Дидгоҳ

Вазъи бисёр шамовар дар Тоҷикистон дар коркарди пахта

“Мутобиқи маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир танҳо 12 фоизи нахи пахтаи кишвар дар дохил коркард мешавад, ки барои як кишвари садсолаҳо истеҳсоли пахтадошта хеле ночиз ва шармовар аст… Дар фабрикаи ресандагии Қӯрғонтеппа, дар давраи Шуравӣ 4000 нафар коргарон кору фаъолият карда зиндагии худро мечархонданд. Вале пас аз хусусӣ гардонидани фабрика, он тороҷ шуд, ҳатто дар қаламрави фабрика сехи оҳанобкунӣ сохта куллӣ дастгоҳҳоро бурида об карда ба Чин кашонданд, ақаллан ба ҷои дастгоҳҳои фарсурдашуда ягон адад дастгоҳ харидорӣ нашуд… Ба ҷои фабрикаи ресандагӣ, сехи коркарди пӯст сохта шудааст, ки ин ҳам беҳтарин амал аст, агар кор кунад…”

(Вазъи имрӯзаи саноати сабук (2))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (81)

Дар ҷумҳурӣ барои рушди саноати пахта, ҳоло 18 корхонаҳои коркарди пахта ва бо нуқтаҳои пахтақабулкунӣ 118 — корхона кору фаолият дорад, ки соле 100 000 тонна ашёи хоми пахтаро коркард мекунад. Ба монанди Иттиҳодияи истеҳсоли матоъҳои пахтагини шаҳри Душанбе, фабрикаи ресандагӣ ва бофандагӣ “Кабоол — Таҷик — Текстайлз”, фабрикаи ресандагии “Ҷавонӣ”, сехи бофандагии “Нур текстайлз” дар шаҳри Хуҷанд ва фабрикаи бофандагии шаҳри Конибодом, фабрикаҳои ресандагии Мастчоҳ, Зафаробод, Қӯрғонтеппа, Фархор, Норак, фабрикаи бузурги нассоҷӣ, аз истеҳсоли нахи пахта шурӯъ шуда то ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва маҳсулоти тайёри либосҳо, ки то 1 млн адад либосҳо тайёр карда мешавад, дар ноҳияи Данғара соли 2014 санги пойдевори худро гузошта буд ва бояд ба қарзи 1 млрд сомонӣ, дар тӯли 2 сол сохта шуда, 6 000 шаҳрвандони маҳаллӣ ба кор таъмин мешуданд. Вале…

Моҳи апрели соли 2022 раисҷумҳур ба ин ноҳия сафар намуда аз ҷумла аз рафти корҳои ин иншооти бузурги саноатӣ дидан кард ва аз ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4 — и ҶСП “Ҷунтай — Данғара Син Силу Текст“ оғоз намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти дидан аз ин корхона иттилоъ дод, ки ҳоло дар марҳилаи якӯми лоиҳа 269 нафар, дар марҳилаи дуюм 138 нафар, дар марҳилаи сеюм 262 нафар ва дар марҳилаи чорум 260 нафар ба кор таъмин шуданд. Ҳамагӣ 929 нафар аҳолии маҳаллӣ ба кор таъмин карда шуд. На 6000 нафар…

Вале мушкилот дар он аст, ки корхонаҳои зикршуда ягон вақт бо пуррагӣ кор намекунанд. Ҳоло бо сабаби боло рафтани арзиши қиммати масрафи дохилии нахи пахта “Кабоол — Таҷик — Текстайлз” корхонаи бофандагии шаҳри Хуҷанд, ҳар вақт бо давраи номуайн фаъолияти худро қатъ мекунад. Чунин ҳолатҳо дар дигар фабрикаҳои ресандагӣ ҳам борҳо такрор мешаванд.

