
Паймони Миллии Тоҷикистон вазъияти зилзилазадагони Туркия ва Сурияро пайгирӣ намуда, аз теъдоди зиёди қурбониён ва маҷрӯҳон сахт андӯҳгин гаштааст. Бинобар ин, ба иловаи ирсоли номаи таслият дар рӯзи аввали ин ҳаводис, зарур медонад, ки бори дигар ҳамдардӣ ва тасаллияти хешро ба зарардидагон ва мардуми шарифи ду кишвари Туркия ва Сурия изҳор намояд.
Аз Худованди Маннон барои ҷонбохтагон раҳмат, барои маҷруҳон шифои комил ва ба бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем.
Паймони Миллии Тоҷикистон аз ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони худ даъват мекунад, ки барои кӯмак ба зарардидагони ин ҳодисаи дилхарош тамоми талоши худро анҷом диҳанд.
Паймони Миллии Тоҷикистон
11.02.2023
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо