Таҳлил

Таҳлили ҳуқуқии Қарори Суди олӣ дар бораи манъи фаъолияти ҲНИТ

Ғайриқонунӣ эътироф кардани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ва қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи “Наҷот”, бастани вебсайти интернетии ҲНИТ ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизбӣ.

(Таҳлили ҳуқуқии Қарори Суди Олии ҶТ, бознашр аз 29.09.2015)

29-уми сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда судя Азизов Ш.О., бо иштироки прокурор Рауфов Ф.Х. намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи гражданиро аз рӯи аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рӯзномаи «Наҷот», бастани вебсайти интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизбро баррасӣ намуда, ҳамон рӯз Қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҲНИТ ва экстремистӣ-террористӣ эълон намудани онро баровардан.

Таҳлили парвандаи мазкур, чӣ аз нигоҳи қонунгузории Тоҷикистон ва чӣ аз нигоҳи қонунҳои байналмиллалӣ нишон медиҳад, ки Қарор бо вайрон кардани талаботҳои гуногуни қонунгузории мурофиавии граждании Тоҷикистон ва меъёрҳои эътирофнамудани байналмиллалӣ қабул шудааст.

Бунёди “Бузургмеҳр” таҳлилро дар асоси омӯзиши Ҳалномаи судӣ, ки дар сомонаи расмии Суди Олии Тоҷикистон нашр шудааст, нишондоди шоҳидону аъзоёни ҲНИТ ва инчунин анализи қонунгузории мурофиавии гражаднии Тоҷикистон анҷом додааст.

Бунёди “Бузургмеҳр” таҳлили худро ба ду қисмат тақсим мекунад:

1) Таҳлили дурустии баргузории мурофиаи гражданӣ.

2) Таҳлили далелҳои ба суд пешниҳодшуда.

Таҳлили дурустии баргузории мурофиа

Риояи талабот оиди шакли ариза:

Прокуратураи Генералӣ бо хамрохии дигар мақомотхои давлатӣ, аз қабили Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Вазорати фарҳанг, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андоз ба суд муроҷиат кардаанд. Вале аз шакли аризаи мазкур номаълум аст, ки ин аризаи пешниҳодшуда аризаи даъвогӣ аст ва ё он бо тартиби пешниҳоди аризаҳо вобаста ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бар меояд ва ё мувофиқи тартиби баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои мурофиаи махсус пешниҳод шудааст. Дар қонунгузории Тоҷкистон, на дар Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”, Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, Қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистон мушаххас оиди тарзи пешниҳоди ариза барои эътироф кардани ягон ташкилот ҳамчун эекстремистӣ ва террористӣ гуфта нашудааст.

Агар ин аризаи Прокуратураи генералӣ ҳамчун аризаи даъвогӣ ба суд пешниҳод шуда бошад, пас бояд нусхаи он ба тарафи муқобил, яъне намояндагони ҲНИТ низ бояд равон карда мешуд, ва ҳамчунин дар ариза онҳо ҳамчун ҷавобгар бояд ишора мешуданд.

Агар ариза дар шакле, ки аз парвандаҳои ҳуқуқи омма бармеояд навишта шуда бошад, пас дар ин ҳолат ҳам бояд, ки Прокуратураи генералӣ ва ё суд вазифадор буданд, ки мутобиқи талаботи қисми 3 моддаи 250 Кодекси мурофиавии гражданӣ (КМГ) намояндагони ҲНИТ-ро бо ариза пеш аз мурофиаи судӣ шинос мекарданд.

Мутобиқи ин талаботи қонун ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, факат меъёрҳои мурофиаи даъвогӣ оид ба эътирофи даъво, даъвои муқобили даъво, тадбирҳои таъмини даъво, созиши оштии тарафҳо татбиқ намегарданд. Яъне, ки дигар меъёрҳои мурофиавӣ бояд таъмин карда шаванд. ( кисми 1. Моддаи 250 КМГ).

