Дидгоҳ

Чанд пешниҳод ҷиҳати рушди соҳаи дӯзандагӣ

“Барои рушди соҳаи дӯзандагӣ дар Тоҷикистон, нисбати либосҳои тайёри баччагона, мардона ва занона, ки аз хориҷ ворид мешавад, бояд боҷи гумрукӣ ҳар соле то 5%-10% бардошта шавад, корхонаҳои хурду бузурги соҳаи дӯзандагӣ дар тӯли 2-3 соли аввали фаъолият аз пардохти андоз озод шаванд, назорати органҳои тафтишотӣ манъ шавад, бо кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркия ва Эрон ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад…”

(Соҳаи саноати дӯзандагӣ (3))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (88)

Ҳоло барои таъмини либоси мактаббачагон корхонаҳои дӯзандагие дар тобеияти Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда шудааст, ки либосҳои мактабиро тайёр карда, бо арзиши дилхоҳашон мефурӯшанд. Дар баъзе минтақаҳо хонандагонро маҷбур месозанд, ки аз ҷои муайяне либосро харидорӣ намоянд. Аксари падару модарон аз чунин маҷбурсозиҳо розӣ нестанд, чунки аввалан ба либосҳои мактабӣ нархи хеле гарон гузошта шудааст, сониян, сифати матоъ ва духт паст аст. Масалан, дар ноҳияи Шаҳритус як дона шими 45 сомониро ба 70 сомонӣ маҷбурӣ ба хонандагон фурӯхтаанд…

Мутаассифона, рақобати солим вуҷуд надорад. Вақте ки рақобат нест, пешравӣ ҳам намешавад. Бо вуҷуди доштани рақобати озод арзиши аслии маҳсулот ҳам ҷои худашро мегирад. Барои арзон намудани либоси баччагона аз матоъҳои дар дохили кишвар тайёршуда истифода шавад. То ки либоси баччагона дар дохили кишвар дӯхта ба бозор бароварда шавад.

Давлатҳои Чин, Туркия ва Лаҳистон дар солҳои аввали рушди ин соҳа дар кишварашон нахуст бо шахсони инфиродӣ ва сехҳои майда корро оғоз карданд. Ҳоло ҳам дар ҷумҳурии Чин 60%-и иқтисодиёт ва 80% -и ҷои кориро тиҷорати хурд ташкил медиҳад. Ҳамзамон, барои муқоиса нишон медиҳад, ки тиҷорати хурд одатан дар ҳар семоҳа 36,9 трлн юан аз ҳисоби андоз пардохт менамояд.

Дар ин кишварҳо ҳоло ҳам шакли коркарди корхонаҳои индивидуалӣ давом дорад. Имрӯзҳо ин давлатҳо дар саноати либосдӯзӣ фаъолияти ҷаҳонӣ касб кардаанд.

Дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи дӯзандагӣ, бемории коронавирус COVID-19 шароите ба вуҷуд оварда буд, ки соҳаи дӯзандагӣ дар кишвар рушд ва нумӯ намояд. Чунки ба кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла ба кишвари Чин равуои мардум қатъ шуда буд. Вале бисёри сехҳои дӯзандагӣ дар аввали пайдоши COVID-19 ба дӯхтани ниқобҳо машғул шуданд. Аз рӯи ахбороти шабакаҳои иҷтимоӣ маълум гашта буд, ки матои заруриро аз Покистон харидорӣ намудаанд.

Чаро аз Покистон? Вақте, ки ашёи хоми пахта дар Тоҷикистон рӯёнида мешавад. Фавран фабрикаҳои бофандагиро ба кор дароварда аз ҳисоби истеҳсоли аз матои дохили истифода карда мешуд, магар беҳтар набуд? Дар як муддати кутоҳ ба давлати Итолиё 11 млн ниқобҳо содир намуданд, ки ин мумкин 5 — 6 млн евро қиммат дошта бошад. Пас аз дӯхтани ниқобҳо, дӯхтани либосҳои баччагонаро оғоз намуда, ҳатман монополистҳои соҳаи дӯзандагиро аз монополия намудан манъ карда шавад. Ва дар соҳаи дӯзандагӣ шароити кории баробарҳуқуқӣ ҷорӣ карда шавад.