Дар фабрикаи ресандагии Қӯрғонтеппа, дар давраи Шуравӣ, 4000 нафар коргарон кору фаъолият карда зиндагии худро мечархонданд. Вале пас аз хусусӣ гардонидани фабрика, он тороҷ шуд, ҳатто дар қаламрави фабрика сехи оҳанобкунӣ сохта куллӣ дастгоҳҳоро бурида об карда ба Чин кашонданд, ақаллан ба ҷои дастгоҳҳои фарсурдашуда ягон адад дастгоҳ харидорӣ карда нашуд… Ба ҷойи фабрикаи ресандагӣ, сехи коркарди пӯст сохта шудааст, ки ин ҳам беҳтарин амал аст, агар кор кунад. (Оиди коркарди пӯст баъдтар сухан мекунем).

Агар хоҳем, ки ин соҳаи муҳими саноатӣ рушду нумӯ кунад, пеш аз ҳама бояд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия ҳамкории дӯстонаи баробариро барқарор карда, дар якҷоягӣ, аввал корхонаҳои сохташударо бо пуррагӣ фаъол намуда, пас дар якҷоягӣ сехҳо ва фабрикаҳои истеҳсолии ресандагӣ ва бофандагӣ сохта шавад. То ки талаботи дохилиро таъмин карда тавонем.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷрибаи хеле бойи ин соҳаро доранд. Ҳоло маҳсулоти тайёри матои пахтагини онҳо ба мамлакатҳои арабӣ, Русия, Белорусия ва ҳатто то Иттиҳоди Аврупо содир мешавад.

Мутобиқи маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир танҳо 12 фоизи нахи пахтаи кишвар дар дохил коркард мешавад, ки барои як кишвари, садсолаҳо истеҳсоли пахта дошта хеле ночиз ва шармовар аст.

Раиси палатаи поёнии МН МО-и вақти Шукурҷон Зуҳуров, гуфта буд, ки дар дохили Тоҷикистон, аз 400 000 тонна пахтаи ҷамъоварӣ шуда ҳамагӣ 25 фоизи ашёи хоми пахта коркард мешавад.

Барои муқоиса Ӯзбекистонро мисол овард, чанде пеш ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари кори доштааст ва таъкид намуд, ки ҳамасола кишвари ҳамсоя 3 млн. тонна пахта ҷамъоварӣ менамояд. Ва хабар дод, ки дар соли 2018 қароре ба имзо расидааст, ки минбаъд, кулли ҳосили пахтаи ҷамъовари шуда, дар дохили Ӯзбекистон коркард мешавад.

Ин нишонаи он аст, ки дар коркарди саноати пахта пешсаф буда, соле то 3 млн тонна пахтаро коркард мекунад, Тоҷикистон (100 ҳазор тонна) ва ё зиёдтар аз 30 баробари Тоҷикистонро коркард мекунад.

Вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода дар парламент изҳор дошт, ки дар аксари корхонаҳо технологияи кӯҳна истифода бурда мешавад, ки, ин аз як тараф. Аз тарафи дигар камбудии молии корхонаҳо, яъне дар соли 2019, баъзе корхонаҳои коркарди пахта — пахтаи ҷамъовари шудаи хоҷагиҳои деҳқониро харидорӣ карда натавонист.

Ба ғайр аз ин, ӯ қайд кард, ки корхонаҳои пахтатозакуниро соҳибкорони ватанӣ харидорӣ намудаанд, бино бар надоштани маблағҳои гардон, имкони харидори пахтаро надоранд. Деҳқонҳо аз як ноҳия ба ноҳияи дигар бурда пахтаи ҷамъоварикардаи худро супориданд.

Дар давоми суханронии худ, вазири кишоварзӣ қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ 136 корхонаи коркарди пахта мавҷуд буда, онҳо ба ягон вазорат итоат намекунанд: “Масалан соли ҷорӣ ( 2019 ) арзиши аслии 1 килограмм пахта беш аз 6,5 сомониро ташкил дод, вале корхонаҳои пахта қабулкунӣ онро аз деҳқон аз 3,5 сомонӣ боло қабул накарданд. Агар ҳар килои пахтаро ақалан 6 сомонӣ қабул мекарданд, ҳоло ҳосили ҷамъовари шуда аз 450 000 тоннаҳам мегузашт.“

Инҷо ба Заробиддин Файзуллозода суоле медиҳам, чаро ба ин ҳолати зулмовар нисбати деҳқон ба вуҷуд омад?

