
Ҳукумати Тоҷикистон бояд макони будубоши Абдуллоҳи Шамсиддин (16.03.1990), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 январи соли 2023 аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба Тоҷикистон аз тариқи ҳавопаймо аз Дюсселдорф ба Истанбул ва аз онҷо Душанбе истирдод шуд ошкор кунад.
Шоҳидоне, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро дар 18 январи соли 2023, соати 18:20 ҳангоми интиқол дар фурудгоҳи Истанбул диданд, хабар медиҳанд, ки дар рӯи Абдуллоҳи Шамсиддин осори лату кӯб мушоҳида карданд.
Наздикони Абдуллоҳ Шамсиддин, ки дар 19 январи соли 2023 субҳ ба истиқболи ӯ дар фурудгоҳи Душанбе баромада буданд, хабар доданд, ки ӯ аз фурудгоҳ берун нашудааст. Тибқи гуфтаи онҳо, ҳамаи мусофирони рейс фуромаданд, аммо ӯ дида нашуд. Наздикони Абдуллоҳ нигарони саломатии вай ҳастанд, зеро ӯ аз бемории астма ранҷ мебарад.
Бешак Абдуллоҳи Шамсиддинро дар зиндон шиканҷа ва таҳқир таҳдид мекунанд. Зеро падараш Шамсиддин Саидов, ки узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба шумор меравад, қабл аз он ки ҲНИТ дар соли 2015 аз сӯи режими Эмомалӣ Раҳмон мамнӯъ эълон шавад, ҳизби аслии мухолифин маҳсуб мешуд. Шамсиддин Саид дар Олмон паноҳандаи сиёсӣ аст ва дар шаҳри Аахен зиндагӣ мекунад.
Аъзои ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон боздошт ва ё дар кишварҳои мухталиф рабуда мешаванд, ибтидо ҳукумат аз боздошт ва рабуда шудани онҳо изҳори беиитилоъӣ мекунад, вале пас аз чанд ҳафта бо осори шиканҷа дар экранҳои телевизиони давлатӣ зоҳир мешаванд ва ба гуноҳоне, ки ҳаргиз аз онҳо содир нашудааст эътироф мекунанд; эътирофҳое, ки равшан аст дар зери шиканҷа ва дар асари тазриқи маводди мухаддири психотропӣ ба онҳо карда мешавад.
Аксари мухолифин ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва блогнависони боздоштшуда дар Тоҷикистонро ё ба солҳои тӯлонӣ ва ё ба ҳабси абад маҳкум мешаванд. Албатта ҳолатҳое низ ҳастанд, ки мухолифони таъқибшуда мисли Эхсон Одинаев бе ҳеч нишонае нопадид мешаванд.
Моҷарои боздошт ва истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин ба Тоҷикистон чунин аст, ки: ҳангоми дар Олмон буданаш се бор дархости ӯ барои гирифтани паноҳандагии сиёсӣ рад шуд. Аризаи сеюми Абдуллоҳи Шамсиддин дар бораи паноҳандагӣ аз ҷониби додраси Додгоҳи маъмурии Гелзенкирхен рӯзи 6 январ рад шуд. Абдуллоҳи Шамсиддин, ба гуфтаи худаш, аз тарси таъқиби нерӯҳои амниятии Тоҷикистон то соли 2022 дар Дортмунд бо номи мустаъор зиндагӣ мекард. Падари ӯ Шамсиддин Саидов, узви боризи ҲНИТ мақоми паноҳандагии сиёсӣ дорад, аммо додгоҳ аз ӯ пурсидааст, ки оё Абдуллоҳи Шамсиддин воқеан писари Шамсиддин Саидови паноҳанда ҳаст ё нест?
Мақомоти Олмон мунтазири натиҷаи ташхиси ДНК нашуданд. Онҳо чанд соат пеш аз пайдо шудани натиҷаи мусбати санҷиш ин паноҳандаро депорт карданд. Дар ҳоле, ки Абдуллоҳи Шамсиддин як соат дар ҳавопаймои депортатсия қарор дошт, ки ташхиси лабораторӣ нишон дод, ки “эҳтимолияти писари Шамсиддин Саидов будани ӯ аз 99,9999 дарсад зиёд аст”.
Ба гуфтаи Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Вилнюс, ҳукумати Тоҷикистон гӯиё ба мақомоти Олмон итминон додааст, ки алайҳи Абдуллоҳи Шамсиддин ҳеч таъқиби ҷиноӣ вуҷуд надорад ва барои ӯ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. “Ҳоло тарси мо аз ин аст, ки ниҳодҳои амниятӣ пас иқроршавӣ, аз Абдуллоҳи Шамсиддин халос мешаванд”, — гуфт Илҳомҷон Ёқубов.
Гуфта мешавад, ки Абдуллоҳи Шамсиддин дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулл иддао доранд, ки дар бораи макони будубоши Абдуллоҳи Шамсиддин маълумот надоранд.
Абдуллоҳи Шамсиддин аз хешовандони наздики раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аст. Азбаски Абдуллоҳи Шамсиддин дар дасти ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аст, ин тарс вуҷуд дорад, ки бо шиканҷа дар бораи аъзои хонаводаи Кабирӣ ва макони будубоши онҳо аз ӯ маълумот бигиранд. Ин вазъият ба амнияти шахсии мухолифони тоҷик, раҳбарони он ва хонаводаҳои онҳо дар ғурбат хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Ба ҳамин тартиб, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад:
— фавран пинҳон кардани макони будубоши Абдуллоҳи Шамсиддинро бас кунед ва ӯро озод созед.
Дар сурати иттиҳом ва боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин:
— фавран ба шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоҷи Шамсиддин ҳуқуқи занг задан ба хешу табор дода шавад;
— Абдуллоҳи Шамсиддинро бо адвокат ё имконияти тамос бо адвокат таъмин намоед;
— фавран ӯро бо ёрии зарурии тиббӣ таъмин намоед, зеро вай гирифтори бемории нафастангӣ мебошанд;
– ҳуқуқҳои комили конститутсионии ин шахрванди Точикистон ҳамчун давлати конститутсионии демократӣ риоят шавад ва ба ҳеч ваҷҳ ӯ шиканҷа нашавад ва аз муносибати ғайриинсониву таҳқиркунандаи шаъну шарафи ӯ худдорӣ шавад;
— Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ӯро фавран боздоштшудаи ғайриқонунӣ эълон кунад;
— гуноҳкор донистан ва муҷозоти ҳар касе, ки бо Абдуллоҳи Шамсиддин дағалона ва ғайриқонунӣ муносибат мекунад.
Илова бар ин, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз тариқи намояндаи худ дар Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон тақозо мекунад, макони буду бош ва вазъи саломатии Абдуллоҳи Шамсиддинро муайян кунад.
Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ
6 марти соли 2023
Рубрики:Ахбори Анҷуман, муҳоҷират, Ҳуқуқи башар