“Вақте он аст, ки ҳукумат бояд, ҳарчанд ба сурати муваққат, воридоти ғалла ва ордро аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод намояд… Мақомот набояд фаромӯш кунанд, ки иқтидор ва обу рӯи ҳар як кишвар, хоҳ демократӣ — дунявӣ, хоҳ исломӣ, хоҳ Шоҳигарӣ, дар худкифо будан аст, яъне ниёзҳои асосии озуқавориро худ тавлид ва аҳолии худро таъмин намояд.…”
(Дар Тоҷикистони имрӯз кишти пахта бартарӣ дорад ё ғалладонагӣ? (7))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (80)

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2018 зиёда аз 100 тонна гандуми тухмии хушсифати навъҳои “Сарвар“, “Юсуфӣ“, “Дурахшон“, “Сила“ ва “Старшина“ ба 623 хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ 15 шаҳру ноҳияҳо: Мӯминобод, Ш. Шоҳин, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҳисор (аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ), Панҷакент ва Айнӣ (водии Зарафшон) дастрас ва барои кишт пешниҳод шуда буд. (Инҷо ҳам дар тақсими тухмиҳои хушсифат ноҳияҳои водии Вахш ва Тоҷикистони Шимолӣ аз хотири масъулин фаромӯш шудааст).
Вале аз натиҷаи он ҳеч хабаре нест, мебоист дар тӯли ду сол, тухмиҳои серҳосили хушсифатро муайян намуда захира ва кишти он зиёд карда мешуд…
Дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар колхози “Калинин“-и наҳияи Ашт, дар 12 гектар замин, ҷав кишт намуда 83 сентнер ҳосил руёнида шуда буд.
Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ, аз ин ҳам зиёд ҳосил рӯёнидан мумкин аст…
Чӣ хеле, ки дар боло зикр карда будем, дар мамлакатҳои Европа, Америкаи Шимолӣ, Австралия, Чин ва чанд давлати дигар аз 1 гектар замини кишти гандум то ва зиёда 7 тонна гандум рӯёнида мешавад.
Ҳосилнокии гандум дар Тоҷикистон дар заминҳои обӣ аз ҳар гектар тақрибан 30 — 35 сентнер ва дар заминҳои лалмӣ 10 — 12 сентнерро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, истеҳсолкунандагони ғалла, дар Тоҷикистон, дар дарёфти молиёт ва имтиёзҳо ҳам махдуданд…
Як нафар деҳқони ноҳияи Шаҳринав, Ҳабиб Кенҷаев гуфта, “ба мо тавсия доданд, ки як килограмм гандуми тухмии хушсифат то 80 сентнер ҳосил медиҳад. Гандуми тухмиро бо нархи 9 сомонӣ ва бо назардошти нақлиёт ба мо то 10 — 11 сомонӣ расида омад. Вале ба ҷои 80 сентнери ваъда шуда ҳамагӣ 30 — 35 сентнер ҳосил рӯёнида шуд. Яъне қаллобӣ, чашмбандӣ дар бозори тухмии гандум дар рӯзи равшан аст.“
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021, 1 578 000 тонна ғалла, аз ҷумла, 864 000 тонна гандум парвариш карда шудааст. Имсол дар назар аст, ки 1 594 000 тонна ғалла рӯёнида шавад, аз ҷумла, 917 000 тоннаашро гандум ташкил медиҳад…
Инҷо як масъала равшанӣ мехоҳад? Чаро?
Чун дар оморҳои расмии давлатӣ меояд, ки Тоҷикистон ҳар соле ҳудуди ба 2 млн тонна ғалла талабот дорад ва ҳудуди зиёда аз 1 млн тонна ғалларо аз хориҷи кишвар ворид менамояд.
Маълум шуд, ки Тоҷикистон ҳудуди 2 млн тонна талабот ба ғалла не! Балки, танҳо ҳудуди 2 млн тонна ба гандум талабот доштааст…
* * *
Дар давраи Шӯравӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои кишти пахта субсидия дода мешуд. Тоҷикистон дар охирҳои солҳои ҳаштодӯми асри гузашта 2 млрд сӯм (рубль) даромад дошт, вале харҷ 4 млрд буд. Давлати Шӯравӣ аз ҳисоби буҷаи марказӣ, 2 млрд сӯм субсидия ҷудо мекард. Ва ҳам маводи хӯрока ба монанди орд, гӯшт, равған, шакар, сабзовот хеле арзон буд. Як халта орди 50 килограмии навъи якӯм 13 сӯм, 70 килограми 17 сӯм буд, як килограм гӯшт 1,80 — 2 сӯм буд ва дар дурдасттарин қишлоқҳо бисёри намуди хӯрока дастрас буд.
Вале барои Ҳукумати Шӯравӣ, ашёи хоми пахта зарур буд, чун дар Русия коркард мешуд…
Субсидияро имрӯз кӣ медиҳад, ки пахтаро кишт карда ашёи хоми пахтаро содир намоед?
