
“То қадри имкон ширкати “Тоҷик Айр“бо ҳавопаймоҳои навтарини замонавӣ таъмин шавад, бояд нархи билети ҳавопаймоҳои ширкатҳои дохилӣ бо нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоҳои Ӯзбекистон ва Қиргизистон баробар шавад, хатсайри роҳи оҳани Душанбе — Тошканд боздид шавад, ташкили хатсайри роҳи оҳани Душанбе — Хуҷанд — Алмаато- Новосибирскро ҷустуҷӯ намуд, то ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва мардуми муқимии тоҷикони дар Русия буда, ба ҷои роҳи автомобилӣ, аз роҳи оҳан истифода баранд, ба ширкатҳои ҳавоии русӣ баробарҳуқуқӣ дода шавад, то ки арзиши билетҳо баробари ҷумҳуриҳои ҳамсоя бошад, то миҷозон сарсону саргардон нашаванд…”
(Вазъи ногувори соҳаҳои нақлиёти кишвар (6))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (96)
Инак, як кам дар бораи барқарор ва беҳтар намудани нақлиёти дохилии шаҳри Хуҷанд сӯҳбат мекунам:
Барои барқарор намудани нақлиёти мусофирбарии дохилии шаҳри Хуҷанд панҷ сол қабл Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ба Идораи нақлиёти мусофирбарии шаҳри Хуҷанд барои иҷрои тарҳи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ ба мӯҳлати 10 сол ба маблағи 26 млн доллар ҷудо карда буд. Аз ин миқдор 17,5 млн доллари он қарз ва 8,5 миллион доллари он бо тариқи грант дода шуд.
Корхонаи нақлиёти мусофирбарии шаҳри Хуҷанд, аз ҳисоби маблағи нишон дода шуда, дар соли 2018 аз Русия 100 адад автобусҳоро харидори намуда, дар хатсайри нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд ва атрофи он ба кор андохт. Вале автобусҳо зуд — зуд ба кор намебаромаданд. Ва мусофирон соатҳо ба автобусҳо нигарон буданд… Масалан, дар соли 2021, 90 адад автобусҳо, ҳам дар фасли тобистон ва ҳам моҳи декабри ҳамин сол (2021) ба кор набаромаданд, ки донишҷӯён ва коргарони идораю ташкилотҳо ба дарс ва кор дер монданд, эътимоди мусофирон дар оянда ба ин намуди нақлиёт кам шуд.
Вақте, ки нақлиёти шаҳри сари вақт дар вақти нишон додашуда ба истгоҳ расида намеояд, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт мусофирони доими пайдо карда наметавонад ва ширкатро ба муфлис шудан оварда мерасонад.
Барои устувории нақлиёти шаҳрӣ пеш аз ҳама интизомӣ оҳанин зарур аст. Яъне, автобусҳо ба истгоҳҳо дар вақти нишон дода шуда расида биёяд, то ки мусофирон аз як дақиқа, дар ҷадвали нишон дода шуда, зиёд интизор нашаванд.
Сабаби ба хатсайрҳо набаромадани автобусҳоро роҳбарияти шаҳр ва роҳбари лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд Абдуҷалил Бобоҷонов, чунин шарҳ дод, ки аз сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ харҷи ҳаррӯзаро нақлиёти шаҳрӣ бардошта натавониста истодааст.
Ҳоло дар кадом ҳолат аст, ба банда номаълум, агар автобусҳо кор карда истода бошад нур ало нур.
