“Барои рушди саноати пахта бояд аввалан, шароити мусоиди корӣ ба соҳибкорон дода шавад, набояд органҳои тафтишоти пай дар пай сехҳо ва фабрикаҳои ресандагӣ ва бофадагиро мавриди тафтишот қарор диҳанд, бояд аҳолии кишвар ба масрафи маҳсулоти дохилӣ одат кунанд, ба ҷои корҳои фаҳмондадиҳии сатру ҳиҷоб, минбаъд тарғиби масрафи либоси миллӣ ва маҳсулоти дохилӣ сурат гирад, ин ба манфиати миллату давлат аст…”
(Вазъи имрӯзаи саноати сабук (3))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (82)
Дар оянда, барои талаботи мардумро қонеъ намудан, дар кишвар бояд ба истеҳсоли матои пахта эътибори ҷиддӣ дода шавад, яъне аз навъи аълои пахта матоъҳои хушсифат тайёр намуда, бо рангҳои мувофиқи мардон ва занон пешниҳод намудан лозим аст, ки дар дохили кишвар талабот пайдо кунад.
Барои рушди соҳаи саноати пахта боз ба чанд ҳадаф, аз тарафи Мақомоти Ҳукумати ҷумҳурӣ, эътибори ҷиддӣ дода, аз болои онҳо назорати сахт ҷорӣ карда шавад ва ҳамчунин:
— шароити мусоиди корӣ ба соҳибкорон дода шавад;
— набояд органҳои тафтишоти пай дар пай сехҳо ва фабрикаҳои ресандагӣ ва бофадагиро мавриди тафтишот қарор диҳанд;
— ҳатто дар ҳолати зарурӣ, раисҷумҳур зери назорати худ бигирад. Чун ин соҳа, на танҳо рушди соҳаи ресандагӣ ва бофандагӣ аст, балки сабабгори рушди соҳаи дӯзандагӣ ҳам ҳаст;
— боҷи гумрукии воридоти маҳсулоти тайёр (яъне воридоти матоъҳои сунъӣ, либосҳои мардона, занона ва баччагона) ҳар соле аз 5 то 10%, то дараҷае бардошта шавад, ки аҳолии кишвар ба маҳсулоти дохилӣ талабот (зарурият) пайдо кунанд;
— ба ҷои корҳои фаҳмондадиҳии сатру ҳиҷоб ва ба монанди инҳо, минбаъд барои харидорӣ намудан ва омода сохтани намудҳои либоси миллӣ аз маҳсулоти дохилӣ гузаронда шавад, ин ба манфиати миллату давлат аст. Ин амал дар навбати аввал мушкил ва иҷронашаванда менамояд, вале баъд аз чанд сол ба манфиати миллат ҳалли худро меёбад.
* * *
Инҷо вобаста ба ҳадафи охирин, ду давлатро мисол меорам:
1) дар моҳи январи соли 2020, Ҷумҳурии Исломии Эрон намудҳои воридотӣ, маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшавандаро аз хориҷи кишвар бо пуррагӣ манъ кард, то ки аҳолӣ маҳсулоти дохилии худро харидорӣ намоянд;
2) дар аввали солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Ӯзбекистон боҷи гумрукии воридоти автомашинаҳои аз хориҷи кишвар воридшавандаро баланд кард, аҳолӣ автомашинаҳои аз хориҷи кишвар воридшударо харидорӣ карда натавонист.
Дар дохили Ӯзбекистон сохт ва тавлиди автомашинаҳои сабукрав ва автобусҳо ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа соҳаи мошинсозӣ зуд ба кор даромад. Ҳоло Ӯзбекистон яке аз мамлакатҳои содиркунандаи автомашинаҳо ба шумор меравад.
* * *
Коркарди корхонаи абрешим яке аз соҳаҳои муҳим ва қадимтарини саноати сабуки ҷумҳурӣ ба шумор рафта, асосан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Душанбе ҷойгир шудааст.
Дар Тоҷикистон бо сабаби вуҷуд доштани имкониятҳои моддӣ (ашёи хом ва қувваи корӣ) саноати бофандагӣ, пеш аз ҳама, саноати абрешим хеле тез инкишоф ёфтааст. Дар нақшаи панҷсолаи якум сохтмони фабрикаҳои абрешимресии Хуҷанду Душанбе пешбинӣ шуда буд ва он соли 1930 оғоз гардид.
Таҷриба исбот намуд, ки Тоҷикистон дар ривоҷу равнақ додани корхонаҳои истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ имкони бештар дорад.
Дар панҷсолаҳои дуюм ва сеюм ин ду корхонаи абрешимресӣ ба комбинатҳои абрешим табдил ёфтанд. Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд ба қатори корхонаҳои калонтарини истеҳсоли матои абрешимии СССР (ИҶШС) дохил шуд.