Мутобики талаботи моддаи 268 КМГ низ парвандаҳои мурофиаи маъхсусро суд бояд тибқи қоидаҳои умумии мурофиавии даъво баррасӣ кунанд. Яъне, ки дар ҳама ҳолат бояд дар аризаи Прокуратураи генералӣ, ки ба суд пешниҳод шуд, бояд ҲНИТ ҳамчун иштирокчии мурофиаи судӣ ишора карда мешуд. Суд низ мутобиқи талаботи 134 ва 135 КМГ, ки шакл ва мазмуни аризаро ба танзим медарорад, бояд аризаи Прокуратураи генералӣ бинобар хатогиҳои шаклии (тартибии) онро рад мекард.

Дар қисми хулосавии Қарори судӣ оиди он навишта шудааст, ки “Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст”. Истифодаи калимаи “ба тарафхо” маънои онро дорад, ки дар мурофиа ду тарафи муқобил иштирок доштанд. Вале чихеле, ки мо аз омӯзиши Ҳалнома мебинем дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт.

Мӯҳлатҳои мурофиавӣ

Дар асоси нишондоди шоҳидон ва маълумотҳо аз мақомоти қудратии Тоҷикистон аризаро Прокурори генералӣ санаи 25 сентябри соли 2015 ба Суди Олӣ равон кардааст. Баррасӣ ва Ҳалнома бошад, дар як рӯз анҷом дода шудааст – 29 сентябри соли 2015. 25 сентябри 2015 сол рӯзи ҷумъа мебошад. Рӯзҳои дигар, яъне 26 ва 27 сентябр рӯзҳои истироҳатӣ мебошад ва судҳо кор намекунанд.

Ҳамин тариқ барои баррасӣ ва қабули Ҳалнома аз рӯи аризаи Прокурори генерлӣ ба Суди Олӣ фақат ду рӯз 28 ва 29 монда буд. 29 сентябр мурофиаи судӣ оғоз шуд, яъне барои Ҳайати Суди олӣ фақат як рӯз барои омодасозии парванда, ирсоли хабарнома ва даъватҳои судӣ, омӯзиши аризаи прокурори генералӣ ва санҷидани пуррагии далелҳои пешниҳодшуда барои оғози мурофиаи судӣ, ирсоли нусхаи ариза ба намояндаи ҷавобгар, пурсидани ҷавобгар оид ба аризаи пешниҳодшуда ва ғайра амалҳоеро, ки қонугузорӣ дар моддаи 153 КМГ овардааст, кофӣ кардааст. Гузаронидани чунин амалҳои мурофиавӣ аз қабили омодасозии парванда, маҷлиси пешакии судӣ, таъини парванда ба муҳокимаи судӣ дар як рӯз ғайриимкон ва шубҳанок мебошад. Ҳол он, ки шаҳрвандони Тоҷикистон баррасии аризаҳои худро муддатҳои тулонӣ (се чор моҳ ва ҳатто солҳо интизор мешаванд).

Ба ғайр аз ин ба намояндагони ҲНИТ дар асоси муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонун нусхаи Ҳалномаи судӣ супорида нашудааст.

Мутобиқи талаботи қонунгузории мурофиавии гражданӣ (м.109 кисми 1 КМГ) амалиёти мурофиавӣ дар мӯҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонун анҷом дода мешавад, ва дар сурати риоя накардани ин талабот Қарорҳои қабулгардида ғайриқонунӣ ҳисобида мешаванд.

Хабарномаҳои судӣ

Дар баррасии аризаи Прокуратураи генералӣ намояндагони ҲНИТ бояд ҳатман ишитрок мекарданд. Ин амал дар ҳама ҳолат бояд рух медод. Ҳам агар ариза ба тариқи шакли даъвогӣ, махсус ва ё ҳамчун парвандаҳои ҳуқуқи омма пешниход шуда буд. Дар ҳама ҳолат бояд ҲНИТ чун ташкилот ва дар асоси талаботи моддаи 28 Конститутсия ва моддаи 4 КМГ оиди баргузории мурофиаи судӣ огоҳ мешуд ва имконияти иштирок дар онро медошт.

