Дидгоҳ

Чанд нукта роҷеъ ба саноати дӯзандагӣ дар Тоҷикистон

“Дар давраи Шӯравӣ саноати дӯзандагӣ дар Тоҷикистон хеле рушд карда буд. Дар шаҳри Хуҷанд фабрикаи дӯзандагии рақами 2 кор мекард, ки дар он садҳо занону духтарони маҳаллӣ ба кор таъмин буданд. Ҳоло ин корхона хусусӣ гардонида шуда, фабрикаи дӯзандагӣ ба як сехи кучаки дӯзандагӣ мубаддал гаштааст, ки ба мактаббачагон либос тайёр мекунад. Боқимонда қисми бино ва қаламрави онро тақсим-тақсим ба соҳаҳои гуногун — мебелбарорию кафшергарӣ ва ғайра ба иҷора дода шудааст…”

(Соҳаи саноати дӯзандагӣ (1))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (86)

Мехоҳам чанд нукта оид ба ташкили саноати дӯзандагии Тоҷикистон бигӯям. Корхонаи аввалин, фабрикаи дӯзандагии рақами 2-и шаҳри Ленинобод (Хуҷанд), ки дар соли 1929 сохта шуд, дар оғози кор дар он ҳамагӣ 54 нафар коргар аз ҷумла 25 нафар бонувон кору фаолият мекарданд. Ба ин фабрика 15-уми декабри соли 1930 соҳаи трикотаж ҳамроҳ карда шуд ва корхона номи “Занони озоди Шарқ”-ро гирифт.

Фаолият асосан дастӣ иҷро мешуданд, як қисми коргарон дар хонаҳояшон кор мекарданд. Корхона соли 1930 ба маблағи 160 ҳазор сӯмина (мувофиқи нархи соли 1930), маҳсулот истеҳсол намуд, вале соли 1931 нисбати соли 1930 қариб 3 баробар зиёдтар маҳсулот баровард.

Соли 1935 сохтмони аввалин бинои истеҳсолӣ ба кор даромад. Ва соли 1938 корхонаро пурра бо дастгоҳҳои барқи таҷҳизонида шуд.

10-уми сентябри соли 1939 фабрикаи дӯзандагӣ — трикотажӣ ба ихтиёри Комиссариати халқии саноати сабуки Ҷумҳурии Иттифоқи Сотсиалистии Тоҷикистон гузашт. Соли 1940 фабрика ба дӯхтани шим, навъҳои гуногуни куртаҳои мардонаю занонаро ба роҳ монд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 1945) фабрикаи дӯзандагӣ барои эҳтиёҷоти ҳарбӣ, бо истеҳсоли либосҳои ҳарбӣ машғул шуд. 5-уми марти соли 1960 ба фабрикаи дӯзандагии шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) фабрикаи дӯзандагии Табошар (Истиқлол) ҳамроҳ карда мешавад.

Соли 1971 дар шаҳраки Пролетарск сехи дӯзандагӣ ташкил ёфт, ки барои духтани сару либоси мактаббаччагон вобаста шуд.

Моҳи октябри соли 1933 дар шаҳри Душанбе сохтмони Иттиҳодияи истеҳсолии “50-солагии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ“ оғоз ёфта, аввалин сехҳои он дар биноҳои хурд ҷойгир шуда, ҳамагӣ 300 нафар коргар дар он кору фаолият мекарданд. Ҳар сол фабрикаи тозабунёди шаҳри Душанбе бо маблағи 210 ҳазор сӯмина маҳсулот истеҳсол мекард. Соли дуюми мавҷудияташ 2 сехи дӯзандагӣ ва чанд бинои иловагӣ ҳамроҳ карда шуд. Соли 1941 бинои нави сеошёна ба истифода дода шуд, ки он дорои 2 сехи дӯзандагӣ, сехи либосбурӣ буда, дар сехҳо дастгоҳҳои либосбурӣ ва дӯзандагӣ гузошта шуданд. Ҳамчунин солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои эҳтиёҷоти ҳарбӣ маҳсулот мебаровард.

Соли 1964 дар ҷанубии Тоҷикистон дар заминаи ду фабрикаи дӯзандагӣ фирмаи дӯзандагии “Гулистон” таъсис дода шуд. Ба ҳайати он корхонаҳои асосии саноати дӯзандагии шаҳри Душанбе ва филиали рақами 1 шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) дохил карда мешавад.

Соли 1975 ба муносибати ҷашни 50-солагии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ба ҳайати Иттиҳодияи истеҳсолии дӯзандагии “50-солагии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ“ фабрикаи дӯзандагии шаҳри Норак ҳам дохил карда шуд.

Дар саноати дӯзандагии ҷумҳурӣ сифати маҳсулот сол то сол беҳтар шуда, номгӯи маҳсулоти он меафзояд. Саноати дӯзандагии “50-солагии Иттифоқи Ҷуҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ“ баробари қонеъ гардонидани талаботи ҷумҳурӣ ба дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ низ маҳсулот мефиристонд.

