“Лукашенко соли 2022 дар маҷлиси ҳукуматӣ ғалларо ба тилло ва нефт баробар карда супориш дод, ки кишти мавсими баҳориро дар тӯли 10 рӯз ба охир расонанд ва ҳукуматро вазифадор кард, ки соли 2022 — 9 000 000 тонна ғалла, 5 000 000 тонна лаблабуи қанд, 700 000 тонна рапс истеҳсол карда шавад. Дар сурати 9 млн тонна истеҳсол намудани ғалла дар ин кишвар ба ҳар як нафар аҳолӣ 1 тоннаги ғалла рост меояд. Барои Белорусия соли 2022 аз ҷиҳати ҷамъоварии ғалладонагӣ соли бобарор омад. Дар ҳамсоя кишвараш ҷанг бошад ҳам, соли 2022 зиёда 9 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ карда шуд. Александр Лукашенко ҳам диктатор аст. Вале мардак, ҳамчун президент ба миллаташ кор кардааст…”
(Чаро дар Тоҷикистон рӯз ба руз сифати хӯрокворӣ пасттар, аммо нарх гаронтар мешавад? (4))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (100)

Дар давраи истиқлолияти кишвар аввалан қисме аз заминҳои обёришаванда аз кор баромаданд ва қариб, ки заминҳои кишт кушода нашуданд. Вале солҳои охир мувофиқи омори давлатӣ, барои ба кор даровардани заминҳои аз кор баромада 750 млн доллар зарур аст, ки ҳукумат қудрати аз буҷа бо пуррагӣ ҷудо кардани онро надорад…
Бояд дар вақташ грантҳои бебозгашт, дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ баробар тақсим карда мешуд, вале масъулини ҳар соҳа, аз рӯи хостаҳои худ, лоиҳаро тартиб медиҳад ва тақсим мекунад? То он вақте, ки давлати иҷтимоӣ барқарор намешавад, пули грантҳо ва буҷа ба ҷояш рафта намерасад, норасоии озуқаворӣ ва адолати иҷтимоӣ дар байни минтақаҳо ҳалли худро намеёбад.
Ба фикри банда, бояд, пеш аз ҳама, масъулини ҳукумати ҷумҳурӣ, барои таъмини аҳолӣ, бо маҳсулоти тозаи экологии кишоварзӣ ва бо сифати баланди табиӣ истеҳсол намудани он, барномаи кутоҳ муддат ва дарозмуддати кишоварзӣ — озуқавориро омода менамуд. Вале ин кор нашуд?
Аз масъулини вилояти Суғд даъват менамоям, бедор шавед, ҳаққи ҳалоли миллатро аз ҳукумати марказӣ талаб намуда, даст ба кишти ғалладонагӣ, маводи аввалияи зироатҳои кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ бизанед, то ки як халта орди навъи якуми 50 килограми ба 400 — 500 сомонӣ, як килограм картошка ба 10 сомонӣ, як килограм пиёз ба 15 сомонӣ баробар нашавад?!
Инҷо як роҳбари ҷумҳурии собиқ Шӯравиро мисол меорам: президенти Белорусия А. Лукашенко соли 2022 дар маҷлиси ҳукумати ғалларо ба тилло ва нефт баробар карда супориш дод, ки кишти мавсими баҳориро дар тӯли 10 рӯз ба охир расонанд. Обу ҳаво барои кишти баҳори хело мувофиқ аст. Ва Ҳукуматро вазифадор кард, ки соли 2022 — 9 000 000 тонна ғалла, 5 000 000 тонна лаблабуи қанд, 700 000 тонна рапс истеҳсол карда шавад. Дар сурати 9 млн тонна истеҳсол намудани ғалла дар ин кишвар ба ҳар як нафар аҳолӣ 1 тоннаги ғалла рост меояд.
Барои Белорусия соли 2022 аз ҷиҳати ҷамъоварии ғалладонагӣ соли бобарор омад. Дар ҳамсоя кишвараш ҷанг бошад ҳам, соли 2022 зиёда 9 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ карда шуд.