Дар ҳар ҳолат бояд суд ба намояндагони ҲНИТ хабарнома равон мекард. Дар ҳоле, ки намояндагони Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳабс буданд ва он вақт суд метавонист ба онҳо имконияти ҳимояи ҳуқуқҳои ҲНИТ-ро диҳад, ё инки ба дигар намояндагони ҲНИТ, ки дар озодӣ буданд, хабарномаи фиристода шавад.

Ҳамин тариқ Суди Олии Тоҷикистон бар хилофи талаботҳои моддаҳои 115 -118 КМГ рафтор намуда ягон хабарнома ба тарафи муқобил, яъне намояндагони ташкилоти ҷаъмиятие, ки дар вақти баррасии парванда дар Тоҷикистон қонунӣ эътироф шуда буд, нафиристодааст. Ин амал боиси он гашт, ки намояндагони ҲНИТ дар баррасии парванда на фақат иштирок карда натавонистанд, балки имконияти овардани шикоят аз болои Ҳалномаро низ гум кардаанд. ҲНИТ дар бораи баррасии парванда умуман огоҳ набуд.

Омодасозии парванда

Омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ нисбат ба ҳар як парвандаи гражданӣ ҳатмӣ мебошад ( кисми 1. Моддаи 150 КМГ). Дар рафти барррасии парвандаи судӣ нисбати ҲНИТ омодасозии парванда гузаронида нашудааст. ҲНИТ бояд дар мурофиаи мазкур ҳамчун “тараф” иштирок мекард ва инро ҳам судя Азизов Ш.О. дар қисми хулосавии Ҳалномаи баровардааш овардааст “-Аз болои ҳалнома дар муддати як моҳ аз рӯзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ ё эътироз овардан мумкин аст”.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 40 КМГ дар мурофиаи гражданӣ тарфҳо ин даъвогар ва ҷавобгар мебошанд. Мо медонем, ки даъворо Прокурори генралӣ кардааст ва ин ҳам дар Ҳалнома қайд карда шудааст вале дигар тараф ҲНИТ умуман напурсида шудааст ва ба ӯ сухан надодаанд. Ҳангоми омодасозии парвнаднда судя бояд амалҳоеро иҷро мекард, ки иштироки ҳатмии тарафҳоро тақозо мекунад: ҳалли масъалаҳо оид ба ҳайати шахсони иштирокчии парванда ва дигар иштирокчиёни мурофиа; пешниҳоди далелҳои зарурӣ аз ҷониби тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда; тарафе ба судя оид ба талаб карда гирифтани далелҳое, ки ӯ наметавонад мустақилона, бе кӯмаки суд ба даст оварад, дархост пешниҳод менамояд; ба даъвогар ва судя дар шакли хаттӣ оид ба талаботи даъво норозигӣ пешниҳод мекунад ва гайра.

Суд низ бояд дар марҳилаи омодасозии парвандаи гражданӣ амалҳои муайянеро аз қабили: оид ба вақт ва маҳалли баррасии парвандаи шаҳрвандон ё ташкилотҳои ба натиҷаи он манфиатдорро огоҳ сохтан; масъалаҳои даъвати шоҳидонро ҳал кардан; экспертиза ва барои гузаронидани он коршиноси судиро таъин намудан, инчунин масъалаҳои ба мурофиа ҷалб намудани мутахассис ва тарҷумонро ҳал кардан; бо дархости тарафҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳо аз ташкилот ва шаҳрвандон далелҳоеро, ки тарафҳо ё намояндагони онҳо наметавонанд мустақилона ба даст оранд, талаб карда гирифтанро иҷро мекард. Вале таҳлили Ҳалномаи судӣ, мавҷуд набудани ягон шоҳид ва хулосаи экспертиза гувоҳи он аст, ки аз тарафи Суди Олӣ ин марҳилаи муҳими мурофиаи гражданӣ умуман гузаронида нашудааст. Ин ҳолатро низ боз муҳлати қабул, регистратсия, ба судя Азизов ирсол кардани баррасии ариза, омӯзиши ариза аз тарафи судя, навиштан ва ирсоли хабарномаҳои судӣ, омодасозии парвнда, таъини санаи оғози муҳокимаи судӣ, ки дар якуним рӯз қисми рӯзи 25 сентябр ва 28 сентябри соли 2015 анҷом дода шудааст, исбот мекунад. Гузаронидани чунин миқдор амалҳои мурофиавӣ дар муддати кутоҳ гувоҳи дахолат ба фаъолияти Суди Олӣ мебошад.

