“Ин роҳи оҳан дар се этап сохта шавад: этапи якум аз Душанбе то кони ангишти Фон-Яғноб, этапи дуюм аз Фон-Яғноб то тангии Шаҳристон ва этапи сеюм аз ноҳияи Шаҳристон ба воситаи шаҳри Истаравшан, шаҳракҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов то шаҳри Хуҷанд… Барои сохтани ин роҳ тендер эълон шавад ва кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва дигар кишварҳо иштирок намоянд… Хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Хуҷанд на танҳо роҳи молу коло, мусофиркашонӣ, балки роҳи сайёҳӣ, истироҳатӣ-фароғатӣ мешавад…”
(Вазъи ногувори соҳаҳои нақлиёти кишвар (2))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (92)

2) Соҳаи роҳи оҳан: Давлати мо, ки кишвари кӯҳӣ аст, сохтани роҳи оҳан дар он кори саҳле нест. Аз ин лиҳоз бояд роҳҳои сохташударо оқилона истифода бурд.
Дар давраи истиқлол гуфтан мумкин аст, ки нақлиёти роҳи оҳани кишвар бо пуррагӣ фалаҷ шуд. Аз ҷумла дар вилояти Суғд. Албатта роҳи оҳани шаҳри Душанбе — Кӯлоб сохта ба истифода дода шуд, бо ин ки самаранок истифода бурда намешавад.
Дар соли 2004‐ум банда бо раиси вақтии вилояти Суғд, Қосимҷон Қосимов, вохӯрӣ доштам. Дар ин вохӯрӣ асосан масъалаҳои иқтисодӣ — сиёсӣ, аз ҷумла оиди хатсайри роҳи оҳани Хуҷанд — Москва, андешаҳои худро пешниҳод намуда будам. Хушбахтона бо пешниҳоди дигар бародарон ва масъулини ҳукуматӣ хатсайри Конибодом — Самара — Конибодом ташкил карда шуд, ки он ҳам аз манфиат холи набуд.
Аз он пешниҳоде, ки карда будам, чанд соле сипарӣ шуд, вале хатсайри Хуҷанд — Москва ташкил карда шуд. Дар ташкили ин хатсайр кадом шахсе ва ё гурӯҳе набошад, ман эҳтиром қоилам ва ҳамчун шахсони миллат дуст, ғамхор ба миллат меҳисобам. Чаро?
Чунки барои муҳоҷирони меҳнатии вилояти Суғд хеле сабукии калон аст ва каме бошад ҳам роҳҳои тиҷоратӣ ба роҳ монда мешавад, маҳсулоти кишоварзие, ки дар вилоят ҷамъоварӣ карда мешавад, ба Қазоқистону Русия бо роҳи оҳан бурда мешавад, ки ин ба шароити зиндагии қисмате аз аҳолии вилоят роли муҳимро мебозад.
Мутаассифона дар давраи СOVID-19 нақлиёти роҳи оҳан боздошта шуд… Вале боз аз шаҳри Хуҷанд, ба воситаи ғарбии қаламрави Ӯзбакистон ва Қазоқистон то шаҳри Волгоград фаолиятро оғоз кард, ки ҳамчунин бо ин хатсайр — хатсайри Душанбе — Волгоград ҳам ҳаракат мекунад.
Аз ин лиҳоз беҳтар мешуд, ки қатораи шаҳри Хуҷанд бо воситаи шаҳрҳои Тошканд, Туркистон, Оқтеппа, Оренбург ва Самара ҳаракат мекард. Барои беҳтар шудани хатсайри қатора, бояд талош варзид, барои мо ягон нафари қазоқ ва ё рус талош намеварзад. Бояд ҳар як миллат дарди худро, худ ҳал кунад.
20 июни соли 2022 байни шаҳрҳои Душанбе — Тошканд ва Тошканд — Душанбе қатора ташкил карда шуд, ки асосан аз шаҳрҳои Қаршӣ, Самарқанд, Гулистони Ӯзбекистон мегузарад.
Вале бадбахтона дар вақти эълони хатсайр дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон намуданд, ки хатсайри Душанбе — Тошканд, аз шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Қаршӣ, Самарқанд, Гулистон ва шаҳрҳои вилояти Суғд гузашта ба Тошканд меравад. Дар эълони хатсайр мардумро гумроҳ зада дурӯғ истифода бурда шуд. Дар асл қатора ба шаҳрҳои вилояти Суғд не. Ҳатто ба қаламрави вилоят дохил нашуда ба тарафи Тошканд ҳаракат мекунад. Ин хатсайр танҳо ба манфиати давлати Ӯзбекистон ва мардуми он ташкил карда шуд.
Оиди ин хатсайр борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла ба вазири нақлиёт Азимов муроҷиат кардам, то ки хатсайри Душанбе — Тошканд ба воситаи шаҳри Хуҷанд ба Тошканд ташкил карда шавад. Танҳо бонуе (мумкин корманди вазорат бошад) дар шабакаи иҷтимоӣ ҷавоб дод, ки хатсайри қатораи Душанбе — Хуҷанд ва аз шаҳри Хуҷанд ба Тошканд автобус ташкил карда мешавад.
Чаро ба хатсайри тайёр шаҳри Хуҷандро дохил карда наметавонед? Ва хатсайре, ки даҳ солаҳо имконияти ташкил кардани онро надоред, ваъда медиҳед ва дурӯғ мегӯед?!
