“Пешниҳод мекунам: аввалан, пулҳое, ки аз соли 2010 то ба имрӯз ба офшорҳои хориҷӣ гузаронда шудааст, бо пуррагӣ ба буҷаи давлат баргардонда шавад. Сониян, то давлатӣ гардонидани ин роҳ, ин пулҳо ба фоидаи миллат сарф шавад…”
(Вазъи ногувори соҳаҳои нақлиёти кишвар (4))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (94)

Мувофиқи қонуни афсонавии қабул шудаи МН МО масъулияти ҷамъоварии пул аз роҳи Чаноқ — Хуҷанд — Душанберо ширкати офшории IRS-и хориҷӣ бар ӯҳдаи худ гирифт.
Чаро ширкати хориҷӣ?
Инҷо суолҳое пайдо мешавад:
Оё Ҳукумати Тоҷикистон бо қарзи зиёда 300 млн доллари амрикоӣ роҳро сохт, то ки ба ширкати IRS-и ба миллат номаълум муфт диҳад?
Ё аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ, Ҷамолиддин Нуралиев домоди Эмомалӣ Раҳмон дар ихтиёри худ дошта бошад?
Ва давлат ҳар соле 2 % баҳра ва қарзи аз Чин гирифтаро пардохт намояд?
Мардуми Тоҷикистон! Худ як фикру андеша кунед, инҳо ба мардуми худ чӣ кор карда истодаанд?! Роҳро бо қарз созед, қарз ва 2% баҳраро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳад ва пули роҳро ким кадом ширкати хориҷӣ ба офшорҳои худ гузаронад?!
Чаро? Чаро? Чаро?
Ман дарк карда наметавонам, ки онҳо чӣ хоҳанд, то тавоноиашон ба болои мардуми худ зулм мекунанд ва дар сӯҳбатҳои хосса, миллатро масхара мекунанд, ки чи хел хоҳем ҳамонро мекунем. Овозатонро намебороред… Агар овозатонро баровардед ба назди Гулбиддину Боқиру Абдуқаҳҳор ва ё ба назди маҳбусони сиёсии ҲНИТ меравед, дигар рӯзи рушноиро намебинед?!
Дар роҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ 6 плазаи толлингӣ, марказҳои пулчинӣ барқарор карда шуд, ки дар нархгузории аввалин, аз ҳар як мошинҳои сабукрав, дар сурати пурра тай намудани роҳ 59 сомонӣ, мошинҳои категорияи 2 — 188 сомонӣ, мошинҳои категорияи 3 — 493 сомонӣ ва мошинҳои бузург ҳаҷми боркаши категорияи 4 — 590 сомонӣ бояд пардохт намоянд.
Даромади ҳаррӯза зиёда 2 млн сомонӣ буда, солона на кам аз 730 000 000 сомонӣ ҷамъоварӣ мешавад, ки ин пулро аввал бо рубли русӣ, доллар ва еврои ба кишвар воридшудаи муҳоҷирони меҳнатӣ, иваз менамоянд. Пас бо пули рубли русӣ, доллар ва ё евроро харидорӣ намуда, ба офшорҳои хориҷии худ мегузаронанд.
Ба пайвандони муҳоҷирони меҳнатӣ, ба ҷои рубли русӣ, доллар ва евро, бо пули тоҷикӣ (сомонӣ) пардохт менамоянд, ки ин ҳам ғорати муҳоҷирони меҳнатӣ аст.
Мутаассифона бо ҳамин қадар миқдори пул сер нашуданд…
Ва охирҳои соли 2020 нафс зӯри кард ва арзиши пардохти роҳро дар плазаҳо, боло бурданд.
Нархи гузариш аз плазаҳо нисбати арзиши дар боло нишон дода шуда зиёд карда шуд.
Аз ҷумла аз плазаи толлингии “Варзоб“ пардохти мошинаи сабукрав аз 3 сомонӣ то ба 5 сомонӣ ва дар плазаи “Чойрух“ аз 59 сомонӣ то ба 103 сомонӣ боло бурда шуд.
Аз 1-уми январи соли 2021 бо нархгузории нав ронандаҳо пардохтро оғоз намуданд, аз ҷумла ронандагони мошинҳои сабукрав барои сафар дар роҳи Душанбе — Чаноқ, нисбати қабли бештар 44 сомонӣ бо пули нақд пардохт мекунанд. Дар сурати ғайринақдӣ пардохт намудан, тахминан боз 14 сомонии дигар иловатан зиёд мешавад.
