Дидорҳо

Вақте маҳалгароӣ сабаб шуд, комбинати қолинбофии Қайроқум фалаҷ шавад

“Дар сессияи шонздаҳуми таърихӣ, мақомоти Суғд барои депутатҳои МН МО (парлумон) экскурсияи корӣ ташкил намуда, онҳоро бо комбинатҳои шоҳибофӣ ва қолинбофӣ аз ҷумла комбинати қолинбофии Қайроқум ошно карданд. Депутатҳои МН МО аз ин комбинатҳо боздид намуда, ба кору фаолияти фабрикаҳо шинос шуданд… Ин депутатҳо пас аз ошноӣ, ба чунин хулоса омаданд, ки чунин фабрикаҳо дар ҷануби кишвар ҳам сохта шавад, то ки аҳолии маҳаллиро ба кор таъмин намоянд… Ин хуб аст, аммо… Онҳо ба ҷои он ки барои сохтани фабрикаи қолинбофӣ дар ҷануби кишвар дастгоҳҳои замонавиро аз хориҷи кишвар биёранд, дастгоҳҳои кор карда истодаи фабрикаи қолинбофии шаҳри Қайроққумро кӯчонида ба ноҳияи Данғара бурда насб намуданд. Сарварии онро Адолат Раҳмонова ба ӯҳдаи худ гирифта буд…”

(Яке аз сабабҳои фалаҷшавии саноати бофандагии мӯина (1))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (83)

Яке аз соҳаҳои асосии саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноати қолинбофӣ буда, яке аз калонтарин комбинати қолинбофии кишвар, соли 1960-ум дар шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон), бо номи комбинати қолинбофии Қайроққум ба кор оғоз кард. Комбинат якчанд фабрикаҳоро дарбар гирифта, дар даврони Шӯравӣ, ҳам аз ҷиҳати миқдори истеҳсолот ва ҳам аз ҷиҳати сифат, қолинҳо ва маҳсулоти қолиниро истеҳсол мекард, вале дар дохили кишвар озод фурӯхта намешуд, яъне дастнорас буд, дар корхонаҳо, ташкилот, дар ташкилоти профсоюз ба қайд гирифта мешуд ва дар чанд сол як маротиба ба фаъолони истеҳсолот, кормандони маорифу тандурустӣ, бо рӯйхати роҳбарият тасдиқ кардашуда бо навбат дода мешуд.

Вале дар даврони истиқлолият, комбинати бузурги қолинбофи фалаҷ шуд ва номи ОАО-и “ Қолинҳои Қайроққум“-ро гирифт. Комбинати қолинбофӣ бо таҷҳизотҳои замонавии русиягӣ, итолиёӣ, франсузӣ, олмонӣ, ҳолландӣ ва чинӣ муҷаҳҳазонида шуда, бо ашёи хом ва нимхоми мамлакатҳои Эрон, Туркия, Зелландияи Нав ва Банглодеш кор мекард ва ҳоло ҳам бо ашёи хоми хориҷӣ кор карда истодааст.

Хонандаи азиз! Худ қазоват кунед, комбинат 60 — 62 сол аст, ки кору фаолият мекунад, аммо чаро дар ин тӯли зиёда 60-сол ашёи хомро дар дохили кишвар омода насохтанд? Чун рушди асосии ҳар як саноат ашёи хом аст. Ба ин ҷиҳат, ки масъулини мо фикру андеша намекунанд, дар назди худ вазифа ва мақсад намегузоранд, ки бояд комбинатро бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин намоем. Яъне аз ҳисоби гӯсфандҳои мӯи маҳиннах, ниммаҳиннах дошта ва маҳаллӣ ба роҳ монда мешуд. Дар ҷумҳурӣ гӯсфанди миронос парвариш ва нигоҳ дошта мешавад, аввалан ҳамин намуди гӯсфандро зиёд кардан мумкин буд, сониян, гӯсфандҳои серпашми Зелландияи Нав ва ё Банглодешро оварда зиёд мекарданд. Ё ҳалли роҳҳои омехтакунии гӯсфанди мӯи маҳиннахдоштаро меҷустанд, то ки имрӯз аз ашёи хоми маҳаллӣ васеъ истифода бурда мешуд. Вале вақте ки дар бораи замин сухан меравад, ҳама бо як овоз мегӯянд, ки 93%-и қаламрави ҷумҳурӣ кӯҳӣ ва 7%-и он ҳамворӣ.

