Дидгоҳ

Азобро деҳқонӣ тоҷик кашад, роҳатро кӣ бинад?!

“Барои Ҳукумати Шӯравӣ ашёи хоми пахта зарур буд ва ҳам дар Русия коркард мешуд, аз як тараф ҷои корӣ ва аз тарафи дигар маҳсулоти тайёрро истеҳсол намуда даромади калонро ба даст меоварданд. Субсидияро имрӯз кӣ медиҳад, ки пахтаро кишт карда ашёи хоми пахтаро содир намоем? Азобро деҳқонӣ тоҷик кашад, роҳатро кӣ бинад?!…”

(Чаро дар Тоҷикистон рӯз ба руз сифати хӯрокворӣ пасттар, аммо нарх гаронтар мешавад? (2))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (98)

Дар давраи Шӯравӣ дар Тоҷикистон нисбати зироатҳои ғалладонагӣ пахтаро зиёд кишт мекарданд, вале барои кишти пахта, аз буҷаи марказӣ (ИҶШС ) субсидия дода мешуд. Тоҷикистон дар охирҳои солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҳудуди 2 млрд сӯм (рубль) даромад дошт, вале харҷ 4 млрд сӯм буд.

Давлати Шӯравӣ аз ҳисоби буҷаи марказӣ 2 млрд сӯм ба Тоҷикистон субсидия пардохт мекард, то ки буҷа пӯшонда шавад. Ва ҳам маводи хӯрока ба монанди орд, гӯшт, равған, шакар, сабзовот хеле арзон буд. Як халта орди 50 килограмии навъи якӯм 13 сӯм (ҳоло чанд сомон аст?) 70 килограми 17 сӯм буд, як килограм гӯшт 1,80 — 2 сӯм буд (ҳоло чанд сомон аст?) ва дар дурдасттарин қишлоқҳо бисёри намуди хӯрокаи давлатӣ дастрас буд. (Ҳоло кадом намуди маҳсулоти хӯроквории давлатӣ дастрас аст?)

Вале барои Ҳукумати Шӯравӣ ашёи хоми пахта зарур буд ва ҳам дар Русия коркард мешуд, аз як тараф ҷои корӣ ва аз тарафи дигар маҳсулоти тайёрро истеҳсол намуда даромади калонро ба даст меоварданд.

Субсидияро имрӯз кӣ медиҳад, ки пахтаро кишт карда ашёи хоми пахтаро содир намоем? Азобро деҳқонӣ тоҷик кашад, роҳатро кӣ бинад?!

Маълумоти омории ғалла ва пахтаи ҷамъоварӣ шудаи соли 2020-ро инҷо бо арифметика то андозае ҳисобу китоб мекунем.

Соли 2020-ум ба 190 000 гектар замин пахта кишт карда ҳудуди 400 000 тонна ҳосили пахта рӯёнида мешавад ва ба 194 000 гектар замин ғалла кишт намуда, 600 000 тонна ғалла ҷамъоварӣ карда шуд. (Вале ба ин омор бовар накарданӣ, чаро? Ба саҳро бароед, танҳо кишти пахтазорҳоро мебинед?)

Бо вуҷуди он шарҳ медиҳем, яъне ҳукумати ҷумҳурӣ ва ё соҳибкорон соли 2020 — 2021 аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ашёи хоми пахтаро бо ҳисоби миёна 4,5 сомонӣ харидорӣ намуданд. 1000 кг × 4,5 сомонӣ = 4500 сомонӣ, 400 000 × 4500 =1 800 000 000 сомонӣ (муодили 163 636 363 $) Инҷо даромади деҳқон ба назар гирифта шудааст, на аристократҳое, ки пахтаи бо заҳмат рӯёнидашудаи деҳқонро бо ҳемири харидорӣ намуда даромади калонро ба даст меоранд.

Хариди як тонна ғалла дар соли 2020 — 2021 бо ҳисоби миёна 320 $ буд. 600 000 × 320 = 192 000 000 $ мешавад. Худ муқоиса намоед, аз ҳар як гектар замин, фарқи даромади пахта ва ғаллае, ки дар Тоҷикистон рӯёнида мешавад.

Ба замми он, ба кишти пахта заҳмати деҳқон сӯзишворӣ, поруи минералӣ зиёд сарф мешавад, ки 1 литр солярка 12 сомонӣ, як халта поруи минералӣ 400 — 500 сомонӣ ва оби зиёд ҳам сарф мешавад, ин аз як тараф.

Аз тарафи дигар ба замини кишти ғалла, кишти такрории дилхоҳ кишт карда мешавад, ки бозорро бо маҳсулоти кишоварзӣ пур ва арзонӣ мегардонад.

Бино бо маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ дар майдони 307 ҳазору 567 гектар замин зироатҳои ғалладонагӣ кишт шудааст. Ҷамоварии умумии ҳосил, тибқи гузориши то рӯзи 1 октябр, тақрибан 840 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Ҳосилноки аз ҳар гектар 29, 5 сентнер ҷамовари шуд. Дар омори солона ҷамоварии умумии ғалла 900 000 тонна омадааст.

