“Дар вақти кушодашавии корхонаи коркарди пӯст ва истеҳсоли маҳсулоти пӯстии шаҳри Ваҳдат, ба пешвози Президент курткаҳои тайёри чарминро аз бозори “Корвон” харида оварда, нишон додаанд. Ин фиреби натанҳо раисҷумҳур аст, балки фиреби миллат аст…”
(Соҳаи коркарди пӯст ва пойафзолдӯзӣ (1))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (89)

Дар давраи истиқлолият бо баҳонаи хусусигардонии истеҳсолот, саноати пойафзолдӯзиро ба пуррагӣ талаву тороҷ карданд. Қариб, ки имкони барқарор карданро надорад.
Чӣ бояд кард?
Пеш аз ҳама ба Ҳукумати ҷумҳурӣ зарур аст, ки коркарди пӯсти моли маҳаллиро ба роҳ монад. Ҳоло ашёи хоми пӯсти молро намояндаҳои Чин бо нархи ночиз, ҳатто пӯсти харро ҳам харида ба кишвари худ бурда истодаанд. Танҳо аз гузаргоҳи Қулма соли 2019 367 тонна пӯстро ба Чин гузаронданд, ҳол он ки ашёи хом (пӯст) асосан бо воситаи қаламрави Қирғизистон ва Қазоқистон ба Чин интиқол дода мешавад.
Ҳоло барои коркарди пӯсти моли ҷумҳурӣ буҷаи давлат қонеъкунанда нест, ҳатто касри буҷа мушоҳида карда мешавад. Аз ин лиҳоз, бояд сармоягузорони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб намуд.
Пеш аз ҳама бояд корхонаҳои коркарди пӯсти шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Бохтар, Данғараро ба кор андохт, ки ин корхонаҳо барои саноати пойафзолдузӣ ашёи нимхом тайёр кунанд, то ки барои истеҳсолоти пойафзолдузӣ бо чарми дохилӣ таъмин карда шавад.
Аз рӯи маълумоти ғайрирасмии ба дасти мо расида, дар вақти кушодашавии корхонаи коркарди пӯст ва истеҳсоли маҳсулоти пӯстии шаҳри Ваҳдат ба пешвози раиси ҷумҳур, курткаҳои тайёри чарминро аз бозори “Корвон” харида оварда, нишон додаанд. Ин фиреби натанҳо раисҷумҳур аст, балки фиреби миллат аст. Корхонаҳое, ки бо супориши раиси ҷумҳур кушода мешавад, ҳатман пас аз якчанд рӯз, моҳ ё сол фаъолияташро қатъ мекунад. Зеро андози баланд ва низ арзиши баланди нерӯи барқ, дар Тоҷикистон намегузорад, ки ягон намуди соҳаи саноат тараққӣ кунад.
Он нишондодҳое, ки дар гузоришҳои Ҳукумати интишор мешаванд, ҳамаи он дурӯғ аст. Ба ҷуз ширкатҳои аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод карда шуда рушд намекунанд, дигар боқимонда ширкатҳо имрӯз ё фардо муфлис мешаванд. Ягона роҳ барои рушди истеҳсолот андоз ва нерӯи барқ боздид шавад…
Чаро? Андозбанддӣ нисбати мамлакатҳои ҳамсоя ду маротиба баланд аст. Нерӯи барқро бо ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 сент мефурӯшем, вале барои пардохти истеҳсолоти худ 6 — 6,5 сент. Кани адолат, ин магар нисбати соҳибкорони худ зулм нест?
Илова бар он, мақомоти тафтишотӣ вақти тафтиш золимона амал мекунанд. Дар натиҷа истеҳсолоти ҷумҳурӣ бо кишварҳои ҳамсоя рақобат карда наметавонад. Барои рушди ин соҳа корхонаҳои коркарди пӯст бояд ба роҳ монда шавад.
Соҳаи яхбаста ба ҷунбиш даромад. Рӯзи 1-уми марти соли 2021 шабакаи Sputnik хабар дод, ки соҳибкорони вилояти Суғд, бо такя, ба таҷрибаи корхонаи пойафзолдузии шаҳри Магнитагоски вилояти Челябинск, аз соли 2020 инҷониб дар шаҳри Исфара корхонаи пойафзолдузии ширкати “Саманд“, бо дастгирии корхонаи зикр шуда таъсис ёфта, фаолият дорад, ки ин фоли нек ва ё хушхабар аст.
Иқтидори истеҳсолоти ин корхона, солона 10 000 ҷуфт пойафзоли гуногун барои кӯдакон ва калонсолон истеҳсол менамояд. Маҳсулоти истеҳсолшуда асосан барои содирот пешбини шудааст. Қариб 80 фоизи пойафзоли тайёр шуда ба Федератсияи Русия содир карда мешавад. Инҷо сармоягузорон аз қувваи кории арзон бурд мекунанд.
Ба ин муносибат дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии корхонаи пойафзолбарории шаҳри Магнитагорск Владимир Волошков гуфтугӯ баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот пешниҳод намуд, ки пойафзолдузони Русия аз ашёи хоми маҳаллӣ истифода баранд ва илова кард, ки талабот ба пойафзол хеле калон аст. Ӯ гуфт, ки танҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар вилоят ҳудуди 600 000 нафар кӯдакон ва наврасон таҳсил мекунанд.
Ҳамчунин роҳбари яке аз бузургтарин корхонаҳои пойафзолдузии шаҳри Магнитагорски вилояти Челябинск дар Русия Владимир Волошков барои ҳамкории минбаъда ва рушди истеҳсолот омодагии худро изҳор дошт ва итминон дод, ки дар оянда дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, рушди истеҳсолот ва зиёд кардани ҷои кори доимӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Инҷо саволе ба миён меояд, ки соҳиби корхонаи пойафзолдузии хусусигардонидашудаи шаҳри Хуҷанд дар куҷо аст? Ё биноро тақсим — тақсим ба иҷора дода дар истироҳат аст?!
Идома дорад