Маълумоти омории ғалла ва пахтаи ҷамъоварӣ шудаи соли 2021 — ро бо арифметика то андозае ҳисобу китоб мекунем.
Соли 2021 — ӯм ба 190 000 гектар замин, пахта кишт карда, зиёда 400 000 тонна ҳосили пахта рӯёнида шуд, (тибқи омор), ба 307 567 гектар замин, ғалла кишт намуда, 900 000 тонна (дар дигар ҷое 864 000 тонна омадааст) ғалла ҷамъоварӣ карда шуд. (Оид ба ғалла дар омор маълумоти аниқ наомадааст).
Яъне, ҳукумати ҷумҳурӣ ва ё соҳибкорон, аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ашёи хоми пахтаро бо ҳисоби миёна 4,5 сомонӣ харидорӣ доранд. 1000 × 4,5 =4500 сомонӣ, 400 000 × 4500 =1 800 000 сомонӣ (159 292 $). Дар сурати 5 сомонӣ харидорӣ намудан. 400 000 × 5 = 2 млн сомонӣ (197 239 $).
1 тонна гандумро бо ҳисоби миёна 320 $ харидорӣ менамоем, ҳудуди 1 млн тонна талабот дорем 1 000 000 × 320$ = 320 000 000 $ мешавад ва коҳ, прес ҳам ҷамоварӣ мешавад, ки ҳар як банди престол то 20 сомонӣ аҳолӣ харидорӣ менамояд. Аз пахта 197 239 $ даромад дорем ва барои хариди гандум 320 000 000 $ харҷ мекунем. Инҷо аз рӯи омори давлатӣ ҳисобу китоб карда шуд. (Агар харҷро ба назар гирем, харҷ ба замини кишти пахта нисбати ғалладонагӣ ду се баробар зиёд аст). Худ муқоиса намоед.
Ба кишти пахта сӯзишворӣ ва поруи минералии зиёд сарф мешавад, 1 литр солярка 12 сомонӣ, як халтаи поруи минералӣ 400 — 500 сомонӣ ва ба ҳар як килограми пахта андоз месупоранд, ки ин аз як тараф.
Аз тарафи дигар ба замини кишти ғалладонагӣ, кишти такрории дилхоҳ кишт карда мешавад, ки талаботи бозорро пур ва арзони мегардонад.
Банда оид ба соҳаи кишоварзӣ ва тақсими замин борҳо пешниҳод намудаам ва бори дигар пешниҳод менамоям, ки барои кишти пахта 100 000 гектар замини ҳосилхез ҷудо карда шавад, ки на кам аз 30 сентнери ҳосил рӯёнида шавад. Яъне соле аз 100 000 гектар замини пахта, зиёда 300 000 тонна ашёи хоми пахта ҷамъоварӣ намуда, то тавоноӣ навъҳои якум ва дуюм дар дохили кишвар коркард шавад. То ки матоъҳои хушсифатро истеҳсол намуда ҳам, ба мардуми худ ва ҳам ба хориҷи кишвар дар намуди матоъ ва ё либосҳои мардона, занона ва бачагона бароварда шавад…
Дар натиҷа даромади 300 000 тонна, нисбати 400 000 тоннаи ашёи хоми пахтаи имрӯза чанд маротибаҳо зиёдтар мешавад.
Ва ширкатҳои пахтақабулкунӣ ва сармоягузорони ширкатҳо бо нархи арзанда харидорӣ менамоянд…
Пас 90 000 гектар замини пахтаро ба дигар зироатҳои кишоварзӣ дода шавад, ки аввалан замин киштгардон ва поруҳои маҳаллӣ, хокҳои бегона пошида шавад, то ки ҳолати хуби ҳосилнокии заминро барқарор намуда ҳосили дилхоҳ рӯёнида шавад.
Ҷолиби қайд аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба озод намудани воридоти чорво, маҳсулоти гӯштӣ, хӯроки чорво ва паррандапарвариро аз боҷи гумрукӣ ва андоз, озод намуд, ҳамчунин қонунеро ба тасвиб расонд, ки ин фоли нек аст.
Вақте расидааст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ бояд, муваққатан, воридоти ғалла ва ордро ҳам аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод намояд, ин ҳам, барои миллат аз манфиат холи нест.
Масъулин набояд фаромӯш кунанд, ки иқтидор ва обу рӯи ҳар як кишвар, хоҳ демократӣ — дунявӣ, хоҳ исломӣ, хоҳ Шоҳигарӣ “худкифо“ бошад ва ниёзҳои асосии озуқавориро худ тавлид ва аҳолии худро таъмин намояд.
Чӣ бояд кард?
Мавлоно Саъди чунин гуфтааст:
Мангар, ки кӣ мегӯяд,
Бингар, ки чӣ мегӯяд.
