Дидгоҳ

Соҳаи пахтакорӣ кори саҳле нест

“Дар ҷануби Украина, дашти Қрим пахтаро рӯёнидан мумкин аст. Вале украинҳо ҳатто барои талаботи худашонро бароварда кардан ҳам кишт намекунанд. Чаро? Чунки кишти пахта, парвариш ва ҷамъоварии он хеле заҳматро талаб мекунад. Дар давраи Шӯравӣ украиниҳо то солҳои 60-ӯм як сол пахтаро кишт карда буданд. Вақте, ки ҳосили аввал тайёр мешавад, ҳама ба хоҷагиҳои пахтакорӣ бо шиорҳо ба сари замин омада бо тантана ҳосилро ғундошта мераванд. Пас аз 7-10 рӯз мебинанд, ки боз пахта шукуфтааст, омада ҳосилро ҷамъоварӣ менамоянд, ҳамин тавр боз такрор мешавад. Ниҳоят ба хулоса меоянд, ки ин соҳаи пахтакорӣ кори саҳле набудааст…”

(Дар Тоҷикистони имрӯз кишти пахта бартарӣ дорад ё ғалладонагӣ? (4))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (77)

Дар ҷумҳурӣ барои кишти ғалладонагӣ ва дигар зироатҳои аввалияро зиёд намудан якчанд омилҳо фаро расидааст.

Аввалан, дар соли 2019, 185 500 гектар замин барои кишти пахта ҷудо шуда, дар натиҷаи шароити вазнини иқтисодӣ, нарасидани техникаи кишоварзӣ, боло рафтани нархи сӯзишворӣ, бисёри хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамагӣ то 15 сентнер ва ё аз ин ҳам камтар пахта рӯёниданд, ки ин барои хоҷагиҳои деҳқонони пахтакор зараровар буд.

Ба замми он, дар баъзе ноҳияҳо деҳқонон ҳосили ҷамъоваришударо дар ноҳияҳои худ фурӯхта натавонистанд. Яъне баъзе корхонаҳои пахтақабулкунӣ бо баҳонаи надоштани пул, пахтаи ҷамъоваришударо қабул накарданд.

Деҳқонон маҷбур шуданд, то ки пахтаи ҷамъоваринамудаи худро аз як ноҳия ба ноҳияи дигар бурда супоранд.

Бар болои ин сарсониҳо, харидорон (бойбаччаҳо) 1 килограмм пахтаро ба ҷои 6-6,5 сомонӣ, бо нархи 3,5-4 сомонӣ харидорӣ намуданд, ки ин баробари ғорат намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ буд.

Ҳатто ин масъала дар МН МО баррасӣ шуд.

Раиси вақтии МН МО Шукурҷон Зуҳуров ба вазири вақтии кишоварзӣ Иззатулло Сатторов суол кард? Дар соли 2019 бисёри деҳқонон зарар дид? Парвариши пахта барояш зараровар шудааст..? Танҳо гуфта натавонист, ки замини кишти пахтаро ба дигар зироатҳои кишоварзӣ бояд, барои аҳолӣ нафъовар иваз карда шавад?!

Вале вазири кишоварзӣ ҷавоби қонеъ кунанда дода натавонист.

Дар фасли тирамоҳи соли 2020, боз як амали зидди шаръӣ ва сиёсати давлатӣ рӯй дод. Дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш, раиси ҷамоат, аз сарварони хоҷагиҳои деҳқоние, ки пахта кишт накардаанд, 200 сомонӣ талаб карда гуфтааст, ки барои Шумо аз нуқтаҳои пахтақабулкунӣ ба як тоннагӣ пахта справка мегирем, ки Шумо як тонна пахта супоридед.

Яъне аз поён хокпошӣ то боло.

Пас дар омор нишон медиҳанд, ки имсол дар Тоҷикистон зиёда 400 000 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда шуд. Барои дурӯғро рӯйпӯш карданашон боз 2-3 ҳазор килограмм изофа ҳам навишта мемонанд. Яъне, дар ин мавсими сол 402 000-403 000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд.

Чунин ҳолат, дар шакли дигар, дар давраи Шӯравӣ ҳам вуҷуд дошт. Дар совхози “Ленинобод“-и ноҳияи Зафаробод, директори совхоз Ҷумъаев, дар вақти ҷамъомади бригадирҳо, ба бригадирҳое, ки нақшаи пахтаро иҷро накардаанд, супориш медодааст, ки ту ҳам ба монанди фалонӣ гирди нуқтаи пахтақабулкуниро давр зан, яъне бо мудири он ба созиш биё, справкаи тоннаи даркориро бигир нақшаро иҷро бикун. Ба болои он соле дар заминҳои пахтазор, куллан пахта намонда буд. Ба донишҷӯён супориш шуд, ки ба ҷои пахта, ғузапӯчоқи дар заминҳо бударо ҳам ҷамъоварӣ намуда супоранд, оқибат дар натиҷаи изофанависӣ, фиреб ва сиёсати нодурусти марказӣ як мамлакати бузург пош хӯрд…

Сабаби дигар, паҳншавии бемории даҳшатовари вируси куруно COVID-19 дар кишвар ва ҷаҳон мушкилиҳоро эҷод намуд. Аз ин лиҳоз Ҷумҳурии Қазоқистон, яке аз содиркунандаи ғалла, содироти онро ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва ҳам ба Тоҷикистон содироти ғалларо кам кард.

