“Соҳаи пойафзолдӯзӣ, ки имрӯз дар кишвар фалаҷ шудааст, барқарор кардани он кори саҳле нест. Нуриддин Саид, ки инак раиси Кумитаи телевизион ва радоист, як замон пешниҳод карда буд, барои кафши мактаббаччаҳо, бо ҳамкорӣ бо ширкати пойафзолдӯзии ҳиндӣ, бояд дар кишвар ширкати пойафзолдӯзӣ роҳ андохта шавад. Банда ба унвони як шаҳрванди кӯчаки Тоҷикистон, пешниҳоди ӯро баҷо медонам…”
(Соҳаи коркарди пӯст ва пойафзолдӯзӣ (2))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (90)

Вақте ки собиқ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид оиди ташкили соҳаи пойафзолдӯзӣ барои мактаббачагон дар ҳамкорӣ бо ширкати пойафзолдӯзии ҳиндиро пешниҳод кард, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби блогерҳо мавриди танқид қарор гирифт.
Агарчи вазифаи асосии ӯ ҳамчун вазири маориф ва илм дуруст аст, ки ба роҳ мондани таълим, тарбия ва илм аст, вале набояд фаромӯш кард, ки ҳар як фарди тоҷикистонӣ метавонад дар ин ё он соҳаи истеҳсолот саҳми худро дошта бошад. Вақте ки пешниҳоди хуб аст, чаро қабул накунем?
Дар шароити кунунии Тоҷикистон пешниҳоди пойафзолдӯзии Нуриддин Саидро банда пешниҳоди саривақтӣ меҳисобам. Чаро? Як ширкати хориҷии ҳиндӣ корхонаҳои коркарди пӯст ва пойафзолдӯзиро ба кор меандозад, ки чанд тарафи мусбат дорад:
— аввалан, ҷои корӣ пайдо мешавад;
— сониян, коркарди ашёи хом (пӯст) дар дохили кишвар оғоз мешавад;
— сеюм каме бошад ҳам аҳолиро бо маҳсулоти пойафзоли дохилӣ таъмин карда мешавад;
— чорум ба буҷаи кишвар андози иловагӣ пайдо мешавад.
Соҳаи пойафзолдӯзӣ, ки фалаҷ шудааст, барқарор кардани он кори саҳле нест. Ҳоло, ки Нуриддин Саид соҳиби мансабу сарват аст, робитаи хуб ба сарвари давлат дорад, барояш амалӣ намуданӣ ин иқдом осонтар хоҳад буд.
Банда як шаҳрванди кӯчаки Тоҷикистон иқдоми ӯро иқдоми нек мешуморам ва дастгирӣ менамоям. Пешниҳод мекунам, ба ҷойи ин ки риёсати Кумитаи телевизион ва радиоро ба дӯши ӯ гузоранд, бояд ба сарварии ӯ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як ширкати пойафзолдӯзӣ роҳ андохта шавад.
Дар яке аз гузоришҳои Радиои Озодӣ суханони таърихшинос марҳум Раҳим Масовро шунидаам, ки мегӯяд: “Масҷид чӣ медиҳад? Чӣ медиҳад? Ба ҷои он ки бигӯяд, масҷид ҷои ибодат, ҷои саҷда, ҷои зикри Худо, ҷои таълиму тарбия, ҷои омӯзиши ахлоқи ҳамида ва ғайра аст…”
Ман мегӯям, ки ба Нуриддин Саид Кумитаи телевизион ва радио чӣ медиҳад ва ё Нуриддин Саид ба Кумитаи телевизион ва радио чӣ медиҳад?!
Ҷойи Нуриддин Саид ширкати пойафзолдӯзӣ аст. Дар тӯли чанд сол ӯ метавонад бо саҳмиягузории ширкатҳои хориҷӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Истаравшан корхонаҳои пойафзолдӯзиро ба роҳ монад.
Дар пештоқи корхонаҳо ширкати пойафзолдӯзии “Нуриддин Саид” навишта мешавад. Истеҳсоли пойафзолро дар дохили кишвар ба миллионҳо ҷуфт расонида мешавад, ки ана инро ман шахси ватандӯсту ғамхори миллат меномам.
Чунин амалҳои некро дар шароити кунунии Тоҷикистон ҳар як шахси доро ташкил карда метавонад. Соҳибкорони фаъоли аввали ҷумҳуриро вазифадор карда шавад, ки дар тӯли 2-3 сол корхонаҳои пӯсткоркуниро ба кор дароранд.