Дар кадом ҳолате набошад, барои устувории хатсайрҳои дохилии шаҳри Хуҷанд чанд пешниҳоде дорам:
1) хатсайрҳо, аз беморхонаи вилоятӣ ва маҳаллаи ҳаштум (соҳили рости дарё) то музейи Б. Ғафуров (дар ноҳияи Б. Ғафуров) бо фосилаи 10 дақиқаи ташкил карда шавад. Аз истгоҳи универмаг бо фосилаи 5 дақиқагӣ ҳаракат мекунад;
2) хатсайри Галамайдон — Фурудгоҳ, бо фосилаи 10 дақиқа ба роҳ монда шавад. Аз истгоҳи Панҷшанбе сар карда то истгоҳи Сомонбозор фосилаи ду хатсайр 3 дақиқагӣ ва як хатсайр 4 дақиқа мешавад. Барои ворид шудани хатсайри Галамайдон — фурудгоҳ, аз рӯбарӯи фурудгоҳ, боз як гузаргоҳ аз роҳи оҳан, ба сӯи фурудгоҳ ташкил карда шавад, то ки автобус, бемалол даромада мусофиронро гирифта баромада тавонад;
3) дар навбати аввал, ҷадвали — вақти ҳаракати автобусҳо дар истгоҳҳои оғоз, Универмаг, Панҷшанбе, Сомонбозор ва дар оянда дар ҳамаи истгоҳҳо вақти ҳаракати автобусҳо нишон дода шавад, то ки мусофирон бидонанд, ки кадом хатсайр, дар кадом вақт меояд. Ронандаҳоҳам ҳаракат кунанд, то ки дар вақти нишон дода шуда, ба истгоҳҳо расида биёянд;
4) корти ғайри нақди дар ду шакл тайёр карда шавад. Яъне, яке аз аввалин истгоҳҳо то автостансияи ноҳия Б. Ғафуров, ки ҳаққи пардохти корт 1,5 сомонӣ. Дигаре, аз аввалин истгоҳҳо, то вокзал ва ё то фурудгоҳ, ҳаққи пардохти корт 3 сомонӣ, ин нишондодҳо шарти буда, роҳбари ширкат метавонад, арзиши харҷро ба назар гирифта тағйир диҳад. Ҳамчунин кортҳо бо шакле таҷҳизонида шавад, ки дар тӯли ним соат аз як автобус ба автобуси дигар гузаштан, дар вақти аз қайди апарат гузаронидани корт боз пул ситонида нашвад. Яъне, аз хатсайри вокзал ба хатсайри фурудгоҳ, савор шудан ва акси он. Масалан аз Галамайдон корти 3 сомониро аз қайд гузаронд, бо ҳамин корт метавонад то фурудгоҳ ва ба вокзал рафта тавонад;
5) ба ғайр аз истифодабарии кортҳо боз апарати хазина васл карда мешавад, ки ронанда аз рӯи ҷадвали пардохти нишон дода шудаи идораи нақлиёти шаҳрӣ дар се намуд билети роҳкироро мефурӯшад. Яъне барои калонсолон 100 % нафақахӯрон ва баробари онҳо 50% ва хонандагонӣ таҳсилоти умумии ҳамагонӣ 20% билет фурӯхта шавад;
6) ҷорӣ намудани интизоми оҳанин, ҳам барои ронандаҳо ва ҳам мусофирон;
7) мусофирон ҳатман аз дари пеш ворид шуда, кортҳои худро аз қайд мегузаронанд, ғайри кортдорон билети роҳкироро аз ронанда мувофиқи, нархи дар ҷадвал нишон дода шуда харидори менамоянд, мусофирони ба нуқтаи худ расида, аз дари дуюм ва сеюм мефароянд. (ба тартибот, то одат кардани мусофирон дарҳои дуюм ва сеюм, пас аз бо пуррагӣ ворид шудани мусофирон аз дари пеш кушода мешавад).
Нақлиёт ягона соҳаест, ки ба монанди дигар соҳаҳои иқтисодӣ, яъне саноат ва кишоварзӣ давраи истеҳсол кардан ва ё ҷамъоварӣ намудани ҳосилро надорад.
Дар сурати дуруст ба роҳ мондани соҳаи нақлиёт, ҳар рӯз ба буҷаи давлат пул ворид мешавад. Вале барои рушди ин соҳа роҳҳои имрӯзаи автомобилгард ҷавобгӯ нест.
Бояд роҳҳои дохилӣ ва байни шаҳрию ноҳиявӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ таъмир карда шавад.
Инҷо мехоҳам якчанд нуқтаро оид ба нақлиёти барқӣ (троллейбуси) шаҳри Хуҷанд ёдовар шавам:
Дар шаҳри Хуҷанд аз солҳои 60-ӯми асри гузашта нақлиёти барқӣ (троллейбус) кор мекард, донишҷӯён ва коргарон бо 5 тин аз як тарафи шаҳр ба чор тарафи он мерафтанд, хонандагони таҳсилоти умумӣ бепул ба мактаб рафта меомаданд.