Яъне, ҳар моҳе ба 200 000 тонна поён овард. Ҳол он ки танҳо як худи Тоҷикистон, ба ғайр аз ғаллаи дохилӣ, ҳар моҳе то ба 100 000 тонна ғалла талабот дорад.

Соли 2021 бо баробари қиммат шудани сӯзишворӣ ва равғани молиданӣ, дар Қазоқистон хушксолӣ омад, ҳосили имсола нисбати соли гузашта қариб 20% камтар ҷамъоварӣ карда шуд, ки тахминан 15 млн тоннаро ташкил медиҳад. Нархи ҳосили соли 2021-ро ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон 24% боло бурд ва 30% содироти ғалларо кам кард, ки арзиши 1 тонна гандум, ба 242-251 $ баробар шуд. Арзиши ҷав 70% бардошта шуд ва нархи 1 тоннаи он то ба 204 $ боло рафт.

Ҷумҳуриҳои воридкунандаи ғалла Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон мебошанд.

Ҷумҳуриҳои содиркунандаи ғалла Қазоқистон, Русия, Украина, Белорусия ва Литва аҳолии худро бо ғалла таъмин намуда ва ҳам, ғалларо содир мекунанд. Украина аз ҳосили ғаллаи соли мавсимии 2020/2021, 24,4 млн тонна гандумро ба хориҷи кишвар бо нархи 300-305 доллари ҳар тоннаи онро мефурӯхт, ки зиёда 6 млрд доллар фоида меовард…

Дар Украина барои кормандони кишоварзӣ шароит хело фароҳам буд. Масалан, барои кишоварзон, қарзҳои зиддибӯҳронӣ барои пур кардани сармояи корӣ бо арзиши 0 фоиз, қарзҳо барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва ғайра ҷорӣ карда шуда буд.

Чаро, Украинаро мисол овардам? Барои он ки дар ҷануби Украина, дашти Қрим пахтаро рӯёнидан мумкин аст. Вале украинҳо ҳатто барои талаботи худашонро бароварда кардан ҳам кишт намекунанд. Чаро?

Чунки кишти пахта, парвариш ва ҷамъоварии он хеле заҳматро талаб мекунад.

Дар давраи Шӯравӣ украиниҳо то солҳои 60-ӯм як сол пахтаро кишт карда буданд. Вақте, ки ҳосили аввал тайёр мешавад, ҳама ба хоҷагиҳои пахтакорӣ бо шиорҳо ба сари замин омада бо тантана ҳосилро ғундошта мераванд. Пас аз 7-10 рӯз мебинанд, ки боз пахта шукуфтааст, омада ҳосилро ҷамъоварӣ менамоянд, ҳамин тавр боз такрор мешавад. Ниҳоят ба хулоса меоянд, ки ин соҳаи пахтакорӣ кори саҳле набудааст.

Он солҳо кафлез дар дасти украиниҳо ҳам буд. Соҳаи пахтакориро бо пуррагӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна интиқол медиҳанд.

Барои зиёд намудани кишти пахта аввал канали Калони Фарғона, канали Шимоли Фарғона, канали Вахш ва канали бузурги Қароқумро сохта ба истифода доданд.

Канали Қароқум аз дарёи Аму оғоз шуда, то баҳри Каспий давом мекунад. Дарозии он 1445 километр буда, чуқуриаш 7,5 метр аст, ҳамчунон васеъ, ки киштиҳои майда дар ҳаракатанд, дар қисми охирҳояш бо қубурҳо давом дода мешавад, ки як шохаи он то шаҳри Сапармурат (Красноводск) давом дода мешавад…

Дар Украина ғалларо бо техника дар фасли тирамоҳ кишт мекунанд, бо техника дору об медиҳанд ва бо техника ҷамоварӣ менамоянд. Агар хоҳанд дар фасли баҳор як маротиба, баъзе растаниҳои бегонаро дастӣ канда мебароянд тамом.

Вале соли 2022 барои Украина хеле соли вазнин омад. 24 феврал ҷумҳурии Русия, дар қаламрави Украина, амалиёти махсуси ҳарбӣ эълон кард, ки амалиёти ҳарбӣ ба ҷанги шадиди байни Украина ва Русия мубаддал гашт. Ва ин ҷанг, ҳам барои баровардани ғалла ба хориҷи кишвар ва ҳам барои ҷамъоварии ҳосили соли мавсимии 2021/2022 монеъ шуд.

Ҳамзамон, Русия дар соли 2021 127 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ намуд, ки аз ин миқдор 34,5-35 млн тонна гандумро бо нархи 308-315 $ ба хориҷи кишвар бароварда фурӯхта шуд.

Вале, аз 15.02.2022 барои фурӯши ғалла квота муайян кард…

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s