Соҳибкорони суғдиро ҳам ба ин кори манфиатнок ҷалб намудан аз манфиат холӣ нест. Дар натиҷаи пӯсткоркуниро ба роҳ мондан, на танҳо соҳаи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда мешавад, балки сехҳои дӯзандагии пӯстинҳо, нимпӯстинҳо, плашҳои чармин, курткаҳо, пӯстинчаҳои беостин ва ғайраҳоро истеҳсол намуда, ба ҷои ашёи хом (пӯстро) содир намудан, маҳсулоти тайёрро бо нархи арзанда ба дохил ва хориҷи кишвар бароварда мешавад, ки ин ба манфиати миллат аст.
Чунин корҳоро мо бояд аз давраи хусусигардонии саноатҳо ва корхонаҳо оғоз мекардем. Чунки бо сабаби хусусигардонӣ бонкҳои ҷаҳонӣ, ба монанди бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд, бонки Осиёи Рушд, бонки Исломӣ, давлатҳои арабӣ, Эрон, Иттиҳоди Аврупо, Чин, ИМА, Русия, Ҳиндустон ва ғайра хеле грантҳо ва кӯмакҳои калон дода буданд (танҳо дар 6 моҳи аввали соли 2020, 300 — 400 млн доллар кӯмак ва грантҳои бебозгашт ва бефоиз ва ё фоизи кам дошта ворид шуд).
Афсӯс фурсат ва маблағҳоро аз даст додем, вале ҳоло ҳам дер нашудааст, бояд даст ба кор зад.
Дар давраи Шӯравӣ ширкатҳои пойафзолдӯзии инфиродӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд кор мекард, онҳоро ҳам бояд барқарор намуд.
То барқарор намудани корхонаҳои чармкоркунӣ қисмҳои пойафзолҳои мардона, занона ва бачагонаро аз давлатҳои Чин, Русия ва Туркия оварда, дар кишвар пойафзолҳоро тайёр кардан мумкин аст. Мо ба ҳар коре, ки даст мезанем, бояд умед дошта бошем, ҳеҷ гоҳ ноумед шудан лозим не!
Корхонаҳои хурду калони пойафзолдӯзиро, ки дар давраи Шӯравӣ сохта шуда буд, хусусӣ гардонида шудааст. Ба соҳибони онҳо супориш дода шавад, ки пойафзолдӯзиро ба роҳ монанд ва ё иншоотҳои хусусикардаи худро ба давлат баргардонанд.
Ба ҳукумат низ лозим аст, аҳолиро ба ҷои соли дароз ба ҷашнҳои гуногун ҷалб намуда, вақтро гузаронидан ба ташкили ҷои корӣ машғул шавад.
Мисол, соли 2020 ноҳияи Айнӣ дар оростани дастархон ҷои якумро гирифт, дар ҳоле, ки мардуми ноҳияи Айнӣ хӯрдани комили озӯқавориро надоранд!
Дар интиҳои ин мавзӯъ якчанд пешниҳодҳои худро пешкаши Ҳукумат ва миллат мегардонам:
— ҳукумати ҷумҳурӣ ҳарчи зудтар барои омодасозии ширкати пойафзолдӯзии байни фирмаи бисёрсоҳавии Нуриддин Саид, бо ширкати пойафзолдӯзии ҳиндӣ даст ба кор шаванд;
— боҷи гумрукӣ барои ба хориҷи кишвар баровардани ашёи хоми пӯст бардошта шавад;
— баъд аз омода сохтани сехҳо, ширкатҳои коркарди пӯст ва пойафзолдӯзӣ барои ворид намудани пойафзол аз хориҷи кишвар боҷи гумрукии он бардошта шавад, то ки ба пойафзоли дохилӣ талабот пайдо кунад;
— ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорати саноат ва технологияи нав оид ба коркарди чарм ва пойафзолдӯзӣ бо ширкатҳои пойафзолдӯзии Русия, Ҳиндустон, Туркия, Чехия, Олмон ва Дания роҳҳои ҳамкориро ҷустуҷӯ намоянд;
— сехҳо ва фабрикаҳои коркарди пӯст ва пойафзолдӯзӣ дар тӯли 5-7 сол аз пардохти андоз озод карда шавад;
— пардохти арзиши нерӯи барқ ба соҳаи пойафзолдузӣ ба 20 — 22 дирам ( муодили 2 сент ) муайян карда шавад.