Аввалан ягон нафар исбот накардааст, ки дар Тоҷикистон ин 7 фоизи ҳамворӣ, аз чанд метр баландӣ то кадом баландӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Билфарз 97% кӯҳсор — чарогоҳ гуфтем, чаро бо як комбинати қолинбофӣ, чорвои гусфадпарварии муи маҳиннах доштаро ташкил карда натавонистем. Барои рушд ва нумӯи бофандагӣ, асос ин ашёи хоми мӯина аст. (Инҷо оид ба шахсони то 0,5 миллион сар гӯсфанд дошта, намехоҳам сухан кунам.)

Ташкили ашёи хоми маҳаллии мӯина барои Тоҷикистон ба монанди обу ҳаво зарур аст.

* * *

Каме аз мавзӯъ берун меравем. Дар арафаи сессияи шонздаҳуми таърихӣ ( оид ба ин сессия, ҳар нафаре бо фаҳмиши худ ва ё ба фоидаи худ рафти сессияро шарҳ медиҳад), масъулини мақомоти Ҳукумати вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) барои депутатҳои МН МО ба комбинатҳои шоҳибофӣ ва қолинбофӣ экскурсияҳои истеҳсолӣ ташкил намуданд, ки ин хатогии бузург буд, ҳукумати вилоят, депутатҳои вилоятӣ ва МН МО масъалаҳои асосиро монда бо корҳои дигар машғул шуданд. Депутатҳои МН МО аз комбинатҳо боздид намуда, ба кору фаолияти фабрикаҳо шинос шуданд… Шайтон вазифаи худро бо тамоми томаш иҷро намуд…

Дар натиҷа, роҳбарияти нав ва баъзе аз депутатҳо, ба хулоса омаданд, ки чунин фабрикаҳо дар ҷануби кишвар ҳам сохта шавад, то ки аҳолии маҳаллиро ба кор таъмин намоянд.

Хонандаи азиз! Ин нуқтаи дар боло зикршударо таҳлил намоед…

Вале бо шакар гуфтан даҳон ширин намешавад ва ё маслиҳати хона ба бозор рост намеояд!

Ба ҷои он ки барои сохтани фабрикаи қолинбофӣ дар ҷануби кишвар дастгоҳҳои замонавиро аз хориҷи кишвар биёранд, онҳо дастгоҳҳои кор карда истодаи фабрикаи қолинбофии шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон)-ро кӯчонида ба ноҳияи Данғара бурда насб намуданд.

Сарварии онро Адолат Раҳмонова ба ӯҳдаи худ гирифт.

Ашёи нимхом яъне ресмони қолинбофӣ ва бофандазанҳоро аз шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва ноҳияи Б. Ғафуров, ба ноҳияи Данғара оварда шинонданд, ҳа оварда шинонданд.

Коргарзанҳо чанд моҳ занҳои маҳаллиро омӯзониданд ва фабрикаи қолинбофӣ ба кор даромад… Оқибати фабрикаро, ҳоло дар кадом ҳолат, шуурона нақл намекунам. Вале яке аз суханрониҳои депутатро ба рӯи қоғаз меорам. Шуурона номи он депутатро ном намегирам, мумкин аз суханҳои бо хашм ва ҳасад гуфтаи худ пушаймон бошад. Аз минбари баланди МН МО — органи олии қонунбарор, эълом дошт, ки модарони хуҷандиҳо мансабдор (калоншаванда) мезоянд. Ба депутати маҷлиси намояндагон, чунин суханронӣ шарму нанг аст… Нисбати мардуми дигар минтақа, магар таҳқир нест?!

