“Тоҷикистон то соли 60-уми асри гузашта бе ягон техника, бо хар ва барзагову асп ғалларо кишт, парвариш ва ҷамъоварӣ намуда, ба кишварҳои Осиёи Миёна содир мекард. Дар арафаи солҳои ҷанг ва бад аз ҷанг, ҳатто ғалларо то ба Русия мефиристонд. Бухорои Шарқӣ, яъне Тоҷикистон яке аз минтақаҳои асосии истеҳсолкунандаи ғалла ба ҳисоб мерафт. Яъне Тоҷикистон худашро бо ғалла таъмин менамуд ва ҳам содир мекард. Дар тӯли 60 сол Тоҷикистони содиркунандаи ғалларо ба воридкунанда табдил доданд…”
(Дар Тоҷикистони имрӯз кишти пахта бартарӣ дорад ё ғалладонагӣ? (5))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (78)
Инҷо барои огоҳӣ пайдо намудан, чанд кишвари ҷаҳонро аз чанд ҷиҳат шарҳ медиҳам:
1) Ҳиндустон яке аз бузургтарин содиркунандаи гандум дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар таърихи 14 майи соли 2022 эълон кард, ки содироти гандумро бо далели гармоӣ шадид ҳосили камро интизор аст ва барои амниятӣ ғизоии мардуми худ манъ мекунад;
2) Ҳиндустон ва шароити бади иқтисодӣ-низомии Ҷумҳурии Украина, ҳамчунин омилҳои дигар ба болоравии нархи гандум сабаб шуд, ки ҳатто дар Европа як тонна гандум то ба 435 евро боло рафт;
3) Ҳиндустон яке аз содиркунандаи гандум дар ҷаҳон буда, аз ҷиҳати майдони кишти гандум, дар ҷои якӯм мебошад ва дар майдони 31,4 млн гектар замин, гандум кишт мекунад. Дар ҷои дуюм Русия — 28,7 млн гектар, ҳамчунин Чин — 23,4 млн гектар, ИМА — 14,3 млн гектар ва Австралия — 13,0 млн гектар гандум кишт мекунанд;
4) Панҷ кишвари пешсаф аз ҷиҳати ҳосилнокии кишти ғалла дар мавсими солҳои 2020/2021:
1. Олмон (Германия) — 7,53 тонна аз ҳар гектар,
2. Фаронса — 6,8 тонна аз ҳар гектар;
3. Миср (Египет) — 6,4 тонна аз ҳар гектар;
4. Чин — 5,7 тонна аз ҳар гектар.
5) Аз ҷиҳати ҳосилнокии кишти ғалладонагӣ, фермерӣ округи Ашбертони Зеландияи нав Эрик Уотсон, аз ҳар гектар 173,98 сентнерӣ ҳосили гандум ба даст оварда, рекорди нави Гиннесро гузошт;
6) Кишварҳои пешсаф аз ҷиҳати истеҳсоли гандум, бо шумули Чин, Ҳиндустон, Русия, ки дар соли мавсимии 2020/2021 42 фоизи истеҳсоли гандуми ҷаҳонро ҷамъоварӣ намуданд;
7) Кишварҳои асосии содиркунандаи гандум дар соли мавсимии 2020/2021:
1. Русия — 39,5 млн тонна;
2. ЕС — 27,5 млн тонна;
3. Канада — 27,0 млн тонна;
4. ИМА — 27,0 млн тонна;
5. Австралия — 19,5 млн тонна.
