“Барои асфалтпӯш намудани байни роҳи Ашт-Хуҷанд, ки 70 км ба тӯл мекашад, масъулони ноҳияи Ашт аз ҳисоби пули аҳолии ноҳия даст ба кор шуданд. Сохтан ва обод кардани роҳ хеле савоби калон ва амали нек аст, вале ин роҳ таъмири капиталӣ мехоҳад, аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ таъмир ва обод кардани он, хеле мушкил ва ё имконнопазир аст…”
(Вазъи ногувори соҳаҳои нақлиёти кишвар (5))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (95)

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар тақсими буҷа барои роҳсозӣ ба беадолатӣ роҳ додааст. Масалан, роҳҳои ноҳияи Деваштич, шаҳраки Адрасмон ва байни шаҳри Хуҷанд — Ашт гуфтан мумкин аст, ки 70 — 80 фоиз аз кор баромада ва аз давраи Шӯравӣ то ҳол таъмири назаррасро надидааст. Ва бо ин ки борҳо ба нақша гирифта мешавад, лекин бо сабабҳои номаълум буҷа ҷудо карда намешавад. Ҳатто барои таъмири роҳи Хуҷанд — Ашт раисиҷумҳур ҳам дар вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия онро ваъда дода буд.
Дар яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Ашт, ҷамоати “Понғоз“ аз шаҳраки Шайдон (маркази ноҳия) то деҳаи Понғоз, бо роҳбарии марҳум домулло Абдураҳими Понғозӣ мардуми ҷамоати Понғоз бо кӯмаки соҳибкорон ва аҳолии ҷамоат бо тӯли зиёда 15 км роҳи аз давраи Шӯравӣ таъмир надидаро бо сифати аъло асфалтпӯш намуданд. Ин иқдоми некро соҳибкорон ва мардуми Деваштич ҳам дастгирӣ намуда аз ҳисоби пули мардум ҳудуди 18 километр роҳи атрофи Қаълаи Дӯстро таъмир карданд.
Бо ташаббуси масъулони ноҳияи Ашт соли 2022 барои асфалтпӯш намудани байни роҳи Ашт — Хуҷанд, ки тӯли 70 километр дарозӣ дорад, аз ҳисоби пули аҳолии ноҳия даст ба кор гирифтанд.
Сохтан ва обод кардани роҳ хеле савоби калон ва амали нек аст. Вале роҳи байни Ашт ва Хуҷандро, ки 70 километр дарозӣ дорад ин роҳ таъмири капиталӣ мехоҳад, аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ таъмир ва обод кардани он, хеле мушкил ва ё имконнопазир аст.
Аз ин лиҳоз аз масъулин ва раиси ноҳия эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки бори дигар нақшаи таъмири роҳро тартиб дода, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд, то ки ба буҷаи солонаи соли оянда дохил карда шавад.
Ё ки ба созмонҳои кӯмаккунандаи байналмиллалӣ, бонкҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои кӯмаккунанда Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кунад, то ки барои таъмири роҳи байни Хуҷанд — Ашт грантҳо ҷудо намоянд ва бозсозӣ шавад. Нагӯед, кӣ пул медиҳад, Худо хоҳад медиҳанд.
Агар огоҳ набошед, танҳо кӯмаки як Бонки Осиёи Рушдро (БОР) инҷо мисол меорам. БОР аз соли 1998 инҷониб ба ҷумҳурӣ 2 миллиарду 580 млн доллар кӯмаки молӣ кардааст. Аз ҷумла 1 миллиарду 960 миллиони он дар шакли грант ба ҷумҳурӣ ворид шудааст. Танҳо барои роҳсозӣ ба Тоҷикистон созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Чин садҳо миллион доллар қарзу грант ҷудо кардаанд.
Масъулини мӯҳтарам! Хеле хуб мешуд, ки оид ба ҳашари таъмири роҳсозӣ, навори тобистони соли гузашта (2022) дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дода, назар афканед, аз ӯҳдаи таъмири чунин кори бузург — шарафнок баромада метавонед ё не, худатон хулоса бароред!