Ҷавоб: Чунки давлат, масъулин аз ҳолати хоҷагиҳои деҳқонӣ, вазъи зиндагии деҳқонон хабар надоранд. Ягона роҳ, давлат худ нуқтаҳои пахтақабулкуниро нигоҳ медошт ва бо арзиши бозори ҷаҳонӣ харидорӣ менамуд, то ки деҳқон ҳосили ҷамъовари намудаашро беягон мушкилот бо нархи арзанда супорида тавонад.

Ба ҳолати ба вуҷуд омада Шукурҷон Зуҳуров арз дошт. “Ин маънои онро дорад, ки замину деҳқон бесоҳиб мондаанд. Дар кишвар, ҳадафи чоруми миллии мо саноати кунонии кишвар аст. Яъне, бояд, пахтаи ҷамъовари шуда, пурра коркард шавад, маҳсулоти тайёр ба бозор бароварда шавад. Дар он сурат фоида, беш аз 10 маротиба меафзояд ва ҷойҳои корӣ таъсис дода мешавад…

Шукурҷон Зуҳуров аз вазир суол кард? “Дар соли 2019 бисёри деҳқонон зарар дид, бояд чӣ кор кунад? Парвариши пахта барояш зараровар шудааст? Барои парваришу расонидани ниҳолҳо, ба ҳар гектар замини пахта 700 — 800 килограмм нурии минералӣ меандозанд, то ин ки ҳосилноки афзун шавад.

Раиси МН МО Шукурҷон Зуҳуров дар идомаи ҷаласа фикру андешаҳои худро оид ба ҳалли мушкилоти соҳаи коркарди пахта баён кард. “Зуд ё дер тартибот дар ин соҳа ҷорӣ мешавад. Ҳоло корро дуруст ба роҳ монд…

Вай афзуд: “Вазорати кишоварзӣ ҳамчун пешбарандаи соҳа бояд роҳбарони корхонаҳои коркарди пахтаро ҷамъ оварда, назди онҳо вазифа гузорад. Даъват намояд, ки онҳо ба пахтакорон шартнома баста, ҳамкорӣ кунанд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгири намоянд, то ки деҳқон заминро шудгор кунад ва тухми харида кишт намояд, нурӣ харида ба замин пошад, коркарди ниҳолҳоро гузаронад ва ғайра. 10 — 15 сентнер ҳосил ҷамъ меорад, ки хароҷотро намепӯшонад, ба ҳамаи мушкилотҳои вуҷуд дошта нигоҳ накарда, ба хотири ғӯзапояаш қаноат мекунад.“

Сабаби дигари камбудӣ, деҳқонон аз лиҳози камбудии молӣ доштан, поруи минералиро харидорӣ намуда, сари вақт ба замин расонда наметавонанд ва ё сари вақт барои култиватсия, додани поруи минералӣ техникаро дастрас карда наметавонанд, дар вақташ обро намедиҳанд…

Хулоса, коркарди ниҳолҳоро дар вақташ гузаронида наметавонанд. Дар натиҷа ҳосили рӯёнида шуда ҳамагӣ 10 — 15 фоизро ташкил мекунад, ки деҳқон ба ҷои фоида зарар мебинад.

Чӣ бояд кард?

1. Аз болои корхонаҳои коркарди пахта назоратро сахт кард;

2. Он корхонаҳое, ки қудрати коркардро надоранд, ба давлат боз пас гардонда шавад;

3. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки қудрати рӯёнидани пахтаро надоранд, ба кишти соҳаҳои дигари кишоварзӣ иҷозат дода шавад, масалан ба кишти ғалладонагиҳо (оиди ин масъала дар банди кишоварзӣ маълумоти пурра хоҳем дод ).

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s