Ҳуқуқ ба ҳимоя

Дар асоси талаботи моддаҳои 19 Конститутсияи Точикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Кафолати ҳифзи судӣ ҳимояи на танҳо манфиатҳои алоҳидаи шахсро дар назар дорад, балки ҳимояи манфиатҳои ҷаъмиятиро. Мутобики талаботи моддаи 28 Конститутсия шахсон ҳуқуқ доранд мутаххид шаванд. Ҳамин тариқ дар асоси Сарқонун шахс ва ташкилот ҳуқуқ дорад худро ва манфиатҳои худро дар суд ҳимоят кунад.

Дар моддаи 4 КМГ оварда шудааст, ки ҳар шахси манфиатдор барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи худ, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад. Дар ҳолати таҳлилшаванда аъзоёни ҲНИТ аз ҳуқуқи ҳимояи манфиатҳои худ дар суд маҳрум карда шуда буданд. Дар мурофиаи судӣ ягон намояндаи ҲНИТ иштирок надошт, огоҳ набуд ва адвокат низ аз тарафи суд ба ҷавобгар таъин карда нашуда буд.

Дар рафти мурофиаи судии мазкур ба тарафҳо ҳуқуқҳои баробар дода нашуда буд. Тарафи аризадиҳанда, Прокурори генералӣ, имконияти пешниҳоди даъво, далел ва дастгирии даъвои худро дар суд дошт. Тарафи муқобил ҲНИТ ин имкониятро надошт, ки бар хилофи талаоботи моддаи 13 КМГ мебошад: адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо ба амал бароварда мешавад. Намояндагони ташкилоти ҷамъмияти – ҲНИТ оиди пешниҳоди аризаи Прокурори генералӣ маълумот надоштанд, оиди вақти баррасии парванда огоҳ набуданд, имконияти иштирок ва пешниҳоди далелҳои худ, шоҳидон, таъини экспертизаҳо ва дигар амалиётҳои муқараргардидаи қонунро надоштанд.

Баъд аз қабули Ҳалнома ба намояндагони ҲНИТ нусхаи он супорида ва ҳатто ба тариқи почта ирсол карда нашудааст. Нусхаи Ҳалномаи мазкур баъди ду моҳ дар сомонаи расмии Суди Олӣ ҷой дода мешавад, ки аллакай имконияти шикоят карданро истисно мекунад. То хол низ ба тариқи расмӣ ягон намондаи ҲНИТ Ҳалномаи мазкурро гирифтагӣ нест.

Хулоса:

Ҳамин тариқ дар рафти мурофиаи судӣ як қатор қонунвайронкуниҳо аз қабили вайрон кардани муҳлатҳои мурофиавии судӣ; ирсол накардани хабарнома ва даъватномаҳои судӣ; вайрон кардани муқарарроти мурофиавии судии гражданӣ мавриди омодасозии парванда; маҳрум кардан аз ҳуқуқи ҳимоя; огоҳ накардан оиди аризаи пешниҳодшуда ба Суд; маҳдуд кардани ҳуқуқи ҳимоя; роҳ надодан ба мурофиаи судӣ; вайрон кардани баробарии тарафҳо; маҳрумияти ҳуқуқ ба шиносоӣ бо ариза ва пешниҳоди далелҳо, дархостҳо ва шоҳидон; дастрас набудани Ҳалнома аз 29.09.2015 сол; вайрон кардани принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ҷинояткор эътироф намудани ашхос бе баррасии суди виноятӣ, ҷой доштанд.

Таҳлили далелҳои ба суд пешниҳодшуда

Аризадиҳанда, Прокурори генералӣ ва Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Вазорати фарҳанг, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андоз барои тақвият бахшидани даъвои худ барои бастани ҲНИТ ва эстремистӣ –террористӣ эътироф намудани он делелҳои мухталифро ба суд пешниҳод кардаанд.

