Дидгоҳ

Ба фикри арзон намудани билети ҳавопаймо бошем!

“Раисҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ роҳҳои арзон намудани билетҳоро ҷустуҷӯ намоянд. Дар кишвар мизоҷон хеле зиёд аст. Вале ба лиҳози гарон будани нархи билетҳо, қисме аз мизоҷон аз шаҳрҳои Самарқанд, Тошканд ва аз шаҳри Ӯши Қирғизистон, ба шаҳрҳои Қазоқистон ва Русия парвоз мекунанд, ки ин каме бошад ҳам асъори хориҷии кишварро ба берун рафтан сабаб мешавад ва ин ҳолат каме бошад ҳам ба буҷаи давлатӣ таъсири худро мерасонад…”

(Вазъи ногувори соҳаҳои нақлиёти кишвар (1))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (91)

Соҳаи нақлиёт ҳам яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисодӣ буда, дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон роли муҳимро мебозад.

Бар яко-яки мо маълум, ки дар давраи истиқлолият ин соҳа аз тарафи мансабдорон бо роҳҳои гуногун ғорат карда шуд. Гуфтан мумкин аст, ки ҳар се соҳаи нақлиёт, ба ҷои рушду нумӯ, фалаҷ шуд. Махсусан соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, автомобилӣ ва барқӣ (троллейбус).

Соҳаҳои нақлиёти Тоҷикистон ба се соҳаи асосӣ ҷудо мешавад:

1) Соҳаи нақлиёти ҳавоӣ;

2) Соҳаи нақлиёти роҳи оҳан;

3) Соҳаи нақлиёти автомобилӣ.

Ҳоло аз аввалӣ шурӯъ мекунем:

1) Соҳаи нақлиёти ҳавоии кишвар аз ду ширкат иборат аст: яке, давлатӣ “Тоҷик Эйр“, дигаре, хусусӣ “Сомон Эйр“.

Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр“, ки бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ хеле фалаҷ ва муфлис шудааст, бозсозӣ ва аз тарафи давлат ба кӯмак намудан ниёз дорад. Чаро?

Чунки ҳавопаймоҳои фарсудашуда истифода бурда мешавад. Чунин ҳолат барои мизоҷон хеле хатаровар аст. Дар вақтҳои парвоз ва ё дар шаҳрҳои кишварҳои Қирғизистон ва Русия, борҳо аз камбудии техникӣ зуд-зуд эълон мекарданд ва соатҳои тӯлонӣ мизоҷон дар фурудгоҳҳо интизори парвоз мешуданд, ин аз як тараф. Аз тарафи дигар барои парвози шаҳрвандон бо чунин ҳавопаймоҳо хеле хатаровар аст. Ҳар шаҳрванде, ки хоҳ ӯ шахси оддӣ бошад, хоҳ ӯ масъули баландпоя, бехатарии онҳоро дар назари аввал гузошта шавад.

Аз ин лиҳоз ба Ҳукумати ҷумҳурӣ зарур аст, ки дар наздиктарин вақт дар ширкати “Тоҷик Эйр“, навсозии ҳавопаймоҳоро гузаронида, ҳавопаймоҳои нав харидорӣ карда шавад.

Хушхабар моҳи декабри соли 2022 ширкати “Тоҷик Эйр“ аз пардохти андоз озод карда шуд, ки ин кори хайр аст.

Яке аз муаммои имрӯза гаронии нархи билетҳои хатсайрҳои ҳавоӣ аст.

Бояд сарварони ширкатҳо роҳҳои арзон намудани билетҳоро ҷустуҷӯ намоянд. Дар ҷумҳурӣ, мизоҷон хеле зиёд аст. Вале аз лиҳози қиммат будани нархи билетҳо, қисме аз мизоҷон аз шаҳрҳои Самарқанд, Тошканд ва аз шаҳри Ӯши Қирғизистон, ба шаҳрҳои Қазоқистон ва Русия парвоз мекунанд, ки ин каме бошад ҳам асъори хориҷии кишварро ба берун рафтан сабаб мешавад ва ин ҳолат каме бошад ҳам ба буҷаи давлатӣ ҳам таъсири худро мерасонад.

Байни ду ширкати ҳавопаймоӣ рақобати солим дошта бошад, на душманӣ, зиддият, балки бо ҳамдигар дӯстӣ, муҳаббат дошта бошанд. Ба яке сӯзишвории арзон, ба дигаре қиммат, ба яке шаҳрҳо ва давлатҳои сермизоҷон, ба дигаре акси он ва ё истифодаи баробари фурудгоҳ ва ғайра.

Ширкати хусусии “Сомон Эйр“-и Ҳасан Асадуллохзода, ширкати ҳавоии бузурги Тоҷикистон ба шумор рафта, аз ҳавопаймоҳои гуногуни “Бойинг”-ҳо ташкил меёбад. Аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ, дар оғози фаолият ин ширкат аз ҳисоби пули барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҷамъоваришудаи миллат, ду ҳавопаймоӣ “Боинг“-ро харидорӣ намуда ба кор шурӯъ намудааст. Аз ҷумла банда ҳам ду аксияи НБО-и Роғунро харидорӣ намудаам: яке, 5000 сомонӣ, дигаре, 100 сомонӣ. Инҷо маълум мешавад, ки банда саҳмияи худро на ба НБО-и Роғун, балки ба ширкати “Сомон Эйр“ харидорӣ намудаам.

Ҳамчунин, на танҳо ҳавопаймоҳо бо пули миллат ва давлат харидорӣ шудааст, балки фурӯши билетҳои ҳавопаймо ҳам, зери зердастони Тахмина духтари Эмомалӣ Раҳмон буда, чӣ хеле, ки мехоҳанд ҳамон хел нарх мегузоранд…

Ин ширкат дар арафаи СOVID-19 хатсайрҳои Душанбе ба шаҳрҳои Русия, ки нархи билети ҳавопаймоҳо аз 40 000 то 70 000 рубли русӣ расида буд, зери тасарруфи худ гирифта буд. Яъне танҳо ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр“ парвоз мекард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ барои дарёфти билет то сафорати Тоҷикистон муроҷиат мекарданд…

Ҳатто ба ширкатҳои русӣ дар вақти СOVID-19 иҷозат дода нашуд, ки муҳоҷирони меҳнатии солҳои сол азияткашидаро ҳар чи зудтар ба назди падару модар ва фарзандонашон бирасонанд…

Ин дунё ба ҳамаатон мерасад, ҳамаатон аз як оила ҳастед, молу дунёатон изофагӣ мекунад, пас аз Шумо ҳам боз мемонад. Танҳо ба мусофирони миллати худ, зулм кардед, ҳоло зулм карда истодаед!

Нархи билетҳои ҳавопаймоҳои Тоҷикистон нисбат ба арзиши билетҳои ҳавопаймоҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, хеле баланд буда, ин нисбати миллати худ зулм аст.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s