Александр Лукашенко ҳам диктатор аст. Вале мардак, ҳамчун президент ба миллаташ кор кардааст. Саноати Шӯравӣ то ҳол кор мекунад, соҳаи кишоварзии пешрафтаро дорад, ҳам маҳсулоти саноатӣ ва ҳам маҳсулоти кишоварзиро содир мекунанд. Мардуми Белорус то соли 2020 ба ҷои кор ва маҳсулоти кишоварзӣ — озуқаворӣ таъмин буд. Ҳатто имрӯзҳо ба санксияҳои иқтисодӣ мутаваҷҷеҳ шудааст. Бо вуҷуди он маҳсулоти хӯроквориро бо роҳҳои гуногун ба мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо мебарорад. Яке аз роҳҳояш ба мамлакатҳои Полша, Литва ва Латвия сарҳадашро кушод, мардуми ин кишварҳо бемалол даромада мебароянд. Аввалан маҳсулоти хуроквориаш харидор пайдо мекунад, сониян миллионҳо евро асъори хориҷӣ ворид мешавад. Танҳо аз кишвари Литва соли 2022 зиёда 400 000 евро ворид шудааст.
Мисоли дигар як халта поруи минералӣ дар Тоҷикистон 500 сомонӣ аст. Вале кишвари Белорусия поруи минералиро содир карда наметавнад. Чунки асоси маҳсулоти “Белорус калий“ бо роҳи оҳани Литва то бандари шаҳри Клайпеда бурда, пас аз ин бандаршаҳр ба мамлакатҳои Европа ва Африқо содир карда мешуд. Аз ин ҳисоб Литва ҳам 65 млн евро даромад дошт. Вале корхона, ки ба рӯйхати таҳримҳои ғарбӣ ворид шуд, Литва маҷбур шуд, то ки воридоти поруҳои минералӣ ва дигар маҳсулоти истеҳсоли Белорусиро қатъ намояд. Вале ҳамаи ин гуфтаҳо, ҳоло тағйир ёфта истдааст. Ҳоло ҷумҳурии Белорус ҳам ба буҳрони сиёсй, низомӣ, иқтисодӣ — иҷтимоӣ гирифтор шудааст, ки роҳи раҳоиро надорад.
Рӯзе расидааст, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, кишти ғалладонагиро деҳқон ба дасти худ гирад. Кишти мавсими баҳориро самаранок истифода бурда бояд дар соли 2023 тақрибан 2 000 000 тонна ғалла истеҳсол намуда, аҳолиро бо ғаллаи дохилии худ таъмин намоянд.
Чаро? Дар тӯли 30-31 сол Ҳукумати ҷумҳурӣ натавонистааст, ки як барномаи кишоварзӣ-озуқавориро омода созад ва аз рӯи он заминҳои дар ихтиёрдоштаи худро, дар назардошти талаботи имрӯзаи аҳолӣ ба соҳаҳои зироатҳои кишоварзӣ тақсим намояд. То ки имрӯз аҳолиро бо озуқавории экологии худ таъмин намояд.
Дар се чор соли охир ва махсусан дар соли 2021 — 2022 масъулин камбудии худро дарк кард вале дер шуд…
Вақте, ки оиди масъалаҳои озуқаворӣ ва ё кишоварзӣ муаммое пайдо мешавад, раиси чумҳур, фавран аъзоҳои ҳукуматро даъват намуда, арз менамояд, ки чаро ба ин ҳолати вазнин дучор шудем? Бояд чунину чунон мекардед! Не раиси чумҳур! Бояд барномаи кишоварзӣ, дар рӯи мизи вазири кишоварзӣ ва масъулини ҳукуматҳои марказӣ, вилоятиву ноҳиявӣ бошад.
Дар сурати иҷро накардани вазифаи худ, бояд ҷазо дода ва ҳатто аз вазифа сабукдӯш карда шавад.
То кунун дар кишвар, дар аввали сол ҷойивазкунии роҳбарон гузаронда мешавад. Масалан, имсол (2023) ҷонишини аввали Сарвазир Давлаталӣ Саид, ба ҷои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ба вазифаи иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон таин шуд ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ҷои вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғаффор таин карда шуд. Як сол пеш 26 — ӯми январи соли 2022 вазири кишоварзии вақти Сулаймон Зиёзода, аз вазифаи вазири кишоварзӣ ба ҷонишини Сарвазир таин шуда буд. Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғаффор ба кори дигар гузаронда шуд ва гайраю ғайра.
То он рузе, ки вазирон ва раисони корношоями вилояту ноҳияҳоро аз як вазифа ба вазифаи дигар гузарондан нуқта гузошта нашавад, ин муаммоҳо ҳалли худро намеёбад?!
Дар чунин ҷойивазкунӣ иқтисодиёти кишвар рушд намекунад. Бояд масъуле, ки аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи худ намебарояд озод карда шавад.
Ба худию бегона ҷудо карда нашавад. Шахсоне ба кор қабул карда шавад, ки кордон, донишманд, илм омӯхта, ватандӯсту меҳанпарвар ва чашмгушна набошанд!
Идома дорад