Барои зиёд намудани кишти ғалладонагӣ ва баланд бардоштани ҳосили он чанд пешниҳодҳои худро пешкаши ҳукумат ва миллат менамоям:
— якум, ба хоҷагиҳои деҳқонии майдаи пахтакорӣ, дар интихоби кишти соҳаҳои кишоварзӣ озодӣ дода шавад;
— дуюм, ҳукумати ҷумҳурӣ, воридоти ғалла, орд ва равғанро аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод намояд;
— сеюм, аз ҳукумати ҷумҳурӣ талаб карда шавад, ки ба барномаи дарозмуддати кишоварзӣ интиқоли оби дарёи Зарафшонро ба ноҳияи Деваштич, дохил намояд;
— чорӯм, муваққатан ба аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, шурхокшуда ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ, заминҳои нав кушода, ( яъне дар шароити имрӯза обро бо қубурҳои пластикӣ аз якҷо ба ҷои дигар овардан мушкилие надорад), кишти галладонагӣ ва дигар зироатҳои талаботи ҳаррузаро зиёд намуда талаботи худро қонеъ намоянд;
— панҷӯм, масъулин коркарди лоиҳаҳои нави кишоварзӣ, дар водии Вахш, минтақаҳои Кӯлоб, Қаротегин ва вилояти Суғд даст ба кор гиранд. Масалан лоиҳаи интиқоли оби дарёи Зарафшон ба дашти Қизилӣ;
— шашӯм, озод кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ дар тӯли 5-6 сол, аз боҷи гумрукӣ ва андоз;
— ҳаштӯм, истифодаи агротехникии замонавӣ ва технологияи нав, киштгардон намудани заминҳои кишти пахта, тоза кардани заҳбурҳо, пешгири намудан аз эрозияи обӣ ва шурхокшавӣ;
— нӯҳум, ҳукумат, хоҷагиҳои деҳқониро бо техникаҳои муосири кишоварзӣ, поруҳои минералӣ ва бо об сари вақт таъмин намояд;
— даҳӯм, ба Академияи илмҳои кишоварзӣ супориш дода шавад, ки оиди навъҳои серҳосили тухмии зироатҳои ғалладонагӣ (гандум, ҷав, ҷуворимакка ва шолӣ) даст ба кор гиранд;
— ёздаҳӯм, ҳукумат агар хоҳад, ки аҳолии Тоҷикистон бо орду ғалла, маҳсулоти он ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таъмин бошад, бояд, дар се соли оянда, пай дар пай аз ҳисоби замини пахта, аз 25 то 30 % — и кишти ғалладонагӣ зиёд карда шавад;
— дувоздаҳӯм, ба ҳукумати вилояти Суғд, тавсия дода мешавад, ки оид ба интиқоли оби дарёи Зарафшон, ба ноҳияи Деваштич, даст ба кор гиранд;
— сездаҳӯм, барои таъмин намудани аҳолии шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанберо бо маҳсулоти ширию гӯштӣ, дар ноҳияи Б. Ғафуров як фермаи ширию гӯштӣ, то 500 — 600 сар чорвои молӣ калони шохдор ва дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Ваҳдат дар ҳар як ноҳия фермаи молӣ калони шохдор, аз 500 то 1000 сар ташкил карда шавад;
— чордаҳӯм, вақте расидааст, ки аз суханпардозӣ ба амал гузарем, яъне, қарзҳои дастрас барои дастгирии кишоварзон бо арзиши 0% дода шавад;
— понздаҳӯм, барои ҳавасманд намудани аҳолӣ, ғаллаи ҷамъоварӣ намудаи фермерҳоро бо нархи бозор харидори карда шавад, то ки деҳқон ғаллаи ҷамъоварӣ кардаашро сари вақт бо нархи арзанда ба давлат супорида тавонад;
— шонздаҳӯм, дар сурати амалӣ намудани ин пешниҳодҳо, аз тарафи масъулини давлатӣ, маҳсулоти кишоварзии аввалия барои таъмини аҳолӣ то 30 — 40% арзон мешавад. Марҳамат, интихоб намоед, роҳҳалли озуқавориро. Мӯҳтарам масъулин!
— ҳафтаҳӯм, ин пешниҳодҳоро дар хоҷагиҳои вилояти Суғд таҷриба гузаронед. Чаро, дар Суғд? Чун масъалаи сатр, риш, боздошт, ғорати боигарии табиӣ, ба вазифаҳои калиди ва сердаромад таин намудани намояндаҳои як минтақа ва ғорати мардуми ин минтақа дар ин вилоят таҷриба карда шуд… Дар сурати натиҷа додани ин пешниҳодҳо, пас дар тамоми ҷумҳурӣ даст ба кор мегиред ва ё мардуми ҷануб худ талаб мекунад, ки ин пешниҳодҳо дар тамоми ҷумҳурӣ амалӣ гардонида шавад.
Идома дорад