Дар давраи Шӯравӣ саноати дӯзандагӣ дар Тоҷикистон хеле рушд карда буд. Дар шаҳри Хуҷанд фабрикаи дӯзандагии рақами 2 кор мекард, ки дар он садҳо занону духтарони маҳаллӣ ба кор таъмин буданд. Ҳоло ин корхона хусусӣ гардонида шуда, фабрикаи дӯзандагӣ ба як сехи кучаки дӯзандагӣ мубаддал гаштааст, ки ба мактаббачагон либос тайёр мекунад. Боқимонда қисми бино ва қаламрави онро тақсим-тақсим ба соҳаҳои гуногун — мебелбарорию кафшергарӣ ва ғайра ба иҷора дода шудааст.

Соҳаи саноати дӯзандагӣ дар Тоҷикистон бо хусусиятҳои хосси ҷойгиршавии худ аз дигар соҳаҳои саноат фарқ мекунад. Ба ҳар ҳол ин соҳа нисбат ба дигар соҳаҳо фаъолтар ба назар мерасад. Бо вуҷуди он ҳанӯз талаботи дохилиро пурра қонеъ гардонида натавонистааст.

Барои рушду нумӯи он дар дохили ҷумҳурӣ агарчи шароити бештаре фароҳам аст, вале ворид намудани дастгоҳҳои дӯзандагии муосир аз хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони соҳаи дӯзандагӣ, озодии кулл, ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, андози баробарии ҳамсоя кишварҳо, дар тӯли 2 — 3 сол манъи ҷаримабандӣ ва пардохти 20-22 дирам (муодили 2 сент) нерӯи барқ омили тараққии хубтари ин самт ба шумор меравад. Барои рушди ин соҳа истеҳсоли маҳсулоти матоъи пахтагиро ба роҳ монда шавад, то ки сехҳо ва фабрикаҳои дӯзандагӣ ба маҳсулоти дохили таъмин карда шавад.

Мавриди қайд аст, ки ҳавасмандкунии коргарон низ яке аз сабабҳои пеш бурдани ин соҳа ба ҳисоб меравад, ки дар Тоҷикистон ба ҷои ҳавасмандкунӣ, баракс аз тарафи масъулини сохторҳои давлатӣ мавриди тафтишотҳои пай дар пай қарор гирифтааст…

Дар арафаи сафари кори раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи дуюми июли соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми боздид аз корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Суғдиён“-и корпоратсияи “Сомон Суғд“, аз сарварони корхона оиди шароити корӣ ва музди меҳнати коргарон пурсон шуд. Дар ҷавоб роҳбарони корхона, аз рӯзи аввали кори ба чашми Эмомалӣ Раҳмон хокпоширо оғоз намуданд. Яъне, дар ҷавоб гуфтанд, се вақт бо хӯроки сер ғизо таъмин буда, зиёда 1000 сомонӣ маош пардохт карда мешавад.

Суоле ба вуҷуд меояд? Аввалан, дар кадом корхонаи шахсӣ ва ё давлатӣ дар тӯли 8 соати корӣ се маротиба хӯроки гарм дода мешавад?

Сониян, пас аз рафтани раисҷумҳур, ҳамагӣ 200 сомонӣ маош пардохт намуданд. Вақте, ки коргарон моҳонаи ваъдагиро талаб мекунанд, баҳонае ба пеш меоранд, ки ҳоло Шумо шогирд ҳастед. Чӣ хел шогирд? Онҳо коргарҳои собиқадори ҳамин корхона буданд, танҳо номи корхона иваз шудаасту халос. Ин дар ҳолате, ки камтарини моҳонаи музди меҳнат дар ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонун соли 2020, 400 сомонӣ буд. (Аз 1-уми июли соли 2022 ба 600 сомонӣ боло рафт).

Дар арафаи оғози корхона бо дастгоҳҳои нави дӯзандагӣ корхонаро муҷаҳҳаз намуданд. Вале афсӯс, ки пас аз рафтани раисҷумҳур дастгоҳҳоро ҳам канда гирифта рафтанд. Вале онҳо бехабар, ки миллат аз ин намоишкориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ кайҳо огоҳ аст.

Дастгоҳҳои нави дӯзандагии сайёр аз корхонаи “Сано“ (ҳозира “Суғдиён“) ба монанди мӯъҷиза дар ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд. Боз Аҳмади порина, раисҷумҳур сехи дӯзандагиро мекушояд, пас аз як рӯз дастгоҳҳо ғайб мезананд. Буд на буд…! Аз ин ҳодиса рӯзноманигорони “Радиои Озодӣ“ огоҳӣ меёбанд, зуд ба ҷои сехи дӯзандагӣ омада гузорише таҳия мекунанд ва бо ҳамин дастгоҳҳо ҳам дигар пайдо нашуданд.

Масъулини гиромӣ! Ба чашми миллат хок пошиданро бас кунед! Коргарони фабрикаи либосҳои ҷинсбарории “Сано“ (Суғдиёни ҳозира) ҳоло ба дастгоҳҳои кӯҳна кор карда истодаанд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s