоҳои ҷойдошта ҳалли худро меёбанд. Оиди ин лоиҳа, мебоист ҳукумат кайҳо тендер эълон мекард ва кор оғоз меёфт.

Дар сурати бунёди ин комплекси гидроэнергетикӣ, аввалан, аҳолии водии Зарафшон ва ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ бо нерӯи барқ, то қадри имкон таъмин карда мешавад.

Сониян, аз ҳисоби оби интиқолшуда, дар ноҳияи Деваштич якчандто нерӯгоҳҳои хурд ва обанборҳо сохта шуда, заминҳои ҳосилхези солҳои сол бекорхобидаро обёри намудан мумкин аст.

Дар натиҷа, заминҳои кишти зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавот, обчакорӣ ва боғу токпарварии навро дар ноҳияҳои Деваштич ва Истаравшан васеъ намуда, аҳолии маҳаллиро бо ҷои кор ва мардуми вилоятро бо озуқавории тозаи экологӣ таъмин карда мешавад.

Дар шароити ноҳияҳои кӯҳӣ, вақте, ки қисмати болои обёрӣ карда мешавад, боз як қисми об, дар қисмати поёнӣ ба монанди чашмаҳо мебарояд, ки бори дигар истифода бурда мешавад.

Дар сурати аз худ кардани заминҳои нав нуқтаҳои аҳолинишини нав ба вуҷуд меояд, маҳалҳои беоб ва ё камобро бо оби нӯшокӣ ва ҳам обёрӣ таъмин карда мешавад.

Барои амалӣ намудани ин лоиҳа, бояд грантҳои бебозгашти хориҷиро истифода бурда мешуд… Вале афсӯс, ки миллионҳо пулҳои хориҷӣ ва буҷа ба сафарҳо, ҷашнҳои кадую харбуза, асалу картошка ва фестивали атласу адрасу оши палов бо роҳҳои гуногун ба яғмо бурда шуд.

Хонандаи азиз! Инҷо, танҳо як бонки кӯмакрасонро меорам: Бонки Осиёи Рушд, бузургтарин донори молиявии Тоҷикистон аст, ки ба ҷумҳурӣ 2,2 млрд доллар, аз ҷумла, 1,7 млрд доллари он бебозгашт мебошад, кӯмаки молӣ расонда аст.

Соли 2022 Бонки Осиёи Рушд (БОР) ба ноҳияи Ёвон, барои азнавсозии системаҳои обёрӣ ва тоза кардани заҳбурҳо (заҳканҳо) ба маблағи 30 млн доллар кӯмаки бебозгашт ҷудо кардааст, ки ин созишномаро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи БОР дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл имзо кардаанд.

Ин маблағи ҷудошуда барои баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ва истифодаи об дар минтақаи зикршуда мусоидат менамояд.

Агар аз ин маблағи 2,2 млрд доллари аз Бонки Осиёи Рушд, ки ба ҷумҳурӣ воридшуда, 10 фоизи онро ба вилояти Суғд — яъне ба комплекси гидроэнергетикии дарёи Зарафшон ҷудо карда мешуд, ҳам нерӯи барқ ва ҳам заминҳои бекорхобидаи дашти Қизилӣ ба кор даромада, даҳҳо муаммоҳои рӯз ҳалли худро меёфт ва маблағи харҷ шударо бозпас мегардонд.

Ё ки ҳоло дар давраи ба ном истиқлолият, шахсоне, ки аз ҳисоби давлат ва миллат сарватманд шуда ва дороии калони ҳангуфт ва даромади ҳаррӯзаи бузургро доранд, ба монанди Ҳасан Асадуллозода, Ҷамолиддин Нуралиев, Рустами Эмомалӣ, Шамсулло Соҳибов ва дигарон ва соҳибкорони муваффақ ба монанди Нурулло Усмонов, Саидмурод Давлатов, Раҳими Ғармӣ ва дигарон, ки яко-яки онҳо ва ё 2 — 3 нафар дар якҷоягӣ, қудрат ва тавоноии сохтани НБО-ҳои хурдро доранд, аз онҳо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки даст ба сохтани нерӯгоҳҳои хурд бизананд.

Аввалан садҳо ҷои корӣ, истеҳсоли нерӯи барқ ва заминҳои ғалладонагӣ, боғу токпарвариро ташкил мекунанд ва дар оянда даромади доимии беназирро ба даст меоранд. Ва ба насли ояндаи худ корхонаи истеҳсолкунандаи барқ, заминҳои обёришавандаро мерос мегузоранд.

Ба фикри банда, пеш аз ҳама бояд, масъулини Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан вилояти Суғд барои таъмини аҳолӣ, бо маҳсулоти тозаи экологии кишоварзӣ ва бо сифати баланди табиӣ истеҳсол намудани он, барномаи кутоҳмуддат ва дарозмуддат омода менамуданд…

Инҷо суоле меояд, ки дар тӯли 30 сол дар Тоҷикистони Шимолӣ чанд гектар замини обӣ (нав-ро) аз худ намуда ба истифода дода шуд…?

Боз барои таъмин намудани аҳолӣ, бо маҳсулоти кишоварзии табиӣ, аз ҳисоби заминҳои харобшудаи кишти пахта ва заминҳои аз худ шуда истода кишти ғалладонагӣ, сабзавоту полезиҳо истифода карда шавад.

Чаро?

Заминҳои пахта, аз сабаби солҳои тӯлонӣ, кишт намудани як намуди растании техникӣ, ҳосилнокии он хело паст шуд ва ҳатто дар баъзе ноҳияҳо аз кор баромадааст, ки бояд киштгардон кард.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s