Чаро имрӯз хомӯш аст? Агар оиди шароити имрӯза сухане гӯяд ҷояш зиндон аст…?!

Хонандаи азиз! Ман маҳалгароиро бад мебинам ва борҳо дар арафаи интихоботҳо, зуҳуроти маҳалгароӣ ва қавмгароиро маҳкум намудаам. Вале инҷо мехоҳам, якчанд арбобони сиёсӣ ва давлатии хуҷандиро барои ҷавононе, ки аз фаолияти кории ин шахсиятҳо огоҳӣ надоранд арз намоям.

Роҳбарони аввал, Бобоҷон Ғафуров, Турсунбой Улҷабоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Махкамов, Раҳмон Набиев, роҳбари аввали вилояти Рифъат Ҳоҷиев ва дигарҳо дар зинаҳои гуногуни партиявӣ ва давлатӣ кору фаолият кардаанд. Дар давраи роҳбарии онҳо, даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар), Истаравшан, Кӯлоб, Конибодом, Турсунзода, Исфара, Ваҳдат, Қайроққум (ҳозира Гулистон), Ёвон, Чкалов (ҳозира Бӯстон), Ҳисор сохта ба истифода дода шуд.

Корхонаи калонтарини ресандагии шаҳри Душанбе, комбинати шоҳибофии шаҳри Хуҷанд, заводи алюминбарории шаҳри Турсунзода “ТАЛКО“, комбинати қолинбофии шаҳри Қайроққум (Гулистон), якчанд НБО-ҳои хурду калон, аз ҷумла НБО-и Норак, ба НБО-и Роғун поя гузошта шуда буд, истихроҷи маъданҳо дар тамоми қаламрави мамлакат ва ғайра.

Дар соҳаи кишоварзӣ ҳам бисёр корҳо ба сомон расонида шуд. Ба монанди канали калони Фарғона, канали бузурги аср — Вахш, ва ғайра ба кор андохта шуда буд, ки дар натиҷа ҳазорҳо гектар заминҳои бекор хобидаи водии Вахш, водии Ҳисор, дар минтақаи Кӯлоб, махсусан дар ноҳияи Данғара ва дар Тоҷикистони Шимолӣ аз худ карда шуд.

Дар Тоҷикистони Шимолӣ, бо воситаи стансияҳои (насосҳои) обкашӣ заминҳои Масчо — дашти Дилварзин, Мирзочули тоҷик (ноҳияи Зафаробод), Ашти калонро аз худ намуда ба кор дароварда шуд.

Кулли маҳсулоти кишоварзӣ афзуда, аҳолии кишварро, бо маҳсулоти экологии тарру тоза таъмин намуда, маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ ба хориҷи кишвар бароварда мешуд. Аз ҷумла маҳсулоти корхонаи консервабарори шаҳри Хуҷанд, аз меваҷоту сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро, то 95 нуқтаи Федерацияи Русия, содир карда мешуд. Ҳатто соли 1980 ҳосили ҷамъоварии пахта ба як миллион тонна расонида шуд.

Аҳолии минтақаҳо бо ҳам дӯст буд ва доимо даст ба даст кору фаолият мекарданд.

Аз Тоҷикистони Шимолӣ, ба водии Вахш, муҳоҷирони меҳнатиро барои обод намудани заминҳои бекорхобидаи водии Вахш оварданд, муҳоҷирон ҳазорҳо гектар заминҳои обёришавандаро аз худ намуда соҳаҳои гуногуни кишоварзиро васеъ намуда, то давраи ҷанги шаҳрвандӣ кору фаолият доштанд.

Оиди ин масъала Азиз Нақибхон ва Додоҷони Атовулло ҳам фикру андешаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуда буданд.

Доктори илмҳои таърих, профессор, Усмонҷон Ғаффоров ҳам борҳо оиди роҳбарони зикр шуда дар нашрияҳо ва дастурамалҳои худ нашр карда буд. Аз ӯ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки оиди шахсони номбаршуда, маводе омода созанд, то ки ҷавонони насли нав баҳрае бигиранд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s