Дидгоҳ

Вазъи имрӯзаи саноати сабук

“Дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноати сабук ҳамаи шароит ҳаст; аз ашёи хом, қувваи барқ, қувваи корӣ то талабот ба маҳсулоти истеҳсол шуда. Аммо барои рушди ин соҳа монеъаҳое сари роҳ қарор дорад аз ҷумла: андозбандии баланд, ҷаримабандии золимона, пардохти арзиши баланди нерӯи барқ, тафтишотҳои бемантиқ, норасоии дастгоҳҳои замонавӣ ва ғайра…”

(Вазъи имрӯзаи саноати сабук (1))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (81)

Саноати сабук яке аз соҳаҳои асосии саноати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Соҳаҳои саноати сабукро корхонаҳои коркарди пахта, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва коркарди пӯсту пойафзолдузӣ ташкил намуда, дар давраи Шӯравӣ дар асоси ашёи хоми дохилӣ, кишоварзӣ ва чорводорӣ рушду нумӯ намуда буд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ мебоист аз рӯзи аввали истиқлолият барои нигоҳ доштан ва таъмин намудани аҳолӣ бо истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа аҳамияти ҷиддӣ медод. Вале он чӣ ки дар давраи Шӯро сохта шуда буд, нигоҳ дошта натавонист. Гуфтан мумкин аст, ки қисми зиёди истеҳсолоти саноати сабук фалаҷ шуд, аз имкониятҳо ва кӯмакҳои хориҷӣ барои хусусӣ гардонидани ин соҳа самаранок истифода бурда натавонист.

Аммо ҳоло аз давраи Шӯро истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук кам шудааст. Дастгоҳҳо аввалан фарсуда шуд, сониян бисёри дастгоҳҳои комбинати шоҳибофии шаҳри Хуҷандро ба Ӯзбекистон гирифта рафтанд, дастгоҳҳои як фабрикаи қолинбофии шаҳри Қайроққумро кӯчонда ба Данғара бурданд, вале истифода бурда натавонистанд, қисме аз дастгоҳҳоро шахсони ба корхонаҳои саноати муфт соҳибшуда бо роҳҳои гуногун ба металлолом супориданд ва ғайра.

Ҳамин тавр соҳаи саноати сабукро ба дасти худ фалаҷ намуданд.

Банда пешниҳод менамоям:

— биноҳо ва иншоотҳои соҳаҳои саноати сабук, ки хусусӣ гардонида шудааст, мақсаднок истифода бурда шавад;

— дар ғайри соҳавӣ истифода бурдани саноатҳо, биноҳо ва иншоотҳо, ба давлат боз пас гардонида шавад.

Сабаб: яке аз шартҳои асосии хусусӣ гардонидан ин аст, ки бояд коркарди ҳамон соҳаро инкишоф дода шавад.

Дар Тоҷикистон барои рушди ин соҳа — соҳаи саноати сабук, ҳамаи шароит ҳаст:

— ашёи хом;

— қувваи барқ;

— қувваи корӣ;

— талабот ба маҳсулоти истеҳсол шуда.

Барои рушди ин соҳа кадом сабабҳо монеъ шуд ва шуда истодааст:

— андозбандии баланд;

— ҷаримабандии золимона;

— пардохти арзиши баланди нерӯи барқ;

— тафтишотҳои бемантиқ;

— норасоии дастгоҳҳои замонавӣ ва ғайра.

* * *

1. Саноати коркарди пахта ва абрешим.

Саноати коркарди пахта, дар Тоҷикистон аз асрҳои гузашта, яъне пеш аз Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфтааст. Дар давраи Шӯравӣ, дар солҳои 1929 — 1938, дар Тоҷикистон истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ нисбатан пеш рафт. Сохтмони комбинати бофандагӣ ва фабрикаи трикотажӣ, фабрикаи ресандагӣ, комбинати бофандагии Душанбе соли 1932 ба кор дароварда шуд. Солҳои панҷсолаи дуюм фабрикаҳои бофандагӣ ва рангуборкунии корхона ба кор сар кард. Ҳатто корхонаи комбинати бофандагии Душанбе дар вақташ, калонтарин корхонаи саноати бофандагии матоъҳои пахтагии Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт.

Саноати пахтатозакунии ҷумҳурӣ то давраи ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле пеш рафта буд. Ҳамаи заводҳои пахтатозакунӣ аз нав ҷиҳозонида шуданд. Дар ҷумҳурӣ заводҳои пахтатозакунии Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Саройкамар, Хуҷанд, Шаҳритус дар солҳои 20-ӯм ва 30-ӯми асри гузашта ба кор дароварда шуд.

