Дидгоҳ

Умуре, ки барои рушди соҳаҳои саноати сабук, аз ҷумла саноати бофандагии мӯина лозим аст

“Барои рушди соҳаҳои саноати сабук, аз ҷумла саноати бофандагии мӯина, лозим аст базаи ашёи хом ташкил шавад, коркарди ашёи хом дар дохили кишвар сурат бигирад, ду фабрикаи ресандагии мӯина, яке дар шаҳри Гулистон, дигаре дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шавад, ба тафтишотҳои бемавриди пай дар пай аз тарафи мақомоти давлатӣ хотима дода шавад, боҷи гумрукии қолинҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда бардошта шавад, пардохти андози истеҳсоли маҳсулоти мӯина аз 30% то 35% муайян карда шавад, дар соҳаи бофандагии мӯина фаолияти индивидуалӣ иҷозат дода шавад, ба соҳибкорони ин соҳа ҳукумати ҷумҳурӣ бояд, кӯмаки амалӣ расонад…”

(Яке аз сабабҳои фалаҷшавии саноати бофандагии мӯина (3))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (85)

Барои рушди қолинбофӣ, пеш аз ҳама, комбинати “Қолинҳои Қайроққум“ ва фабрикаи қолинбофии ноҳияи Данғараро бо тавоногии комил бояд барқарор кард. Чаро? Чунки, бо маҳсулоти ин корхонаҳо талабот ҳам дар дохили кишвар ва хориҷи он вуҷуд дорад.

Яке аз ин корхонаҳо корхонаи “Қолинҳои Қайроққум“ ба шумор меравад, ки ҳоло, қолинҳо маҳсулоти қолинҳо ва палосҳои хушсифатро истеҳсол менамояд. Ҳам талаботи дохилиро таъмин менамояд ва ҳам ба хориҷи кишвар содир карда метавонад.

Қолинбофӣ, на танҳо дар комбинати “Қолинҳои Қайроққум“ ва фабрикаи қолинбофии Данғара, балки дар солҳои охир ба вуҷуд омада сехҳоро ба кор даровардан мумкин аст.

Агар фаолияти қолинбофӣ ба роҳ монда шавад, аввалан сабабгори ҷойи корӣ, сониян андози иловагӣ ва аҳолиро бо маҳсулоти қолинҳои дохилӣ таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин ҳукумати ҷумҳури ният дошт, ки то моҳи сентябри соли 2021, ба рӯзи ҷашни 30 — солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ, дар шаҳри Душанбе, як фабрикаи калони қолинбофӣ, “Қолинҳои Душанбе“-ро сохта ба истифода диҳад. Ин иқдоми нек аст, аввалан зиёда ба 1000 нафар ҷойи корӣ пайдо мешавад. Сониян соле, то 1,5 млн м², қолинҳо ва маҳсулоти қолиниро истеҳсол карда метавонад. Ин фабрика ҳоло дар кадом сатҳ фаолият дорад маълумоти комил дар даст надорам.

Вале ширкати “Қолинҳои Қайроққум“ рӯзи 26 марти соли равон (2022) дар шаҳри Душанбе маркази махсуси тиҷоратии худро кушода ба истифода дод.

Ширкати “Қолинҳои Қайроққум“ аз он рӯзе, ки ба кор шурӯъ кард аз ҷиҳати истеҳсоли қолинҳо ва маҳсулоти қолини дар Тоҷикистон пешсаф аст. То имрӯз дар саро сари Тоҷикистон зиёда 150 нуқтаи фурӯши қолинҳоро дорост.

Дар маркази савдои хонаи қолинҳои Душанбе, шаҳрвандон метавонанд, қолинҳо ва портретҳои қолиниро фармоиш диҳанд ва метавонанд истифода аз сайти Kolin.tj. ва истифода аз заминаҳои “ Бонки Эсхата “ ва “Душанбе Сити“ маблағи харидори шударо пардохт намоянд.

Барои рушди устувори соҳаи бофандагӣ, бояд, фабрикаҳои ресандагии муинаро ба кор андохт.

