Дидгоҳ

Масъулини мӯҳтарам! Чаро дар тӯли 30-31 сол натавонистед аҳолиро бо ғалла таъмин намоед?

“Дар мамлакатҳои Европа, Америкаи Шимолӣ, Австралия, Чин ва чанд давлати дигар, аз 1 гектар замини кишти гандум то ва зиёда 7 тонна гандум рӯёнида мешавад. Ба масъулини кишвар суоле медиҳам: чаро дар тӯли 30-31 сол технологияҳои пешрафта ва тухмиҳои ҳосилнокро истифода ва таҷриба намегузаронед, то ки ба монанди кишварҳои Аврупою Амрико ва як қатор кишварҳои дигар аҳолии худро бо ғалла таъмин намоем? Чаро аз пайи истеҳсоли ғалладонагӣ, таъмини аҳолӣ ва бо маҳсулоти чорводорӣ, паррандапарварӣ намешавед?..”

(Чаро дар Тоҷикистон рӯз ба руз сифати хӯрокворӣ пасттар, аммо нарх гаронтар мешавад? (3))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (99)

Дар арафаи аввалҳои истиқлолият, қариб, ки кулли соҳаҳои саноати хурокворӣ хусусӣ гардонида шуд. Пас аз хусусӣ гардонидан, саноати хӯрокворӣ пай дар пай барҳам хӯрд.

Чаро?

Сабаби асосиаш, дар вақти хусусӣ гардонидани ин соҳа шахсони ғайри мутахассис ва аз боло таъйиншуда бо арзиши ночиз харидорӣ намуда соҳиб шуданд, саноати кор карда истода рӯз ба рӯз суръати кориаш паст шуда, дастгоҳҳо фарсуда шуд ва бо миқдори зарурӣ ашёи хоми аввалия истеҳсол ва ба корхонаҳо ворид карда нашуд.

Мебоист аз ҳисоби даромади корхона соҳаҳои саноати хурокворӣ оҳиста — оҳиста бо технологияи нав ва бо дастгоҳҳои замонавӣ таҷҳизонида мешуд, чунин кор дар ягон соҳа гузаронида нашуд, балки ба ҷои бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонидан, дастгоҳҳои замони Шӯравиро то тавонистанд, ҳамчун металлолом ба мамлакати Чин фурӯхтанд ва ҳоло ҳам соҳибони корхона ва масъулини ҳукуматӣ бедор нашудаанд…

Дар натиҷа аввал заводҳои ширӣ, пас комбинатҳои гӯштӣ, ордкашӣ, сониян консервабарорӣ аз кор монд. Танҳо заводҳои равғанкашӣ каме аз ҳисоби пумбадона кор мекард, ӯ ҳам бо пуррагӣ набуд ва хеле сифати паст дошт, ки мардум шикоят мекарданд.

Соли 1991 вақте, ки истиқлолияти нисбӣ ба даст омад, аҳолии Тоҷикистон 5 401 000 нафар буд. Ҳоло, 14-уми феврали соли 2023 аҳолӣ ба ҳудуди 10 106 000 нафар расидааст, яъне, дар тӯли 30 — 31 соли истиқлолият аҳолӣ қариб 4 705 000 нафар афзуд.

Бо баробари афзудани аҳолӣ, мебоист масъулин аз пайи ташкили ҷои корӣ ва ғами таъмини озуқаворӣ ва ҳалли истеҳсоли он дар дохили Тоҷикистонро меҷуст.

Аммо, фақат бо суханҳои холию пуч шиками мардумро пур карда, то ба ин ҳолати бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва махсусан озуқаворӣ оварда расониданд.

Вақте, ки орду гӯшт қиммат шуд, бедор нашудем, вақте равғану шакар қиммат шуд бедор нашудем, вақте сӯзишворӣ ва роҳкироро қиммат карданд забонамонро газидем, соли 2020 картошка ва соли 2021 сабзи (бехӣ) то 15 сомонӣ боло рафт, овозамонро ҳеч додрасе нашунид.

Дар даҳрӯзаи аввали моҳи марти соли 2022 нархи як халта орди 50 килограмӣ аз 325 то 350 сомонӣ ва дар баъзе ноҳияҳо то 480 — 500 сомонӣ боло рафт.

Чи бояд кард?