Ин ҳар ду корхона – комбинати шоҳибофии Хуҷанд ва фабрикаи шоҳибофии Душанбе солҳои 1931-1935 сохта, ба кор андохта шуданд.
Хуҷандиҳо дар собиқ ИҶШС аввалин шуда, бо дастгоҳҳои замонавии вақти бофтани шоҳиро ба роҳ монданд.
Калонтарин корхонаи комбинати шоҳибофиро дар шаҳри Хуҷанд солҳои 30-уми асри гузашта сохта ба истифода дода шуда буд, ки яке аз комбинатҳои калонтарини саноати сабуки Тоҷикистон ва ҳатто ИҶШС ба шумор мерафт.
Комбинат то 93%-и матоъи абрешими ҷумҳуриро истеҳсол мекард. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ то 10 000 нафар коргарон кор мекарданд, ки қисми зиёди онҳоро духтарону занони маҳаллӣ ва украину русҳо ташкил намуда, дар се баст якҷоя кору фаолият мекарданд.
Як комбинати бузурги 10 000 нафар коргар дошта, дар аввали солҳои истиқлолият, қариб, ки аз кор монд. Сабаби фалаҷшавии он, сиёсати нодурусти хусусигардонӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ буд.
Давлатҳои ғарбӣ асосан Иттиҳоди Аврупо ва бонкҳои ҷаҳонӣ барои хусусигардонии заводу фабрикаҳои Тоҷикистон кӯмаки молии зиёд доданд. Вале кӯмакҳо ва грантҳои бебозгашт барои рушди ин соҳа ва дигар соҳаҳо самаранок истифода бурда нашуд, (ба яғмо рафт) пас аз хусусигардонӣ, чунин як комбинати калон талошу тороҷ шуд.
Аввалан дастгоҳҳоро ба Ӯзбекистон кашонданд, пас боқимонда ба металлолом табдил шуд, ки бо роҳҳои гуногун, аввал ба Қирғизистон ворид шуд, сониян ба Чин, ва ё бевосита ба Чин кашонда шуд.
Ҳоло корхонаҳои ҶСШК «Тоҷикатлас» ва корхонаи муштараки «Абрешим» — и Ветнаму Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кору фаолият мекунад. Имрӯз, ки Ҳукумат сиёсати либоси миллиро пеш гирифтааст, барои рушди ин соҳа эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Барои рушди ин соҳа, ҳамчунин ба фаолияти индивидуалӣ иҷозат дода, ба соҳибкорон, на танҳо шароити корӣ, балки ҳаматарафа кӯмак расонда шавад, то ки бо либосҳои хушсифати дохилӣ, аҳолии маҳаллӣ таъмин карда шавад.
Дар интиҳои ин мавзуъ, якчанд нуқтаи назари худро пешниҳод менамоям:
1) аз болои корхонаҳои коркарди пахта ва нуқтаҳои пахта қабулкуни назоратро сахт кард, то ки пеши роҳи изофанависӣ гирифта шавад;
2) давлат бояд, барои ҳавасманд намудани деҳқон, ҳосили пахтаи ҷамъовари шудаи хоҷагиҳои деҳқониро бо арзиши ҷаҳонӣ, беягон маъмоният қабул намояд;
3) он корхонаҳое, ки қудрати коркардро надоранд, давлат беягон пардохт бозпас бигирад;
4) дар соҳаи шоҳибофӣ, фаолияти индивидуалӣ иҷозат дода, аз пардохти андоз озод карда шавад;
5) дар соҳаи саноати пахта ва абрешим, пардохти арзиши нерӯи барқро 20 — 22 дирам (муодили 2 сент) муайян карда шавад. Вақте, ки ба ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 сент мефурӯшед, чаро барои рушди саноати худ, бо 2 сенти намедиҳед?;
6) корхонаҳое, ки ҳоло фаолият доранд, пардохти андоз, на аз 35 фоиз баланд бошад, то ки рушд кунад;
7) корхонаҳое, ки нав корро оғоз мекунанд, аз 5 сол то 7 сол, аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад;
8) хоҷагиҳои деҳқоние, ки қудрати рӯёнидани пахтаро надоранд, ба кишти соҳаҳои дигари кишоварзӣ иҷозат дода шавад. Масалан, ба кишти ғалладонагӣ ва сабзавот.
Ин пешниҳодҳо аз ҳаво гирифта нашудаанд, шароити имрӯзаи корхонаҳои истеҳсолӣ ва андозбандии чанд давлатҳои Европаро таҳлил намуда, вобаста ба шароити Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.