* * *

Жемфербофӣ. Ташкили сехҳо ва коркарди инфиродии жемфирбофӣ, кори мушкиле нест ва фоидаи зиёде ҳам меорад. Ин соҳа се тарафи хуби дорад:

— аввалан дар дохили ҷумҳурӣ, ҷои корӣ пайдо мешавад;

— сониян, ҳазорҳо долларе, ки барои харидори намудани, ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар, дар дохил мемонад;

— ҷиҳати севуми он, аҳолии ҷумҳуриро, бо маҳсулоти табиии мӯинаи маҳаллӣ таъмин карда мешавад.

Вақте, ки асос, ресмони мӯина тайёр аст, дар тӯли ду се сол, талаботи дохилиро таъмин намудан мушкилие надорад.

* * *

Пайпоқбофӣ. Дар дохили Тоҷикистон, истеҳсоли пайпоқи пахтагин ба роҳ монда шуда, бо дастгоҳҳои замонавии муосир таҷҳизонида шудааст.

Вале пайпоқи мӯина аҳён ба чашм мерасад. Дар аввали солҳои истиқлолият, бо сабабҳои гуногун, шароити зиндагӣ хело вазнин шуд. Аз ин лиҳоз, занҳои ноҳияи Ашт, Истаравшан, Исфара, шаҳри Хуҷанд, шаҳракҳои Адрасмон, Консой ва як қисми аҳолии ВМКБ, аз ҳисоби пайпоқбофӣ, аҳли оилаи худро, аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин намуда, аҳолии ҷумҳуриро бо пайпоқи мӯина таъмин намуданд. Тоҷирон, маҳсулоти тайёрро, ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русияи Федеролӣ, бурда фурӯхта, аз ҳисоби даромади он, тиҷорати минбаъдаи худро барқарор намуданд.

Сехҳои пайпоқбофиро, дар Тоҷикистони Шимолӣ ва ВМКБ, ташкил намуда, дар оянда як фабрикаи жемфирбофӣ ва пайпоқбофиро ташкил кардан мумкин аст.

* * *

Руймол ва шарфбофӣ. Аз ресмони абрешим ва ашёи хоми мӯинаи маҳаллӣ (пашми ангорӣ, пухҳои аз мӯи бузҳои хокистарранг ҷудо карда шуда) руймол ва шарфӣ мӯинабофиро ташкил намудан ба маврид аст.

Ҳоло як намуд, аз мӯи бузи ангорӣ, дар ноҳияи Ашт ва бо миқдори хеле кам, дар ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд, ба роҳ монда шуда, асосан ба аҳолии маҳаллӣ ва ба Русия равона карда мешавад.

Намуди дигари руймоли занонаро, аз шаҳри Оренбурги Русия, ба Тоҷикистон оварда мешавад, ҳол онки, дар ҷумҳурӣ, барои рушди ин соҳа шароит муҳайё аст.

Пухе, ки аз мӯи бузи хокистарранг ҷудо карда мешавад, соҳибкорони Чин, хело талаботи калон доранд. Сабаб: “Дар мамлакати Чин, аз ресмони пухи бузҳои Тоҷикистон, барои бойҳои ҷаҳонӣ як намуди такрор нашавандаи шиму кастюм тайёр карда мешавад, ҳар як бойе, ки дархост мекунад, намуди нав тайёр мекунанд, як намуд дигар такрор намешавад ва хело бо нархи қиммат фурӯхта мешавад.”

Барои рушди соҳаи руймолбофӣ ва шарфбофӣ дар кишвар, ашёи нимхоми ресмони абрешим, мӯи бузи ангорӣ, пухи бузи хокистаранг ва қувваи кории арзон, муҳайё аст.

Танҳо, ташкилкунандаи соҳа зарур буда, садҳо, ҳатто ҳазорҳо коргарзанонро дар ноҳияҳои Ашт, Б. Ғафуров, Истаравшан, Айнӣ, ноҳияҳои гурӯҳи водии Рашт, шаҳраки Адрасмон, ва шаҳри Хуҷандро, ба кор таъмин кардан мумкин аст.