Агар ба хатсайри Душанбе, Қаршӣ, Самарқанд, ба ҷои шаҳри Гулистон, Хавост, Хуҷанд, ҳамроҳ карда шавад. Чанд тарафи хуби дорад:
1) Тоҷикистони ҷанубӣ ба Тоҷикистони шимолӣ бо қатора пайваст мешавад;
2) мусофироне, ки ба воситаи нақлиёти автомобили ва самолёт имконияти сафарро надоранд, бемалол бо қатора аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд, аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе ва ҳам, аз Хуҷанд ба Тошканд, аз Тошканд ба Хуҷанд сафар карда метавонанд;
3) аҳолии шаҳри Панҷакент бо воситаи шаҳри Самарқанд бемалол ба шаҳри Хуҷанд бо қатора омаду рафт мекарданд;
4) пас аз ба хатсайр ворид намудани шаҳри Хуҷанд. Ба ташкили хатсайри Душанбе — Хуҷанд ва Хуҷанд — Душанбе зарурияте намемонад;
5) дар сурати ворид намудани шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ чанд соате илова мешаваду халос, метавонед нархи билети байни Душанбе ва Тошкандро тағйир надиҳед;
6) аз ҳисоби шаҳри Хуҷанд ва Панҷакент мусофирон зиёд мешаванд, ки ин тарафи мусбии молӣ дорад;
7) аз масъулини ҳукумати вилояти Суғд хоҳиш карда мешавад, ки оиди масъалаи ба шаҳри Хуҷанд ворид шудани қатораи Душанбе.- Тошканд даст ба кор гиранд.
Якчанд сухан оиди роҳбаладони қатораи Душанбе — Москва. (то давраи СOVID-19)
Роҳбаладон ба ҷои он ки ба ҳолати санитарию — эпидемиологии вагонҳои зер ҳимояи худ, амнияти мизоҷон нигоҳ кунанд, ба ҷои он аз мизоҷон ба болои билети харидашуда, дар бисёр ҳолатҳо, то 5000 рубли русӣ, бо баҳонаҳои органҳои тафтишоти, масъулони гумрук, сарҳадбонӣ ва ғайра пул талаб мекунанд. Дар сурати напардохтани пул, ба сарҳадбонҳо ва ё кормандони гумрук, мусофиронро мефурӯшанд, боз муаммое зиёд мешавад, ки кам не… ҳоло дар кадом ҳолат аст, маълумот надорем.
Пешниҳодҳо ба ояндаи умедбахш:
— ташкил ва сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Хуҷанд, бевосита бо қаламрави худ;
— ин роҳи оҳан дар се этап сохта мешавад:
— этапи якум аз Душанбе то кони ангишти Фон — Яғноб, яъне шаҳри Душанберо бо кони ангишти Фон — Яғноб пайваст намуда, барои таъминнамудани МБГ — и шаҳри Душанбе 1 — 2 ва аҳолии ҷанубии Тоҷикистон бо ангишт таъмин карда мешавад. Дар пайдо шудани зарурият маъданҳои (ашёи хом) коркарди саноати кӯҳии Анзоб ва конҳои тиллои ноҳияи Айнӣ кашонда мешавад;
— этапи дуюм аз Фон — Яғноб то тангии Шаҳристон;
— этапи сеюм аз ноҳияи Шаҳристон ба воситаи шаҳри Истаравшан, шаҳракҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов то шаҳри Хуҷанд сохта мешавад;
— аз кадом нуқтаҳои кӯҳӣ гузарондани ин роҳи оҳанро геологҳо, гидрогеологҳо, картографҳо, топографҳо ва дигар мутахассисони ин соҳа муайян мекунанд;
— ҷинсҳои куҳие, ки дар тӯли, ин роҳи оҳан истихроҷ карда мешавад, ба нуқтаҳои наздик, ба роҳи автомобилгард ҷамъ намуда бо дастгоҳҳои санг майдакунӣ масолеҳи сохтмонӣ шағал, шағал майда ва қум барои конструкцияҳои оҳану бетонӣ тайёр карда ба худи сохтмони роҳи оҳан истифода бурда мешавад. Бақияи онро ба ширкатҳои сохтмонӣ шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб фурӯхта мешавад;
— дар ин роҳи оҳан пулҳо (мостҳо), галереяҳо, нақбҳои хурд, ду нақби асосӣ (аз қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон) ва дар бари он истгоҳҳои зиёде, сохта шуда ба истифода дода мешавад;
— барои сохтани ин роҳ тендер эълон карда мешавад, ки бояд дар тендер кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Иттиҳоди Аврупо Амрико ва дигар кишварҳо иштирок намоянд. Барои иштироки ин кишварҳо бояд вазорати корҳои хориҷӣ ва вазири он корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд, то ки дар тендер иштирок намоянд. Ва ин сохтмонро — сохтмони иншооти аср эълон карда шавад;
— барои беҳтар намудани шароити мусофирони байни шаҳрҳои роҳи оҳани Душанбе — Кӯлоб ва Душанбе — Бохтар хатти барқ гузаронда поезди барқӣ (электричка) ташкил карда шавад.
Ин пешниҳодҳо дар назари аввал иҷро нашаванда менамояд, вале вақте, ки дар ҷумҳурӣ озодӣ, адолат, ҳақиқат, баробарӣ, бародарӣ, бедорӣ ва демократикунонии ҷомеа фаро мерасад, роҳбарон, мутахассисони бо андеша ва додгоҳҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ меоянд, пас сохтмони чунин иншоотҳо ба монанди роҳи оҳани Душанбе — Хуҷанд, гузарондани хатти барқ, байни шаҳрҳои Душанбе — Кӯлоб, Душанбе — Бохтар мушкилие надорад.
Хатсайри роҳи оҳани Душанбе — Хуҷанд, натанҳо роҳи молу коло, мусофир кашонӣ, балки роҳи сайёҳӣ, истироҳатӣ — фароғатӣ мешавад.
Идома дорад