“Яке аз роҳҳои дар давраи истиқлол ба истифода додашуда, роҳи Душанбе — Хуҷанд- Чаноқ мебошад, ки бо 281 млн доллари амрикоӣ тавассути ширкати чинии “Корпоратсияи роҳу пули Чин“ бо пули қарз ва аз худи кишвари Чин бо коргарону мутахассисони чинӣ сохта шуд, ки мумкин чиниҳо пули қарз додаи худро бозгардонда бошанд. Чун ки масолеҳи сохтмонӣ, мутахассис ва коргарон ҳама чинӣ буданд. Аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ хабар шуда буд, ки коргарони чинӣ асосан маҳбусон буда, супориш шудааст, ки то тавонанд, бо занҳои маҳаллӣ издивоҷ ва дар ҳамин кишвар кору зиндагӣ кунанд, ки дар ин сурат аз маҳбусӣ озод мешаванд…”
(Вазъи ногувори соҳаҳои нақлиёти кишвар (3))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (93)

Нақлиёти автомобилӣ: Ин намуди соҳаи нақлиёт дар давраи истиқлолият дар рушди иқтисодиёт бояд роли муҳим мебозид. Вале афсӯс, ки кулли мошинҳои боркаш, автобусҳо ва таксиҳо автобазаҳоро шахсони мансабдори манфиатдор бо нархи ночиз хусусӣ гардонида на ба манфиати миллат, балки ба манфиати шахсии худ истифода бурданд. Дар натиҷа, на автомашинаҳои боркаш монду на автобусҳо ва на таксӣ ҳамаашро фурӯхта нест карданд. Яъне, аз ҳисоби миллат ва давлат шахсҳои алоҳида моликиятдор, заминдор ва пулдор шуданд. Кулли мардуми дар ин соҳа буда бе ҷои кор ва бе як бурда нони хӯрданӣ монд.
Дар хусусигардонидании бераҳмона ва фалаҷ шудани ин соҳа, гунаҳкорони асосӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсони мансабдорони ин соҳаанд…
Ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад, ки ақаллан автобазаҳои автобусҳо ва паркҳои таксиро барқарор намуда, давлатӣ гардонида шавад.
Бояд, қайд кард, ки дар тӯли 30 — 31 сол Ҳукумати ҷумҳурӣ дар аз нав сохтан ва ба сомон овардани роҳҳои автомобилгард кӯшиши зиёде карда истодааст. Вале кулли роҳҳо бо қарз, ин ҳам бошад, аз Чин, ки нияти ғасби кулли ҷумҳуриро дорад. Қарзҳои аз Чин гирифтаро бояд тезтар пардохт, то ки дер нашавад…
Яке аз роҳҳои дар давраи истиқлолият ба истифода дода шуда, роҳи Душанбе — Хуҷанд- Чаноқ, бо 281 млн доллари амрикоӣ, тавассути ширкати чинии “Корпоратсияи роҳу пули Чин“ бо пули қарз ва аз худи кишвари Чин бо коргарону мутахассисони чинӣ сохта шуд, ки мумкин чиниҳо пули қарз додаи худро боз гардонда гирифта бошанд. Чун ки масолеҳи сохтмонӣ, мутахассис ва коргарон ҳама чинӣ буданд.
Аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ хабар шуда буд, ки коргарони чинӣ асосан маҳбусон буда, супориш шудааст, ки то тавонанд, бо занҳои маҳаллӣ издивоҷ ва дар ҳамин кишвар кору зиндагӣ кунанд, ки дар ин сурат аз маҳбусӣ озод мешаванд.
Ба замми ин, боз бо миллионҳо доллари дигар нақбҳои “Истиқлол“ ва “Шаҳристон“-ро сохта ба истифода доданд, ки харҷи сарфшудаи нақбҳоро ҷамъ намоем, ҳамагӣ ба ин роҳ зиёда 300 млн доллар сарф шудааст.
Тоҷикистон ин маблағҳоро бо 2% баҳраи солона ба мӯҳлати 20 сол аз Чин гирифтааст. Давлат ин қарзро бояд бо пуррагӣ то соли 2030 пардохт намояд. Лекин баҳраи қарзи (2020-ро) ҳукумат пардохт карда натавонист ва ба вақти дигар гузаронда шуд…
Вале дар оморӣ соли 2022 омадааст, ки аз қарзи умумии кишвар 30 млн доллар кам шуд, аз инҷо маълум мешавад, ки баҳраи қарз ва аз қарзи асосӣ 30 млн доллар пардохт шудааст.
Инҷо таърихи сохта шудани нуқтаҳои мушкилгузари ин роҳро аз Истаравшан (Ӯротеппа) то Душанбе (Сталинобод)-ро меорам.
Роҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ дар ҷои роҳи дар давраи Шӯравӣ сохташуда бунёд шуд. Агар ин роҳ дар ҷои нав сохта мешуд беҳтар буд, то ки мардуми камбизоат аз ин роҳи тайёр истифода мебурданд. Инчунин қонуни роҳи пулакӣ ҳам инро талаб мекунад, яъне дар бари роҳи пулакӣ бояд роҳи бепул ҳам бошад.
Роҳи Истаравшан — Душанбе аз нуқтаҳои мушкилгузари қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор мегузарад, ки аз соли ташкилёбии Ҷумҳурии Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон, соли 1929 ба нақша гирифта мешавад. Барои сохтмони роҳ аз Русия техникаҳои роҳсозӣ автомашинаҳо, грейдерҳо, катокҳо ва ғайра оварда мешавад.
Ва асосан дар ин роҳ кор аз соли 1933 сар мешавад, ки техникҳо, инженерҳои роҳсозӣ ва садҳо коргарон аз тамоми гушаю канори Шӯравӣ меоянд. Тоҷикон, русҳо, ӯзбекҳо, украинҳо, қирғизҳо, тоторҳо паҳлӯи ҳам истода дар участкаҳои мушкилгузар ва шароити вазнини корӣ — иқлимӣ кор карданд.
Барои обод сохтани ин роҳ 350 тонна маводди тарканда ва то охири кор ҳамагӣ 35 млн пули рубли тиллоӣ харҷ шудааст.
Роҳи Сталинобод (Душанбе) — Ӯротеппа (Истаравшан) 20 августи соли 1935 варианти аввали он, бо дарозии 280 км супорида шуд, ки ин роҳ на танҳо ҷанубу шимолро пайваст кард, балки шаҳрҳои Сталинобод ва Тошканд бо ҳам пайваст шуданд.
Солҳои 60-уми асри гузашта бо миллионҳо рубли Шӯравӣ роҳи асосӣ (капиталӣ) байни Хуҷанд — Ӯротеппа бозсозӣ шуд, ки номи роҳи давлатиро гирифта буд.
Аз инҷо маълум шуд, ки роҳи Чаноқ — Хуҷанд — Душанбе дар ҷои пойдевори тайёр ва нимсохта сохта шуда ба истифода дода шуд.
Аз истифода шудани роҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ, зиёда 12 — 13 сол сипарӣ шуд, аммо то ҳол роҳ бо пуррагӣ обод нашудааст. Яъне байни роҳи Ором (ноҳияи Б. Ғафуров) то маҳаллаи сеюми шаҳри Хуҷанд, пурра сохта ба истифода дода нашудааст. Мумкин қариб 10 км бошад.
Галереяҳои маконҳои фурӯрезии хоку шағал, сангҳои гуногун ҳаҷм ва тармафароӣ то охир сохта нашуд. Ҳар сол сабабгори талафоти даҳҳо ҷонӣ мушоҳида карда мешавад.
Нақби “Истиқлол“ дар тӯли 12 — 13 сол ягон вақт обод набуд ва ояндаи ободиро дорад ё не муаммо аст.
Лекин се маротиба кушодашавии нақби “Истиқлол“-ро бо ҳазорҳо нафар ҷамъомадагони касбҳои гуногун, аз ҷумла хонандагони таҳсилоти умумӣ то навозандаю сарояндаҳои овозадори ҷумҳурӣ, депутатҳою сиёсатмадорон, масъулини ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, вилояти Суғд иштирок доштанд. Ҳатто дар аввалин ҷашни кушодашавии нақби “Истиқлол“, раисони ҷумҳуриҳои ҶИЭ, Маҳмуди Азмадинаҷод ва ҶИА, Ҳомид Карзай иштирок доштанд.
Вале бадбахтона намояндагони МО нашармида дар соли 2010 убуру мурур аз роҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқро бо як қонуни нонавиштаи афсонавии худ, бо як овоз, пулакӣ эълон намуданд. Ҳол он ки дар ҳамшафати роҳи пулакӣ, роҳи иловагии бепулро надоранд, то ки мардуми камбизоат аз он истифода барад.
Ин амали намояндагони МО бар хилофи қонунҳои байналмиллалӣ аст ва аз як тараф каромати мардуми як минтақаро поймол менамояд, аз тарафи дигар, хиёнат ба аҳолии вилояти Суғд мебошад.
Ин зулм аст! Яъне бо забони халқӣ, ғорат кардан ва нописанди ба мардуми бо сабр ва бо фарҳангӣ як минтақа аст.
Идома дорад