Мутаассифона дар аввали солҳои истиқлолият, роҳбари корхона бо баҳонаи набудани қисмҳои эҳтиётӣ, камбудии нерӯи барқ корхонаро муфлис карда, оҳиста — оҳиста аввал аз металҳою симҳои дар хазина буда, пас симҳои миси дар хат буда ва сипас троллейбусҳоро майда карда: — банда шоҳиди он ҳастам, ки 3 адади троллейбусҳоро ба Чашмаи 3 оварда майда карда ба металлолом фурӯхтанд. Охирон, бино ва замини парки троллейбусро ҳам тақсим карда буданд, ҳоло дар кадом ҳолат аст, хабар надорам.
Номи роҳбари корхонаро шуурона ёдовар нашудам, чунки дар ҳаёт нестанд, Худо ғариқу раҳмат шоистаи ҷаннат карда бошад!
Ҳукумати наве, ки ба сари қудрат меояд, ин ҳама бесомонию, ғорати моликияти давлатиро дар саро сари ҷумҳурӣ, миллат, аз кӣ талаб мекунад…?
Барои рушд ва нумӯи ин соҳа якчанд пешниҳодҳо дорам:
1) то қадри имкон ширкати “Тоҷик Айр“-ро бо ҳавопаймоҳои навтарини замонавӣ таъмин карда шавад;
2) арзиши билети ҳавопаймоҳои ширкатҳои дохилиро бо ширкатҳои ҳавопаймоҳои Ӯзбекистон ва Қиргизистон баробар кард;
3) хатсайри роҳи оҳани Душанбе — Тошканд боздид шавад, то ки шаҳри Хуҷандҳам ба хатсайр ворид карда шавад;
4) сохтмони хатсайри роҳи оҳани Душанбе — Хуҷанд, бевосита бо қаламрави кишвар, ба барномаи дарозмуддати кишвар дохил карда шавад;
5) ташкили хатсайри роҳи оҳани Душанбе — Хуҷанд — Алмаато- Новосибирскро ҷустуҷӯ намуд, то ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва мардуми муқимии тоҷикони дар Русия буда, ба ҷои роҳи автомобилӣ, аз роҳи оҳан истифода баранд. Дар оғози кор дар як ҳафта 1 ё 2 маротиба;
6) роҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ — ро дар муддати кутоҳтарин давлати гардонида шавад, ягон нафар ва ё ширкат ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки бо пули қарзи миллат сохта шударо, хусусӣ ва ё моли худ гардонад;
7) аз соли 2010 то ҳол пули ба ширкати IRS ворид шудаи роҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ, ба буҷаи давлат баргардонда шавад, чунки, ин моли миллат ва давлат аст;
8) роҳбари ширкати IRS, депутатҳои вақти, ки ба ширкати IRS додани роҳи Душанбе- Хуҷанд — Чаноқ овоз доданд, масъули ҳукумати вақти, барои дида дониста ғорат намудани миллат, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад;
9) хусусигардонидашудаи автобазаҳои автобусҳо, мошинҳои боркаш ва парки таксиҳои дар давраи Шӯравӣ сохта шуда боздид шавад, дар сурати ғорати моликияти давлатии хусусӣ гардонида шуда ва дар самти соҳа, самаранок истифода набурдани он, давлати гардонида шавад;
10) ба автобусҳо ва микроавтобусҳои, хатсайри байни шаҳрӣ ва ноҳиявиро бо апарати билетдиҳӣ таҷҳизонида, аз рӯи даромад, назорат бурда шавад;
11) дар навбати аввал таксиҳои, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷандро бо планшет — интернет таъмин намуда аз марказ идора карда шавад;
12) ба ширкатҳои ҳавоии русӣ, баробар ҳуқуқӣ дода шавад, то ки арзиши билетҳо, баробари ҷумҳуриҳои ҳамсоя бошад, то миҷозон сарсону саргардон нашаванд.
Идома дорад