Соли 1938 заводҳои пахтаи Регару Конибодом ва солҳои панҷсолаи 4-ум (1946—1950) заводи пахтаи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) ва дигар заводҳо бо таҷҳизоти нави техники ҷиҳозонида шуданд. 3аводҳои пахтаи Шаҳртуз (1952), Уялӣ (1954), Орҷоникидзеобод (Ваҳдат) (1955) ва ғайра ба кор даромаданд.

Истеҳсоли нахи пахта дар республика сол то сол зиёд шуда, агар соли 1913 ҳамагӣ 0,6 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол карда шуда бошад, вале дар як рӯзи соли 1975 корхонаҳои пахтаи республика ба 0,7 ҳазор тонна истеҳсоли нахи пахта расонда шуд.

Омилҳои асосие, ки инкишофи минбаъдаи саноати пахтаи республикаро муайян мекунанд, пеш аз ҳама фаровонии манбаи ашёи хом, қувваи корӣ ва инчунин афзоиши талабот ба маҳсулоти тайёр корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ аст.

Вале бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ то ҳол аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда нашуда, ин соҳа бояду шояд рушд накардааст. Дар натиҷа талаботи аҳолии ҷумҳуриро қонеъ гардонида наметавонад.

Яке аз сабабҳояшро банда дар даврони Ҳукумати Шӯравӣ мебинам. Ҳукумати Шӯравӣ, ба ҷои он ки ашёи хоми пахтаро дар дохили кишвар коркард кунад, онро ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС мебурд. Мисол, ашёи хоми пахтаро аз Тоҷикистон ба Русия, аз ҷумла ба шаҳри Иваново бурда, ҳазорҳо коргарзанонро, ба кор таъмин менамуданд.

Маҳсулоти тайёршуда дар дохили Русия ва берун аз он, аз ҷумла ба Тоҷикистон оварда фурӯхта мешуд… Ҳол он ки ҳамаи заминаҳои коркарди саноати пахтаро, то маҳсулоти тайёр, дар дохили кишвар ба роҳ мондан мумкин буд.

Чаро?

Чун ашёи хом, қувваи кории арзон, нерӯи барқи арзон, талабот ба маҳсулоти тайёр ва ғайра дар дохили кишвар мавҷуд аст.

Ҳоло ҳам ба шакли дигар ғорат давом дорад. Яъне, якчанд нафар олигархҳои аз ҳисоби миллат дорошуда, аз як доираи муайян, пахтаи бо заҳмат руёнидашудаи хоҷагиҳои деҳқониро бо нархи арзон харидорӣ намуда, то Русия, Чин, Иттиҳоди Аврупо, Қазоқистон, Туркия ва дигар кишварҳо бурда хеле бо нархи баланд мефурушанд.

Деҳқони бечора камбағал буд, боз камбағалтар шуда истодааст ва ба ҷуз сарварони хоҷагиҳои деҳқонии пахтакорӣ, фаолияти худро қатъ кардан дигар роҳе надоранд.

Дар шароити кунунии Тоҷикистон, барои нумӯи соҳаи саноати пахта ҳамаи шароит ва заминаҳои зарурӣ муҳайё аст:

— ашёи хоми пахта;

— нерӯи барқи арзон;

— қувваи кории арзон;

— талабот барои маҳсулоти тайёр;

— сармоягузорон ва ғайра.

Сабаби асосии монеъи рушди ин соҳа танҳо набудани шароити корӣ, озодӣ барои фаъолияти соҳибкорон, дар дохил коркарди ашёи хоми сифати паст дошта, арзиши баланди нерӯи барқ, андози баланди дандоншикан, ва солҳои охир ҷарима бандии бераҳмона зиёд шудааст. То ин камбудиҳо ҳалли худро наёбад, ҳеҷ гоҳ, ин соҳа рушд намекунад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2007 қарор қабул карда буд, ки то соли 2015 ҳамаи ашёи хоми пахта дар дохили кишвар коркард мешавад. Ҳоло ҳамагӣ 25 фоизи ашёи хоми пахта коркард мешаваду халос.

Барои рушду нумӯи соҳаи саноати пахта бояд соҳибкоронро аз 5 то 7 сол аз андоз озод намуда, пардохти арзиши барқ то 20 — 22 дирам ( 2 сент ) поён фароварда шавад. Зеро аз тарафи соҳибкорон интихоби ҷои истеҳсолот, омода намудани коргарон ва мутахассисон, дастрас ва овардани таҷҳизотҳои замонавӣ аз хориҷи кишвар, ( ворид намудани кулли таҷҳизотҳои истеҳсолиро, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод карда шавад ), ҷалб намудани сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ, ҷобаҷогузории таҷҳизот ва омода намудани онҳо, муҳайё намудани шароити корӣ дар истеҳсолот, бастани шартномаҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ба ширкатҳои хориҷии ин соҳа ( махсусан бо ширкатҳои кор карди пахтаи ҷумҳурии Ӯзбекистон) ҳамаи корҳои дар боло зикр шуда вақт ва сармоя талаб мекунад…

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s