Дидгоҳ

Обу рӯи ҳар як кишвар дар “худкифоӣ“ аст

“Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд воридоти ғалла, равған ва шакарро ҳам аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод намояд, ин ҳам аз манфиат холӣ нест. Масъулин набояд фаромӯш кунанд, ки иқтидор ва обу рӯи ҳар як кишвар, хоҳ демократӣ — дунявӣ, хоҳ исломӣ, хоҳ шоҳигарӣ дар “худкифоӣ“ аст ва ниёзҳои асосии озуқавориро худ тавлид ва аҳолии худро таъмин намояд….”

(Чаро дар Тоҷикистон рӯз ба руз сифати хӯрокворӣ пасттар, аммо нарх гаронтар мешавад? (5))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (101)

Дар банди гузашта қайд кардем, ки ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи кишоварзиро надорад. Исботи он, фасли баҳори соли 2020 нархи картошка дар баъзе ноҳияҳо то 15 сомонӣ боло рафт. Раисиҷумҳур аъзои ҳукуматро даъват намуда, дар ҷаласаи ғайри навбатии ҳукумат, масъалаи кишти картошкаро баррасӣ намуд. Пас аз муҳокима, қарор қабул карда шуд, ки кишти картошка 40% зиёд шавад.

Саволе пайдо мешавад, ки замини дар ихтиёрдошта ба соҳаҳои кишоварзӣ тақсим шудааст. Моҳ моҳи апрел ё май, аз кадом ҳисоб 40% замини кишти картошка зиёд карда шавад? Дар натиҷа изофанависӣ сар шуд. Дар ноҳияи Мӯминобод, ба ҷои 9 гектар кишти картошка 2 гектар кишт мекунанд, ки изофанависии ҳукумати ноҳияро худи раиси вилоят, Қурбон Ҳакимзода ошкор намуд.

Изофанависӣ ва дурӯғгуиро бас кунед, дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ дурӯғ рост намегирад?!

Ҳатто Иттиҳоди Аврупо ҳам аз шароити вазнини зиндагӣ огоҳ гашта ба Тоҷикистон 62 000 тонна картошкаи тухмиро ёрдамӣ башардӯстона намуд.

Соли 2021 ба ҷои картошка, нархи сабзи ба 15 сомонӣ боло рафт…

Сабаби асосии баландшавии нархро банда дар чанд омил мебинам:

1) омили аввал, дар нодуруст тақсим намудани заминҳои обёришаванда дар соҳаҳои кишоварзӣ аст (дар вақти тақсимоти замин ба соҳаҳои кишоварзӣ, талаботи аҳолӣ ба назар гирифта намешавад?!);

2) омили дуюм, дар андозбандии баланд ва ҷаримабандии ҳармоҳа;

3) нобаробарӣ ва баланд будани нархи нерӯи барқ дар истеҳсолот (нерӯи барқ дар фасли тобистон 20 дирам ва дар фасли зимистон 26 дирам ба кулли соҳаҳои истеҳсолот, аз ҷумла ба саноати хӯрокворӣ дода шавад, то ки нархи аслии арзиши маҳсулоти саноати хӯрокворӣ боло наравад!);

4) таъмини соҳаҳои истеҳсолот бо мутахассис…;

5) таҷҳизонидани соҳаҳои истеҳсолот бо техника (таҷҳизот) ва технологияи муосир;

6) ба истеҳсолоти соҳаи хӯрокворӣ, на кам аз панҷ сол моратория эълон карда шавад (чунки яке аз сабабҳои боздорандаи рушди истеҳсолот, ин тафтишотҳои золимонаи сохторҳои гуногуни давлатӣ аст!);

7) имрӯз ҷомеъа ба фасод ва бюрократия гирифтор шудааст, бояд поксозӣ кард.

Масъулин бояд ба ин нуқтаҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то ки минбаъд аҳолиро бо озуқавории дохилӣ, ба ҷои кор ва ҳам дар ташкили соҳаҳои истеҳсолоти хӯрокворӣ шароити мусоидро фароҳам овард.

Вале миллат дар Тоҷикистон ҷои кор надорад, махсусан дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, аз набудани шароити зиндагӣ: зиндагии аҳолии деҳот рӯз аз рӯз вазнин ва сангин шуда истодааст, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ гашта истодаем, дар қишлоқҷойҳо, мардум дарҳои худро баста ба Русия, Қазоқистон, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Аврупо сафар доранд. Ҳатто ба мисли кормандони маориф ва тандурустӣ, бо сабаби кам будани моҳона фаолияти худро қатъ намуда рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварданд.

Ё ки як мисоли равшан, ки ногуфтанӣ, вале арз менамоям, то ки миллат огоҳ бошад. Баҳори соли 2020 дар боғи истироҳатии шаҳри Душанбе дар деги яктоннагӣ оши палов пухтанд, мардуми шаҳри Душанбе чӣ гуна талош кард, мардум чӣ хел гуруснаанд: яъне бо каланд, сатил, ба гармиаш нигоҳ накарда, бо даст ба тарафи худ кашиданд ва дар як лаҳза деги пур холӣ шуд… Ин лаҳзаи даҳшатоварро борҳо нашр карда истодаем, то ки масъулин дарк намояд ва каме бошад ҳам ба тарафи мардум нигоҳ кунанд, рӯй биёранд, ки мардум ба ҳолати бекорӣ, гуруснагӣ гирифтор шудааст.

Чӣ бояд кард?

Вақте расидааст, ки фавран ҳукумати ҷумҳурӣ бояд воридоти ғалла, равған ва шакарро ҳам аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод намояд, ин ҳам аз манфиат холӣ нест. Масъулин набояд фаромӯш кунанд, ки иқтидор ва обу рӯи ҳар як кишвар, хоҳ демократӣ — дунявӣ, хоҳ исломӣ, хоҳ шоҳигарӣ “худкифо“ бошад ва ниёзҳои асосии озуқавориро худ тавлид ва аҳолии худро таъмин намояд.

Бояд дар назар дошт, ки корхонаҳои истеҳсолкунандаи мо сифати маҳсулоти хӯроквории паст ва нархи он қариб, ки ҳар сол баланд шуда истодааст. Моҳи январи соли 2020 ширкати ӯзбекии “Истеҳсоли коркарди равған“ оиди сохтани корхонаи равғанкашӣ бо Ҳукумати вилояти Суғд шартномае ба имзо расонд. Вале сохтани корхона оғоз шуд ё ба кор оғоз кард маълум нест. Ин ширкати мутахассисигардонидашуда бо истеҳсоли равғани офтобпараст машғул аст.

Ҳоло талаботи дохилии Ӯзбекистонро таъмин намуда ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Афгонистон маҳсулоти истеҳсол кардаи худро содир мекунад.

Суоле пайдо мешавад, ки чаро ба Тоҷикистон содир намекунад?

Борҳо қайд намудаам ва боз огоҳ менамоям, ки Тоҷикистон бояд дар бисёри соҳаҳои саноат бо Ӯзбекистон, ки ҳамҳудуд, ҳамфарҳанг ва ҳаммиллатони мо бо миқдори зиёд дар ин кишвари ҳамсоя зиндагӣ мекунанд, ҳамкориро ба роҳ монад.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s