Осиёи Миёна

Имзои санади Созишномаи ҳамкорӣ байни мухолифони рус ва мухолифони режимҳои истибдодӣ дар Осиёи Миёна – (Тасвир)

Баъди нишасте таҳти унвони “Ҳамоиши вакилони халқӣ”, ки ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳраки Яблоннаи Варшава, пойтахти Лаҳистон баргузор шуд, байни мухолифони Русия ва кишварҳои режимҳои диктаторӣ дар Осиёи Миёна ва Қафқоз Созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Ба гузориши сайти Паём, ин созишномаро аз номи мухолифони тоҷик раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ имзо кард. Аз ҷониби мухолифони Русия созишномаро Иля Пономарёв, собиқ вакили Думаи Русия ва аз тарафи Ҷумҳурии Ичкерия Инна Курочкина, намояндаи сарвазири Ҷумҳурии Ичкерия Аҳмад Закаев ҳузурӣ имзо карданд. Гуфта шуд, ки намояндагони мухолифони Қазоқистон, Гурҷистон ва Туркманистон Созишномаро ба тарзи электронӣ имзо хоҳанд кард.

Санади мазкур “Декларасюни таъсисии Иттиҳоди байналмиллалии зиддиавторитарӣ” ном дорад ва ҳадафи аслияш ҳам мубориза алайҳи режимҳои авторитарии минтақа ва барқарории ҳукуматҳои демократӣ унвон шудааст.

Аъзои иттиҳод мутааҳҳид шудаанд муборизаи худ алайҳи режимҳои диктотурии минтақаро бо ҳамоҳангӣ пеш баранд ва аз якдигар дастгирӣ намоянд.

Мо қотеъона бар принсипи ҳаққи миллатҳо бар худмухторӣ мутобиқ бо принсипҳои СММ истодаем, ҳар намуди империализмро, новобаста аз он, ки аз қуҷо бармеояд, инкор мекунем ва ба кишварҳо, минтақаҳо ва ҷумбуишҳое, ки ҳамроҳи мо мубориза мекунанд, кӯмак менамоем” — омадааст дар декларасюн.

Имзокунандагони декларасюн ҷанги Русия алайҳи Укроинро империалистӣ унвон карда, мутааҳҳид шудаанд ҳар кӯмаку дастгирие ба Укроинро барои барқарории тамомияти арзии он ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорони ҷангӣ дареғ надоранд.

Ҷонибҳо режими Кремлро сармоягузор ва ҳомии аслии режимҳои худкомаву диктотурӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон эътироф карда, таъкид бар сарнагунсозии ҳарчи зудтари он намудаанд.

Ҳамчунин кумитаи иҷроияи Иттиҳоди байналмиллалии зиддиавторитарӣ (ИБЗА) таъсиси дода мешавад, ки аз ҳар ҷониби имзокарда ду нафарӣ ба он пешбарӣ мегарданд.

Тасвирҳое аз имзогузории санади мазкур:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s