Сехҳои жемфербофӣ, пайпоқбофӣ, руймолбофӣ ва шарфбофӣ дар оғози кор дасти ва бо дастгоҳи сабук бофта мешавад. Ва оҳиста — оҳиста, соҳибкорон сехҳои дастгоҳи ташкил менамоянд.

Дастгоҳҳо на он қадар қиммат буда, аз як ҷо ба ҷои дигар гирифта монда мешавад, хело сабук аст, дар шаҳри С. Петербурги Русия истеҳсол карда мешавад…

Агар хоҳем, ки соҳаҳои саноати сабук, аз ҷумла соҳаи саноати бофандагии мӯина рушди устувор дошта бошад, бояд, ба якчанд нуқтаҳои муҳим, эътибори ҷиддӣ дода шавад:

1) аввалан базаи ашёи хомро ташкил намуд. Яъне дар ҷумҳурӣ парвариши гусфанди  маҳинмуйро (маҳинпашм) зиёд кард;

2) коркарди ашёи хом дар дохили кишвар,  бояд ба роҳ монда шавад;

3) дар асоси коркарди ашёи хоми дохилӣ, ду фабрикаи ресандагии мӯина, яке дар шаҳри Гулистон, дигаре дар шаҳри Душанбе, ки ин шаҳрҳо мавқеи ҷуғрофии қулай доранд, ба роҳ монда шавад;

4) ба тафтишотҳои бемавриди пай дар пай аз тарафи мақомотҳои давлатӣ барои рӯёнидани пайса хотима дода шавад;

5) боҷи гумрукии қолинҳо, маҳсулоти қолини ва либосҳои мӯинаи аз хориҷи кишвар воридшаванда, то андозае бардошта шавад, ки ба маҳсулоти соҳаи бофандагии мӯинаи дохили талабот пайдо шавад;

6) пардохти андози истеҳсоли маҳсулоти мӯинаро аз 30% то 35% муайян карда шавад;

7) дар соҳаи бофандагии мӯина фаолияти индивидуалӣ иҷозат дода ва аз пардохти андоз озод карда шавад;

8) пардохти нерӯи барқ, дар соҳаи саноати сабук, аз ҷумла саноати бофандагии мӯина, 20 — 22 дирам (муодили 2 сент) муайян карда шавад, то ки арзиши аслии маҳсулот ба талабот наздик бошад;

9) яке аз сабабҳои таназзули ин соҳа, гаразиҳои сиёсӣ ва манфиатҳои минтақавӣ буд, ки дар давраи Шӯравӣ сохта шуда саноати ин соҳа, дар давраи истиқлолият рӯ ба нобудӣ оварда расонда шуд;

10) аз Ҳукумати ҷумҳурӣ даъват менамоям, ки минбаъд ба чунин хатогиҳои иқтисодиву сиёсӣ хотима дода шавад, яъне дар минтақаҳои кишвар, истифодаи баробарии буҷаи давлатӣ, шароити мусоиди корӣ ҷорӣ карда шавад;

11) барои рушди устувори ин соҳа шахсоне даст ба кор гирифта буданд, вале аз зери зулми намояндаҳои сохторҳои қудрати ба хориҷи кишвар фирор карданд. Минбаъд ба соҳибкорони ин соҳа ҳукумати ҷумҳурӣ, бояд, кӯмаки амалӣ расонанд.

Саволе пайдо мешавад, ки дар сурати паст кардани пардохти андоз ва арзиши нерӯи барқ, камбудии буҷа аз кадом ҳисоб пур карда мешавад?

Ҷавоб: Аввалан боҷи гумрукии маҳсулоти мӯинаи иловагӣ ворид мешавад, сониян истеҳсолот ба кор медарояд ва ба аҳолии маҳаллӣ ҷои кор пайдо мешавад, ки сабабгори воридшавии андози иловагӣ мегардад.

Агар хоҳед, ки ҳар як соҳаи саноати сабук, аз ҷумла соҳаҳои саноати бофандагии мӯина  рушду нумӯъ кунад, ба соҳибкорони маҳаллӣ озодии комил дода шавад?!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s