Инҷо суоле ба миён меояд, ки дар як сол аз соли 2020 ба соли 2021 замини кишти ғалладонагӣ 113 ҳазору 567 гектар зиёд шудааст, ин миқдор замин аз куҷо, аз кадом ҳисоб зиёд карда шуд? Кӣ шарҳ медиҳад? Ё ба изофанависӣ роҳ дода шуд?

Дар солҳои ҳафтодӯми давраи Шӯравӣ маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳиссаи ММД-и кишвар, тақрибан 65%-и маҷмӯи маҳсулоти умумии Тоҷикистонро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил мекард.

Вале ин ҳолат, ин нишондод оҳиста — оҳиста поён рафта, соли 1990 ба 27% ва дар айни замон ба 21% поён фаромадааст, ки дар оянда хатари ҷиддӣ дорад. Лекин аҳолӣ афзоиш дорад. Аз ин лиҳоз таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ба ҷои беҳтар шудан, баъдтар шуда истодааст.

Аҳолӣ айни замон то 65%-и даромади худро танҳо барои ғизо сарф мекунад, дар ҳоле, ки дар кишварҳои пешрафта ин рақам 15% ва дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ 40%. Сабаб: моҳона дар Тоҷикистон камтарин вале нархи маҳсулоти хӯрокворӣ бо мамлакатҳои пешрафтаи Европа баробар аст. Бо чунин хароҷоти ғизо, аҳолии Тоҷикистон ба соҳаи саноати хӯрокворӣ ва кишоварзӣ сармоягузорӣ карда наметавонад, то ки дар оянда таъминоти хӯрокворӣ беҳтар шавад?

Агар фаолияти муҳоҷирони корӣ намебуд, аксари оилаҳо дар Тоҷикистон худро бо ғизои оддӣ таъмин карда наметавонистанд.

Вале дар давраи куруновирус ва ҷанги Русияю Украина, бӯҳрони иқтисодӣ ҷаҳонӣ, ба сари муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам мушкилиҳои зиёде овард ва оварда истодааст, ки дар дигар бандҳо зикр карда будем.

Дар натиҷа бисёри онҳо ба Русия, на ҳамчун муҳоҷирати меҳнатӣ, балки барои зиндагии доимӣ, кӯч баста ва ба дарҳои худ қулф зада, ба дигар кишварҳо рафта шаҳрвандии он кишварро, қабул карда истодаанд.

Мувофиқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия соли 2020 — 63 000 нафар, соли 2021 — 103 681 нафар шаҳрвандии Русияро пазируфтанд, ки ҳаррӯз ба 282 нафари рост меояд ва 96,5 ҳазор нафар ҳуқуқи иқомаро ( ВНЖ ) гирифтанд, ки қисми зиёди онҳо ҳам барои гирифтани шаҳрвандӣ ҳуҷҷатҳои заруриро супоридаанд.

Соли 2022, бо вуҷуди он ки давлати Русия, шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки шаҳрвандии Русияро қабул намуда дар ин кишвар иқомат ва кору фаолият доранд, ба ҷанг даъват намуда истодааст ва аз ҷанг санадеро бо тани беҷон баргардонда истодаанд.

Хабари охирон рӯзи 31 январи соли 2023 дар шаҳри Москва ҳудуди 20 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷику ӯзбекро дастгир намуда ба боздоштгоҳ бурда тафтишот гузаронданд. Шаҳрвандони Тоҷикистоние, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, номнавис шуда огоҳ карда шуд, ки Русияро тарк накунанд. Ҳатто як нафар фарди 63 солаи Тоҷикистониро ҳам ба комиссариати ҳарбӣ даъват кардаанд.

Чанде пеш яке аз мақомоти баландпоя, раиси кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин эълон дошта буд, ки муҳоҷирони тоҷик ба ҷанги Украинаю Русия сафарбар карда шаванд. Бо вуҷуди он шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ дар Русияро нисбати Тоҷикистон беҳтар дониста дар ин соли ҷанги (2022) 174 000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳолати ҷангиро дида дониста шаҳрвандии Русияро қабул карданд? Яке аз ба шаҳрванди Тоҷикистон Дӯстмуҳаммад Тошмамадов дар синни 88-солагӣ ба муносибати рӯзи ғалаба (2022) дар кӯтоҳтарин муддат дар шароити ҷашни ботантана, дар марказӣ мигратсия паспорти русӣ супорида шуд.

Чаро?

Аз ин хабарҳо раиси ҳизби “Адолати Русия“, депутати ДУМАИ ДАВЛАТИИ Русия, миллатгаро Сергей Миронов нороҳат шуда, талаб дорад, ки бо дарназардошти надонистани забони русӣ, таърих ва расму оини миллати Рус то охири соли 2023 додани шаҳрвандии Русия боз дошта шавад. Вале қабул кардани шаҳрвандии Русия, аз тарафи тоҷикистониён давом дорад. Чаро тоҷикистониён шаҳрвандии Русияро қабул доранд? Кӣ ҷавоб медиҳад?

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s