Бояд дар соҳаи дӯзандагии ҷумҳурӣ рақобати солим ҳукмфармо бошад. Рушди соҳаи дӯзандагӣ, омили ба роҳ мондани дигар соҳаҳои саноати сабук — яъне, аз коркарди пахта оғоз намуда ресандагӣ ва бофандагӣ ҳам дар дохили кишвар рушду нумӯ мекунад, ки ин сабабгори ҷои корӣ ва пур кардани қисме аз буҷаи ҷумҳурӣ мегардад.

Барои рушди ин соҳаи муҳим якчанд нуқтаи назари худро пешниҳод менамоям:

— аввалан, таҷрибаи Чин, Туркия ва Лаҳистонро дар ин соҳа бояд омӯхт;

— боҷи гумрукӣ нисбати кулли либосҳои тайёри баччагона, мардона ва занона, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад, бояд ҳар соле то 5% — 10% бардошта шавад. Чаро? Вақте, ки либосҳои аз хориҷи кишвар ворид шаванда арзиши аслиаш қиммат мешавад, талабот ба либосҳои дохилӣ зиёд мешавад;

— кулли корхонаҳои хурду бузурги соҳаи дӯзандагӣ дар тӯли 2-3 соли аввали фаъолият аз пардохти андоз озод карда шавад ва назорати органҳои тафтишотӣ манъ карда шавад;

— истифодаи қувваи барқ чи хеле, ки дар дигар бандҳо қайд шуд, ба 20 — 22 дирам (муодили 2 сент) муайян карда шавад;

— дар солҳои аввал оиди соҳаи дузандагӣ бо кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркия ва Эрон ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад, то кулли истеҳсоли либосҳои тобистона, мавсимӣ ва зимистона, на танҳо талаботи дохилиро таъмин намояд, балки ба хориҷи кишвар содир карда шавад;

— барои таъмин намудани либосҳои матои ҷинс корхонаи ҷинсбарорӣ бо тавоноиаш ба кор дароварда шавад. Зеро дар бисёре аз кишварҳои дунё матои пахтагини ҷинс фаровон истифода бурда мешавад ва дар дохилу хориҷи кишвар талабот бар он зиёд аст.

Дар интиҳо як масъалае, ки агарчи марбути мавзӯи имрӯза нест, вале зарур донистам, рӯи қоғаз орам. Оиди либосҳои дасти дуввум (кӯмаки башардӯстона) бояд таҷрибаи ҷумҳуриҳои назди Балтикаро истифода намуд. Дар шаҳру деҳот, марказҳои ноҳияҳои ин давлатҳо мағозаҳои фурӯши либосҳои дасти дуввум, аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупоӣ мутараққӣ оварда хело бо нархи арзон ба роҳ монда шудааст. (Ҳар моҳ як маротиба 1 ё 2 рӯз ба 30 — 50 сент ҳар либосе, ки дар мағоза ҳаст фурӯхта мешавад. Камбизоатҳо ва коргарон бо нархи хеле арзон харидорӣ менамоянд. Аз ин рӯ, аз ҳисоби либосҳои кумаки башардустона ва тоҷирон, сарватмандон хоҳиш кард, ки либосҳои изофагии худро тоза карда, ба дӯконҳои дасти дувум оварда супоранд. Зеро сол ба сол сафи камбизоатӣ дар Тоҷикистон афзуда, зиндагии мардум вазнинтару сангинтар шуда истодааст, ҳатто баъзеҳо ба харидани либоси нав шароит надоранд. Ташкилоти хайрия низ метавонад либосҳои дасти дувумро ҷамъоварӣ намуда ва ба мӯҳтоҷон дастрас намояд, чи тавре ки ин гуна иқдомро дар кишварҳои хориҷӣ «ҳилоли аҳмар» барин ташкилотҳо ба ӯҳда гирифтааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s