Дидгоҳ

Заминҳои кишти пахтаро бояд кам намуд. Чаро?

“Ба сабаби боло рафтани нархҳои хӯрокворӣ ва ҷанги Русияю Украина, ҳукумати ҷумҳурӣ бояд сиёсати худро дар соҳаи кишоварзӣ тағйир диҳад. Заминҳои кишти пахтаро кам намуда, ба сифат ва ҳосилнокии он эътибори ҷиддӣ дода шавад. Яъне ҳосилнокии ҳар як гектар баланд бардошта шавад. Вале ҳукумати мо баръакс замини кишти пахтаро зиёд карда истодаанд, то ки худ даромади зиёдтар ба даст дароранд, на миллат.…”

(Дар Тоҷикистони имрӯз кишти пахта бартарӣ дорад ё ғалладонагӣ? (3))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (76)

Соҳаи пахтакорӣ дар баъзе ноҳияҳо бо сабаби баланд шудани арзиши сӯзишворӣ ва поруи минералӣ зараровар шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2019 нишон дод, ки соҳибони баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ, на танҳо харҷи солонаи худро баҳрабардорӣ намуданд, балки зарари молӣ диданд.

Ин ҳукумати кунунӣ чаро барои кишти пахта зӯр мезанад?!

Сабабе дошта бошад?!

Ҳатто, фасли баҳори соли 2021 дар вилояти Хатлон баъзе ашхоси авлоди оила сарварони хоҷагиҳои деҳқониро маҷбур кардааст, ки ба заминҳои хоҷагии деҳқонӣ пахта кишт кунанд, дар сурати кишти дигар соҳаи кишоварзиро кишт намудан киштро вайрон мекунанд. Таҳтид ҳам мекунанд, то ки бо онҳо мувофиқа кунанд.

Ба деҳқон заррае ёрӣ намерасонанд, вале ба деҳқон, дар кишти соҳаҳои кишоварзӣ, озодӣ намедиҳанд?!

Дар соли 2022 нархи ҳама намуди нуриҳои минералӣ боло рафт, кишоварзони ҷумҳурӣ, аз ҷумла кишоварзони вилояти Суғд, аз ҷаҳиши арзиши нуриҳои кишоварзӣ нигарон шуданд.

Арзиши миёнаи нуриҳои минералӣ барои кишоварзӣ 35-40 фоиз баланд шуд. Нархи як халтаи 50 килоӣ дар нуқтаҳои савдои вилоят аз 400 сомонӣ боло рафт.

Пахтакори ноҳияи Б. Ғафуров Назар Тоҷибоев мегӯяд, ки “Ҳоло як халта нурии минералии селитра, дар бозори яклухтфурушии ноҳия 403 сомонӣ аст. Соли гузашта як халта селитра ҳамагӣ 260 сомонӣ буд. Имруз аммофос — 405 сомонӣ ва мочевитса 413 сомонӣ аст.“

Деҳқони шоликори ноҳияи Ҷ. Расулов Йулдошбой Очилов ҳам чунин нақл мекунад. Ӯ мегӯяд, ки соли гузашта 10 халта аммофосро ба 2,5 ҳазор сомонӣ харида будам. Имсол ҳамин миқдор аммофос ба 4000 сомонӣ баробар шудааст.

Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд гуфт, ки ҳамасола хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ба беш аз 100 000 тонна нуриҳои минералӣ ниёз доранд.

Сабаби гароншавии нуриҳои минералӣ дар он аст, ки вилоят корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералиро надорад. Нуриҳои минералӣ ба вилоят аз хориҷи кишвар оварда мешавад.

Ҳоло аниқ маълум шуд, ки бо сабаби баланд шудани арзиши нуриҳои минералӣ ва сузишворӣ, соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаи даромаднок, дар баъзе мавридҳо зараровар ҳам шудааст. Вале солҳо масъулин кишти пахтаро яке аз соҳаҳои сердаромадтарин муаррифй менамоянд.

