
“Тавлиди маҳсулоти пахтагин ва шоҳӣ (атлас) бо истифода аз пахта ва пилла боис мешавад матоъҳои сунъии хориҷӣ камтар ба кишвар ворид шавад. Шаҳрвандон бояд бо хоҳиши худ либосҳои аз матои дохилӣ тайёршударо харидорӣ намоянд, то саҳми худ барои рушди ин соҳаро гузошта бошанд… Ба писарбачаҳо ва мардон тавсия мешавад, ки либосҳои тобистонаи дар дохили кишвар истеҳсолшударо бештар харидорӣ намоянд. Бо ин васила, маҳсулоти хом ва ҳам маҳсулоти тайёр хуб ба фурӯш меравад ва низ ҷои корӣ пайдо мешавад…”
(Соҳаи саноати дӯзандагӣ (2))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (87)
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон корхонаи “Сано“ (ҳозира Суғдиён)-ро дар тӯли роҳбариаш ду маротиба ифтитоҳ кардааст. Аввалин маротиба дар соли 1993, ки он замон раиси Шӯрои Олӣ буд, ҳамроҳ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдумалик Абдуллоҷон ифтитоҳ кардааст. Ин корхона ҳанӯз дар соли 1992 яъне қабл аз замоне, ки Эмомалӣ Раҳмонов ба унвони раиси Шӯрои Олӣ интихоб шавад, дар майдони 4,26 гектар замин сохта шуда буд. Вале бо сабабҳои гуногуни иқтисодӣ солҳои тӯлони аз кор монда буд.
Чаро имрӯз номаш иваз шуд?
Ҳасан Асадуллозода, корхонаҳои комбинати ордкашии “Қайроққум“, фабрикаи “Посмург“, Автосервиси калонтарини вилояти Суғд, бозори қисмҳои эҳтиётии нақлиёт дар назди ҳамин корхона дар шаҳри Хуҷанд, фабрикаи “Сано“, бозори “ Панҷшанбе “ ва якчанд корхонаҳои дигарро ва ё ба гуфти 22 нафар олимон: тарафдорони вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир 200-250 корхонаи вилояти Суғдро аз худ намуда, корпоратсияи “Сомон Суғд“-ро ташкил намуда ба кор даровардааст.
Инҷо аз мактуби ин олимон ба сайти “ISLOH.TV“ иқтибос меорам:
“… Боз як мисоли равшан аз фаъолиятҳои Шералишо Кабировро қайд накарда наметавонем, (олимон чунин навиштаанд) тахминан аз солҳои 2006 сар намуда, дар гирди як ширкати навтаъсис бо номи “Сомон — Суғд” зиёда аз 200-250 корхонаву бозорҳо ва иншоотҳои тамоман аз фаъолиятмондаи вилояти Суғдро ҷамъ намуда, ба онҳо барои беҳтар намудани фаъолият қарзҳои имтиёзноки “Ориёнбонк”-ро пешкаш ва таъмин намуд, беҳтарин мутахассисонро аз Душанбе ба ин корхонаҳо роҳбар таъин намуда, (такрор менамоям, беҳтарин мутахассисонро аз Душанбе ба ин корхонаҳо роҳбар таъин намуд), дар вақтҳои кӯтоҳтарин ин корхонаҳо ба фаъолияти мунтазами доимӣ корҳои худро шурӯъ намуда, ҳазорҳо одамон соҳиби ҷойҳои нави корӣ гаштанд ва даҳҳо миллион сомонӣ ба бюджети ватани азизамон маблағҳо то имрӯз аз ин корхонаҳо супорида шуда истодаанд…”
Инҷо суоле ба миён меояд, мӯҳтарам олимон, ба гуфти Шумо 200 — 250 корхонаи вилоятро аз худ кунед, аз ҷумла бозори “Панҷшанбе“-ро ва мутахассисонро аз Душанбе роҳбар таъйин кунед, мардуми вилоят чӣ кор кунанд? Каланд гиранд, ё даст ба каланд зананд?!
Дар гузориши хадамоти иттилоотии раисҷумҳур омадааст, ки раҳбарияти ҶСП корпоратсияи “Сомон Суғд“, 180 дона дастгоҳи дӯзандагиро дар корхонаи “Суғдиён“ васлу насб намуда, инчунин коргоҳҳои шустушую пардоздиҳӣ ва рангуборкунии корхона бо дастгоҳҳои замонавӣ омода карда шуда ва дар ояндаи наздик, кор дар ин корхона шабонарӯзи ба роҳ монда мешавад, ки зиёда 1700 нафар коргарон ба кор таъмин карда мешавад. Ҳоло корхона имконияти коркарди солона 8 тонна нахи пахтаро дорад.
Ба истеҳсолот аз ҳисоби коргарон ва мутахассисоне, ки бо сабаби қатъ шудани коргоҳ ба рухсатии дарозмуддат фиристонда шуда буд, зиёда 300 нафари онҳо ба кор ҷалб карда шуд.
Иқтидори лоиҳавии коркарди он ба 12 000 тонна нахи пахта расонда шуда, 350 млн метри мураббаъ мато истеҳсол менамояд, ки аз матоҳои тайёр шуда, корхонаи “Суғдиён“ (собиқ “Сано“ ) либосҳо истеҳсол менамояд.
Вилояти Суғд (собиқ Ленинобод), дар давраи Шӯравӣ, минтақаи пешрафтаи ҷумҳурӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба шумор мерафт. Ҳоло ба провинсия мубаддал гашта, корхонаҳо ва кулли сохторҳои давлатӣ, аз тарафи намояндаҳои боло идора карда мешавад. Аз раисҷумҳур талаб карда шавад, ки ҳарчи зудтар, ба ин беадолатиҳо хотима дода шавад!
Ҳоло корхонаҳои ҶСШК “Зиннат”, КМ “Ҷавонӣ“, ҶСШК “Гулдаст“ ва якчанд корхонаҳои хурд дар шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе, Бохтар, Кулоб, Истаравшан, Конибодом ва қариб, ки дар кулли ноҳияҳо нуқтаҳои дӯзандагӣ, хеле зиёд кору фаъолият мекунанд.
Дар шаҳру ноҳияҳо то 60 -70%-и либоси занона дар дохили кишвар дӯхта мешавад, ки ин амали нек аст. Ҳамзамон қайд намудан зарур аст, ки истеҳсоли маҳсулоти пахтагин ва шоҳӣ (атлас) бо истифода аз пахта ва пилла боис мешавад, ки матоъҳои сунъии хориҷӣ камтар ба кишвар ворид карда шавад.
Минбаъд аҳолӣ бояд бо хоҳиши худ либосҳои аз матои дохилӣ тайёршударо харидорӣ намоянд. Дар натиҷа барои рушди соҳа, саҳми худро мегузоранд.
Муаммоҳое низ, оид ба либоси мактаббачагона ва мардон вуҷуд дорад. Барои писарбачаҳо ва мардон тавсия карда мешавад, ки либосҳои тобистонаи дар дохили кишвар истеҳсолшударо бештар харидорӣ намоянд. Бо ин васила маҳсулоти хом ва ҳам маҳсулоти тайёр хуб ба фурӯш меравад ва низ ҷои корӣ пайдо мешавад.
Идома дорад