Мутобики талаботи қонугузории граждании Тоҷикистон (м. 200 КМГ) суд ҳалномаро танҳо бо он далелҳое асоснок менамояд, ки дар маҷлиси судӣ таҳқиқ гардидаанд. Вале дар қисми асоснокунии Ҳалномаи мазкур дида мешавад, ки он пурра нусхаи (копия) матни аризаи Прокурори генералӣ аст. Яъне, ки баръало рубардор кардани навиштаҷоти аризаро Судя Ашуров ҳамчун асосноккунии қарори худ қабул намудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ ягон шоҳид ва ё мутахассис пурсида нашудааст, ягон экспертиза гузаронида нашудааст ва ба тарафи муқобил имконияти ҳимоя дода нашудааст. Агар ягон далели иловагӣ мухокима карда шуда бошад хам, он дар Ҳалномаи судӣ номбар карда нашудааст.

А) танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзоёни ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбати 34 нафари онҳо доир ба ин кирдорҳои ғайриқонуниашон қарорҳои ниҳоии судӣ қабул карда шудаанд. 17 нафар аъзоёни ҲНИТ бинобар даст доштан ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Прокурори генералӣ ин далелро ба суд пешниҳод намуд, вале вобастагии ҲНИТ-ро ба амалҳои содиркардаи аъзоёнаш ва ё собиқ аъзоёнаш бо далел исбот накардааст. Инчунин исбот нашудааст, ки маҳз ин ҷиноятҳо бо дастгирӣ ва роҳбарияти ҲНИТ ба амал оварда шуда бошанд. Агар ин ҳолат дар асл рух дода бошад, пас чаро дар ин муддат чорае аз тарафи Прокуратура нисбати раҳбарони ҲНИТ дида нашуд? Бо чӣ асос содир намудани ҷиноятҳои номбурдаро прокуратура ба фаъолияти ҲНИТ алоқаманд кардааст? Барои исботи ин ваҷҳ прокуратура ба Суди Олӣ чи гуна далел ба ғайр аз гуфтаҳои холӣ пешниҳод кард? Ин гуна далелҳо низ ба суд пешниҳод нашудаанд.

Б) дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт соли 2010 аз ҷониби аъзоёни иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” муайян гардид, ки Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин ба ин иттиҳоди террористии бародараш Давлатов Аловуддин шомил гардида, ҳангоми ба гурӯҳи мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуд.

Аз ин далели овардашуда дида мешавад, ки агар Давлатов Ҳусниддин ба иттиҳоди ҷиноятии бародараш Давлатов Аловуддин шомил гардида бошад, пас ӯ дигар аъзои ҲНИТ нест ва марбут додани амалҳои ӯро барои ёрдами бародарашро ба ҲНИТ беасос аст. Тафтишот чӣ гуна исбот кардааст, ки Давлатов Ҳусниддин амр ва супоришҳои роҳбарияти ҲНИТ-ро иҷро кардааст. Нишондоди Давлатов Ҳусниддин чаро нест дар ин бора? Чаро аз соли 2010 то инҷониб нисбати роҳбарияти ҲНИТ чорае андешида нашуд? Дар ин бора на Прокуратура менависад ва на судя Ашуров дар Ҳалномааш қайд кардааст.

В) раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Ш.Е. ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ шомил шуда, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифта иштирок намуда, бо истифодаи силоҳи оташфишон-автомати тамғаи “Калашников” ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додааст.

Ин далели овардашудаи Прокуратураи генералӣ низ бе исбот мебошад. Нишондоди Карамхудоев Ш.Е дар мурофиа шунида нашудааст ва ӯ пурсида нашудааст. Ба ғайр аз ин навиштаҷот дигар исботи ин далелро прокуратура ба Суди Олӣ ҳамрох накардааст. Алоқамандии амалҳои Карамхудоев Ш.Е. дар Хоруғ соли 2012 ва ҲНИТ муайян нашудаанд. Чаро дар тули се сол пас аз содир кардани ин амалҳои Карамхудоев мақомоти тафтишотӣ нисбати ҲНИТ ва ё роҳбарияти он чорае наандешид?