8) Дар соли 2022 мувофиқи омори пешаки тарҳрезишуда бояд инҳо дар сафи пеш мебуданд. Русия, ИМА, Канада, Фаронса ва Украина. Вале ҳоло ҷамбаст нашудааст;
9) Ӯзбекистон аз рӯи истеҳсоли ҳосили гандум дар Осиёи Марказӣ пешсаф буда, дар соли 2021 ҳосилнокӣ то 6,4 тонна аз ҳар гектар замин ғалла рӯёнида шуд ва ният доранд, ки тухмиҳои навро истифода бурда, дар ҳар як гектар замини обӣ ҳосилнокиро то ба 7,0 тонна расонанд. Яке аз масъалаи муҳиме, ки бояд қайд кард, дар Ӯзбекистон аз 1 июни соли ҷорӣ (2022) сар карда барои ҳавасманд гардонидани аҳолӣ, ғаллаи ҷамъоваринамудаи фемерҳоро бо нархи бозор давлат харидорӣ менамояд;
10) Солҳои 2020 — 2021 дар Ҷумҳурии Туркманистон норасоии нон мушоҳида шуд, ҳатто рӯзҳое шуд, ки мардум барои дастрас намудани нон соатҳо дар дӯконҳо навбат истоданд. Аз ин лиҳоз дар нимсолаи дуюми соли 2021 ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон аз ҳисоби замини кишти пахта 40 000 гектар заминро барои соҳаҳои дигари кишоварзӣ гузоштан қарор қабул кард. Дар натиҷа имсол (2022) шӯъбаи омори ҷумҳурӣ хабар дод, ки Ҷумҳурии Туркманистон 1,5 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ намуда, аҳолии кишварро пурра бо ғаллаи дохилӣ таъмин менамояд. Ҳамчунин соли ҷорӣ, аз охирҳои моҳи август сар карда, барои кишти ғалладонагии тирамоҳӣ ҳатто заминҳои помидор, харбузаву тарбузро вайрон карда ғалла кишт карда истодаанд;
11) Инчунин, имсол Ҷумҳурии Озорбойҷон ҳам қарор қабул кард, ки кишти ғалларо аз 50 000 гектар ба 150 000 гектар боло бурда, дар тӯли 2 — 3 соли оянда ба 300 000 гектар боло мебарад, то ки бозори дохилии худро таъмин намояд;
12) Президенти Белорусия А. Лукашенко, дар фасли баҳори соли ҷорӣ, дар маҷлиси ҳукумати ғалларо ба тилло ва нафт баробар намуда, ба масъулин супориш дод, ки кишти мавсими баҳориро дар тӯли 10 рӯз ба охир расонанд. Обу ҳаво барои кишти баҳори хело мувофиқ буд. Ва Ҳукуматро вазифадор кард, ки соли 2022, — 9 000 000 тонна ғалла, 5 000 000 тонна лаблабуи қанд, 700 000 тонна рапс, бояд, истеҳсол (ҷамъоварӣ) карда шавад;
13) Александр Лукашенко диктатор аст, вале мардак ҳамчун президент, ба миллаташ кор кардааст. Саноати Шӯравӣ то ҳол кор мекунад, соҳаи кишоварзии пешрафтаро дорад, ҳам маҳсулоти саноатӣ ва ҳам маҳсулоти кишоварзиро содир мекунанд. Мардуми Белорус ба ҷои кор ва бо маҳсулоти кишоварзӣ — хӯрокворӣ таъмин, сӯзишворӣ нисбати ҳамсояҳояш арзон. Вале, миллат озодӣ надоранд;
13) Як халта поруи минералӣ дар Тоҷикистон 400 сомонӣ, баъзан ба 500 сомонӣ ҳам боло рафт. Белорусия поруи минералии истеҳсолкардаашро содир карда наметавнад? Чунки, маҳсулоти “Белорус калий” зери таҳримҳои ғарбӣ афтодааст;
14) Ҳоло дар Белорусия то 7-ӯми сентябри соли ҷорӣ 9 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ карда шуд ва ҷамъоварӣ давом дорад;
15) Дар вилояти Хмелнитскийи Украина ҳосилнокии гандум дар соли 2021 ба 65,2 сентнер ва дар вилояти Киев ҳосилнокии ҷав ба 52,2 сентнери аз ҳар гектар рӯёнида шуд;
15) Дар яке аз мамлакатҳои кӯчаки собиқ Шӯравӣ, Литва, ки масоҳати он ба 65,3 ҳазор км² баробар буда, дар соли 2021, 6,9 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ намуд, ки аз он 4,6 млн тоннаашро ба мамлакатҳои Африқо содир мекунад, бо киштиҳои боркаши калони ғаллакашонӣ аз бандари шаҳри Клайпеда фиристонда шуд.
Банда тавсия мекунам, ки масъулони ҳукумати Тоҷикистон таҷрибаи ин кишварҳои собиқ Шӯравиро таҳлил намуда, ҷиҳатҳои хубашро қабул карда, дар мавсими кишти тирамоҳии соли 2022/2023 аз ҳисоби заминҳои кишти пахта дар навбати аввал 50 000 гектар замини обӣ барои зироатҳои кишоварзӣ, ба монанди гандум, ҷав, ҷуворимакка, картошка, сабзӣ, пиёз, лӯбиёгиҳо, шолӣ, полезию обчакорӣ гузаронда шавад.
Миллати тоҷик дар вақти Шӯравӣ ҳам ғулом буд ва боз ғулом ибни ғулом шуд.
Тоҷикистон то соли 60-ӯми асри гузашта, бе ягон техника, бо хар ва барзагову асп ғалларо кишт, парвариш ва ҷамъоварӣ намуда ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна содир мекард. Дар арафаи солҳои ҷанг ва бад аз ҷанг, ҳатто ғалларо то ба Русия мефиристонд.
Бухорои Шарқӣ, яъне Тоҷикистон, яке аз минтақаҳои асосии истеҳсолкунандаи ғалла ба ҳисоб мерафт. Яъне Тоҷикистон худашро бо ғалла таъмин менамуд ва ҳам содир мекард.
Дар тӯли 60 сол Тоҷикистони содиркунандаи ғалларо ба воридкунанда табдил доданд.
Идома дорад