Дидгоҳ

Чаро дар Тоҷикистон тамоми қувваро ба ҷои ғалладонагӣ ба кишти пахта сарф мекунанд?

“Дар соли 2021, дар Тоҷикистон дар 194 000 гектар замини обӣ ғалла кишт шуд ва 600 000 тонна аз он ғалла ҷамъоварӣ намуданд, ки бо ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ қатъан хеле кам аст… Дар вилояти Хмелнитскийи Украина ҳосилнокии гандум дар соли 2021 ба 65,2 сентнер/гектар ва дар вилояти Киев ҳосилнокии ҷав ба 52,2 сентнер/гектар расонда шуд. Дар яке аз мамлакатҳои кӯчаки собиқ Шӯравӣ, Литва, ки масоҳати он ба 65,3 ҳазор км² баробар буда ва аҳолиаш, 2 662 000 (2021) нафар мебошад, дар соли 2021 6,9 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он 4,6 млн тоннааш ба мамлакатҳои Африқо содир шуд…”

(Чаро дар Тоҷикистон рӯз ба руз сифати хӯрокворӣ пасттар, аммо нарх гаронтар мешавад? (1))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (97)

Саноати хӯрокворӣ яке аз соҳаҳои муҳими комплекси агросаноатӣ ба шумор рафта, дар таъмин намудани аҳолӣ бо хӯрокворӣ ва оқилона истифодабарии замин, захираҳои ашёи хоми кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти агросаноатӣ дар хоҷагии халқ, нақши муҳимро мебозад.

Соҳаи саноати хӯрокворӣ аз соҳаҳои саноати ордкашӣ, равғанкашӣ, консервабарорӣ, қаннодӣ, ширию гӯштӣ, намаки ошӣ, нӯшокиҳо ва ғайра ташкил ёфтааст. Инчунин ба саноати хӯрокворӣ ҳамаи он корхонаҳое дохил мешаванд, ки маҳсулоти тайёр ва нимтайёри ғизоӣ истеъмолиро истеҳсол мекунанд: нон ва маҳсулоти нонӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шириниҳо, панирҳо, равғанҳои истеъмолӣ, нӯшокиҳои спиртдору беспирт, шарбатҳои меваю сабзавот, ғалла ва маҳсулоти ғаллагӣ, меваи тару хушк, чорводорӣ ва маҳсулоти чорво, парандапарварӣ ва маҳсулоти он ва ғайра.

Барқарор ва рушди саноати хӯрокворӣ аз рӯйи нақшаҳои аввалин панҷсолаҳо, яъне панҷсолаҳои 1- ӯм ва 2 — ӯми асри гузашта дар Тоҷикистон оғоз ёфта, аз корхонаҳои нонпазӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Конибодом, Қӯрғонтеппа, Панҷакент ва дар маркази кулли ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохта ба кор андохта шуд. 

Дар давраи саноатикунонӣ (солҳои сиюми асри гузашта) саноати коркарди мева ва истеҳсоли шарбатҳои гуногуни мевагӣ, заводҳои консервабарорӣ рушд ёфтанд, чунки ашёи хом ва қувваи корӣ барои ин корхонаҳо вуҷуд дошт. Дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Регар (Турсунзода), Ҳисор, Янгибозор (Ваҳдат), Ғарм (Рашт), Кӯлоб, Қӯрғонтеппа (Бохтар) Шаҳритус заводҳои машруботи спиртӣ ва корхонаҳои шарбатҳои мевагӣ сохта, ба кор андохта шуда буданд. 

Қарор шуда буд, ки саноати коркарди пахта ба дараҷае расонда шавад, то ки коркарди тамоми чигити пахта дар Тоҷикистон коркард шуда, истеҳсоли равғани пахта ва собун ба роҳ монда шавад.

Дар давраи Шӯравӣ ба соҳаи коркарди равған эътибори ҷидди дода шуд. Комбинатҳои равғанкашии шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Қӯрғонтеппа (Бохтар), Кӯлоб, комбинатҳои ордкашии Қайроқум (Гулистон), Нов (Спитамен), Кофарниҳон (Ваҳдат) ба кор дароварда шуд.

Боз комбинати консервабарории шаҳри Хуҷанд, заводҳои консервабарории “Қистакӯз“, “Исфара“, “Ашт“, ки зиёда 90% -и консерваҳои мевагӣ ва сабзавоти Тоҷикистонро вилояти Суғд (Ленинобод) истеҳсол менамуд.

Танҳо як комбинати консервабарории шаҳри Хуҷанд, бо маҳсулоти истеҳсол кардаи худ талаботи дохилиро қонеъ намуда, ба Қазоқистон ва ба 95 шаҳри Русия, маҳсулоти худро содир менамуд. Ҳоло, ба монанди, як марди, дар роҳ афтида, кору фаолият мекунад.

