“Барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ бо тухми мурғ, истеҳсоли онро дар дохили кишвар ба 1 млрд дона тухм расондан лозим аст… Солҳои пеш тухм аз кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, қисман аз Қазоқистон ворид мешуд ва хеле бо вақти кам аз Ӯзбекистон ҳам ворид карда шуд. Ҳоло воридоти тухм аз ин кишварҳои хориҷӣ қатъиян манъ карда шудааст… Барои рушду нумӯи соҳаи хӯрокворӣ, кишти талаботи ҳаррӯзаи аҳолиро бояд зиёд намуд …”
(Чаро дар Тоҷикистон рӯз ба руз сифати хӯрокворӣ пасттар, аммо нарх гаронтар мешавад? (7))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (103)

Ҳаёт нишон дода истодааст, ки ҳар сол нархи маҳсулоти хӯрокворӣ боло рафта истодааст. Соли 2021 як халта орди 50 килограми 260 — 265 сомонӣ баъзан то 280 — 300 сомонӣ бардошта шуда буд, 1 кг гӯшти гов аз 60 с. то 80 сомонӣ, 1 л. равғани растанӣ то 22 — 25 сомонӣ, картошка 4 — 5 сомонӣ, 1 кг сабзи то 14 — 15 сомонӣ бардошта шуд, 1 кг пиёз 3,5 — 4 сомонӣ буд, 1 кг гречка 11- 13 сомонӣ, 1 кг мош 14 сомонӣ, 1 кг биринҷ 10 — 17 сомонӣ, 1кг макарон 7 — 8 дар ноҳияи Панҷакент то 12 сомонӣ боло рафта буд, як ячейкаи тухми 30 донагӣ, аз 16 — 17 сомонӣ то 30 — 35 сомонӣ боло рафт.
Болоравии нарх аз охирҳои соли 2021 аз сӯзишворӣ оғоз шуд, намояндаи ширкати “Газпромнефт“ иттилоъ дод, ки аз охирҳои моҳи октябр арзиши 1 литр бензини навъи АИ — 95 метавонад ба 11,10 сомонӣ ( 0,98 $ ), АИ — 92, 10,92 сомонӣ ( 0, 96 $ ) ва сӯзишвории дизелӣ — 10, 50 сомонӣ ( 0,93 $ ) боло шавад. Бо баробари эълон намудани нархи сӯзишворӣ аз тарафи ширкати “Газпромнефт“ зуд нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт қиммат шуд. Вақте, ки сӯзишворӣ қиммат мешавад, аз паси он ҳатман маводи аввалияи хӯрокворӣ ҳам бардошта мешавад.
Арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ дар соли 2022 хеле боло рафт. Як халта орди 50 килограми 450 — 460 сомонӣ, дар баъзе ноҳияҳо то ба 480 — 500 сомонӣ, 1кг гӯшт 60 — 70 сомонӣ, як ячейкаи тухми 30 донагӣ то 50 — 52 сомонӣ баланд шуд, равғани 1 килограми 30 — 32 сомонӣ, лӯбиё, мош, нахут 17 — 18 сомонӣ, 1 кг гурунҷ аз 13 сомонӣ то 20 сомонӣ, макарон 13 -14 сомонӣ, 1 кг пиёз дар сари замини вилояти Хатлон 4 — 5 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло 8 — 10 сомонӣ, чанд рӯз пеш дар мағозаҳои шаҳри Хуҷанд то 11 сомонӣ ва 1 кг памидор то 30 сомонӣ боло рафт, 1 килограм картошка 5 — 6 сомонӣ, дар баъзе ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб то 10 сомонӣ ва ғайра.
Вале бояд, қайд кард, ки дар даҳаи дуюми моҳи январи соли 2023 гази моеъ аз 6 — 7 сомонӣ ба 3,8 сомонӣ паст шуд, ки ин хеле ба иқтисодиёти кишвар ва зиндагии мардум таъсири мусбӣ дорад.
Аз тарафи дигар соҳибкорони дохилӣ барои рушд ва нумӯъи мурғпарварӣ, аз хориҷи кишвар, сехҳо ( клеткаҳои мурғпарвариро ) оварда сехҳо ва фабрикаҳои мурғпарвариро бунёд карданд.
Вале барои ба озуқа таъмин намудани мурғпарварӣ, озуқаро аз Европа, ба монанди витамин ва орди моҳиро оварда парвариш карда истодаанд, ки натиҷаи хуб ҳам дод.
Вале, мутаассифона нархи як дона тухм, ҳоло 1 сомону 70 дирам аст. Як ячейкаи он, яъне 30 дона тухм то 52 сомонӣ баробар шудааст.
Сабаби болоравии тухмро роҳбарият чунин шарҳ медиҳанд: раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода мегӯяд, ки мурғҳои аз дусола боло барои гӯшт зиёд кушта шуд… Намояндаи дигари Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ҷонишини раис Ҳабибулло Қаландарзода мегӯяд, сабаби болоравии нархи тухм вобаста ба озуқаи паррандапарварӣ, ки хеле боло рафт, аз ин лиҳоз тухми мурғ ҳам боло рафта истодааст.
Ба масъулини Кумитаи бехатарии озуқаворӣ суоле медиҳам, барои хӯрокаи паррандапарвариро дар дохили кишвар тайёр намудан кӣ монеъ мешавад?
Барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ бо тухми мурғ, истеҳсоли онро дар дохили кишвар ба 1 млрд дона тухм расондан лозим аст…
Солҳои пеш тухм аз кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, қисман аз Қазоқистон ворид мешуд ва хеле бо вақти кам аз Ӯзбекистон ҳам ворид карда шуд. Ҳоло воридоти тухм аз ин кишварҳои хориҷӣ қатъиян манъ карда шудааст.
Ҳамин тавр дар Тоҷикистон маҳсулоти дохилӣ ба ғайр аз тухм боз аз сабзавот пиёзу сабзӣ аз мевагиҳо зардолу дар Тоҷикистони Шимолӣ ва ангур дар Тоҷикистони Ҷанубӣ, дар минтақаҳои кӯҳӣ себу нок талаботро қонеъ карда метавонаду халос. Барои рушду нумӯи соҳаи хӯрокворӣ, кишти талаботи ҳаррӯзаи аҳолиро бояд зиёд намуд.
Пас оҳиста — оҳиста, тухмиҳои сифати аъло доштаи зироатҳои ғалладонагиҳо, яъне гандум, ҷав, ҷуворимакка ва шолиро пайдо намуда, кишти онҳоро васеъ намудан ба маврид аст.
Бо маҳсулоти ана ҳамин чор намуди зироат, аҳолӣ, чорвои ширию гӯштӣ, мургпарвариро таъмин намоем, сол аз сол ҳамаи намуди хурокворӣ ба арзони рӯ меорад.
Идома дорад