* * *
Барои каме равшанӣ андохтан аз мушкилии таъмири ин роҳ, инҷо аз мактуби шикоятии як бонуи понғозӣ ба Ислоҳ.тв иқтибос меорам:
Бону чунин шарҳ навиштааст:
“Боз як бало болои мардум омад. Ин таъмири роҳи Ашт — Хуҷанд дар тӯли 70 км аст. Аз бизнесменҳои ноҳия маҷбуран маблағ ҷамъ карданд барои таъмири ин роҳ. Якумин шуда Заробиддин Мамадҷонов 100 000 сомонӣ дод. Ҳоло бошад 1 миллиону 661 000 сомонӣ маблағ ҷамъ намуданд. Ба эҳтимоли зиёд аз ҳар ҷамоат аз мардум маблағ ҷамъоварӣ карданианд… Коргарони ҷамоат бошанд ба масҷидҳо омада аз мардуми мазлум пул ҷамъ мекунанд, барои хариди солдат мегӯянд. (Кадом солдат, аз куҷо мехаранд? Магар солдат харида фурӯхта мешавад?) Аммо дар асл бештари онро ба киссаи худ мезананд. Ин чӣ зулм буд болои мардуми Понғоз: — ба масҷид омада ба газета обуна шав, ба пожарний пул ҷамъ кун, солдат мехарем, ба страховка пул ҷамъ кун. Инҳо ҳамин хел зулм доранд, ки мардум аз масҷид гурезаду наояд… Агар намозхонҳо дар масҷид пул ҷамъ кунанд, барои таъмири роҳ бизнесменҳо пул ҷамъ кунанд, дар мактабу беморхонаву дигар ҷойҳо пул ҷамъ намоянд, ин давлат ба мо чӣ даркор? Давлат ин роҳро бояд аз буҷа обод намояд. Худи пешво дар баромадаш ваъда дода буд. Ин чоплусон аз бизнесменҳо ва мардуми мазлум ҷамъ карда истодаанд…”
Ин бонуи азиз бо дарду алам, дар бораи дигар камбудиҳо ҳам хеле зиёд навиштааст, вале мо бо ҳамин иктифо мекунем.
* * *
Масъулин ва раиси мӯҳтарам! Агар қабул намоед чанд маслиҳати кӯчак, барои ободии ноҳия ва беҳбудии аҳолӣ медиҳам:
1) соҳибкороне, ки тавоноии сохтани сехҳои пахтатозакунӣ (аз чигит), равғанкашӣ, ресандагӣ, бофандагӣ доранд, шароити корӣ пайдо намоед, то ки ҷои корӣ ташкил намуда аз пахта маҳсулоти равған ва матоӣ пахтагиро истеҳсол намоянд;
2) шахсоне, ки қудрати ташкили фермаҳои чорводории молӣ калони шохдорро доранд, замин ҷудо карда диҳед, аввал аз 50 то 100 сар фермаи молӣ калони шохдор (модагов), дар соли дуюм сехи коркарди шир ва дар соли сеюм молӣ калони шохдори гуштӣ ташкил намоянд;
3) шахсоне, ки қудрати ташкили сехҳои коркарди қуттибанкаҳои сабзавоту меваҷотро доранд, ба роҳ монанд;
4) ба соҳибкорон тавсия дода шавад, ки сехҳои оби тоза ва лимонадбарориро ташкил намоянд.
Ба маҳсулоти пешниҳодшудаҳои зикр шуда, аҳолии ноҳия талабот дорад.
Раиси мӯҳтарам! Худи Шумо соҳибкор ва донишманд ҳастед, аз мо дида зиёдтар медонед, ҷои кории хеле зиёд ташкил кардаед, боз ривоҷ диҳед, гӯшти ҷонатон шавад. Ҷои корӣ ташкил намудан ҳам кори ҳама нест. Дар соҳибкорӣ ба соҳибкорон озодӣ диҳед, то ки дар оянда Шуморо бо неки ёд кунанд.
Идома дорад