Г) Роҳбари шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ бошад, 24 июли соли 2012 ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба муқобили намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, аз ӯ автомати тамғаи “Калашников” ва таппончаи тамғаи “Макаров” ёфта гирифта шудааст.

Дар ҳолати ба ҳалокат расидани Маҳмадризоев Сабзалӣ тафтишот чӣ гуна тавонист исбот кунад, ки ӯ ба муқобили намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуҷум ва муқобилият бо фармони ҲНИТ ва ё дастури роҳбарияти он содир кардааст, нофаҳмо мебошад. Оё дар рафти тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии шахсони мазкур ягон далели дигар, ки амр ва фармони ҲНИТ-ро иҷро мекарданро тасдик мекунад дарёфт карда шудааст ё не? Агар бошад, чаро онҳо дар мурофиаи граждании 29.09.2015 сол баррасӣ карда нашудаанд?

Д) Аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхӯҷа, Шарипов Муссаямхӯҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 аъзоёни ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфатто ва Бобоев Абдухолиқро, якчанд шабонарӯз дар манзили истиқоматии худ пинҳон карда, бо ҷойи хоб ва хӯрока таъмин намуда, худ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шудаанд.

Дар рафти мурофиаи судии гражданӣ нишондоди ин нафарон низ ба мисли дигарон шунида нашуда, дар рафти мурофиа таҳлил нашудааст. Муносибати хешу табории онҳо ба Қаюмов Абдуфатто ва Бобоев Абдухолиқ муаяйн карда нашудааст. Ягон далели иловагӣ ва кифоя барои исбот кардани он, ки ин нафарон амалҳои худро бо дастгирии роҳбарияти ҲНИТ содир кардаанд ба суд пешниҳод нашудааст.

Е) 11-уми августи соли 2015 10 нафар сокинони шаҳри Норак дар кӯпруки деҳаи Чашма-1-и ш.Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии “Давлати исломӣ”-ро овехтанд. Тафтишот муайян намуд, ки аз ин гурӯҳ 5 нафарашон, яъне Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев Ҷ. аъзои ҲНИТ буда, ин амалҳоро барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ содир кардаанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон роҳбари ҲНИТ дар шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст. Тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати номбурдагон идома дорад.

Пешниҳоди ин далел ва қабули он аз тарфи суд барои эътироф кардани ҲНИТ ҳамчун экстремистӣ –террористӣ ғайриқобили қабул аст, зеро ки нисбат ба ин ҳодиса ҳангоми баррасии суди гражданӣ 29.09.2015 сол тафтишот идома дошт, ва ҳукми судӣ оиди гунаҳгор будани шахсони номбурда дар содир намуди ин амалҳо исботи худро наёфта буд.

Ж) Ҳамчунин парвандаи ҷиноятӣ оиди ҳолати афрохтани парчами “ДИИШ” дар ноҳияи Шаҳритуз низ мавриди тафтишот қарор дорад.

Ин далел низ қобили қабул нест, чунки парванда он замон дар марҳилаи тафтишот буд ва мутобиқи қонун касе дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор дониста нашуда буд. Чун далел истифода бурдани ин маълумотҳои тасдиқношуда ғайриқонунӣ мебошанд.

З) Ҷониби узви Шӯрои Раёсати Олӣ ва раиси шӯъбаи илм, фарҳанг ва таблиғоти ҲНИТ Саид Иброҳими Назар ҷиноятҳои муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ содир карда шудааст.

Содир кардани ҷиноятҳои хусусияти ҷинсидошта ин амали инфиродии ҳар як шахс мебошад ва алоқаманд кардани он ба сиёсати ташкилоти ҷаъмиятии ҲНИТ комилан нодуруст ва ғайриқонунӣ мебошад.

И) Раиси ҲНИТ Муҳидин Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигаp аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ аз соли 2010 то инҷониб тавассути нашрияи асосии ҲНИТ рӯзномаи “Наҷот” ва дигар воситахои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар рӯҳияи бадбинию мухолифи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсиониpo дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намудаанд.

