Машоҳир

Инсон ба тамоми маънои калимаи инсон

Тибқи он чи шабакаи иҷтимоӣ эълом карда имрӯз (15 октябр) зодрӯзи як ИНСОН ба тамоми маънои калима ва ба ҳуруфи бузург, Ҳоҷӣ Бобо Дадоҷон Ёқубов будааст. Бале, сарфи назар аз он ки Ҳоҷӣ Бобо як донишманд ва устоди донишгоҳ ҳастанд, эшон барои банда инсоне фарҳехта ва бузургворе ҳастанд. Ҳанӯз тавфиқи зиёрати Ҳоҷӣ Бобо аз наздик барои ман муяссар нашуда, орзу ва умедам ин аст, ки рӯзе ба ҳузури эшон бирасам ва гапу гуфтугӯе дошта бошем ва аз наздик зиёраташон кунам. Ин умед ва орзуи ман аст.

Барои ҳақир, он чи аз эшон, беш аз дигар хусусиёташон мояи шигифтӣ аст ин аст, ки эшон бо вуҷуди он ки наздик ба 80 сол син доранд, вале одами хастагинопазиранд ва менависанд. Ёддоштҳои эшон таҳти унвони “Муаммои рӯз”, ки тақрибан ду се бор дар ҳафта дар сойти “Анҷумани Озодандешон” нашр мешавад, воқеан қобили таваҷҷӯҳанд. Агар онҳоро мутолеа мекунед, ки ба назарам, фарҳехтаҳои тоҷик қатъан мутолеааш мекунанд, баҳра мебаред. Тахассуси эшон, ки иқтисод аст ва равшан аст рӯи ин арса зиёд кор кардаанд ва тадрис ҳам доштанд, роҳгушост.

Эшон, бо ин ки ба истилоҳ, аз мухолифони сиёсатҳои ҳукумати кунунӣ ба шумор мераванд, вале ҳамеша дар ибрози андеша мунсиф буда ва аз ҷодаи инсоф берун нарафтаанд. Як ниҳод ва ё коргузоре дар ҳамин ҳукумат – ҳукумати режими Раҳмон, ки аз мухолифони сарсахти он ҳастем – чӣ вазир бошад ё як коршиноси оддӣ агар кору амале аз ӯ дида шавад, ки дуруст аст, шумо мебинед мавриди таърифу тамҷиди Ҳоҷӣ Бобо қарор мегирад ва ҳаргиз хиҷолат накашидаанд, ки аз он ниҳод ва ё коргузор таъриф кунанд. Бинобар ин, интиқодҳои эшон дар ин навиштаҳо созанда аст, ки агар давлатмардони Тоҷикистон одамони дурусту ҳисобӣ бошанд, қатъан аз онҳо истифода хоҳанд кард.

Ба ҳар сурат, ин муносибати фархундаро ба Ҳоҷӣ Бобо ва хонаводаи эшон ва ба хусус бародари азизам, Илҳомҷон Ёқубов табрик мегӯям ва барои эшон муваффақият дар зиндагӣ ва фаъолиятҳояшон хоҳонам.

Зодрӯзатон хуҷаста бошад Ҳоҷӣ Бобо! Бе таъоруф, Шумо мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҳастед.

Бо камоли эҳтиром, Сайидюнуси Истаравшанӣ

Рубрики:Машоҳир

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s