Бояд дар дохили кишвар ҳалли ин масъалаҳоро ҷустуҷӯ намуд.

Бояд кишти галладонагиро зиёд кард!

Чаро дар фасли тирамоҳ, кишти ғалладонагиро зиёд накардед? Сабаб чист?

Фасли баҳори соли 2023 барои миллати тоҷик фасли бедорӣ, фасли озодӣ бошад! Ба деҳқонон дар соҳаи кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва дигар зироатҳои аввалияи даромаднок озодӣ дода шавад!

Бо асал гуфтан даҳон ширин намешавад!

Деҳқонӣ ҳам меҳнати ҳалол ва заҳмат мехоҳад.

Дар ҷумҳурӣ барои кишти ғалладонагӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, маҳсулоти озуқавории дохилиро зиёд намудан якчанд омилҳо фаро расидааст, то ки масъулин ба сари миз бишинанд:

1) дар натиҷаи шароити вазнини иқтисодӣ, нарасидани техникаи кишоварзӣ, боло рафтани нархи поруи минералӣ ва сӯзишворӣ, бисёри хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамагӣ то 15 сентнер ва ё аз ин ҳам камтар пахта рӯёнида истодаанд, ки ин барои хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор зараровар буда умри замин зоя рафта истодааст;

2) сабаби дигар, паҳншавии бемории даҳшатовари вируси куруно СOVID-19 дар кишвар ва ҷаҳон, мушкилиҳоро эҷод намуд. Аз ин лиҳоз Ҷумҳурии Қазоқистон, яке аз содиркунандаи ғалла, содироти онро ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва ҳам ба Тоҷикистон кам кард. Яъне, ҳар моҳе ба 200 000 тонна поён овард. Ҳол он ки танҳо як худи Тоҷикистон, ба ғайр аз ғаллаи дохилӣ, ҳар моҳе то ба 100 000 тонна ғалла талабот дорад;

3) моҳи феврали соли гузашта ( 2022 ) байни Русияву Украина ҷанг оғоз шуд, ки ин ҷанг аввалан ба содироти ғалла монеъ шуд, сониян ба кишти мавсимии соли 2022 — 2023 дар Русия ва Украина хеле зарари калон расонд;

4) Ҷумҳурии Қазоқистон дар даҳрӯзаи аввал моҳи феврали соли 2023 бо пуррагӣ содироти сӯзишвориро қатъ кард, ки ин ҳам ба соҳаи саноати хӯрокворӣ бетаъсир намемонад.

Инҷо барои муқоиса ва каме андеша рондан, чанд кишвари пешсафи аз ҷиҳати ҳосилнокии кишти ғалла, миқдори ҷамъовари шуда ва содироти он дар мавсими солҳои 2020/2021-ро мисол меорам.

Аз ҷиҳати ҳосилнокӣ:

1. Германия аз ҳар як гектар замини кишти гандум то 7,53 тонна истеҳсол кард;

2. Фаронса — 6,8 тонна аз ҳар гектар;

3. Миср — 6,4 тонна аз ҳар гектар;

4. Чин — 5,7 тонна аз ҳар гектар.

Кишварҳои пешсаф, аз ҷиҳати миқдори истеҳсоли гандум:

1.Чин, 2. Ҳиндустон, 3. Русия, ки дар соли мавсимии 2020/2021, 42 фоизи истеҳсоли гандуми ҷаҳонро ҷамъоварӣ намуданд.

Кишварҳои асосии содиркунандаи гандум дар соли мавсимии 2020/2021:

1. Русия — 39,5 млн тонна;

2. Иттиҳоди Аврупо — 27,5 млн тонна;

3. Канада — 27,0 млн тонна;

4. ИМА — 24,0 млн тонна;

5. Австралия — 19,5 млн тонна.

Чи хеле, ки дар боло зикр кардем дар мамлакатҳои Европа, Америкаи Шимолӣ, Австралия, Чин ва чанд давлати дигар аз 1 гектар замини кишти гандум то ва зиёда 7 тонна гандум рӯёнида мешавад.

Ба масъулини кишвар суоле медиҳам: чаро дар тӯли 30-31 сол технологияҳои пешрафта ва тухмиҳои ҳосилнокро истифода ва таҷриба намегузаронед, то ки ба монанди кишварҳои Аврупою Амрико ва як қатор кишварҳои дигар аҳолии худро бо ғалла таъмин намоем?