Ҳоло бо чунин шакл пардохт карда мешавад:
— мошинҳои сабукрав дар сурати пурра тай намудани роҳ 103 сомонӣ;
— мошинҳои категория — 2, 240 сомонӣ;
— мошинҳои категория — 3, 476 сомонӣ;
— мошинҳои боркаши вазнин 690 сомонӣ пардохт мекунанд.
Ширкати IRS пас аз ворид шудани нархномаи нав аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ соле зиёда 100 млн доллар пул ҷамъоварӣ менамояд. Қисме аз ин маблағ ба кормандони ширкат, барои моҳона ва харҷи техникаҳо пардохт карда мешавад. Ҳоло дар ширкат 800 нафар кормандон дар зинаҳои гуногун кору фаолият мекунанд.
Бидонед ин пули миллат аст, худ аз ин амали ғайри инсонӣ даст бикашед?!
Аввалан, пулҳое, ки аз соли 2010 то ҳол, ба офшорҳои хориҷӣ гузаронда шуда, бо пуррагӣ ба буҷаи давлат баргардонда шавад!!!
Сониян, то давлатӣ гардонидани ин роҳ, дар наздиктарин вақт, аз ҳисоби пули бозпас гардонидашуда ва даромади ҳаррӯзаи роҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ, грантҳо, кӯмакҳои бебозгашт, нақлиёти давлатии автомобилиро ғанӣ гардонида, автобусҳои дохили шаҳрӣ ва байни ноҳиявиро таъмин намуда, бо апаратҳои билетдиҳӣ таҷҳизонида шавад, то мардум аз автобусҳо ва микроавтобусҳои давлатии дохили шаҳрӣ ва байни шаҳрию ноҳиявӣ истифода баранд. Мусофирон бояд, барои беҳбудии хизматрасонӣ ва монеъи мушкилоти пардохтӣ, аз кортҳои пардохти ғайри нақдӣ, шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд васеъ истифода баранд.
Бояд илова намуд, ки дар ҳар намуди нақлиёти шаҳрӣ ва байни шаҳрӣ апарати билет диҳи ҳатмист. (апарат се намуди билетро — яъне билети пурра, панҷоҳ фоиза ва бист фоиза барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ).
Автобазаҳо ва паркҳои таксии дар давраи Шӯравӣ сохташударо барқарор намуда, дар паркҳои таксӣ, дар мадди аввал, аз ҳисоби микроавтобусҳо, автомашинаҳои сабукрави шахсӣ, ки ҳоло ҷалб карда шудааст, ба микроавтобусҳо апарати билетфурушӣ таҷҳизонида ва аз рӯи даромади моҳона, 20% — и даромадро ба ширкат гузаронда шавад (вақте, ки ронанда ба ширкат 20% даромадро мегузаронад, аз гирифтани патент ва ё шаҳодатнома озод аст).
Аз рӯи даромад ҳам ширкат ва ҳам соҳиби мошина андоз пардохт менамоянд (андоз аз рӯи даромад.)
Дар таксиҳо системаи планшет — интернетро ба кор дароварда аз марказ идора карда шавад. Пардохти андоз ба монанди дар боло нишон дода шуда ва дар охири сол ронанда ва ё соҳиби мошина аз рӯи даромади холис, яъне кулли харҷи солона, сӯзишворӣ, равған, таъмир ва ғайраҳоро тарҳ намуда 5% боз андоз пардохт менамояд.
Вале бояд, оҳиста-оҳиста ҳамаи намуди нақлиёти автомобилиро давлатӣ гардонида, ба буҷаи давлат, яке аз соҳаҳои воридкунандаи маблағ ва саҳмгузор табдил дода шавад.
Нақлиёт ягона соҳаест, ки ба монанди дигар соҳаҳои иқтисодӣ, яъне саноат ва кишоварзӣ вақти истеҳсол кардан ва ё ҷамъоварӣ намудани ҳосилро надорад.
Дар сурати дуруст ба роҳ мондани соҳаи нақлиёт, ҳар рӯз ба буҷаи давлат пул ворид мешавад.
Вале барои рушди ин соҳа роҳҳои автомобилгард ҷавобгӯ нестанд.
Бояд роҳҳои дохилӣ ва байни шаҳрию ноҳиявӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ таъмир карда шавад.
Идома дорад