Каме дертар заводи истеҳсоли нӯшокиҳои оби тоза аз ҷумла заводи истеҳсоли “Оби Зулол“-и Истаравшан, ки ҳоло дар ҷаҳони имрӯза яке аз нӯшокиҳои оби беҳтарин ба шумор меравад.

Мутаассифона баъзе ширкатҳо бо роҳи истеҳсоли пинҳонӣ сифати маҳсулоти паст ба роҳ монда шудааст, ки сифат ва номи (маркаи) “Оби Зулол“-ро паст кардааст.

Аз лиҳози паст ва арзиши баланд доштани маҳсулот боз дубора баъзе корхонаҳо аз кор монданаш мумкин аст. Ба монанди коркарди заводҳои шир, ки ба шароити зиндагии имрузаи мардум нигоҳ кунем, маҳсулоти истеҳсол карда истодаи заводҳои шири хеле арзиши баланд дорад.

Бояд, фермаҳои моли калони шохдор ташкил карда шавад, то ки комбинатҳои шириро бо каме арзиши арзони шир таъмин намояд.

Ҳоло дар вилояти Суғд ширро аз аҳолӣ ҷамъ мекунанд, ки сифат ва ҳолати санитарии он ҷавобгӯ ҳаст ё не?

Мумкин боз комбинатҳои шири дубора аз кор монанд! Чаро? Чунки арзиши маҳсулоти ширӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест, зиндагии мардум хеле паст буда 50-60 фоизи аҳолӣ маҳсулоти шириро харидорӣ карда наметавонанд. Комбинатҳои гӯшт бо пуррагӣ аз байн рафт ва дар ҷои онҳо сехҳои ҳасиббарории хусусӣ кор карда истодааст ва ба замми он дар Тоҷикистон, сехҳои ҳасиббарорӣ хело зиёд ташкил шуд ва махсусан дар вилояти Суғд сехҳои ҳасиббарорӣ зиёд кор мекунад, ки хеле маҳсулоти сифати паст доранд.

Дар соли 2014 як килограмм ҳасиб аз 9 сомонӣ оғоз меёфт, ҳол он ки гӯшти устухондор 28 сомонӣ буд… Худ казоват кунед, ки таркиби чунин ҳасибҳо аз чӣ маҳсулотҳо ташкил ёфтааст.

Комбинатҳои ордкашӣ ҳам, ҳоло ба кор даромад, вале камбудии асосӣ дар кишти ғалла ва истеҳсоли он аст. Инҷо камбудии ҷиддӣ роҳ дода шудааст, комбинатҳои ордкаширо на ба гандуми аз хориҷи кишвар воридшуда, балки бо ғаллаи дохилӣ таъмин карда шавад. Мутаассифона имрӯз зиёда 50 фоизи ғалла аз хориҷи кишвар оварда коркард мешавад. Масалан, ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, дар 11 моҳи соли 2021 ба кишвар бо маблағи беш аз 15,4 млн доллар, 54,5 ҳазор тонна орд ворид шуд, ки дар муқоиса ба нисбати соли 2020 30,2 фоиз кам мебошад. Вале дар ҳамин давра ба кишвар воридоти гандум нисбати соли 2020 3,8 фоиз афзоиш ёфта, беш аз 907,6 тонна гандум ба маблағи зиёда ба 231,2 млн доллар ворид шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон, соли 2021 ба 194 000 гектар замини обӣ ғалла кишт карда шуд ва бо миқдори 600 000 тонна ғалла ҷамъоварӣ намуданд, ки ин бо ҳисоби миёнаи ҷаҳони хеле кам аст. Яъне, дар омор, аз ҳар гектар замини обӣ 34,1 сентнер/гектар ғалла рӯёнида шуд. Масалан, дар вилояти Хмелнитскийи Украина ҳосилнокии гандум дар соли 2021 ба 65,2 сентнер/гектар ва дар вилояти Киев ҳосилнокии ҷав ба 52,2 сентнер/гектар расонда шуд. Дар яке аз мамлакатҳои кӯчаки собиқ Шӯравӣ, Литва, ки масоҳати он ба 65,3 ҳазор км² баробар буда, аҳолиаш, 2 662 000 (2021) нафар аст, соли 2021, 6,9 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ намуд, ки аз он 4,6 млн тоннаашро ба мамлакатҳои Африқо содир кард.

Чаро дар Тоҷикистон тамоми қувваро ба ҷои ғалладонагӣ ба кишти пахта сарф мекунанд?

Эй миллат чаро бедор намешавед, то ки аҳолиро бо маҳсулоти ғалладонагӣ ва дигар маводҳои аввалияи озуқаворӣ таъмин намоед?!

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s