Чаро аз пайи истеҳсоли ғалладонагӣ, таъмини аҳолӣ ва бо маҳсулоти чорводорӣ, паррандапарварӣ намешавед?

Боз ба Шумо чанд соли дигар лозим аст, ки на аз пайи худ, балки аз пайи миллат шавед?

Ҳосилнокии гандум дар Тоҷикистон дар заминҳои обӣ аз ҳар гектар тақрибан 25 — 35 сентнер ва дар заминҳои лалмӣ 10 — 12 сентнерро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон то соли 60-уми асри гузашта, бе ягон техника, бо хар ва барзагову асп ғалларо кишт, парвариш ва ҷамъоварӣ намуда ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна содир мекард. Дар арафаи солҳои ҷанг ва бад аз ҷанг, ҳатто ғалларо то ба Русия мефиристонд.

Бухорои Шарқӣ, яъне, Тоҷикистони Ҷанубӣ, яке аз минтақаҳои асосии истеҳсолкунандаи ғалла ба ҳисоб мерафт. Яъне, Тоҷикистон худашро бо ғалла таъмин менамуд ва ҳам содир мекард.

Дар тӯли 60 сол, Тоҷикистони содиркунандаи ғалларо, ба воридкунанда табдил дода шуд.

Дар солҳои охир боз як муаммои дигар пайдо шуд, ки ин норасоии асъори хориҷӣ. Соҳибкорон барои харидори намудани ғалла аз хориҷи кишвар, асъори хориҷиро дастрас карда наметавонанд.

Бо ҳисоби миёна барои таъмин намудани аҳолии кишвар бо ғалла соле 470 000 — 480 000 доллар зарур аст. Вақте, ки аҳолиро бо ғаллаи дохилӣ таъмин мекунем, 470 000 — 480 000 доллар дар дохили кишвар мемонад ва ба дигар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ сарф карда мешавад.

Барои таъмин намудани соҳибкорон бо асъори хориҷӣ, се роҳ дорад:

— якум, баргардондани асъори хориҷии воридшуда аз хориҷи кишвар, ба соҳибони аслии он яъне ба муҳоҷирони меҳнатӣ;

— дуюм, давлатӣ гардонидани роҳи Душанбе – Хуҷанд — Чаноқ; (инҷо суоле пайдо мешавад, ки роҳ ба асъори хориҷӣ чӣ дахл дорад, сабаби ба муҳоҷирони меҳнатӣ бозпас нагардонидани асъори хориҷӣ ана ҳамин роҳ аст. Яъне асъори хориҷии воридшудаи муҳоҷирони меҳнатиро бо пули сомонии ҷамъоваришудаи ҳамин роҳ иваз намуда, ба офшорҳои хориҷӣ мефиристонанд);

— сеюм, ширкатҳое, ки аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод карда шудааст, бекор кардани қонуни онҳо.

Сабаби асосии камчин шудани (касри) асъори хориҷӣ ана ҳамин се роҳ аст. Чаро?

Асъори хориҷие, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия, Европа ва дигар кишварҳо ба ҷумҳурӣ интиқол медиҳанд, ҳамаи он асъори хориҷии ба кишвар воридшуда, бо пули сомонии ширкати хориҷии IRS ҷамъоварӣ карда шуда ва дигар ширкатҳои наздик ба оила иваз шуда ба офшорҳои хориҷӣ интиқол дода мешавад!

Яке, аз мисоли равшан, “Рӯзи 15 октябри соли 2022  масъулини сохторҳои қудратии ҷумҳурии Қирғизистон, дар қишлоқҳои сарҳадии Чилгазӣ (Тоҷикистон) ва Қаробек дар қаларави Қирғизистон, 2 миллиону 750 ҳазор доллари амрикоиро дар нақлиёти шаҳрванди Қирғизистон боздошт ва мусодира намуданд. Ва дар рафти тафтишот маълум гашт, ки пули боздоштшуда ба шаҳрванди Тоҷикистон, Зоир Соҳибов тааллуқ дошта, аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол додааст.“

Чунин рӯйдодҳои ғайри легалӣ дар тӯли 4-5 соли охир, хеле зиёд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки ҳама аз як нуқта оғоз меёбад.

Хонандаи азиз! Худ андеша ва таҳлили худро бикоред!

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s