Барои исботи ин далели пешниҳод намудаи худ Прокуратураи генералӣ ба суд ягон маводеро пешниҳод накардааст ва ягон мавод низ дар рафти мурофиаи судӣ таҳти муҳокима қарор нагирифтааст. Ҳатто хулосаҳои экспертизаҳои дахлдори судӣ дар Ҳалнома оварда нашудаанд. Маълум нест, ки сухан дар бораи кадом хабару маколаҳои барангезандаи кинаю адовати миллию динӣ меравад. Агар ин мақолаҳо дар рӯзномаи «Наҷот» паҳн карда шуда бошанд, пас чаро прокуратура онҳоро ба суд бо хулосаи экспертиза пешниҳод накард?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои барангехтани бадбинию мухолифат нисбати сиёсати иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангии ҳукумат пешбинӣ нашудааст. Чаро прокуратура инро асоси эътирофи экстремистӣ ва террористӣ номиду Суди Олӣ онро қабул кард?

К) Прокуратураи генералӣ ҳодисаҳои рӯзҳои 4-12 сентябри соли 2015-умро, ки тафтишоти онҳо нав сар шуда буд, мансуб ба фаъолияти ҲНИТ шумурда, хамчун яке аз далелҳои қатъ намудани фаъолияти ҳизб шудааст.

Аз тарафи Суди Олӣ ва судя Ашуров ҳамчун далел қабул кардан ва исботшуда ҳисобидани иштироки ҲНИТ дар ҳодисаҳои сентябрии соли 2015 ҳангоме, ки парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ин ҳодисаҳо ҳоло дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ аст, ғайриқонунӣ ва беасос мебошад. Дар ин ҳолат принсипи эҳтимоялити бегуноҳӣ нисбати аъзоёни РО ҲНИТ, ки дар тафтишот қарор доштанд вайрон карда шудааст. Аллакай, то оғози мурофиаи судӣ нисби онҳо дар моҳи феврали соли 2016, онҳо бо Қарори суди гражданӣ ҳамчун аъзоёни ташкилоти экстремистӣ – террористӣ эътироф шудаанд ва мантиқан аллакай террорист ва экстремист эътироф шудаанд. Дар ҳоле, ки мутобиқи қонугузории мурофиавии граждании Тоҷикистон (м. 3 КМГ) судҳои гражданӣ фақат баҳсҳои гражданиро баррасӣ мекунанд ва салоҳияти баҳои ҳуқуқӣ додани ягон амали ҷиноятиро надоранд.

Л) ҲНИТ бар хилофи сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат ва ҳукумат амал намудааст.

Ин далел умуман қобили қабул ва таҳлил ҳам нест. Ягон ҳизби сиёсӣ ва ё ташкилот вазифадор нест, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати кишварро дастгирӣ кунанд ва дар сурати дастгирӣ накардан ин ҳамчун асос барои эътирофи экстремистӣ ва террористӣ шавад.

М) Роҳбарияти ҲНИТ ягон маротиба оиди нораво будани даст задан ба ифротгароӣ ва терроризм, ки аз масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳон мебошад, изҳороте пахш накарда, дар ин хусус байни аҳолӣ ягон чорабинии тарғиботию ташвиқотӣ амалӣ накардааст. Ин беамалӣ аз ризояти хомӯшонаи роҳбарияти ҲНИТ ба амалҳои номатлуби аъзоёни ҳизб ва ҳамрайъӣ бо созмонҳои ифротгаро шаҳодат медиҳад.

Бар муқобили ин далели аблаҳӣ мо намедонем дигар чӣ чизе нависем. То ин дараҷа беақл ва бесавод будани кормандони прокуратураро нав дидаем. Бовар кунед, дӯстон!

Н) Фаъолияти ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ буданаш дар он зоҳир мегардад, ки дар варақаҳои паҳн кардаи он дар сомонаи расмӣ таҳти суроғаи http//www.nahzat/tj, ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии www.facebook.com чор адад саҳифа бо номҳои “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, “Партия исламского возрождения Таджикистана”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ва “Партия Исламского Возрождения Таджикистана”, дар шабакаи иҷтимоии www.ok.ru панҷ саҳифа бо номҳои “Ҳизби наҳзати исломии”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, “Ҳизби наҳзати исломии TJK”, “ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИ ДАР Н.ҚУМСАНГИР” ва дар шабакаи иҷтимоии www.twitter.com бо суроғаи https://twitter.com/nahzatti хабарҳои иғвогарона нисбати роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тӯҳмат ва таҳқир пахш намуда, барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаанд.

