“Пас аз беҳтар шудани муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон — ин ду миллати бо ҳам дӯст ва ҳамсоя — дар Тоҷикистон саноати ресандагии мӯинаро то қадри имкон ба роҳ мондан мумкин аст. Зеро дар дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон мӯи гӯсфанд на дар дохили кишвар коркард мешавад ва на ба хориҷа содир… Дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон корхонаи коркарди нахи синтетикӣ сохта шуда, солҳост, ки кору фаолият мекунад. Бо ин ширкати истеҳсолӣ бояд шартнома баста шавад… Марҳамат даст ба кор шавед!…”
(Яке аз сабабҳои фалаҷшавии саноати бофандагии мӯина (2))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (84)
Лоиқ Шералӣ беҳуда нагуфтааст:
Бегона ба бегона надорад коре,
Хеш аст ки аз паи шикасти хеш.
Боз яке дигар аз вайронкориҳои навбатӣ, кандани дастгоҳҳои фабрикаи панҷуми пашмтозакунии комбинати қолинбофӣ. Ин навбат дастгоҳҳо ба шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) оварда шинонданд.
Аз масъулони дастгоҳи шаҳри Қайроққум ва дастгоҳи вилояти собиқ Ленинобод (Суғд) ягон нафар пайдо нашуд, ки бипурсад, ки чаро ҷои ободро вайрон мекунед? Дар фабрика 25 — 30 нафар коргарон кор мекарданд, бо маҳсулоти тайёр кардаи ашёи хоми муинаи фабрика на танҳо фабрикаи қолинбофӣ, балки сехи коркарди ресандагии фабрикаи “Зарбоф“ ва сехи хусусии ресмони мӯинаи шаҳри Хуҷанд кор мекард, ки дар он корхонаҳо даҳҳо нафар коргарон кор мекарданд.
Дар натиҷаи бефарқӣ, бераҳмии масъулин сехи ресмонбарории “Зарбоф“ ва сехи хусусии ресмонбарории шаҳри Хуҷанд аз кор монд ва коргарон аз як бурда нони худ монданд. Ҳоло дар шаҳри Бохтар, фабрикаи пашмтозакунӣ кор мекунад ё не, ин муҳим нест!
Чаро, пеш аз ҳар як корро анҷом додан, андеша намекунанд, ки оқибат чӣ мешавад, ба манфиати миллат аст ва ё на?!
Дар ин кори ҳадафнок ва ё “шарафнок“, минтақа ва шахс ба назар гирифта шуд…
Вале баъд, аз чанд сол — соли 2014, бо пешниҳод ва супориши раисиҷумҳур Э. Раҳмон, аввалин шуда дар вилояти Суғд, бо кӯмаки мутахассисони Эронӣ ва дохилӣ, қолинбофии дастиро оғоз намуданд.
Барои рушди ҳар як соҳа, бояд қонуниятҳои ташкил намудани истеҳсолотро ба назар гирифт. На ин ки ман мехоҳам, ки дар онҷо фалон кор кунед ва ту агар нангу номуси миллӣ дошта бошӣ ин ё он иншоотро бунёд кунӣ!
Кору фаолият мекунед, он фоидаовар аст ё не, муҳим нест! Муҳим он аст, ки хости ман шавад?!
Дар ташкили ин ё он соҳаи саноат, бояд пеш аз ҳама ашёи хом ва қувваи корӣ (қувваи корӣ аз ӯҳдаи кори пешкашшуда мебарояд ё на!) ба назар гирифта шавад. Вале дар мо ба назар гирифта намешавад…
Дар Тоҷикистон, ҳоли ҳозир ресмони бофандагии мӯина истеҳсол карда намешавад.
Дар яке аз сехҳои қолинбофии дастӣ, дар пешвози раисиҷумҳур, ашёи нимхом, ресмони тайёри ҷумҳурии ҳамсоя Узбекистонро, ки 100% аз нахи синтетикӣ тайёр шудааст, намоишгоҳ ташкил намуда, яъне нишон доданд ва якчанд дегҳои ранг куниро омода сохтанд.
Ҳатто раисиҷумҳурро бовар кунонданд, ки ресмонро бо пӯсти пиёзҳам, ранг мекунанд…Ин намоишкорӣ, хокпошӣ ба кӣ даркор?!
Хулоса, қолинбофии дасти дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Исфара ва дар дигар ноҳияҳои вилоят ташкил карда шуд.
Вале, бо сабаби арзиши аслии ашёи нимхом, (яъне ресмон), қиммати баланд доштан, қолинҳои дастии гуногуни зебо тайёр шуда, харидор пайдо накард.
Ҳамчунин дар шаҳри Қурғонтеппа ҳам (ҳозира Бохтар) бо роҳбарии Ҳоҷи Шариф, сехи қолинбофиро ташкил карданд. Ашёи нимхомро, аз шаҳри Хуҷанд харидорӣ намуданд, нархи қиммат дорад, ба болои он роҳкиро ва харҷи масъуле, ки ба Хуҷанд, омада мебарад, ҷамъ мешавад. Ҳатто се дона гилеми тайёрроҳам аз шаҳри Хуҷанд, харидори намуданд. Яке барои нишон додан ва омухтани коргарзанҳо, зарур мешавад…
* * *
Пас аз беҳтар шудани муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон — ин ду миллати бо ҳам дӯст ва ҳамсоя — дар Тоҷикистон саноати ресандагии мӯинаро то қадри имкон ба роҳ мондан мумкин аст. Чаро? Чунки ҳоло дар Тоҷикистон мӯи гӯсфанд на дар дохили кишвар коркард мешавад ва на ба хориҷа содир. Аз ин лиҳоз мӯи гӯсфанди маҳаллӣ ва миронос, дар Тоҷикистон хеле арзон ва фаровон аст.
Дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон корхонаи коркарди нахи синтетикӣ сохта шуда, солҳост, ки кору фаолият мекунад. Бо ин ширкати истеҳсолӣ бояд шартнома баста шавад. Дар асоси мӯи гӯсфанд ва нахи синтетикӣ, дар якҷоягӣ, барои кулли соҳаи саноати бофандагӣ, ресмон тайёр карда шавад. Муайян намудани миқдори фоизи нахи синтетикиро, роҳбарони корхонаҳо муайян мекунад. Аз 30 — 33% то 70 — 71% ҳамроҳ карда мешавад.
Нахи синтетикӣ, ресмонро мустаҳкам ва сифатнок мекунад, ресмони нахи синтетикӣ ҳамроҳ шударо куя (моль) намехурад.
Ба гилемҳои комбинати Қайроққум то 70 — 71% нахи синтетикӣ ҳамроҳ карда мешуд.
Барои ресмони мӯина, талабот ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар зиёд аст.
Марҳамат даст ба кор гиред, ашёи хом, қувваи корӣ фаровон, кор фармоед, истеҳсол намоед, дар дохили кишвар истифода баред ва ба хориҷи кишвар содир намоед.
Ҳоло ресмони мӯинаро аз кишварҳои Ӯзбекистон, Чин ва Туркия ба бозори шаҳри Хуҷанд оварда фурӯхта мешавад…
Дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он, мутахассисони варзидаи қолинбофӣ хело зиёд, вақтро бой надиҳед, онҳоро истифода баред.
Вақте, ки асл, асос, (ашёи нимхом), тайёр карда мешавад. Чор соҳаи бофандагиро ба роҳ мондан мумкин аст:
1) қолинбофӣ;
2) жемфербофӣ;
3) пайпоқбофӣ;
4) рӯймол ва шарфбофӣ.
Идома дорад