Имрӯз рӯзе расидааст, ки мо бояд ҳисобу китоб дошта бошем, ба ҳар гектар замини пахта чанд қадар қувваи корӣ, техника, поруи минералӣ ва об сарф мешавад. Ва ба ғалладонагӣ, ки дар замини кишти он аввалан нуқтаҳои дар боло зикр шуда кам сарф мешавад, сониян дар замини кишти ғалладонагӣ дубора зироатҳо кишт карда мешавад. Дар ниҳояти кор замини кишти ғалладонагӣ на танҳо даромади зиёд медиҳад, балки мардуми кишварро бо пуррагӣ бо ғизои хӯрокворӣ таъмин менамояд.

Инҷо суоле меояд, ки кадоме аз онҳо беҳтар буда аст, пахта ва ё ғалладонагӣ?

Агар кишти пахта соҳаи сердаромад бошад, чаро деҳқон ба як бурда нон зор аст?

Чаро дар тӯли 100 сол сагноваи деҳқон аз тилло нашуд?

Чаро дар тӯли 100 солаҳо ҷумҳурӣ бой нашуд?

Чунки деҳқон озодӣ надорад?

Чаро замини деҳқонро кашида мегиранд?

Чаро? Чаро? Чаро?

Ба ин чароҳо кӣ ҷавоб медиҳад?

Соҳаи пахтакорӣ ҳамон вақт даромаднок мешавад, ки бо пуррагӣ дар дохили кишвар коркард шавад. Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 25% ашёи хоми пахта коркард мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар тӯли 30 соли истиқлолият асосан ашёи хоми пахтаро содир мекунад.

Чаро?

Мебоист дар ин муддати се даҳсола грантҳо ва кӯмакҳои бебозгаштро самаранок истифода бурда, дар дохили кишвар фабрикаҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагиро сар то сари ҷумҳурӣ сохта ба истифода медод ва мардуми маҳаллиро ба ҷои кор таъмин мекард.

Дар соли 2019 аз ҳисоби замини обӣ 185 500 гектар замин, барои кишти пахта ҷудо карда шуда буд, вале ҳосили дилхоҳ рӯёнида нашуд. Баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ 15 сентнерҳам пахта рӯёнида натавонистанд. Оқибат дар кишвар 7500 хоҷагии деҳқонӣ ва дар нӯҳ моҳи соли 2020 — 337 000 субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорон фаолияти худро қатъ карданд. Аз ҷумла 35,6 ҳазор ширкату корхонаҳои ҳуқуқӣ, зиёда аз 301 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ ва 1700 хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.

Деҳқонҳо, яъне аз набудани шароити корӣ ва молӣ фаолияти худро қатъ карда мекунанд.

Ҷои онҳоро фермерҳои чинӣ гирифта истодаанд. Яъне дар вилояти Хатлон 18 000 гектар, замини обиро бо мӯҳлати 49 сол фермерҳои чинӣ ба иҷора гирифтаанд, ки ин ба як ҷумҳурии кӯчаке, ки замини ҳамворигии кам дорад, муаммои ислоҳнашаванда аст. Фермерҳои чинӣ, барои рӯёнидани ҳосили фаровон, нуриҳои минералии тасдиқнашуда ва стимуляторҳои афзоиширо истифода мебаранд, ки ин амали номатлуб, заминро партову заҳролуд мегардонад ва сипас барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии хӯрокворӣ номувофиқ мешавад. Ҳатто аз рӯи гуфти мутахассисони тоҷик замин тамоман партоб (бекора) мешавад.

Чунон ки худи мутафаккирони хитоӣ мегӯянд: “Агар замини бесоҳиб (холӣ, беодам) бошад, ба он одамони безамин меоянд. Ҳамсояҳо ҳамеша ба замини холӣ даъво хоҳанд кард.“ Чунин ҳолатҳо бо роҳҳои низомӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ даст ба кор гирифта мешавад.