Прокуратура ба ғайр аз ин навиштаҷот ба суд ягон маводи нашрияи ва ё интернетии ХНИТ-ро барои тасдиқ пешниҳод накардааст, чунки дар Ҳалномаи мазкур ишора ба онҳо нест. Ба ғайр аз ин бояд қайд кард, ки иғвогарон нисбати роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, тӯҳмат ва таҳқир пахш намудан, даъват барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои бастани ҳизб ва онро экстремистӣ ва террористӣ эътироф намудан шуда наметавонад. Танҳо даъвати бо роҳи ЗУРОВАРӢ тағйир додани сохти конститутсионӣ ҷиноят мебошад, на даъвати бо дигар роҳ кардан.

О) Аз маълумотҳои мавҷуда муайян карда шуд, ки мақсади асосии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.

Мақсад ва мароми тамоми ташкилотҳо дар Оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии он таҷассум меёбанд. Прокуратураи генералӣ «маълумотҳои мавҷуда» гуфта, кадом маълумотҳоро дар назар дорад номаълум аст. Оё ин маълумотҳо ба суд пешниҳод шудаанд? Агар шуда бошанд, чаро дар қисми асоснокунии Ҳалнома ба онҳо судя Ашуров такя накардааст?

Ягона далел, ки дар суд муҳокима карда шудааст, ин протоколҳои ҷаласаҳои ячейкаҳо ва шӯъбаҳои ҲНИТ, қарорҳои шӯъбаҳои ҲНИТ ва 6 дона дигар санадҳо мебошанд, ки аз 06.03.2015 то 25.07.2015 сол тартиб дода шудаанд. Ин санадҳо ба фарзияи Прокуратура аз тарафи аъзоёни ҲНИТ ихтиёрӣ навишта шуда, дар он шахсон аз ниятҳои нопоки аъзоён ва роҳбарияти ҳизб огоҳ буда, оиди даст доштан дар ҷиноятҳо хабардор буда, ихтиёран аз сафи ҲНИТ баромадаанд.

Дар рафти мурофиаи судӣ ягон нафар аз ин шахсон пурсида нашудааст, ки сабаҳои баромадан аз ҳизбро ба суд фаҳмонанд. Ҳол он, ки аллакай аввали соли 2015 ҷонишинони Раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ариза нисбати амалҳои ғайриқонунии мақомоти қудратии Тоҷикистон баҳри зуран аз сафи ҳизб баромадани аъзоёни он ба Суди Олӣ пешниҳод карда буданд. Вале бо сабаҳои номаълум он ариза то ин дам дида баромада нашуддаст. Суди Олӣ огоҳ буд, ки аз тарафи ҲНИТ ариза пешниҳод шудааст, яъне ки назари мухталифи назари прокуратура мавҷуд аст, вале барои дуруст санҷидани ин ҳолати кор ягон нафарро ба суд даъват намекунанд ва пурсида намешаванд.

Мутобиқи қонугузории Тоҷикистон (м. 22 Конун «Дар бораи хизбхои сиёси) фаъолияти ҳизби сиёсӣ мумкин бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъи фаъолияти он, инчунин ба тариқи аз нав ташкил намудан ва ё барҳамдиҳӣ қатъ карда шавад. Асосҳои аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ чунинанд: Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст. (М.4 Конун «Дар бораи хизбхои сиёси ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Дар рафти мурофиаи судии 29.09.2015 сол Суди Олӣ бо раисикунандаи Ашуров Ш. бе мавҷудияти далелҳои кофии исботкунанда, ки мақсади ҲНИТ ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, ин ташкилоти чаъмиятиро экстремистӣ ва террористӣ эълон намуда фаъолияти онро дар қаламрави Тоҷикистон маън мекунад.

Манбаъ: Buzurgmehr Foundation

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s