Агар заминҳои корам аз тарафи аҳолии маҳаллӣ соҳиби карда нашавад. Ба он заминҳо шаҳрвандони хориҷӣ меоянд ва як соҳаи муҳими мамлакат аз даст меравад.

Дар ҳоли ҳозир замини партоб бошад ҳам, ин маънои онро надорад, ки дар оянда замин лозим нест.

Ин ҳолатҳо дар кишвари азизи мо на аз тарафи миллат, балки аз тарафи масъулини баландпоя оғоз шуда аст, ки на танҳо заминҳо ва ҳатто захираҳои табиӣ пай дар пай аз даст рафта истодааст.

Рӯёнидани ҳосили пахта ҳам кори саҳле нест, хело меҳнати зиёдеро талаб мекунад. Аввалан дар фасли тирамоҳ заминро шудгор намудан хеле муҳим аст, то ки замин дам гирад. Дар фасли баҳор, заминро чизил ва сихмола намуда пумбадона кишт карда мешавад, пас се чор маротиба додани поруҳои минералӣ ва маҳаллӣ, шаш ҳафт маротиба коркарди техникӣ, (култиватсия) човуқ ва тоза кардани он аз растаниҳои бегона, чеканка ва 10 — 15 маротиба бо об таъмин намуданро сари вақт талаб мекунад.

Аз гуфтаҳои боло маълум шуд, ки имрӯз соҳаи кишоварзӣ ба кӯмаки давлат мӯҳтоҷ аст. Деҳқонон ба субсидия ва қарз, сӯзишворию техника ва ба бозори истеъмолӣ маҳсулоти истеҳсол кардааш эҳтиёҷ доранд.

Илова бар ин, обёрӣ ва ба поруҳои минералӣ барои замин сармоягузориҳои зиёдеро тақозо мекунад, ки сокинони деҳот бидуни кумаки давлат ва ё маблағи фондҳои хусусӣ наметавонанд онро анҷом диҳанд.

Мисол, соли 2021 насосҳои обкашии ноҳияи Зафаробод, охири моҳи май ба кор даромад. Деҳқон бе об, аз замин чи хел, бо кадом роҳ ҳосил рӯёнад? Бояд насосҳои обкаши бо миқдори зарурӣ аз якуми апрел ба кор дароварда шавад, то ки деҳқон дилхоҳ зироатҳоро кишт намояд.

Деҳқон тамоми сол заҳмат мекашад ва пас аз бардоштани ҳосил ҳисобу китоб мекунад, ки ба ҷои даромад зарар мебинад.

Ӯ бояд чӣ кор кунад?

Додашро ба кӣ гӯяд?

Бо сабаби боло рафтани нархҳои хӯрокворӣ, ҷанги Русияю Украина, ҳукумати ҷумҳурӣ бояд сиёсати худро дар соҳаи кишоварзӣ тағйир диҳад. Заминҳои кишти пахтаро кам намуда, ба сифат ва ҳосилнокии он эътибори ҷиддӣ дода шавад. Яъне ҳосилнокии ҳар як гектар баланд бардошта шавад. Вале ҳукумати мо баръакс замини кишти пахтаро зиёд карда истодаанд, то ки худ даромади зиёдтар ба даст дароранд, на миллат.

Яъне, дар соли 2020 кишти пахта, ба 190 000 гектар расид, ки ин нисбати соли 2019, 4500 гектар зиёд аст.

Суоле пайдо мешавад, ки аз кадом ҳисоб замини кишти пахта зиёд карда шуд?

Барои кишти галладонагиро зиёд намудан, кӣ монеъ мерасонад?

Чаро?

Имрӯз чаро, зуд кишти зироатҳои ғалладонагиро зиёд намекунанд?!

Сабаб чист?

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s